ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 10 Май 2018 10:39


Комиссияи ҳукуматии Русия дар корҳои сармоягузории хориҷиҳо ба бахши иқтисодӣ иҷозат дод, ки тоҷири қазоқ Тимур Қулибоев-домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бандари Висотскро дар соҳили Виборги баҳри Балтик бихарад. Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия гуфтааст, Қулибоев назорати бандари Висотскро дар 90-километрии шаҳри Санкт-Петербург ба даст овард. Арзиши ин хариду фурӯш дақиқ нест.

Панҷшанбе, 10 Май 2018 10:32

Дар мавриде, ки мо онҳоро мебахшему афв мекунем, 4 зани Тоҷикро дар Ироқ бо ҷурми аъзои ДИИШ будан ҳукми абад додаанд…

Панҷшанбе, 10 Май 2018 10:09

Панҷшанбе, 10 Май 2018 10:03

Кормандон ва пешхизматони тарабхонаи «Эҳсон» ба дарс-семинари ҷиддӣ вобаста ба хизматрасонӣ ва аз ҳама муҳим, хулқу атвору рафтору муносибат бо меҳмон ниёз доранд!

Панҷшанбе, 10 Май 2018 09:53


3.05.1991. Дар пойтахти Намибиё-шаҳри Видхук "Эъломияи Вендхук" ба имзо расид. Он ҳукумати тамоми кишварҳои дунёро даъват кард, ки озодии матбуот ва хусусиёти демократии онро таъмин кунанд. Ин рӯз бо қарори Юнеско чун Рӯзи байналмилалии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад.
4.05.1946. Бюрои сиёсии ВКП(б) бо қарори худ Нашриёти давлатии адабиёти хориҷӣ ва китобхонаи адабиёти хориҷиро дар СССР таъсис дод. Ин 2 ниҳод то ба имрӯз ҳам фаъоланд.
4.05.1960. Шӯрои Вазирони СССР қарор дар бораи "Тағйири меъёри нархҳо ва ҷойгузинии пулҳои дар муомилот буда, бо пулҳои нав" ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қарор аз 1.01.1961 дар аввалин кишвари Шӯроҳо деноминатсияи нархҳо ва пул амалӣ гардид. Нархҳо ва даромади шаҳрвандон 10 карат поин бурда шуда, пули нав роҳандозӣ ва 1 рублаш ба 10 рубли кӯҳна баробар карда шуд.

Панҷшанбе, 10 Май 2018 09:47



Амалиёти Берлин
9 май яке аз ҷашнҳои бисёр пуршукӯҳ дар собиқ СССР ба шумор мерафт ва имрӯз низ дар аксари кишварҳои Иттиҳоди собиқ онро чун рӯзи ғалаба бар Олмони гитлерӣ чун иди шарафу номус  васеъ ҷашн мегиранд. Заминасози ин рӯз амалиёти берлинии Артиши Сурх буд, ки 23 рӯз аз 16 апрел то 8.05.1945 идома ёфт ва чун бузургтарин муҳорибаи ҷанги ҷаҳонии 2 ба китоби Гиннес ворид шуд. Дар амалиёти Берлин аз 2 ҷониб зиёда аз 3,5 млн сарбоз, 52.000 тӯп ва миномёт, 7750 тонк ва 11 000 ҳавопаймо ширкат доштанд. Дар натиҷа Артиши Сурх ба масофаи 100 то 220 км ба ғарб пешравӣ ва пойтахти Олмонро ишғол намуд.

Пирӯзӣ ё Сибир
Гитлер мехост бо ҳар васила Артиши Сурхро аз пешравӣ боз дорад ва бо англисҳову америкоиҳо сулҳи сепаратӣ бандад.

