ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 01 Май 2017 10:47

Нафароне, ки қасди таркишро дар Қӯрғонтеппа доштаанд, пайдо ва дастгир шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ин таркиш 2 писар холаи Шарифҷони  Зокир аз ш. Ваҳдат низ боздошт шудаанд онҳо ин таркишро бо дастури махсусе, ки ваъдаи пул дошт, мехостаанд анҷом диҳанд.
1 манбаи мӯътамади СССР ин ҳодисаро, ки чандест сару садоҳои мардумро барафрохтааст, дигаргуна шарҳ дода гуфт, ки омилони ин ҳодиса падару писар, аз д. Зарбдори ш.Қӯрғонтеппа будаанд.Масъулин мегӯянд ин писар Шарифҷони Зокир, 21 сол доштааст ва падари ӯ Зокир Файзиев будаанд, ки чанд рӯзест дар боздошт қарор доштааст. Аз хонаводаи падару писар ва хола писари Шарифҷони Зокир аз ш. Ваҳдат низ боздошт шудаанд ва дастикам 7 дастгоҳи таркандаи дигар мусодира шудааст.
Манбаъ афзуд, ки пеш аз супориш гирифтани 2 таркиш дар ш. Қӯрғонтеппа, онҳо сари 1 нафарро тан ҷудо намуда байъат эълон намуданд.Баъд аз байъат эълон намудан, онҳо дар масҷиди деҳаи худ Зарбдор парчами “ДИИШ”-ро низ овехтаанд ва бо тариқи шабакаи интернетӣ супориши таркишро гирифта, дар ҳудуди ш. Қӯрғонтеппа 2 таркиш ба анҷом расониданд.
Таркише, ки дар ш. Қӯрғонтеппа ҷони 1 нафарро рабурда буд, аз сӯи мақомоти расмии вилояти Хатлон дигаргуна шарҳ дода шуд. Ҳасанбой 67-сола, посбони литсей тамоюли техникии ш. Қӯрғонтеппа на худро таркондааст, на қасди сӯиқаст ба ҷони худ доштааст.Ин ҳодиса аввал дар миёни бисёриҳо ангезаи сӯиқаст ё худтаркониро боло карда буд, чун ин мард дар бағалаш зери ҷома 1 шишаи арақ дошта, ки дар камераҳои назоратӣ зоҳир шудааст ва дар бағал чизеро нигоҳ доштанаш низ сабт шудааст. Ва ҳатто овозаҳое буд, ки ин мард мехостааст ҷойи дигареро битарконад, вале ба мақсад нарасида лавозимоти тарканда дар дасташ таркидааст ва дар наздикии бинои прокуратураи гарнизони ҳарбии ш. Қӯрғонтеппа ҷон додааст.Ҳангоми таҳқиқ дастикам 7 дастгоҳи таркандаи дигар мусодира шудааст.



Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, 01 Май 2017 10:37


Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» парвозҳои худро дар самти Тошканд-Душанбе-Тошканд кам кард. Агар дар моҳи аввали оғози парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае 2 маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвоз амалӣ мегашт, аз 1.05.2017 бошад ҳафтае 1 маротиба-танҳо рӯзи сешанбе сурат хоҳад гирифт.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз ширкати мазкур хабар доданд, сабаби кам шудани парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд-ин кам будани мусофирон буда коҳишёбии парвозҳо характери муваққатӣ доранд. Ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» тасмим гирифтааст бо зиёд шудани теъдоди мусофирон дар ин самт парвози дуюмро дубора барқарор намояд.



СССР

Душанбе, 01 Май 2017 09:40

Гузоштани нақша дар назди раисони маҳаллаҳо барои овардани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бархе аз домкомҳои Панҷакентро нигарон кардааст...

