ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 15 Май 2017 09:41


Ҳосилот соли 2015 дар лигаи якум ҷои якумро гирифта, соли 2016 дар Лигаи Олӣ ҷои дуюм ва сазовори медали нуқра шуд. Имсол дар бозии суперҷоми Тоҷикистон бар дастаи Истиқлол ғалаба карда, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гашт. Ҳамон шабу рӯз баъди 3 бозӣ бо 6 хол дар ҷои аввал буд. Варзиш ин қосиди сулҳ, варзиш ин саломатӣ, бардамӣ, хурсандӣ, саломатии одамон аст, вале дар байни ҳама намуди варзиш футболро шоҳи он мегӯянд, зеро он нисбат ба дигар намудҳои варзиш мухлисони зиёди худро дорад. Дар давлатҳои хориҷӣ Англия, Олмон, Испания, Португалия, Италия, Россия, Фаронса… ба Футбол аҳамияти калон зоҳир менамоянд, доимо варзишгоҳҳои калон аз тамошобинон пур аст. Вале бо сабаби ба иди Наврӯз банд шудани варзишгоҳи н.Фархор дастаи «Ҳосилот» бозиҳои худро дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ҳисор гузаронид, ки боиси сарсонию саргардонӣ ва сарфи маблағ гардид.

Яке аз кӯҳантарин дастаи футболӣ
Дастаи «Ҳосилот» дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ шӯҳрат дошт ва ҳатто с.1989 дар чемпионати ҷумҳурӣ ҷои 2-ро гирифта, дар зонаи Қазоқистон дар лигаи 2-и СССР бозӣ карда буд. Баъди шуруъи ҷанги гражданӣ якчанд сол аз байн рафт, лек с.2014 эҳё шуд. Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки дар эҳё намудани он саҳми сурмураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев хело калон аст. Бо роҳбарии ӯ дастаи «Ҳосилот» дар лигаи якум ҷои аввал ва дар лигаи олӣ сазовори ҷои дуюм шудааст. Ба Ҳабибуллоев аҳсан мегӯем ва миннатдории мухлисони бешумори ноҳияро ба он кас мерасонам. Вақте Муаллим-М.Ҳабибуллоев истеъфо дод, мо-мухлисони футболро ба фикр ва изтироб овард, зеро намедонем ҳамаи бозингарони ҳайати дастаи «Ҳосилот» маоши ба рӯзгорашон басанда мегиранд, ё не, агар дар вақташ онро нагиранд, чӣ хел аз таҳти дил ва бо рӯҳияи баланд онҳо бозӣ мекунанд?

Роҳбарияти нави ноҳия дастаро барҳам медиҳад?
Ҳини раёсати раисаи қаблии Фархор, дар с.2016 барои кӯмак ба дастаи «Ҳосилот» маоши 1 рӯзи кории коркунони соҳаи буҷавӣ ба ҳисоби даста гардонда шуда ва касе норозӣ набуд. Акнун вазъ дигар аст. Даста дар арафаи муфлисшавист. Тавре гуфтем, раҳбарияти нави ноҳия ҳатто стадионро ба Ҳосилот нагузошт, ки бозӣ кунанду варзишгоҳро ба консертгоҳи идонаи Наврӯзи вилоят табдил кард. Оё ҳамин аст, футболдӯсти роҳбарият? Ҳамин аст пуштибонӣ аз идеяи Сарвари давлат дар мавриди дастгирии дастаҳои футболӣ? Ин аст ҳамкорӣ ва дастгирии Президенти ФФТ? Мо бовар дорем, имсол ҳам 1 ё 2 рӯзи корӣ, хусусан аз мухлисони бешумори онро гардонида, ба ҳайати даста гузаронанд, ҳеҷ кас зид нест. Охир чӣ хел мешавад 3 нафар зангибача аз кишвари Ганаи Африка омада, барои шаъну шарафи дастаи «Ҳосилот», барои шаъну шарафи Фархор, барои шаъну шарафи ҷумҳурии мо бозӣ кунанду мо ба онҳо маош надиҳем? Ин барои мо айб аст!!! Ҳол он ки барои ба даст овардани Суперҷоми «Ҳосилот» саҳми ин 3 зангибача хело калон буд.

Маҳви Ҳосилот қатли футбол дар Кӯлоб аст!
Ногуфта намонад 1 муаммо мухлисони футболро ба ҳайрат овардааст: дастаи «Ҳосилот» дар таърихи футболи н.Фархор аввалин бор аст, ки Суперҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор шудааст, вале гӯё ҳеҷ гап нест, ҳама хомӯш!!! Мо мухлисони футбол гуфтанием, ки дастаи «Ҳосилот»-ро бояд дастгирӣ кард, чунки дар минтақаи Кӯлоб «Ҳосилот» ягона даста аст, ки шаъну шарафи собиқ вилояти Кӯлобро мебардорад. Равшанро куштем. Акнун навбати Ҳосилот аст? Пас кӣ бояд умуман футбол занад дар ин кишвар? Мо бовар дорем, раҳбарияти ФФТ бо маслаҳату машварат бо роҳбарияти н.Фархору вилояти Хатлон ин мушкилро ҳаллу фасл мекунанд. Мо Метавонем!


