ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Феврал 2017 12:01

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 2007 то соли 2016 дар кишвар 8373 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2963 ҷиноят ё 35,4 фоизи он дар шаҳри Душанбе содир гардидааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳамасола қариб сеяки ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд дар шаҳри Душанбе содир гардида, 38 фоизи нашъаҷаллобонсокинони шаҳри Душанбе мебошанд. Зиёда аз 58 фоизи моддаҳои фалаҷкунандаи асаб, ки дар мамлакат ошкор карда шудааст, низ ба шаҳри Душанбе рост меояд.

 - Шумораи шахсони нашъаманд низ нисбат ба вилоятҳои Хатлону Суғд мутаносибан 4,5 ва 5,4 баробар зиёд аст. Ҳамаи ин ҳолатҳо водор менамоянд, ки мубориза дар ин самт ба таври қатъӣ тақвият бахшида шавад.

Ман андешаҳои худро дар бораи хатари экстремизму терроризм борҳо изҳор доштаам. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт дар шаҳри Душанбе ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Солҳои 2012-2017-ум 148 нафар сокинони шаҳри Душанбе ба сафи ташкилотҳои ифротӣ шомил гардидаанд, ки 11 нафари онҳоро донишҷуён ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии шахсони зикршуда 16 нафари онҳо соли 2016 ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд.

Баъзе маҳалла ва шаҳракҳои шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи мазкур осебпазир маҳсуб меёбанд. То ҳол 110 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ ба таҳсили динӣ машғуланд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мубоқоти хеш бо фаъолони пойтахт.

Ӯ таъкид намуд, ки барои баргардонидани онҳо фаъолияти роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллаву шаҳракҳо, инчунин, падару модарон бояд пурзӯр карда шавад.

СССР

 

Чоршанбе, 15 Феврал 2017 11:48

 Дар шаҳри Душанбе 3 корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус» ва 1 корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» фаъолият мекунад, лекин бо сабаби номукаммалии идораи ин корхонаҳо, фарсуда ва кӯҳна будани нақлиёти мусофиркашонӣ, ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан ва ташкили нодурусти низоми мусофирбарӣ тариқи хатсайрҳо сокинони шаҳр ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Ин нуқтаро имрӯз дар суханронии хеш бо фаъолони ш. Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардааст.

  - Аз 477 автобус ва микроавтобусҳои ин коргоҳҳо беш аз 200 адади онҳо корношоям буда, боқимонда дар ҳолати на чандон хуби техникиву санитарӣ қарор доранд. Аз 166 троллейбусҳои мавҷуда дар 7 хатсайр ҳамагӣ 87 адади онҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд. 79 адад троллейбусҳо корношоям мебошанд.

Бинобар ин, зарур аст, ки роҳу усулҳои истифодаи нақлиёти замонавӣ бо технологияҳои муосир ҷустуҷӯ карда шаванд, то ки хизматрасонӣ ба мусофирон сари вақту босифат ва бо харҷи ками маблағҳои дотатсионӣ ба роҳ монда шавад.

Дар баробари ин, шумораи воситаҳои нақлиёте, ки дар шаҳр ба қайд гирифта шудаанд, қариб 70 ҳазорро ташкил дода, ин рақам мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Бо сабаби аз шаҳри Душанбе гузаштани 160-170 ҳазор нақлиёти боркашон ва мусофирбар ҳамарӯза ҳолатҳои тамбашавӣ ва садамавӣ ба амал омада, чунин вазъ ба ифлосшавии муҳити зист ва ҳавои шаҳр боис гардидааст.

Дар баробари ин, зиёд шудани воситаҳои нақлиёти камғунҷоиш (микроавтобусҳо) ва кам гардидани истифодаи нақлиёти ғунҷоишаш зиёд (троллейбус ва автобусҳо) боиси пастшавии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт шудааст, - омадааст дар баромади Эмомалӣ Раҳмон.

 

СССР

 

Чоршанбе, 15 Феврал 2017 11:21

Аз ҷониби комиссияи махсуси ВКД ҶТ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор дар шаҳраку микрорайонҳои ш. Душанбе вобаста ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ санҷишҳо идома доранд.

Ҳангоми санҷиши навбатӣ, дар гузаргоҳи дуюми к. Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз ҷониби гурӯҳи кории муштараки ВКД бо дигар мақомотҳои дахлдор муайян гардид, ки иҷоранишинон Саъбагул Каримова ва Амина Қурбоншоева давоми 3 сол аст, ки аз нерӯи барқ бе ҳисобкунаки барқӣ истифода бурда, маблағи истифодаи онро напардохтаанд. 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, дар яке аз ҳуҷраҳои зисти иҷоранишини дигар Шаъмигул Исмоилова низ, далели истифодаи қувваи барқ берун аз ҳисобкунаки барқӣ ошкор карда шуд, ки инҷо фурузонакҳои тафсон ва асбобу таҷҳизотҳои сермасраф фаровон истифода карда мешуданд. 