Панҷшанбе, 10 Май 2018 09:41


Мақолаи сардабири «СССР» Сайёфи Мизроб «SMART: Судяи гизала VS Мардуми норозӣ…» (15.03.2018, №11(496) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Муайян шуд, ки муаллиф фаъолияти мақомоти судиро дар самти таъини ҷазо мавриди назарсанҷӣ қарор додааст. Барои таъини ҷазо ба онҳо ягон нақша (план) муқаррар карда нашудааст. Омӯзиши омори судӣ нишон медиҳад, ки на ба ҳамаи гунаҳкорон ҷазои ҳабсӣ таъин карда шудааст. Дар соли равон аз 10372 парвандаҳои ҷиноятие, ки дар судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, пешбурди 918 парванда нисбати 1046 шахс бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор, оштӣ шудан бо ҷабрдида ва дигар ҳолатҳо қатъ карда шуда, бинобар яктарафа ва нопурра будани тафтиши пешакӣ нисбати 37 шахс парвандаҳо барои гузаронидани тафтиши иловагӣ ба прокурорҳо баргардонида шудаанд. Аз шумораи 11294 гунаҳкорон танҳо ба 4839 шахс ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, ки назар ба с.2016 хело кам аст. Ба 6452 нафар ҷазои ба маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда, аз қабили маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, корҳои ислоҳӣ, ҷарима, шартан татбиқ накардани ҷазо, корҳои ҳатмӣ таъин карда шуда, адои ҷазои 118 тан мавқуф гузошта шудааст. Шумораи ба ҷарима маҳкумшудагон нисбат ба с.2016 зиёд шуда, 3573 нафарро ташкил медиҳад. 14 судшаванда вобаста бо парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ сафед карда шудаанд. Ҳамчунин аз тарафи судҳо 6397 пешниҳодоти сардорони мақомоти иҷрои ҷазо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷазои маҳкумшудагон сабуктар карда, қисми зиёдашон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд. Эроди муаллиф дар хусуси он ки «дар даврони шӯравӣ ретсидивистҳои ашаддӣ 12-15 сол мегирифтанд, ҳоло бошад ба маҳкумшудаҳо 25, 30, 40-45 сол ҷазо таъин карда мешавад» бе дарназардошти тағйир ёфтани қонунҳои ҷиноятӣ дарҷ шудааст. То 1.09.1998 Кодекси ҷиноятии таҳрири с.1961 амал мекард ва ҳадди ниҳоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, алалхусус барои ретсидиви ҷиноят дар он то 15 сол пешбинӣ шуда буд. Аз моҳи сентябри с.1998 инҷониб Кодекси ҷиноятии нав амал мекунад, ки ҳадди ниҳоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят то 20-25 сол, барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва ҳукмҳо то 30 сол пешбинӣ карда шудааст. Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан барои ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва терроризм бо ҳолатҳои вазнинкунанда, инчунин геносид ва биосид муқаррар карда шудааст.

Бахши иттилоотии Суди Олии ҶТ

Панҷшанбе, 10 Май 2018 09:39


Нафақахӯри 71-сола Марям Саидова, сокини шаҳри Бохтар, аз кӯчаи Дӯстии Халқҳо-66, бо телефони 915 01 17 17, 903 10 80 86 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман собиқ корманди ҳукумат ҳастаму ҳоло дар хонаи ҳукуматӣ зиндагӣ дорам. Нафақагирам. Аммо имрӯз аз ҳукумат маро маҷбур доранд, ки «ту ҳоло дар ҳукумат кор намекунӣ, пас хонаро холӣ кун». Хуб, ман хонаро холӣ мекунам, аммо куҷо меравам? Маро бо манзили зист таъмин мекунанд? Шавҳарам-Саидмурод Ҳотамов-Ходими хизматнишондаи маданияти СССР буду соли 2008 вафот кард. Ман 6 фарзанди ятимро калон кардаам. Ин хонаи 1-ҳуҷрагие, ки ҳоло зиндагӣ дорам, ҳукуматӣ аст. Дар ин боб ба номи президенти кишвар ҳам мактуб навишта будам, аммо ягон посухе наомад. Ҳоло ягона боварии ман ба газетаи дӯстдоштаам СССР аст. Ин ҷо фақат ман танҳо нестам, даҳҳо нафар чунин мушкил дорад. Аз ҳукуматӣ маҳаллӣ ