ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 15 Май 2017 10:31


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳ мақолаи Олимбеки Зиёиёнро бо номи «Облава-фронти зарбдор» (СССР, №13(446), 30.03.2017) мавриди баррасӣ қарор дод. Муаллиф бо «эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва хайрхоҳӣ» нисбати хеши наздик ва ҳамсояи худ сухан гуфта, ҳарза менависад, ки аз мантиқ фарсахҳо дуранд. Магар ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи замимаи 2-и қарори Раиси ноҳия аз 13.01.2017, №19 «Дар бораи омода намудани ҷавонписарони синнусоли даъватӣ ба маъракаи сафарбарии баҳорона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2017» дар байни аҳолӣ «облава» аст? Дар асоси ин қарор гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия якҷо бо намояндагони Ҷамоати деҳоти Оббурдон дар қатори дигарон ба хонаи шаҳрванд Ҳоҷиев омада, оид ба иҷро намудани ӯҳдарории фарзандашон сӯҳбат гузарониданд, ки ин як амри воқеӣ буд. Рӯзнома ҳам пеш аз он, ки ба чопи чунин мақолаҳои иғвоангез иқдом кунад, хуб мешуд, бо масъулин тамос гирифта, воқеият доштан ва ё надоштани чунин воқеаҳоро аниқ ва ҳадди ақал бетарафона, назари холисонаи хешро дар ҳошияи мақола ишора мекарданд.


Т.Ҳасанов, муовини Раиси н.Мастчоҳ                    

Душанбе, 15 Май 2017 10:28


«Иирӯз аксар дар фикри онанд, ки ба осиёби касе об резанду ба ин васила соҳиби луқмаи калон гарданд. Ҳар кас дар талоши луқма МАВҶУДИЯТИ ИНСОНИ ДИГАРРО фаромӯш мекунад. Ин ҳолат оқибати хуб надорад! Ҳатто одамоне дар мақомоти давлатӣ ёфт мешаванд, ки дар ниҳодашон ба ғайр аз баҳри хеш истифодабарии мансабу курсӣ, дигар ҳадаф надоранд!... Сарват мақсади олии инсони комил буда наметавонад! Сарватманди бе маънавиёт дар ҷомеа хавфнок аст…». (аз лексияи «Фарҳангшиносӣ», кафедраи сиёсатшиносии ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров, с.2014)


Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

Душанбе, 15 Май 2017 10:27


Чиновникҳо дар бисёр ҷаласаҳои соҳаи кишоварзӣ шиква аз он доранд, ки ҳосилнокии маҳсулот дар сатҳи паст аст. Аксарияти чиновникҳо ғайри ихтисосанд ва намеандешанд, ки замин ҳам организми зинда аст. Замин дар қатори омилҳои табиии худодод ба об, гармӣ, зичӣ, ҳаво ва ғизо ҳам ниёз дорад. Дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба ҳар 1 га замин соле ба миқдори 20-30 тонна нуриҳои органикӣ, 300-400 кг нуриҳои минералӣ (селитра, карбомид, нитроамофос, фосфор) пошидан лозим аст. Пас оид ба ҳосилнокӣ баланд чунин бояд гуфт: Агар АТЗ дар вилояти Суғд мебуд, мардуми бо ору номуси он тамоми имкониятро ба кор бурда, коргоҳро кайҳо ба кор медаровард. Агар ин корхонаи бузург ба кор медаромад миллионҳо сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шуда, арзиши аслии маҳсулот поён мефаромад ва Хатлон, ки беш аз 3 млн аҳолӣ дорад, сокинонашро  бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ таъмин карда метавонист. Вақте шахс аз шоҳроҳи Қурғонтеппа-Кӯлоб, аз назди АТЗ-и Хатлон гузарад, чашмаш ба иморатҳои боҳашамати он афтода, мегуяд «ин иншооти гӯшти уштурхурдаро бинед».  «Сохтмонҳои гӯшти уштурхурда» воқеан ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вил.Хатлон ниҳоят бисёранд. Миш-мишҳо ҳаст, ки АТЗ пас аз азнавсозии биноҳои иловагӣ ва бо дастгоҳҳои бо ангишти Ватанӣ коркунанда таҷҳизонида шуда, тирамоҳи с.2018 ба кор даромада, соле ба миқдори то 800 000 тонна нуриҳои минералӣ истеҳсол хоҳад кард…


Ҷаббор Раҷабов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Кӯлоб

Душанбе, 15 Май 2017 10:24


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР-Толибҷон Юсуфӣ, сокини пойтахт бо телефони 919 12 93 85 ба СССР занг задаву гуфт, ки чаро Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баргузории “Бессмертный полк” дар шаҳри Душанбе иҷозат надод? Охир, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бобоҳои мо низ иштирок доштанд-ку! Бовар кунед, айб аст зидди раҳпаймоӣ барои “Полки абадӣ” баромадан...

