ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 31 Октябр 2018 11:25


Жириновский Владимир Волфович-лидери ҳизби сотсиал-демократҳои Русия, ки бо баромадҳои булаҷабаш маъруфу машҳури олам гаштааст, ба Тоҷикистон меояд.
Дар назар аст, ки рӯзи 1 ноябр ӯ аз чанд иншоот, бо шумули ангурзори Турсунзода дидан карда, бо сиёсатмадорон ва парлумониҳои Тоҷик вохӯрад.
Ҷузъиёти сафар, ки дар чорчӯбаи ҳамкориҳои парлумонии 2 кишвари шарики стротегӣ-Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад, маълум нест. Аммо лозим донистем, чанд пора аз баромадҳои Владимир Волфовичро ин ҷо орем, ки шахсияташро мукаммал мекунанд.

Дар бораи падару модараш:
-У меня мать русская, отец юрист!

Дар бораи насабаш:
-Вольфович от старого русского слова волф-волк!

Дар бораи кишварҳои ОМ:
«Никаких республик в Средней Азии. Среднеазиатский федеральный округ - главный город Верный! Сегодня у него чужое название, Алма-Ата - мой родной город. Это придумали Узбекистан, Киргизия, Таджикистан, Туркмения, Казахстан. Среднеазиатский федеральный округ!». Февраль 2014, «Московская Правда».

Дар бораи номивазкунӣ дар Тоҷикистон:
«Наверное, нужно так говорить - не Жириновский, а Жириновский-заде. Вот тогда будет таджикская фамилия. А просто, без «заде», фамилия русская. Таджикским чиновникам потом будет за это стыдно». Май, 2016 «Регнум».

Дар бораи меваҳои Тоҷикистон:
«Есть Средняя Азия. Сейчас апрель, в Таджикистане уже свежая клубника. Идете в магазин — а там резиновая израильская. И нам решить проблему мигрантов из Средней Азии очень легко: всё у них покупать. И никакие таджикские рабочие к нам не придут - у себя будут работать. Шерсть нам нужна, хлопок нужен, мясо - все нужно, что у них есть, фрукты. Они всё готовы поставлять - мы не покупаем, а везем из Греции, Италии, Израиля. Вино из Чили везем. Вон Северный Кавказ - купите у них. Поэтому нам выгодно, чтобы санкции были бы минимум лет двадцать». Апрель. 2016, газета «Известия».



Чоршанбе, 31 Октябр 2018 11:24


1 манбаъи хело наздик ба газетаи мардумии СССР ҳамин ҳоло аз Шабакаи Барқи Ҷануби шаҳри Қӯрғонтеппа занг задаву гуфт, ки «лимит-меъёри барқ дар тамоми қаламрави вилояти Хатлон пурра барҳам хӯрд ва аз ин баъд сокинон 24 соат дар 1 рӯз барқи доимӣ хоҳанд дошт!» Ин дар ҳолест, ки то дирӯз овозаҳо буд, лимити барқ 16 ноябр аз байн хоҳад рафт…

Баҳодур Уроқзода,
СССР

Сешанбе, 30 Октябр 2018 09:03


Марат Орифов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷик, офарандаи нақшҳои Рӯдакиву Сино дар синамои Тоҷик шоми 29.10.2018 дар Душанбе дар сини 83-солагӣ даргузашт.
Марат Орифов солҳои охир бемор ва дар хонаи худ бистарӣ буд. Дар ин бора ба мухбири СССР писари эшон Анушервон Орифов хабар дод. Марат Орифов писари ҳунарпешаи машҳури ҶТ Тӯҳфа Фозилова буда, 27.08.1935 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.

Ҷумъа, 26 Октябр 2018 15:56


Николай Караченцов-артисти халқии СССР, ҳунарманди шинохтатарин ва хулигантарини кинои советӣ дар синни 74 солагиву 364 рӯзагӣ, дар рӯзи ҷумъаи муқаддас (барои муслимин) аз олам даргузашт. Дар ин бора писари ӯ хабар додааст.
Караченцов дар даҳҳо филмҳои маъруфтарини синамои советӣ нақшофарӣ карда, дар аксари онҳо роли авбошу муштзӯру хулигани дилсоф ва патриотро офаридааст. Филмҳои «Старший сын», «Собака на сене», «Белые росы», «Трест, который лопнул», «Человек с бульвара Капуцинов», «Приключения Электроники» аз зумраи ин филмҳост. Ҳамзамон ӯ дар театр низ нақш мебозид.
Николай Караченцов дар соли 2005 ба садама дучор шуда, ҳудуди 13 сол азияти сиҳҳат дошт.
Худо раҳматаш кунад, ки хотираи 280 млн фарди советиро шод мекард!