Душанбе, 01 Май 2017 09:30

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Сағиндиқ Абдуллоеви 70-сола (тел: 901 06 74 08), сокини деҳаи Дувана, аз ҷамоати деҳоти Алгаи ноҳияи Лахш (ҳоло Ҷиргатол) дар меҳмонии СССР гуфт, ки тавре дар газетаи СССР мехонам, бисёриҳо замони Давлати СССРро танқид мекунанд. Вале 100 бор номаъқул кардаанд. Ҳозир дар кисаат 4 сомонӣ надошта бошӣ табобатхона рафта наметавонӣ. Агар русҳо нисбати мо «мы их научили цивилизатсия» гуфта бошанд, 100% ҳақ аст. Ман ба ин боз илова мекунам: «Они вас воспитывали на каждом Институте дали нам образование, културами и языками». Ман ба Сайёфи Мизроб арзи сипос мекунам, ки газетаро СССР ном ниҳодааст. Агар номаш СССР набошад ман намехонам онро! Ман аз шаҳри Душанбе, 400 км дур, қариб дар сарҳади Қирғизистон зиндагӣ мекунам. Барои овардани газетаи СССР ба таксиҳои Лахш-Душанбе пул медиҳам, ба ман мерасонанд. Агар кадом рақамашро нахонда бошам, вақте ба Душанбе омадам, дар Китобхонаи миллӣ ворид шуда мехонам. Вақте ин газетаро мехонам бӯи СССР, бӯи Ленин, Сталин ва Андропов, бӯи Коммунизм ва КПСС ба машом мерасад.

Душанбе, 01 Май 2017 09:27


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Аз милисаҳои ноҳияи Ховалинг эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ҳамон харбизнесменҳоро ҳоло паси панҷара нашинонанд. Чунки дар деҳаи мо даҳҳо харҳои бесоҳиби сергӯшту серравған мегарданд, ки аз дасти онҳо ба дод омадаем. Харҳо шабона ба ҳавлиҳо даромада, зироатҳои сокинонро поймол мекунанд ва зарари бисёри иқтисодӣ мерасонанд. Агар илоҷаш мебуд, ҳамин харҳои бесоҳибу дайдуи рустои моро ҳам омада мебурданд? 1 умр миннатдор мешудем! Зеро Мо Метавонем!


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод, тел: 93 701 46 01

Душанбе, 01 Май 2017 09:07


Барои чӣ н.Мастчоҳ, ки беш аз 110.000 аҳолӣ дорад, имрӯз нообод аст? Чаро то ҳол роҳҳо харобу валангор, мардум азоби беобиву безаминӣ мекашанд?! Кӣ бояд ин корҳоро кунад ва кӣ бояд ҷавоб гӯяд? 1 чиз аниқ аст: Мардуми бонангу номуси Мастчоҳ ҳеҷ чиз (ҳам хубӣ ва ҳам бадӣ)-ро ҳаргиз фаромӯш намекунанд! Ва ҳам ҳаргиз ҳеҷ бадиро намебахшанд! Ин дар хун ҳар 1 мастчоҳӣ нуҳуфтааст!!! 1 чиз мусаллам аст: Ҳисси бадбинӣ нисбати халқи Мастчоҳ аз солҳои 1955-56 ҳангоми қарори раҳбарияти ҷумҳурӣ дар бораи кӯчонидани халқи Мастчоҳ ба дашти Дилварзин оғоз гардид! Дар ҳоле, ки раҳбарияти вилоят мехост, ки аҳолии н.Хуҷанд (ҳоло н.Б.Ғафуров), ё аҳолии н.Нов (ҳоло Спитамен) кӯчонида шаванд, лек қарори роҳбари ҷумҳурӣ-шодравон Бобоҷон Ғафуров қатъӣ буд ва ноилоҷ аҳолии Мастчоҳро кӯчониданд. Роҳбарияти вилоят роҳи дигарро пеш гирифт. Таклиф кард, ки номи ноҳияи нав Сомғор гузошта шавад. Чаро ин номи ӯзбекиро мехостанд, то ҳол муаммост!!! Азбаски раиси комиҷроияи ноҳия, шодравон ба яке аз ҷонишинҳои раиси Ҳукумат (Котиби якум) ҳамяроқ буд (дар ҷанги СССР ва Финляндия, агар хато накунам Додхудоев), аз ӯ хоҳиш кард, ки назди Б.Ғафуров дарояд. Чунки Насим Салимов то ҳол бо Б.Ғафуров вонахӯрда буд. Вақти вохӯрӣ Салимов қотеъона талаб мекунад, ки номи ноҳияи навбунёд на Сомғор, балки Мастчоҳ шавад. Баъди муҳокимаҳо ҳама розӣ мешаванд, ки ноҳия номи Мастчоҳро бигирад. Аз ин рӯ, аз ҳамон давра то имрӯз ба ободонии н.Мастчоҳ касе ҷиддан ва амдан эътибор намедиҳад, то ки он ҳам мисли шаҳрҳои Хуҷанду Конибодому Исфара, навоҳии Ҷ.Расулову Спитамен ободу дилрабо гардад!!!