Душанбе, 15 Май 2017 10:20


Узви Ихвон-ал-СССР, Анвар Шодимуродов, аз ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки ман чун омӯзгори забон ва адабиёт дар сӯҳбат бо хонандагони синфҳои болоӣ пурсидам, ки «сосулка»-и русӣ дар забони Тоҷикӣ чӣ мешавад, касе ҷавоби дуруст дода натавонист. Баъди андешаҳои зиёд ба «сосулка»-и русӣ чунин номро дарёфтам: азбаски бегоҳирӯзиҳо барф об шуда, аз лаби шифери хона ба поин мешорад ва аз сармо ях мекунад, онро яховеза ё ки яхвеза номидан мумкин. Боре 1 ҷавони ҳунарманд аз ман пурсид, ки дар бозор «точильный цех» кушодааст, аз ин рӯ, дар пешонаи дӯконаш чӣ нависад. Ба пурсиши ӯ қоидаҳои исмсозии забони Тоҷикиро ба ёд оварда гуфтам, ки бо пасванди «гар» номҳои касбу ҳунар сохта мешавад, мисли заргар, чармгар, дуредгар, кафшергар… Аз ин рӯ, «точильный цех»-ро дӯкони тезгарӣ номидам. Хато нест? Одами ба дӯкон наздик шуда аз вожаи «тез» мефаҳмад, ки дар дӯкон корд, досу табар тез карда мешавад.

Душанбе, 15 Май 2017 10:18


Дар шумораи гузашта мо мушоҳидаҳои мухбири СССРро аз маркази н.Ҷ.Расулов дар бораи 1-тарафа шудани роҳи асосии автомобилгард, ҳоли табоҳи боғи марказии фарҳангӣ ва камбудиҳои шаҳраки номбурда рӯи нашр оварда будем. Чуноне ки хабар додем, сафари мухбири газетаи СССР дар н.Ҷ.Расулов боз чанд рӯзи дигар идома дошта ва мардуми ин ноҳия ба журналисти Газетаи мардумии СССР дар бораи проблемаи №1-и худ-бозори марказӣ ва бозори хусусии «Ашроф», ки ба бародари раиси ноҳия-Комил Салимзода дахл дорад, гуфтанд.

Душанбе, 15 Май 2017 10:17


Пас аз шикваи сардабири газетаи ноҳияи Муъминобод-Нуруллоҳ Ҳасанов роҷеъ ба ғайб задани 14000 сомонӣ маблағи ин нашрия аз Агроинвестбонк ва мушкили мардум бо ин бонк дар водии Зарафшон, ба газетаи мардумии СССР 2 посух омад. Ин ҷавобҳо чунон хубу сара навишта шудаанд, ки ту гӯӣ, 1 детективро монанд. Суди олӣ низ посух гуфт ва муҳимтар аз ин ҳама, муовинҳои ҷаноби Алимардонов мӯҳри хомӯширо шикаставу ба мақола ҷавоб навиштанд. Посухҳоро бе таҳрир пешкаши хонанда мекунем, то худ қазоват кунад, ки Мо метавонем!

