ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 17 Феврал 2017 14:22

Қурбонзода Азизулло Маҳмуд-сардори шуъбаи тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар 3 ҳолат кормандони Бонкҳо маблағи мизоҷонро ғайриқонунӣ аз худ карда, ба суди шахсии худ истифода кардаанд.

Нозимов Миралӣ нозир-хазинадори маркази хизматрасонии №501-и филиали №57-и «Амонатбонк» дар шаҳри Кулоб оид ба пардохтҳои коммуналӣ ва дигар пардохтҳо бо мақсади тасарруфи маблағҳои дар ихтиёраш буда, 172 ҳазору 113 сомониро, ки дар 1 рӯз ҷамъоварӣ гардида буд, гирифта ба манфиати худ сарф кардааст. Нозимовро бо моддаи 245, қисми 4, яъне азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, тасарруфи молу мулки ғайр, муҷрим дониста, делои ӯ ба суд ирсол шудааст.

Чунин ҳолати азхудкунии маблағ дар ноҳияи Бохтар низ рӯй додааст. Иқтисодчии пешбари шуъбаи қарздиҳии филиали Амонатбонк дар н.Бохтар-Кабулов Маҳмадалӣ бо экс.қарзии филиали ҶСК Агроинвестбонк дар н.Бохтар-Холов Рустам тибқи маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ ва сохтакорӣ ба номи 20 нафар сокинони навоҳии Бохтару Вахш ҳуҷҷатҳои қарзӣ тартиб дода, аз ҳар 2 бонки мазкур дар маҷмуъ 239 ҳазору 903 сомониро аз худ кардаанд. Нисбати Кабулов ва Холов бо моддаҳои 265, 340, қисми 2, банди “б,в” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба суд ирсол гардидааст.

Чунин ҳолати ғайриқонунӣ аз худ кардану ба манфиати шахсӣ истифода бурдани маблағи мардум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) низ ба назар мерасад. Файзалӣ Холов-сардори шуъбаи муҳосиботи амалиётҳои депозитӣ ва интиқоли пулии филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар н.Ш.Шоҳин бо мақсади тасарруфи маблағҳои дар ихтиёраш буда, 12 ҳазору 954 доллари ИМА-ро аз шаҳрванд К.Ф. ҳамчун пасандоз қабул карда, сохтакорона ҳуҷҷатҳои дахлдори бонкиро тартиб дода, ҳуҷҷатҳоро дар ҳамин бонк ба қайд нагирифта, маблағҳои қабул кардаашро пурра ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудааст. Нисбати Холов бо моддаи 245, қисми 4, банди “б” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба суд ирсол карда шуда, тафтишоти судӣ аз болои ҳар 3 идома дорад…

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, 17 Феврал 2017 14:08

Узви Ихвон-ал-СССР, Сурайёи Сайфиддин, мухлиси нави газетаи мардумии СССР аз ноҳияи Шаҳритус бо телефони 93 554 67 22 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 миннатдорӣ дорам ва хоҳиш, ки чопаш кунед. Тавре ёдатон ҳаст, дар шумораи гузашта СССР дугонаи ман-Гулнора Абдуллоева аз ноҳияи мо дар саҳифаи “Газетаи мардумӣ”-и СССР навишта буд, ки “Чаро Шабнам кор наёфт?” Шабнам-духтари ман аст ва хушхабар барои СССР ин аст, ки Шабнам ҳамин рӯз маҳз бо кӯмаку дастгириҳои СССР соҳиби кор шуд. Ӯ ҳоло ба ҳайси табиб дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Ман ҳамин ҳоло сари ҷойнамоз барои хизмати падаронаи СССР дуо мекунам, зеро Шабнами ман бепадар аст. Бори дигар сипосу миннатдории маро қабул кунед, бародарони азиз!!! Бовар кардам, ки СССР воқеан метавонад!

 

Ҷумъа, 17 Феврал 2017 09:58

Ахиран, дар мулоқоти худ бо аҳли ҷамоатчигиипойтахт президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шаҳри Душанбе проблема ва мушкилоту масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб хеле зиёданд. Ӯ зимни суханронии хеш диққати масъулини мамлакатро ба муҳимтарин мушкили имрӯзаи шаҳр ҷалб намуда онҳоро зикр кард.

Ҷумъа, 17 Феврал 2017 08:58

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид медорад, ки соҳаи маориф дар ш. Душанбе ба навсозӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳукумат ба рушди илму маориф ва ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани низоми таълиму тарбия таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аммо аз рӯи таҳлилҳо маълум мешавад, ки дар шаҳри Душанбе дар ин ҷода камбудиҳои ҳалталаб ниҳоят зиёд мебошанд.

