ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 11 Май 2017 15:38

Чоршанбе, 10 Май 2017 15:06


Ӯро касе намешиносад!!! Мутмаинан намешиносад...

Чоршанбе, 10 Май 2017 14:26

Чоршанбе, 10 Май 2017 12:49

- Бигузор ҳар касе мехоҳад, ба қабули ман биёяд ва арзу додашро бигӯяд. Пешгирӣ ва сохтакорӣ накунед, бигузор мардум худаш ҳарф занад, агар ба ману шумо нагӯяд, пас ба кӣ мегӯяд? Мо бояд ба мушкилоташ бирасем, мову шумо масъулем!- гуфт Шарифҷон Ҷумазода ба кормандони Ҳукумат.

Чоршанбе, 10 Май 2017 09:06


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман аз 1 чӣ ҳайронам. Барои чӣ мактаббачагони мо 11 сол дар мактаб хонда, ягон касберо аз худ намекунанд? Бинед, вақте аксари ҷавонони мо баъди хатми мактаб ба Русия муҳоҷир мешаванд, ба ҷуз он, ки забони русиро намедонанд, инчунин ягон касбе низ надоранд, то 1 рубл кор карда, ба хонаводаашон фиристанд. Ин магар бадбахтӣ нест? Дар мактаби шӯравӣ чунин аҳвол набуд ва ҳама мактаббачаҳо то хатми мактаб аллакай соҳиби 1-2 ҳунар мешуданд. Ёдам ҳаст, ҳар 1 мактаб дар замони шӯравӣ барои писарон дар дохил устохона дошт ва ҳам ҳуҷраи дӯзандагӣ барои духтарон. Чаро имрӯз чунин система дар мактабҳои мо нест??? Фикр мекунам, системаи маорифи замони шӯравиро бояд баргардонем.


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод, тел: 93 701 46 01

Чоршанбе, 10 Май 2017 08:57


Овозаҳои зиёде аз пиру барно мешунавем, ки гӯё дар байни аксарияти мансабдорон фасоду фасодкорӣ, тағою тағобозӣ, хешу таборӣ, маҳалбозӣ ва хариду фурӯши вазифаю вазифачаҳо бо нархҳои гарони муайяншуда, ба арши аълояш расида бошанд. Ин тӯҳмати маҳз аст нисбати хизматчиёну кормандони давлатӣ! Зеро «ревизор»-ҳою муфаттишони зиёде амал мекунанд, ки дабдалаи чунин мансабдоронро мебароранд. Вале ба гуфти бархе аз нотавонбинони ифротгарою зиёдаравон «Кал додари кӯр» будааст. Гӯё аксарияти тафтишгарон низ «доля»-и махсуси худро доранд. Агар «доля»-и додаат табъи дили онҳо бошад, корат 5, дар акси ҳол корат дулоб мешавад. Гӯё дар мактабҳои миёна баъзе муаллимон аз пулҷамъкунӣ аз хонандагон ба дод омада, дар назди падару модарон захми рӯ шуда бошанд. О, тӯҳмат ҳам ба эбаш будагист?! Вазорати маориф ва илми ҶТ тамоми хароҷоти ин муассисаҳоро ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Фақат дар лаҳзаҳои зарурӣ волидайни доро, сахӣ ва соҳибкорон метавонанд ба таври ихтиёрӣ ба ин муассисаҳо кӯмаки беғаразонаи хешро расонанд…


Таваралӣ Авсақолов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Чоршанбе, 10 Май 2017 08:54


Хонандаи гиромии газетаи мардумии СССР-Файзмурод Абдуллоев, нафақагир аз шаҳри Исфара бо СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки зиёд мехоҳам, СССР дар бораи академик Муҳаммадҷон Шукуров 1 матлаби хос нависад. Натанҳо дар хусуси ӯ, бигзор атрофи тамоми шахсиятҳои милливу фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон бошад. Имрӯз агар мо онҳоро ёд накунем, кӣ мекунад? Эшон дар вақташ воқеан барои миллати Тоҷик хизмати арзанда кардаанд. Ҳамон хизматҳои шоёни чунин афроди баландмартабаро дар СССР нависед, то ибрат ва намуна барои ҷавонони мо бошад. Зеро ҳоло аксари хонандагони мактабро пурсед, ки Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Мӯсо Диноршоев, Раҳим Масов, Баҳоваддинов, Осимӣ, Маъсумӣ... кӣ буданд, намедонанд.

Чоршанбе, 10 Май 2017 08:52


Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, Зиёвиддин Ҷамолов, муаллим аз ноҳияи Рӯдакӣ бо телефони 918 18 36 74 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман аз 1 чӣ ҳайронам. Магар чидани чукриву сиёҳалафу торон, ров, модел, пудина... пулакӣ шудааст??? Инро ба ман рафиқонам гуфтанд, ки барои чидани чанд миқдори чукриву торон-алафҳои таоми парҳезӣ, 500 сомонӣ месупоридаанд. Ин пулро бошад ба намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист месупоред ва пасон ба шумо иҷозати алафчинӣ медодаанд.

саҳ 14 аз 19

Китобҳо

Flag Counter