Ба  сардабири ҳафтаномаи «СССР»  Сайёфи Мизроб

Муҳтарам Сайёфи Мизроб! ҶСК «Агроинвестбонк» мақолаҳои «Стратегияи нав»-и  Алимардонов», (Ё худ чӣ тавр Агроинвестбонк аз ҳисоби панҷакентиҳо аз буҳрон раҳо ёфтанист?!), дар сомонаи «СССР. tj», 29.03.2017 ва дар ҳафтаномаи «СССР», таҳти  унвони «Алимардон зӯр, ё Суди Олӣ?» аз 6.04.2017 нашршударо мавриди баррасӣ қарор дод ва вобаста ба ин чунин маълумот пешниҳод менамоем. Дар маводи «Стратегияи нав»-и Алимардонов» муаллиф чанд масъалаеро ёдрас гаштааст, ки аслан барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати хизматрасониҳо ба манфиати худи мизоҷони Бонк роҳандозӣ шудааст. Барои мисол, тағйир ёфтани фоизи хизматрасониҳо ҳангоми истифода кардан аз банкоматҳо ва муайян гаштани маҳдудият дар баргардонидани саривақтии пасандозҳо, бо зуҳур кардани буҳрони молиявии с.2016 ва таъсири он ба низоми бонкии Тоҷикистон ба миён омад. Бинобар ин, Бонк бе роҳандозӣ намудани чораҳои судманд ва 1 қатор тағйирот дар фоизҳои номбаршуда, инчунин гузоштани маҳдудият наметавонист талаботи тамоми мизоҷонро дар маҷмуъ ба ҷо биорад, ки ин таҷриба дар фаъолияти бонкдории ҷаҳонӣ низ роҳандозӣ мешавад. Яъне, агар дар ҷое  маҳдудият гузошта шудааст, танҳо ба хотирест, ки маблағҳои номбурдаи дархостшуда ба тамоми мизоҷон бо меъёри муайян дастрас карда шаванд. Дар шароити буҳронӣ бо фоизи муайянгаштаи қаблӣ-0,3%, пардохти хизматрасониҳои дигар ба мизоҷон ғайриимкон гашт. Зеро фароҳам овардани маблағҳои нақдина хароҷоти иловагиро дар ин самт талаб менамояд. Қабл аз буҳрони молиявии соли 2016 хароҷотҳои дарҷшуда аз ҳисоби худи Бонк рӯпӯш мешуданд. То ҳол Бонк бақияи маблағҳои мизоҷонро дар доираи Лоиҳаҳои музди маош бе фоиз хизматрасонӣ менамояд (фоизи хизматрасонӣ дар доираи лоиҳаи музди маош аз ҳисоби ташкилотҳо пардохт карда мешавад, на аз ҳисоби мизоҷ). Бинобар ин, амали номбурда танҳо иқдоми шахсан раиси Бонк набуда, балки он дар доираи меъёрҳои муайннамудаи санадҳои ҳуқуқӣ ва иҷозатномаи Мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гаштааст. Бояд зикр кард, ки барои амалӣ намудани Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014, №815 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» матбуоти давриро зарур аст, ки бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт маълумоти дуруст ва таҳқиқшударо ба аҳолӣ бештар таблиғ намояд.
Дар мақолаи «Алимардон зӯр ё Суди Олӣ?», ки ба қалами журналист Нурулло Ҳасанов мансуб аст, ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки бо Ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 30.04.2015, аз ҳисоби маҳкумшудагон Шарифов Исҳоқ ва Шарифов Ҷумъахон ба фоидаи Идораи редаксияи ҳафтаномаи «Субҳи меҳнат» маблағи зарар дар ҳаҷми 14 402 сомонӣ (феълан бақияи он 4000 сомониро ташкил медиҳад) рӯёнида шудааст. Ҳолати мазкурро иҷроварақаи иҷрочии Суди н.Муъминобод аз 22.12.2015 таҳти №209 низ тасдиқ мекунад. Бояд зикр намуд, ки қазияи алоқаманд ба тасарруфи маблағҳо аз ҷониби И.Т.Шарифов ва Ҷ.Р.Шарифов дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, рӯёнидани зарари ба «Субҳи меҳнат» расонидашуда аз ҳисоби маҳкумшудагони мазкур муқаррар шудааст. Бинобар ин, ҶСК «Агроинвестбонк» дар доираи Ҳукми Суди вилояти Хатлон наметавонад маблағи аз тарафи Шарифов И.Т. ва Шарифов Ҷ.Р. тасарруфшударо пардохт намояд. Зимнан, ҶСК «Агроинвестбонк» аз мизоҷонаш барои хоҳиши равшанӣ андохтан дар масъалаҳои мухталиф изҳори ташаккур карда, ёдрас мекунад, ки раванди фаъолияти Бонк дар асоси талаботи меъёрҳои муайян намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва нафаре аз кормандони Бонк ҳақ надорад, бидуни талаботи санадҳои ҳуқуқӣ тасмими алоҳида бигирад.


Бо эҳтиром,
Муовини Раиси  Исмоилова М.Н.