Ҷумъа, 26 Октябр 2018 08:25


   Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба унвони Ҳукумати ҶТ ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намудааст.
   Бино ба итиллои аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси ш.Душанбе расида, ин иқдом бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мешавад.

Ҷумъа, 26 Октябр 2018 08:22



   Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи марказӣ, матбуот ва дипломатияи оммавӣ Эмилия А. Пума ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаро дар 7-умин ҷаласаи ҳарсолаи машваратӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23.10.2018 баргузор гардид, сарварӣ намуд. Бо ҳамроҳии кордори Сафортаи ИМА Кевин Коверт, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ намуданд, ки масъалаҳо роҷеъ ба мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази равобит бо ВАО-и сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, пас аз мулоқот бо мансабдорони Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Э. Пума чунин иброз дошт: “Мо умедворем, ки минбаъд низ робитаҳои наздикро бо Тоҷикистон идома хоҳем дод. Ин яке аз ҳадафҳои асосии ин машваратҳои солонаи дуҷониба мебошад. Гарчанде, ки мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида бошем ҳам, мо метавонем дар якҷоягӣ натиҷаҳои беҳтарро ба даст биёрем».
   Машваратҳои ҳарсолаи мазкур муколамаи аз ҳама мукаммалтарин байни 2 кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ҳарду тараф дастгирӣ карда мешавад. Ин муколама имкон медиҳад, то ҷонибҳо муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро дар соли гузашта таҳти баррасӣ қарор дода, ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои ояндаро муайян кунанд.



Чоршанбе, 24 Октябр 2018 16:49


Ман тарафдор!
Баъзан ба Панҷакенти бостонӣ театрҳои ҷумҳуриявӣ, киногирон, филмофарон спектаклу намоишномаву кино меоранд. Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳр ба дабистону литсейҳо, коллеҷу донишгоҳ билет медиҳанд, то хонандагонро ба тамошо сафарбар кунанд. Қатори дигарон банда ин амалро нодуруст мепиндоштам, аммо андеша кунам, ин амали шоистатарини Ҳукумат аст. Чаро? Чунки мо-донишҷӯёни солҳои 1970 бо завқ ба театри Лоҳутӣ, Маяковский, Опера-балет, Ҷавонон мерафтем. Ростӣ, ягон киное набуд, ки дар кинотеатрҳои 8-уми Март, Тоҷикистон, Ватан тамошо накарда бошем. Аммо имрӯз ку театру кинотеатр? Худованд хайри Лутфуллои Давлат-директори театри А.Лоҳутиро диҳад, ки ба Панҷакенти бостонӣ соле 1 бор намоишнома меорад. Агар ба ихтиёри мардум монед, касе театр намеравад. Чунки солиёни ҷанги бародаркуш ва бесомонии кишвар моро аз театр ва маконҳои фарҳангӣ, мутолиаи нашрияҳои даврӣ фарсахҳо дур кард. Хондани китобро тамоман фаромӯш кардем. З-ин рӯ хело хуб аст, ки омӯзгорон мусоидат кунанд, то мактаббачагону донишҷӯён ба намоишномаи театру тамошои кино раванд. Ин иқдом ба манфиати хонанда аст, на ба зиёни ӯ. Ҳоло меандешам, ки агар Мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дахолат накунанд, ягон кас аз пеши худ ба рӯзномаю маҷаллаҳо обуна намешавад, ҳарчанд садҳо сомониро барои зиёфатҳои нолозим сарф мекунанд. Лиҳозо, обунаи маҷбурӣ ҳам ба манфиати ҷомеа аст, агар тавонанд мутасаддиён онро сари вақт ба муштариён расонанд.