 - Бо вуҷуди он ки дар замони истиқлолият дар шаҳри Душанбе 29 бинои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд, ҳоло ҳам дар шаҳр муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ намерасанд ва илова бар ин, сатҳу сифати дониши хонандагон ва одобу ахлоқи онҳо коста гардидааст. Вазъи фарогирии хонандагон ба мактабҳо нигаронкунанда буда, бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳо намерасанд ва бо истифода аз ин ҳолат баъзе талабагон ба беҳудагардӣ машғул мешаванд. Ба замми ин, зиёда аз 4500 нафар хонандагони шаҳру ноҳияҳои атроф ва дигар манотиқи кишвар дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд ва табиист, ки чунин вазъ боиси паст шудани сифати таълиму тарбия дар бештари мактабҳои пойтахт гардидааст. Бо сабаби зиёд будани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва ташкили дарсҳо дар 2 ва дар баъзе мактабҳо ҳатто дар 3 баст назорату идоракунӣ дар ин муассисаҳо хеле заиф гардида, сабаби коҳиш ёфтани сифати таълиму тарбия шудааст, - иброз дошт дар суханронии хеш бо фаъолони пойтахт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон сарвари давлат таъкид кард, ки сатҳи корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ коҳиш ёфта, омилҳои зикршуда сабабгори зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳри Душанбе гардидаанд. Дар шаҳр марказҳои беруназмактабӣ, маҳфилҳои ихтироъкорӣ ва дигар машғулиятҳое, ки баъди дарс хонандагонро ҷалб намоянд, кам буда, ин масъала беҳбудӣ мехоҳад. Дар мактабҳо фаъолияти маҳфилҳои эҷодиву илмӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, омӯзгорон бо корҳои иловагӣ кам машғул мешаванд.

    СССР

 

Ҷумъа, 17 Феврал 2017 08:42

Ҷавоб ба В.Елчанинов, мураббии дзюдочии Тоҷик-К.Устопириён ( СССР, №3(436), 19.01.2017)

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 14:54

Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи Савринисои Давлат “Ховалинг: замини мактабро боз кӣ мехарад?”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷаи омӯзиш маълум шуд, ки тибқи сертификати ҳуқуқи истифодаи замини муассисаи таълимии №2, деҳаи Шехмизони н.Ховалинг аз 16.09.2010, №1333 ба муассисаи таълимӣ 2,06 га қитъаи замин вобаста шудааст... Савринисо бо ариза ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кардааст, ки бо дастгирии мардуми деҳа ният доранд, дар ҳудуди қитъаи замини мактаби миёнаи №2-и н.Ховалинг толори варзишӣ ва майдончаи варзишии хусусӣ бо номи “Манижа” бунёд кунанд. Вазорати маориф ва илм иқдоми пешгирифтаи С.Давлатро дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони толори варзишии хусусӣ берун аз ҳудуди муассисаи таълимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ховалинг аз 27.05.2016, №11/4-275 мактуб ирсол кардааст.

А.Зарипов, сардори раёсати сохтмони 

асосии Вазорати маориф ва илм

 

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 14:46

Салом ва паёми самимӣ ба кулли ҳаводорони газетаи СССР! Имрӯз, ба гуфти домулло Ҳоҷӣ Мирзо, рафтору хулқи ҷавонон коста шуда истодааст. Тибқи мушоҳидаи ман, ҷавонон дар ҳар ҷодае дар даст носу сигор мегардонанд, ҳатто май менӯшанд. Онҳо дидаву дониста ба ин чизҳои ифлос рӯ овардаанд. Ман ба онҳо гуфтаниям, ки ба ин роҳи баду ифлос нараванд ва умри худро кӯтаҳ накунанд ва дилсӯзи ҷон бошанд. Зеро шумо ҳоло ҷавонед ва аз 100 гул яке ҳам нашкуфта!

Довуд Раҳимов,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Рӯдакӣ, тел: 908 88 59 01

 

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 14:15

8.12.2016 дар мактаби №59-и н.Файзобод даври якуми минтақавии Олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи фанҳои дақиқ барпо шуд, ки нисбати солҳои қаблӣ теъдоди довталабон зиёд буд. Рафти баргузории олимпиадаро дидам, ки аксарияти аъзои ҳакамон чун солҳои қаблӣ аз доираи 1 мактаби миёнаи №11-и деҳаи Элок дар фанҳои дақиқ ширкат доштанд, ки ба ҳақиқат рост намеомад. Аъзои ҳакамони мактаби №11 аз рӯи мақоли «худам шоҳу…» амал карда, шогирдонро пешакӣ, яъне то баргузории олимпиада саволҳои тестиро аломат гузошта, пинҳонӣ пешкаш карда буданд. Озмун аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, забон, адабиёт, химия, биология, информатика низ шаффоф набуд, зеро дар ин фанҳо аъзои ҳакамон аз мактаби №11 буданду шогирдонро пинҳонӣ ёрдам карда, ҷойҳои аввалро муносиб медонистанд. Аксари довталабоне, ки бо умеду дониши хуб ба олимпиада омаданд, рӯҳшикаста шуданд. Ба синф-кабинети фанни ҳуқуқшиносӣ омадам, ки аъзои ҳакамон, Ҳотам Бобиев-директори мактаби №11 аз дарун дарро маҳкам карда, иҷозати даромадан намедод. Ман ҳамчун хабарнигор аз Бобиев пурсидам, оё довталабони имсола аз солҳои пешин фарқ доранд? Ӯ бо ғазаб «кори Шумо набошад, аз ин ҷо баромада равед» гуфта, фишор овард. Пасон фаҳмидам, ки ӯ дафтарҳои  шогирдонро ислоҳ ва барои ширкат дар даври 2-и олимпиада «омода» мекардааст. Азбаски олимпиадаи фанни ҳуқуқ шаффоф набуд ба раиси комиссияи олимпиадаи шуъбаи маориф эътироз овардам, аммо эътирози ман нагузашт…

Ҳокими САФАР,

хабарнигори мардумии СССР, н.Файзобод

 

саҳ 8 аз 17

Китобҳо

Flag Counter