ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 14:07

Узви Ихвон-ал-СССР, Тоҳир Икромови 46-сола, сокини деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки дар маҷаллае хондам, дар давлати Эрон аз ҳама маоши баландтаринро муаллим мегирифтааст. Пас чаро дар давлати мо-Тоҷикистон, ин тавр нест? Онҳо ба қадри омӯзгор мерасанду мо не?! Ана акнун фаҳмидед, ки онҳо, яъне эрониҳо ин қадар бо ҷуръат ва якравӣ, ба гапу воҳимаи мамолики Ғарб гӯш накарда, писанд накарда, даст ба сохтани Стансияи барқи атомӣ задаанд? Барои он ки онҳо муаллимро қадр мекунанд, илми муаллим дар Эрон қурб дораду дар мо не!!!

 

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 13:47

Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсулло Сайфуллоев, сокини маҳаллаи 102-уми ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман дар бораи 1 мушкили ашаддии роҳгузарон гуфтаниям. Дар чорраҳаи масҷиди Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (маъруф бо номи масҷиди Мехколонна), дар байни маҳаллаҳои 112 ва Испечак-2 бо сабаби баста будани чорроҳаи маҳаллаи 82, ҳаракати мошинҳо ончунон сахту печида аст, ки гузаштани роҳгузарон хело мушкил шудааст. Ман бо ин гуфтаниям, ки бояд дар ин чорроҳа видеокамера насб кунанд. Светофор ҳаст, аммо ронандаҳои ҷавон бо “иномарка”-ҳои худ на светофорро нигоҳ мекунанду на қоидаи роҳро риоя!!!

 

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 13:44

16.02.1918. Шӯрои Литва дар нишасти худ, дар шаҳри Вилнюс таъсиси Ҷумҳурии демократии Литваро эълон намуд. Ин рӯз дар Литва чун рӯзи барқарорсозии давлатдории он ҷашн гирифта мешавад.

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 11:51

Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ пас аз анҷоми мулоқоти хеш бо аҳли ҷамоатчигии ш. Душанбе, ки дирӯз, 15.02.2017 дар пойтахт баргузор гашт, ба Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш. Душанбе насиҳати падарона намуд.

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 11:38

Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 73 масҷид, аз ҷумла 4 масҷиди марказии ҷомеъ, 16 масҷиди ҷомеъ ва 53 масҷиди панҷвақта, 1 ҷамоатхона, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолият дорад. Илова бар ин, дар шаҳр соли оянда Масҷиди бузург ба истифода дода мешавад, ки маблағи сохтмони он қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 - Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1 шӯъба, 4 бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 5 комиссияи доимӣ ва 1086 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар фаъолияти шӯъбаву комиссияҳои доимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он камбудиҳои зиёд ба назар расида, то ба имрӯз аксари комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо дуруст фаъолият намекунанд ва робитаи шӯъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо раисони маҳаллаҳо тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Чунин ҳолат сабаби риоя нашудани муқаррароти қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳр гардида, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2016 қариб 13 ҳазор ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, - қайд намуд президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни мулоқоти хеш бо фаъолони ш. Душанбе.

Ғайр аз ин, мақомоти судӣ 127 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун қарорҳои дахлдор баровардаанд.

Инчунин, бисёр ҳолатҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ҳангоми тӯйҳои арӯсӣ ва бо суръати баланд ҳаракат кардани онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаракати муназзами дигар воситаҳои нақлиётро халалдор сохта, боиси ташвиши сокинони пойтахт гардидаанд.

