ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Октябр 2018 18:21


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз 1700 нафарро афв ва зиёда аз 740 касро ба шаҳрвандӣ қабул кард. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи девони вазирони ин кишвар бо раҳбарии президент хабар дода шуд. Ҷаласаи васеи девони вазирон дар рӯзи оғози нахустин ҷаласаи Маҷлиси халқӣ баргузор гардид, ки бо сабабҳои номаълум ва бидуни шарҳ ба таъхир гузошта шуда буд.

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 18:15


Игор Додон-президенти Молдова дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ перомуни сиёсати хориҷии кишвараш ва хитоб ба хатоиҳои Украина гуфт, ки «барои мо муҳим ин аст, ки иштибоҳҳои Украинаро такрор накунем. Боқӣ, ун қадар муҳим нест! Муҳим ин аст, ки Кремл аз мо наранҷад ва робитаи сиёсиро бо Русия дуруст нигоҳ бидорем!»

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 18:01


(сафаргуфта)

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 17:57


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллимаи соҳаи тибб-Гулноз Ҳомидова аз ш.Турсунзода дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ҳамин қадар дар қаламрави кишвар бо ташаббуси Раёсати БДА ВКД ҶТ амалиёти «Пиёдагард» баргузор шавад ҳам, қонунвайронкуниҳои ҳаракати роҳ кам намегардад. Пиёдагардон бисёр бепарво шуда, ҳам ба ҷони худ хатар меоранду ҳам ба ронанда. Дар ҳама ҷо аломатҳои пиёдагард ва роҳҳои зеризаминӣ ҳаст. Пиёдагардон бошанд дар куҷое, ки рост ояд истода, нақлиётро манъ карда, савор мешаванд. Фикр намекунанд, ки ин корашон боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт шуда, аксар вақт садамаҳои нақлиётӣ ҳам дар чунин лаҳзаҳо рух медиҳанд. Шаҳрвандони азиз, вақти убур кардани роҳҳо шитоб накунед, босабр бошед, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед. Дар ин кор Раёсати БДА ягон айб надорад. Агар ба талаботи чароғаки роҳнамо риоя кунем, бо телефони мобилӣ ҳангоми аз «пешеход» гузаштан гапзаниро кам кунем, аз роҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дуруст истифода барем, нақлиёти мусофирбарро танҳо дар истгоҳҳо мунтазир шавем, талаботҳои қонунҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунем, ҳеҷ гоҳ ба ягон бало дучор намегардем. Ё не?

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 17:55


Узви Ихвон-ал-СССР Сайкомил Ашӯрови 61-сола, сокини ноҳияи Восеъ бо телефони 98 761 93 87 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки чанд рӯз боз дар деҳоти мо аз соати 9-и саҳар то 4-и бегоҳ барқро куштан доранд. Ин вазъи лимит, тибқи шунидаи ман, дар дигар ноҳияҳои дурдасти ҷануби Тоҷикистон оғоз гардидааст. Бинобар ин, аз вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки назари худро ба ин мушкил баён намояд. Ва дақиқ кунад, ки воқеан лимити барқ шуруъ шудааст, ё бо иллати техникӣ сар задааст?

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 17:48


Узви Ихвон-ал-СССР, Давлатхӯҷа Салимов-соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадонӣ бо СССР телефонӣ дар тамос шуда гуфт, ки ман ба 1 муаммои худсохт ҳич сарфаҳм нарафтам. Доллар ё Евро ба Тоҷикистони мо чӣ дахл дорад? Вақте ки нафт дар Арабистону доллар дар Амрикост, вақте миллионҳо мардикор дар Русия заҳмат мекашанду рубли русӣ мегиранд, тамоми хӯроквории супермаркетҳо аз Русия ва Қазоқистон меояд? Хӯрокворӣ дар Русия нисбат ба Тоҷикистон 30-40% арзон аст. Дар Русия мардум назар ба мо беш аз 10 карат маошу нафақа баландтар доранд. Аммо вақте доллару евро хест гуфта, пули миллии сомониро мефаронанд, дар натиҷа нархи орду шакару равған, то пиёзу гашнич… баробари доллару евро мехезад. Баракси инро дар Русия мебинем, ки агар қурби асъори хориҷӣ боло равад, нархи озуқа намеҷунбад.