Саидмуҳиддин Аминов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Душанбе, 15 Май 2017 09:38

31 хона дар пойтахт, 2 ҳавлӣ дар Чортути Душанбе, 1 хона дар Австрия, 1 дачаи бузург дар Варзоб, $1,3 млн, 6 кг тило, 50 ҷуфт костюм, 50 пар туфли … - ин рӯйхати саридастии дороии п\к Фирӯз Холмуродов, раҳбари собиқи раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия аст, ки муфаттишон ёфтаанд. Холмуродов дар навбати худ гуфтааст, ки «тоқа намехӯрдам!»...   Манбаъ: www.akhbor.com

Душанбе, 15 Май 2017 08:50

Мо ва баҳси мо-9

Ҷумъа, 12 Май 2017 11:37


Тавре дар шумораи қаблӣ гуфтем, Ҳоҷӣ Мирзо дар сафар ба давлати Русия қарор доранд, ки он ҷо бо таклифи ҳаммазҳабон рафтаанд. Вале новобаста ба сафар бобои Ҳоҷӣ ба чанде аз суолоти хонандагон посух гуфтаанд, ки бо камоли мамнуният онро пешкаши аъзои Ихвон ал СССР месозем. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 12 Май 2017 11:32


Бо ташаббуси Ҳукумати ш. Душанбе сар аз 29.04.2017 аз соати 18:30 то 20:00  дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-истироҳатӣ ва фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ  ҷараён дошта, ин барномаҳо то 24.06. 2017 идома хоҳанд ёфт.
Ин амал доираи нақшаи барномаҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ  пешгирифта шуда рӯзҳои истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз ҷумла  муассисаҳои давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём», «Рӯдакӣ», боғҳои  «Ирам», «Нишони миллӣ», «Парчами миллӣ» ва «Дӯстии халқҳо» -и шаҳр  барномаҳои фарҳангиву  фароғатӣ баргузор  гардида истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра Ансамбли давлатии «Сомон», Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳаводорони санъати мусиқиро шод мегардонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меорад, ки барои бофароғат гузаронидани рӯзҳои истироҳатӣ ба макони баргузории барномаҳои фарҳангӣ биёянд.



СССР


Ҷумъа, 12 Май 2017 11:04


Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ба маблағи 96,4 миллион $ таҷдид мегардад. Вакилони Парлумони Тоҷикистон 11 май 2 Созишнома- Созишномаи маблағгузорӣ ва грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи роҳравҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ /ҲИМОМ/ ва лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппаро ба тасвиб расониданд. Маблағи умумии татбиқи лоиҳа 96,4 миллион доллар буда, аз он 15,8 миллион доллар гранти БОР, 49,4 миллион доллар қарзи БОР, 12 миллион доллар қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, 2 миллион доллар гранти Фонди неруи тоза ва 17,2 миллион долларро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Марҳилаи аввали лоиҳа 33 километри роҳи автомобилгардро аз Душанбе то деҳаи Чашмасорони ноҳия Рӯдакӣ дарбар гирифта, дар доираи лоиҳа роҳи автомобилгард то 4 хат васеъ карда мешавад. Рӯйпӯши роҳҳо беҳтар гардида, воситаҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт гузошта мешаванд. Ҳамчунин чароғҳои равшаникунанда ва низоми таъмини неруи барқ дар асоси панелҳои офтобӣ насб мегарданд. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз ёфта, моҳи марти соли 2021 ба анҷом расонида шавад.



СССР


Ҷумъа, 12 Май 2017 11:01


Дирӯз хонум Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ИМА ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ кӯмак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт (15 мошин), таҷҳизоти алоқаи  «моторола» ва камераҳои гармидиҳӣ (тепловизионӣ) тақдим намуд. Тӯҳфаҳои нақлиётӣ ва тепловизиониӣ Амрикоро Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ қабул намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, Ҳукумати ИМА дар давраҳои ҳассос, хусусан дар 10 соли охир ба сарҳадчиёни тоҷик кӯмакҳои зиёд  пешкаш намуданд. Ин кумакҳо на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои минтақа хеле муҳим ҳастанд ва онҳо барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон истифода бурда мешавад.


СССР

Ҷумъа, 12 Май 2017 09:50


Шералӣ Яъқубов, сокини деҳаи Амоншайхи шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки санаи 15.12.2016 духтарам-Яқубова Ҳавасморо дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит мошин зад. Ронанда Акрамов Шомаҳмад мошинро бо суръати баланд рондааст. Дар натиҷа Ҳавасмо бо ҷароҳати вазнин ба беморхонаи марказии Ваҳдат афтид. Расо 5 моҳ (аз 15.12.2016 то 4.012017) духтарам дар Шуъбаи эҳё бистарӣ шуду маъюби гурӯҳи 2. Ҳоло ҳам зери табобат қарор дорад. Алами ман аз он аст, ки ронанда ба мо то ҳол ягон хел кӯмаки моддӣ накардааст ва ҳама доруву дармони мо ба миқдори 25.000 сомонӣ бо қарзу қавола гузашт. Ҳол он ки Акрамов бо дасти худаш забонхат навишт, ки ба мо кӯмак мекунад. Дигар ин ки садама 100% аз ҷониби ронанда содир шудааст, зеро духтари ман вақте аз роҳ мегузарад, баъд мошин ӯро мезанад. Инчунин, Ҳавасмои ман дар вақти садама зарбаи рӯҳӣ низ гирифтааст ва аъзои оила дар андеша рафтаем, ки ӯ чӣ гуна ба шавҳар мебарояд? Ман аз Суд ва Прокуратураи ноҳия хоҳиш дорам, ки барои гирифтани ҷуброни зарари ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ аз ронанда ба ман кӯмак кунанд…

саҳ 12 аз 19

Китобҳо

Flag Counter