Собиқ бонкирҳо зарарро ҷуброн мекунанд
Мақолаи журналист Н.Ҳасанов - «Алимардон зӯр, ё Суди Олӣ?» (СССР, 6.04.2017, №14 (447) мавриди санҷиш қарор гирифта, муайян карда шуд, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 30.04.2015 Исҳоқов Шариф Таварович, Шарифов Ҷума Раҳимович, Давлатов Абдураҳим Абдукаримович ва Одинаев Одинаҳмад Халилович, собиқ шахсони мансабдори филиали «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминобод мутаносибан ба муҳлатҳои аз 9 то 17 сол аз озодӣ маҳкум карда шудаанд. Ин шахсон барои он гунаҳгор дониста шудаанд, ки ба ҳайси роҳбар ва дигар ашхоси мансабдори филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминобод кор карда, дар давоми фаъолияти корӣ маблағҳои пули дар суратҳисобҳои шаҳрвандон, корхонаю ташкилотҳо қарордоштаро, бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ, бо роҳи сохтакории хизматӣ ба фоидаи шахсии худ истифода намуда, бо ин кирдорҳояшон ба манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи мизоҷони бонк-шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарари ба миқдори махсусан калон расонидаанд. Яке аз лаҳзаҳои ҷиноятҳо дар он зоҳир мешавад, ки И.Т.Шарифов-роҳбари филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминобод бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиб Шарифов Ҷ.Р. аз 1.01.2013 то 1.05.2014 маблағи 14.402 сомонию 95 дирамро аз суратҳисоби редаксияи «Субҳи меҳнат»-и н.Мӯъминобод ғайриқонунӣ сараввал ба суратҳисоби ҶДММ «Гулдаст» ва сипас ба суратҳисоби хоҷагии деҳқонии «Сафар» гузаронида, ба воситаи ҳуҷҷатҳои пардохтии ин хоҷагӣ маблағҳои мазкурро гирифта, аз ин ҳисоб камомади хазинаи филиали бонкро барқарор кардаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба редаксияи «Субҳи меҳнат» зарари молиявӣ расонидаанд. Суди марҳилаи якум ба қарор омадааст, ки аз ҳисоби маҳкумшудагон И.Т.Шарифов, Ҷ.Р.Шарифов ва филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминобод бо тариқи муштарак ба фоидаи редаксияи «Субҳи меҳнат» маблағи 14.402 сомонӣ рӯёнида шавад. Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 4.08.2015 ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон нисбати И.Т.Шарифов ва дигарон бетағйир ва шикоятҳои кассатсионии маҳкумшудагон беқаноат мононда шудааст. Аз қисми хулосавии ҳукм ибораи «аз ҳисоби филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминобод рӯёнидани маблағи зарар ба фоидаи ҷабрдидаҳо» хориҷ карда шудааст. Муаллифи мақола аз ҳукм хориҷ намудани ибораи номбурдаро бинобар он ки танҳо аз худи маҳкумшудаҳо рӯёнидани маблағи зарар ғайриимкон аст, ғайриқонунӣ шуморида, пурсидааст, ки Раиси Суди Олӣ масъалаи ба вазифаҳояшон номуносиб будани судяҳои Суди Олӣ Д.Маҳмадшарофӣ, Т.Самадов ва Т.И.Қодировро дида баромада, «ҳукми суди вилояти Хатлонро мавриди амал қарор диҳад». Бояд гуфт, ки ҷиноятҳои тасарруфи маблағҳои дар суратҳисоби редаксияи «Субҳи меҳнат» ва дигар ҷабрдидагонро ашхоси воқеӣ маҳкумшудаҳо И.Т.Шарифов, Ҷ.Р.Шарифов… содир кардаанд. Тибқи талаботи моддаи 1079 Кодекси граждании ҶТ зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ ва давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад. Аз ин рӯ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ бо такя ба ин меъёри моддӣ дуруст ба хулосае омадааст, ки зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда бо ҳукми суд бояд танҳо аз ҳисоби шахсони гунаҳгор-маҳкумшудагон Шарифов И.Т., Шарифов Ч.Р. ва дигарон рӯёнида мешуд, вале суди марҳилаи якум ба хатоӣ роҳ дода, зарари моддиро дар баробари аз маҳкумшудагон рӯёнидан, мухолифи талаботи меъёри дар боло номбурдаи КГ ҶТ қарор кардааст, ки аз ҳисоби филиали «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминобод низ ба тариқи муштарак барқарор карда шавад ва ибораи «аз ҳисоби филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и н.Мӯъминободро аз қисми хулосавии ҳукм хориҷ кардааст. Бо дарназардошти ҳолатҳои боло таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ нисбати Шарифов И.Т. ва дигарон асоснок ва қонунӣ буда, барои ба вазифаи ишғолкардаашон номуносиб донистани судяҳои Суди Олӣ Д.Маҳмадшарофӣ, Т.Самадов ва Т.И.Қодиров, ки дар баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ иштирок намудаанд, инчунин бекор кардани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, асос мавҷуд нест.


Сатторзода А.,
муовини раиси Суди олӣ

Душанбе, 15 Май 2017 10:08

Болшевикон ғасби кишвари моро аз китобсӯзӣ оғоз карданд. Зеро нек медонистанд, ки миллати соҳибтамаддунро бояд бе дониш сохт!!!

саҳ 11 аз 19

Китобҳо

Flag Counter