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 17:42


Салом, СССР-и гиромӣ ва мардумӣ! Дар шумораи гузаштаи СССР мақолаи Зайнулобиддин Ҳусейновро аз н.Ёвон бо номи «Чаро қасами тиббӣ надорем?» хондам. Бисёр хуб навиштааст. Вақте табибон савганди Гиппократро мехӯранд, бояд ба он содиқ бошанд. Дар бисёр беморхонаҳо моҳҳо табобат мегирӣ, аммо духтурон диагнозашро муайян карда наметавонанд. Ҳайронам, ки 6 сол дар куҷо хонда бошанд? Ин дар ҳолест, ки дар асри 21 тамоми технологияву дастгоҳҳои тиббӣ рушд кардаву ҳар рӯз 1 аппарати нав баромадан дорад. Ва агар ман 6 сол дар ин соҳа мехондам шояд мурдаро зинда мекардам. Беҳтараш ҳамин табибон на ба Гиппократу на ба Қуръони маҷид, балки ба модарашон қасам бихӯранд. Шояд дар вақти ягон кори бад карданашон модарашон пеши рӯяшон биёяду аз кори бад даст кашанд???

Ғ.Асоев,
н.Файзобод, тел: 93 777 77 17

Чоршанбе, 03 Октябр 2018 17:39


Ман аз с.2013 то инҷониб ба соҳибкорӣ машғулам. Рӯзе Раҷабов Баҳодур-соҳибкор пешниҳод кард, ки «корхона дораму соҳибкорам» ва хост, ки бо нася кунҷорааш диҳам. Аз корхонааш дидан намуда пурсидам, ки аз касе қарздор нестӣ? Гуфт, на! Азбаски корхонаи мо мавсимӣ буд, ёдрас кардам, ки ба шарте ба ту нася медиҳам, ки моҳи сентябр қарзро баргардонӣ. Розӣ шуд. Марти с.2014 кунҷора дода забонхаташро гирифтам, ки 466.100 сомонӣ мешуд. Сентябри с.2014 шуду чанд бор хоҳиш кардам, маблағро баргардонад. Бо ҳар баҳона мегуфт, ҳоло маблағ нест. Аз байн 2 сол гузашт. Ба РВКД вилоят навиштам. Муфаттиш нисбати ӯ делои ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 оғоз кард. Ӯ ногаҳон ғайб зад. Ӯро мақомот дар Русия дастгир карданд, ки он ҷо аллакай 5 моҳ маҳкам буд. Ба суди н.Кӯшониён муроҷиат кардам. Азбаски зода ва истиқоматкунандаи н.Кӯшониён будам, суди ноҳия аз 30.04.2018 ҳукм баровард. Ба ӯ бо моддаи 264 қисми 2 КҶ ҶТ бо дастрасии моддаи 63 КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол ва бо дастрасии моддаи 67 қисми 1,3 ва 5 КҶ ҶТ ҷазо барои маҷмуи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд. Лек суди ноҳия бо моддаи 7, банди 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз 24.08.2016, №1355 ӯро 3 сол аз озодӣ маҳрум карду халос. Дар кирдорҳои содиркардаи ӯ ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо қисман ҷой дошта бошад ҳам, маҳкумшуда ягон амал ё нияти барқароркардаи зарари ба ман расонидаро надорад. Аз Суди Олӣ бовар дорам, ки ҳақро ба ҳақдор хоҳад мерасонаду муттаҳам пули маро бармегардонад.

Пирмаҳмад Қурбонов,
н.Кӯшониён, тел: 93 555 09 18

саҳ 11 аз 13

Китобҳо

Flag Counter