ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Май 2018 08:19


Алишер ва Гулпарӣ ба консерт даъват менамоянд!

Чоршанбе, 02 Май 2018 08:16


Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ш.Ҳисор кор карда, барои ҷудо карда, додани 0.12 га. қитъаи замин барои сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ аз ҳудуди заминҳои ҷамоати мазкур аз шаҳрванд «А» маблағи 1500 $ ИМА талаб намудааст.
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо  корруптсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов Дустмурод Маҳмадраҳимович дар роҳи деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисори ш.Ҳисор ҳангоми аз шаҳрванд «А» талаб карда гирифтани маблағи 1500 $ ИМА дастгир карда шуда, 1500 $ ИМА аз дохили автомашинаи шахсиаш ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович бо моддаи 247 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

CCCР


Чоршанбе, 02 Май 2018 08:06


   Ҳафтаи гузашта ширкати CCI- «Coca-Cola Ичиҷек» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба корхонаи худ дар ш.Душанбе даъват намуд, то ин ки журналистони Тоҷик имкон пайдо намоянд бо фаъолияти кории ин ширкат ва тарзи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани бренди оламшумули Coca-Cola аз наздик ошно гарданд. Мухбири Газетаи мардумии СССР низ дар байни ин меҳмонон буд ва дар баробари боздид аз корхона тавонист ба суолҳои худ ҷавоб пайдо намояд.


   Бояд қайд намуд, ки нӯшокии Coca-Cola таърихи беш аз 130 сола дошта, яке аз брендҳои машҳури олам ба ҳисоб меравад. Ширкати «Coca-Cola Ичиҷек» намояндаи ин ширкати бонуфуз дар Туркия буда, корхонаи нахустини он соли 1954 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба «Coca-Cola Ичиҷек» дар тӯли ин солҳо муяссар шуд бо таъсиси 26 корхонаи истеҳсоли дар 10 кишвари олам дар бахши фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан ҷойи 2-юмро сазовор гардад. Айни замон корхонаҳои ширкати номбурда 27 намуди нӯшокӣ, афшура ва яхмосро истеҳсол менамоянд, ки аз рӯи сифату кайфият инҳо ҳамто надоранд. Корхонаи мазкур дар Душанбе соли 2015 ифтитоҳ ёфта, роҳбарии ширкати «Coca-Cola Ичиҷек» дар ҶТ бар дӯши Эзел Агаоглу вогузор шудааст.


   Эзел Агаоглу мегӯяд, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва газдор аз маҳсулоти босифат истифода бурда, оби барои нӯшокиҳо омода шуда аз системаи махсуси тозакунӣ чанд зина мегузарад. Дар корхона таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ насб шуда, маҳсулот аз рӯи талаботи стандартҳои байналмиллалӣ тайёр гардида, сипас ба бозор бароварда мешавад. Маҳсулоти корхонаи «Coca-Cola Ичиҷек» дар Душанбе ба 50 нуқтаи фурӯшу савдо маҳсулоти хешро тақсим шуда, танҳо дар соли 2017 беш аз 120 миллион литр нӯшокиҳои истеҳсол кардааст. Ба гуфтаи Эзел Агаоглу, мардуми Тоҷик, алалхусус дӯстдорони нӯшокиҳои газдор зиёдтар ба нӯшокии «Fanta»-и ин ширкат таваҷҷӯҳ доранду бештар аз ҳама онро харидорӣ мекунанд.
- Мо саъю талоши хешро барои он равона месозем, ки маҳсулоти мо аз лиҳози кайфият босифат, хуштаъм ва безарар бошад ва тавонем ба мизоҷони Тоҷик нӯшокиҳои хеле хуб пешкаш намоем, - афзуд зимни сӯҳбати хеш бо журналистон Эзел Агаоглу.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

саҳ 15 аз 15

Китобҳо

Flag Counter