Театр-пешгирӣ аз манқуртизм!
Шарқ шарқ асту бояд баъзан хусусиятҳои хоси мардумро ба инобат гирем. Халқ ба маърифат одат бояд кунанд. Бигзор бо зӯриву зорӣ бошад ҳам халқ ба театр равад, кино бубинад, китобу рӯзнома хонад, вагарна рӯ меорем ба манқуртизм. Халқе, ки зери болини кӯдакаш китоб мегузошт ва шоири миллаташ устод Лоиқ «Аз китоби зери болинам Ватан омӯхтам» мегуфт, ҳоло мағозаи китоб надорад ва китоб намехонад! Шоири бузурги авар Расул Ғамзатов дар «Доғистони ман»-аш ёд меорад, ки падараш зӯран ӯро ба курсӣ мебаст, то сабақу дарсашро аз худ кунад. Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб! Шояд сахтгириҳои падар ӯро машҳури олам кард. Айнӣ агар дар мактаби кӯҳна намехонд, ҳеҷ гоҳ Айнӣ намешуд. Бигзор ба хонандагон билети театру кино, намоишнома, андалеб фурӯшанд, хонандаро маҷбур ба нашрияи мувофиқи синну солаш обуна кунанд, то аз хурдӣ ба мутолиа одат кунад. Вазифаи омӯзгор тарбия кардани насли наврас ва рафтан ба намоиш худ тарбия аст. Имрӯз замона тинҷ асту дар 5 сомонӣ харидани билет мушкиле нест. Биёед, бо зӯрӣ бошад ҳам хонандаро соҳибмаърифат ба камол расонем. Чаро хонанда ба казино, интернет-кафе, клубҳои шабона рафта ба бозиҳои ҳархела ва тамошои фаҳш машғул шавад, намегӯем ва ба хотири фурӯхтани билети театру кино бонги изтироб мезанем? Чаро маҷбур насозем, то хонанда ба рӯзномаю маҷалла обуна шавад. Биёед, аз хоб бедор шавем! Омӯзгорони дабистони №13-и деҳаи Некноти ш.Панҷакент мо-хонандагонро маҷбур мекарданд, ки шеъру достону матнҳои адабиро аз ёд кунем. Бо қувваи хонандагон ҳар гуна намоишҳои театрикунонидашуда ташкил мекарданд, то аз хурдӣ дар рустое, ки чӣ будани театрро намедонистанд, оид ба ин қисми санъат тасаввурот дошта бошем.

Ман ҷонибдори обуна ҳастам!
Чаро оид ба намоишномаҳо фурӯхтани билет бонги изтироб занем? Тамошои кинои бомаънӣ ба кӣ зиён кардаст? Чаро актёр, артист, режисёрро дастгирӣ ва олами маънавиро бой накунем? Чаро ходими ин ё он газетаро дастгирии молиявӣ накунем, то ки бештар нависад? Агар обуна нашавем кӣ обуна мешавад? Агар газета харида нахонем кӣ мехонад? Вақте ихтиёрӣ нашуд ба тариқи маҷбурӣ обуна бояд кард, то ақаллан «пулам сӯхт» гуфта, боре бихонад! Ростӣ, дар нашрияҳои «СССР», «Фараж», «Тоҷикистон», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Ҳақиқати Суғд»… хело матолиби хонданӣ, ахбори шифобахши дарди ҷомеа нашр мешавад. Бигзор, мардум театр, синамо, ВАО-ро дастгирӣ кунад. Обуна шавад ба рӯзномаи хусусию ҳукуматӣ. Тарафдори онам, ки ҷомеа бо кадом роҳе набошад соҳиби маърифат гардад ва рӯ ба фарҳанг орад. Аз нодон ва бемаърифату бемаданият ҳатто Худованд безор аст. Мо зидди бемаърифатием ва ҳар чизе боиси соҳибмаърифатист, дастгирӣ кунем. Л.Давлат барин ходимони театр ва аҳли маърифатро дастгирӣ бояд кард. Ҳатто солиёни Шӯравӣ ба мо донишҷӯён барои ин ё он намоишнома ҳафтае 1 бор чипта медоданд ва бо камоли майл ба театрҳо мерафтем. Аз ҳамин ҷо бо чеҳраҳои орифони давр-Шамсӣ Қиёмов, Аслӣ Бурҳонов, Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадо, Маҳмудҷон Воҳидов… ошно шудем. Пас, биёед, аҳли маърифат, актёру артистонро дастгирӣ кунем, то ки шамъи маърифати ҷомеа хомӯш нагардад ва замоне «Ситорае дар тирашаб» нанависем!

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент, тел: 92 819 52 76

Чоршанбе, 24 Октябр 2018 16:40



Бо супориши редаксия зимни сафари хеш ба Туркия, ки аз 22.09 то 1.10 идома дошт, ман 2 рӯзи онро дар Истамбул гузаронида, бо ҳаёти имрӯзаи Истамбулу сокинон, аз ҳама муҳим бозораш аз наздик ошно шудам. Диққати маро бештар бозоре ба худ ҷалб намуд, ки тоҷирони Тоҷик аз он ҳар гуна молу маҳсулот харида, сипас барои фурӯш ба Тоҷикистон меоранд. Агар 1 рӯзам барои сайру сайёҳат дар мавзеъҳои таърихии ин шаҳр гузашта бошад, рӯзи дигарашро пурра ба омӯзиши бозори яклухтфурӯшии он бахшидам.