 

СССР

 

 

Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 11:35

Момои Давлатмоҳ Додоваи 116-сола, аз кӯҳансолтарин сокини ноҳияи Бохтар, насли 2 аср, бар асари 1 беморӣ даргузашт. Ӯ борҳо дар сӯҳбат бо СССР латифаҳо мегуфту “сирр”-и умри тӯлонии худро фош карда механдид ва мегуфт, ки намехоҳад доруву дармони пизишконро истеъмол кунад. Ӯ одат карда буд, ки дардҳояшро тавассути гиёҳҳо ва растаниҳои табиӣ дармон бахшад. «Мо дар кӯҳҳо зиндагӣ мекардем. Сабаби дарозумрии ман аввал Худо аст, баъд боду ҳавои софи деҳа, тановули гиёҳҳо ва алафҳои табиӣ мебошад. Агар шумо ҳам бештар гӯшти кабку оҳу, меваи хушк, туту зардолу ва гиёҳҳои шифобахш, мисли пудинаро истеъмол кунед, иншоллоҳ, ки дарозумр мешавед», мегуфт момо. Ӯро дар ноҳия ҳама мешинохтанду “холаи табаррук”-ӣ мегуфтандаш. Дуои момо ҳам ба кулли ихлосмандону аёдаткунандагонашон ин буд, ки “Худованд онҳоро ҳам ба 100-солагӣ расонаду хор нашаванд”.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 15 Феврал 2017 13:17

Имрӯз бахшида ба 28-умин солгарди хурӯҷи артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, дар ш.Панҷакент ҳамоиш баргузор гардид. Ин ҷамъомад дар маркази интернатсионалистони шаҳр, баъди гузоштани гулчамбар дар пояи санги хотирот барои гузаштагони ҷанги Афғонистон доир шуд. Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ШВКД дар ш.Панҷакент, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хонандагони мактабу донишкадаҳо дар ҷамъомади мазкур иштирок карданд. Баромадкунандагон, аз корнамоиҳову ҷонфидоиҳои қаҳрамонони ҷанги Афғонистон сухан гуфта, ҷанговарон хотироти хешро қисса карданд. Дар охир ба хотири арвоҳи гузаштагони ҷанги Афғонистон дуову фотеҳа намуданд.

Хуршед Фозилов

 

Чоршанбе, 15 Феврал 2017 12:03

Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ имрӯз. Зимни мулоқоти хеш бо аҳли ҷамъоматчии пойтахт изҳор дошт, ки вазъи роҳҳо дар шаҳри Душанбе нигароникунанда буда таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Масъалаи роҳҳо яке аз масъалаҳоест, ки дар шаҳр беҳбудӣ мехоҳад ва боиси ташвиши сокинони пойтахт мебошад, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани роҳҳои шаҳр аст.

- Ҳукумат чанд сол пеш азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдатро ба анҷом расонида, дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода” дар ҳудуди шаҳри Душанбе барқарорсозии қитъаи роҳро аз чорроҳаи хиёбони Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои замонавӣ оғоз намуд ва имсол корҳои таҷдиди қитъаи роҳро аз бозори “Корвон” то шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа шурӯъ менамояд. Умуман, дар доираи сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ — Қулма, Душанбе — Турсунзода, Душанбе –Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён ва роҳҳои Душанбе – Айнӣ — Ҳисор, Душанбе –Рӯдакӣ — Лоҳур беш аз 42 километр роҳҳои шаҳри Душанбе ба маблағи 270 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудаанд. Бо вуҷуди дар даврони истиқлолият таҷдиду азнавсозӣ гардидани 185 километр хиёбону роҳҳо ва 123 километр роҳҳои пиёдагард боз 550 километр кӯчаву роҳҳо ва 230 километр роҳҳои пиёдагард ба таъмиру азнавсозии ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд ва на ҳамаи роҳҳои шаҳри Душанбе ба талаботи шаҳри муосир ва пойтахти мамлакат ҷавобгӯянд, таъкид дошт дар баромади худ Эмомалӣ Раҳмон.

 Бино ба гуфти сарвари давлат, яке аз омилҳои суст ба роҳ монда шудани азнавсозии инфрасохтори коммуникатсионии шаҳри Душанбе бесабаб тӯл кашидани ҷараёни сохтмону таҷдиди роҳҳо, сатҳи пасти касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳо буда, илова бар ин, сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи замона мутобиқ нест.

 

СССР

 

 

саҳ 9 аз 17

Китобҳо

Flag Counter