Ҳамингуна далелҳои тасарруфи нерӯи барқ дар бинои дуошёнаи кӯчаи Валаматзода 3/2, ки ҳанӯз ду сол қабл бинобар сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани он, истиқомати минбаъдаи сокинонро дар он қатъ карда буданду сокинонашро ба дигар ҷо кӯчонида буданд, аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар он, ҳарчанд, ки дар ҳолати хавфи сарзадани сӯхтор қарор дошта, инчунин дар ҳолати пасти санитарию эпидемиологӣ қарор дорад, бе истифодаи ҳисобкунакҳои барқӣ дар 4 ҳуҷраи он аз ҷониби сокинон нерӯи барқ то ҳанӯз ҳам фаровон истифода бурда мешавад. 

Дар кӯчаи Деҳлавӣ хонаи №3 ҳуҷраҳои 1 ва 2 аз тарафи иҷоранишин Абдуҷабор Ёқубов низ риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарӣ дар сатҳи паст қарор дораду номбурда дар манзили зисташ ба забҳи мурғҳо машғул гардида, фурӯши онҳоро ба роҳ мондааст. 

Чунин ҳолат ба иттилои мудири шуъбаи гигиенаи коммуналии ноҳияи Шоҳмансур Зебуниссо Ятимова, эҳтимолияти ба вуҷуд овардани ҳаргуна касалиҳои сироятиро дар пай дорад. 

Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта, аз ҷониби Ситоди якҷояи ВКД нисбати ҳуқуқвайронкунандагон санаду протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор барои чораҷӯи ирсол карда шуданд.

 

СССР

 

 

Чоршанбе, 15 Феврал 2017 10:44

Ҳисобот-7

Сешанбе, 14 Феврал 2017 16:53

Саидҷон Шодиев, бародари ҳунарманди маъруфи кишвар Афзалшоҳ Шодиев, мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҳукумати шаҳри Панҷакент таъин гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори СССР 1 манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ дод.

Саидҷон Шодиев, бародари овозхони шинота Афзалшоҳ Шодиев пас аз тақрибан 3 моҳи бесоҳиб будани ин вазифа ба мансаби мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъин гардидааст.

Номбурда, пеш аз ин ба вазифаи раиси кумитаи замини шаҳри Бӯстон – собиқ Чкаловски вилояти Суғд фаъолият мекард. Муаррифии Саидҷон Шодиев дирӯз сурат гирифтааст.

Пеш аз ин вазифаи мудири  шуъбаи  шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакентро Мавлон Мирзоев ба зима дошт.

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон

 

Сешанбе, 14 Феврал 2017 13:43

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 13.02.2017 эълон намуд, ки пас аз супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои мушаххас  барои дастгирии соҳибкорон 1 қатор намудҳои фаъолияти соҳибкориро аз пардохти андоз озод кардааст. 

Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи номбурда хабар доданд, дар асоси ин супориш фаъолияти соҳибкорие, ки ба намудҳои камдаромад мансуб мебошанд, аз андозбандӣ озод гардида, барои он патент талаб карда намешавад. 

Кумитаи андоз дар рӯйхати чунин фаъолиятҳои соҳибкории аз андозҳо озод шуда фурӯши гиёҳои худруйи шифобахш, дуғоб, чой, фурӯши донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаву маҷалла, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубинии пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор тариқи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча, гӯрканҳо, дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, дурредгарӣ, кандакорӣ, расомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ворид кардааст. 

Ҳамчунин, дар Кумитаи андоз гуфтанд, ки номгӯи фаъолиятҳое, ки дар асоси патент анҷом дода мешаванд, такмил дода шуда, маблағи патент барои онҳо нисбатан камтар муқаррар карда шуд. 

 

СССР

 

Сешанбе, 14 Феврал 2017 13:40

Имрӯз дар толори ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа нақша- чорабинии амалиёти «ТАРТИБОТ» дар ҳудуди шаҳри мазкур доир гашт. 

Ин амалиёт бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмин намудани амнияти шаҳрвандон гузаронида  шуда дар чорабинии мазкур кормандони ҷузъу томҳои РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кормандони Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, шабакаҳои барқӣ, НДСЭ, Кумитаи андоз, «Тоҷиксандарт», ХНДФ «Фармасевтӣ», шӯъбаи маориф, экологияи ш.Қӯрғонтеппа, шӯъбаи нақлиёт, «Тоҷикматлубот», шӯъбаи ҷавонони шаҳр ширкат намуданд. Онҳо ба 9 гурӯҳи корӣ тақсим гардида барои хизмат сафарбар карда шудаанд.

 

Баҳодур Уроқов,  СССР,  вилояти Хатлон

 

Сешанбе, 14 Феврал 2017 13:38

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия консулгариҳои генералӣ ифтитоҳ намуд. 

Бино ба иттиллои ВКХ ҶТ, Давлаталӣ Назризод консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск таъйин гардиданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон корҳои ташкилӣ оид ба оғози кори ин 2 консулгарӣ идома доранд. Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, ки минтақаҳои калонтарини Федератсияи Россияро дарбар мегиранд, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

СССР

 

 

 

 

 

 

саҳ 10 аз 17

Китобҳо

Flag Counter