Олимбеки Зиёиён,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Мастчоҳ

Душанбе, 01 Май 2017 09:02


Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР-Гулғунча Худоёрова аз маҳаллаи 7-ум километри пойтахт бо телефони 907 15 73 76 ба газетаи мардумии СССР занг задаву бо гиря гуфт, ки хабари марги Эмомалиҷон-писари 17-солаи апаҷони азизам-Сурайё Қосимоваро дар «Сухани рӯз»-и шумораи гузаштаи СССР хонда, қариб аз ҳуш рафтам, бемадор шудам. Зеро чунин кулфату азоб ҳамагӣ 1 моҳ пеш ба сари ман ҳам омада буд. Ҷасади писарам-Алиҷони 25-соларо 8 март аз шаҳри Ленингради Русия оварданд. Таъзияи амиқи худро ба апаи гиромиям Сурайё мефиристам ва хоҳиш дорам, ки шукру саломатии фарзандони боқимондаашро кунад ва худашро ба даст гирад. Ман дарак дорам, ки апаи мо то ин синну сол азобу машаққати зиёдеро аз сар гузаронид ва то имрӯз зинда монд. Ва аминам, ки боз барои маданияту фарҳанги миллати Тоҷик хизмат хоҳад кард. Дар ҳамин маврид гуфтаниям, ки писари маро дар шаҳри Ленинград бо отверка ба сараш заданд ва чанд соат дар кома хоб буд, бо ҳамин, аз олам даргузашт… Хайр, дунё ҳамин будаст:
Орзуҳо ҳама рафтанд ба хок,
Хок дигар чӣ орзу дорад?

Душанбе, 01 Май 2017 08:56


Узви Ихвон-ал-СССР, Собир Тӯйчиев, аз ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон бо СССР телефонӣ дар тамос шуд ва гуфт, ки аксарияти хонандагону муаллифон роҷеъ ба ҷанги гражданӣ бе далелу ҳуҷҷат менависанд. Аввал ин ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 на аз ҷониби муллоҳо оғоз шуд, балки ин нақшаи пешакие буд, ки берун аз Тоҷикистон шурӯъ шуда буд, ки мисли онро мо дар Алмаато, Боку, Тифлис дидем, ки ҳама шоҳид аст. Баъдан, медонистанд, ки Тоҷикон софдиланд, ҷангро дар Тоҷикистон ба роҳ монданд. Дар ин боб китоби Аслиддин Соҳибназаров, «Субҳи ситоракуш»-ро хонед. Дигар ин, ки лақаб ё рамзи вовчику юрчикҳоро КГБ махсус дар Тоҷикистон ба кор бурд, барои шиддат бахшидани ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон. Дар ин ҷанг на ғармию бадахшӣ, на кӯлобию хуҷандӣ, балки онҳоеро гунаҳкор кунем, ки дар берун аз Тоҷикистон тарҳи ҷанги шаҳрвандиро кашидаанд ва ягон муллову домулло ба ин ҷанг даст надорад.

саҳ 18 аз 19

Китобҳо

Flag Counter