Истамбули Осиё ва Аврупо
Истамбул-шаҳри лаби гузаргоҳи Босфор-калонтарин маркази фарҳангиву тиҷоратӣ ва сайёҳии кишвари Туркия буда, қитъаи Осиё ва Аврупоро аз ҳам ҷудо мекунад. 1 қисмати Истамбул дар қитъаи осиёӣ ва қисмати дигари он дар қитъаи аврупоӣ ҷойгир буда, ҳар 2 қисматро пулу нақбҳои зеризаминии бешумор пайваст мекунанд. Бо ин хусусияти ҷуғрофии хеш Истамбул калонтарин шаҳри ҳам Аврупо ва ҳам Осиё ба шумор рафта, шояд ин аст, ки туркҳо дар кишварҳои дигар худро аврупоӣ меҳисобанд.



Шоҳ Сулаймон ва давраи тиллоии империяи Усмонӣ
Дар тӯли таърих ин шаҳр, ки римиҳо ба он номи Константинополи бузургро дода буданд, борҳо мавриди ҳуҷуми қушунҳои шоҳони гуногун қарор гирифта, пас аз он, ки ин шаҳрро империяи усмонӣ ба даст овард, тамоми масҷидҳои православӣ ба масҷидҳои мусалмонӣ табдил дода шуда, туркҳо ба шаҳр номи Истамбулро гузошта, онро пойтахти салтанати хеш эълон карданд. Туркҳо мегӯянд, замони ҳукмронии шоҳ Сулаймони мӯҳташам-ӯ чунин лақаб дошт, давраи тиллоии кишвар буда, аксарияти ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ маҳз дар давраи ӯ бунёд ёфтаанд. Мисоли ин метавонад масҷиди Сулаймония бошад, ки то ба имрӯз шукуҳу шаҳомати хешро гум накардааст.

Масҷиди Кабуд ва манораҳои он
Дар баробари ин масҷиди Кабудро низ ёдгории беназири меъморӣ меҳисобанд-онро шоҳ Султон Аҳмади 1, яке аз аберагони шоҳ Сулаймон бунёд кардааст. Масҷиди Кабуд низ 1 хусусияти хос дорад-он аз 6 манора иборат аст. Мегӯянд, дар он асрҳо сохтани беш аз 4 манора дар масҷидҳо мумкин набуд, лек меъмори ин масҷид хоҳиши шоҳ Аҳмадро нодуруст фаҳмида, 6 манора месозад. Он замон танҳо масҷиди Ал-Ҳарами Макка 6 манора дошту халос. Ба хотири барнахостани низоъ дар байни мусалмонон шоҳ Аҳмад дастур медиҳад, ки дар масҷиди Ал-Ҳарам боз 1 манораи дигар сохта, теъдоди манораҳоро ба 7 адад бирасонанд. Бо ҳамин нофаҳмӣ байни туркҳову арабҳо ба охир мерасад.



Лалели-маркази савдо барои кишварҳои собиқ шӯравӣ
Минтақаи Лалели, ки макони тиҷорат ва харид барои туҷҷору савдогарони кишварҳои собиқ шӯравии Истамбул аст. Агар 20 сол қабл ба ин маҳалли Лалели, ки дар қисмати Истамбули кӯҳна ҷойгир аст, танҳо туркони камбизоат меомаданд, имрӯз он пурра ба ихтиёри савдогарону харидорони русу ӯзбек, қирғизу қазоқ, доғистониву молдован, тотору бошқирд вогузор карда шудааст. Яъне, соҳиби мағоза турк ҳам бошад, кормандонаш ҳатман аз кишварҳои ИДМ мебошанд. Ман низ аз соати 10-рӯз ба кӯча баромада, то соати 18-и бегоҳ тамоми кӯчаву паскӯчаҳои Лалелиро гашта, ҳатто дар баъзе аз дӯконҳо ҳамшаҳриҳои худро дидам, ки мол мехариданд. Аҷибаш он буд, ки дар Лалели 99%-и мағозаҳо савдои хешро яклухт ба роҳ монда, ба нафарони мисли ман-тамошобин намегузоштанд, ки ҳатто вориди дӯкон шавам. «Оптом или в розницу?»-дар дами дар мепурсиданд духтарони рус ё қазоқу қирғиз, агар гӯям, ки барои тамошо медароям, «Нет, нельзя!»-гуфта меронданам.
Дар Лалели тамоми маҳсулотро бояд яклухт бихарӣ ва камтарин теъдоди он 4 адад аз ин ё он намуди мол аст. Дар ҳар кӯчаи Лалели ҳатман 1 маркази боркашонист, ки барои тоҷир корро осон мекунад-шумо интихоб мекунед, мағозадор онро ба меҳмонхона ё ҷои лозимӣ бурда, ширкати дигари боркашон онро аз шумо гирифта ба анбори худ мебарад. Он бор дар навбати худ бо мошинҳои гаронвазн пас аз 1-2 ҳафта ба Тоҷикистон расида меояд. Осон ва бидуни заҳмати зиёд! Вале бо вуҷуди он, ки 1 рӯзамро сарф кардам, натавонистам аз Лалели чизе бихарам: Надоданд!!!

