ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:25


Прокуратураи ш.Панҷакент мақолаи рӯзноманигор Х.Фозиловро бо номи «Билетфурӯшии маҷбурӣ дар Панҷакент» (СССР, №2(487), 11.01.2018) мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод. Омӯзишу таҳлили ваҷҳҳои дар мақола дарҷшуда нишон дод, намоиши филми «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф», ки мавзӯъи танзими расму оин ва анъанаҳои миллиро дарбар мегирад, бо дархости киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва супориши расмии хаттии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд ба намоиш гузошта шуда, дар ин хусус мактубҳои расмӣ мавҷуданд. Дар баробари ин, муайян карда шуд, ки тамошои ин филм ба таври ихтиёрӣ баргузор шуда, ҳолатҳои тариқи маҷбурӣ машғул шудан бо фурӯши чипта мушоҳида нашуда, дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоятҳои хаттӣ ё шифоии роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, хосса, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент, коллеҷи тиббӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ умуман ворид нашудааст. Масъалаи роҳ надодан ба ҳолатҳои тариқи маҷбурӣ ба фурӯш баровардани чиптаҳои консертҳо, сирк, намоишномаҳо ва филмҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент зери назорати қатъӣ ва доимии мақомоти прокуратураи шаҳр қарор дошта, дар ҳолати ошкор шудани чунин амалҳо нисбати шахсони масъул дар доираи талаботи қонун ҳатман чораҷӯӣ карда мешавад.

Назарзода А.Н., прокурори ш.Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 1

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:21


Узви Ихвон-ал-СССР, Комил Исмоилов аз деҳаи Чаманоро (собиқ Роҳи Оҳан)-и ноҳияи Данғара бо телефони 98 731 76 01 ба СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ чанд рӯз боз барқи моро аз соати 8-и саҳар то 5-и бегоҳ куштан доранд? Ростӣ, аз бебарқӣ дигар бозиҳои футболро ҳам аз ТВ Варзишу Футбол дида натавонистан дорем. Аз раҳбарияти Ширкати Барқи Тоҷик ва ҳам Вазорати энергетика эҳтиромона хоҳиш дорам, ки доир ба мушкилоти мавсимӣ тариқи СССР посух диҳанд ва шарҳашро низ нависанд, ки сабаби бебарқӣ чист.

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:18


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Орифшоҳ аз шаҳри Хоруғ (тел: 93 500 25 52) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дар шумораи гузашта матлаби «Нигоҳе ба лидерҳои Хоруғ»-ро хондам. Воқеан, ҳама суханҳои шумо дуруст аст, аммо 1 эрод ё нофаҳмие дорам. Ҳич нафаҳмидам, ки чаро акси Шоҳкарим Оғохони 4-ро дар ин саҳифа гузоштаед? Охир, ба ростӣ, ин марди бузурги Ислом барои таҳкиму рушди минтақа ва ҳам Тоҷикистони гиромии мо хизмату заҳмати зиёд аз худ нишон додааст ва бо Толиб Айёмбекову Маҳмадбоқиру Ёдгор Шоҳмусалламов ягон робита надоранд. Хоҳиш мекунам, ки ҳамин андешаи маро чоп кунед ва минбаъд дар ҳар матолиби берабт сурати Оғохонро нашр накунед. Бахшиш, агар сахт гуфта бошам!

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:15


Салом, СССРи гиромӣ! Ҳафтае 2 маротиба-рӯзҳои шанбе ва сешанбе зери роҳбарии Вазири маориф ва илми ҶТ, мӯҳтарам Нуриддин Саид қабули шаҳрвандон амалӣ мешавад. Ҳоҷатмандон аз муносибати хуб, муомилаи нек ва муоширати шоёни маорифчиён шоду мамнун ва қаноатбахш мебароянд. Аммо муҳофизоне, ки дар даромадгоҳ вазифаи риояи тартиботро ба уҳда доранд, бо шаҳрвандон муомилаи сарду рафтори дуруст надоранд. Ҳатто рӯзи шанбеи 8 сентябр пеш аз ҷашни Истиқлолият муносибати дағали муҳофиз-Чӯпонов Хуршедро дида ангушти ҳайрат газидам. Ӯ шахсони дар саҳни бино бударо бо суханҳои тунду дурушт ва овози баланд ба кӯча мебаровард. Оё дар боргоҳи маърифат, макони таълиму тарбия чунин рафтор мезебад?

Ҷамолиддин Ҷалолов,
ш.Душанбе

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:13


Дуруди самимӣ ба СССР! Соли 1989 забони гуворои мо бо саъю кӯшиши фарзандони боғурури миллат дар замони Ҳокимияти Советӣ мақоми давлатӣ гирифт. Расо 29 сол гузашт ва барои эҳтиром ба забони миллӣ ба бисёр ҷойҳо номи тоҷикӣ додем. Ҳатто ному насабамонро ба тоҷикӣ баргардондем, вале бо хатои зиёд. Дар навишти ному насаб дар Фарҳанги Тоҷикии мо аввал номи шахс, баъд насаб, номи падар ё тахаллус, пас номи авлодӣ меояд. Мисол: Абуабдуллои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Лоиқ Шералӣ... Ин шахсиятҳо дар гузашта дуруст ному насаби худро Тоҷикона навиштаанд. Вале солҳои охир Кумитаи забон ва Вазорати фарҳанг тақлид ба хориҷиён карда, ба аҳолӣ иҷозат додааст, ки ному насабро мисли хориҷиён нависанд, яъне аввал номи авлодӣ, баъд ном ва пас насаб. Мисол, Шарипова Соҷигул Каримовнаро чунин навиштаанд: Шариф Соҷигул Карим. Ин нодуруст аст! Бояд Соҷигули Карими Шариф ё Соҷигули Карими Шарифзода (Шарифиён) навишта шавад. Аз тарафи Кумитаи забон барои ном мондани кӯдакон китоби махсуси номгузории Тоҷикона чоп шудааст, вале то ҳол аҳолӣ ба атфоли худ номҳои ғайритоҷикӣ мемонад.

Асадулло Бекназаров,
н.Кӯшониён

Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:08


(Бахшида ба зодрӯзи президенти ҶТ)

Чоршанбе, 10 Октябр 2018 16:54

Вақте судя ба корманди милиса гуфт: «Метавонед ӯро бурда, 15 шабонарӯз ҳабс кунед», қалбамро ваҳм зер намуда, ба худ гуфтам: Ин чӣ номаъқулӣ буд, Баҳодууур!?»

Чоршанбе, 10 Октябр 2018 14:21


Имрӯз, соати 13:00 дақиқа бо вақти Душанбе шахсан Рустами Эмомалӣ-президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба пешвози мунтахаби футболистони ҷавон (U-16) баромад. Дар сӯҳбати рӯбарӯ бо онҳо шаҳрдори Душанбе изҳори сипос намуд ва якҷоя акс бардоштанд. Ёдовар мешавем, ки футболистони то 16-солаи Тоҷик аз Малайзия ба Ватан баргаштанд.

 

саҳ 9 аз 13

Китобҳо

Flag Counter