Сифату кайфият ҳам гум шудааст
Занҳои турк мегӯянд, сифату кайфияти молҳои дар мағозаҳои Лалели ба фурӯш гузошта шуда, кайҳо гум шуда, ҳоло маҳсулоти пастсифат ва ё дуюмдараҷаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия дар ин мағозаҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Маҳсулоти хушсифати туркӣ, хосса сарулибоси кӯдакона, мардонаву занона, пойафзол ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои машҳури туркиянд, танҳо дар фурӯшгоҳҳои калон фурӯхта шуда, ба Аврупо низ содир мешаванд. Барои мағозаҳои Лалели бошад, имрӯз корхонаҳои миёнаи дӯзандагӣ ва истеҳсолии дохилӣ кор карда, маҳсулоти истеҳсолшуда дар фабрикаҳои шаҳрҳои дуюмдараҷаи Туркия омода мешаванд. Маҳсулоти нассоҷии ҳақиқӣ ва аълосифати туркӣ дар ҷаҳон ҷои 4-ро ишғол карда, дар кишварҳои Ғарб харидори бештар дорад ва нархаш низ гаронтар.
Хуб, маълум аст, ки тоҷирони Тоҷик саъй мекунанд молро арзонтар бихаранд. Ин дар ҳолест, ки асъори хориҷӣ, ба мисли доллари амрикоӣ ҳоло камёфт буда, қурбаш боло рафтааст. Харидуфурӯши тоҷирон дар Туркия бо доллари амрикоӣ анҷом ёфта, савдогарон бар илова ба нархи аслии бор боз аз 30 то 50%-и маблағро зам мекунанд-хароҷоти бор то расидан ба Душанбе.

Брендҳои туркӣ моро фиреб медиҳанд!
Тавре дар боло қайд кардам аз Лалели натавонистам чизе барои наздикону пайвандон тӯҳфа бихарам ва бо тавсия дӯсти тоҷикам Фарзона, ки дар Истамбул коромӯзӣ мекунад, ба маркази савдои «Форум Истамбул» рафтам. Он аз меҳмонхонаи мо он қадар буд. Дар ин маркази савдо тамоми ширкатҳои брендӣ мағозаҳои хешро доштанд. Таваҷҷӯҳи маро бештар мағозаҳои «LC Waikiki», «De Facto» ва «Koton» ба худ ҷалб карданд, зеро новобаста аз он, ки яке аз ин брендҳо дар Душанбе низ мағозаҳои худро дошт, номгӯи мол ва интихоби васеи он маро дар ҳайрат гузошт. Беҳтарин либосҳоро барои кӯдакон ман маҳз аз ҳамин мағоза харидам, нархаш низ аз мағозаҳои брендии Душанбе ба маротиб арзонтар. Баъдан фаҳмидам, ки моли аз фурӯш монда ва камхаридорро ҷамъ намуда, дар 2-3 моҳ 1 маротиба ба мағозаҳо-филиалҳои дар кишварҳои ИДМ фаъолият дошта, аз ҷумла, Тоҷикистон мефиристанд…ва мо моли нав омад гуфта, онро дар Душанбе бо нархи гарон мехарем! Ин буд чанд мушоҳида аз сафари Туркия, ки бароятон гуфтам. То сафарҳои баъдӣ. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Истамбул-Душанбе

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 13

Китобҳо

Flag Counter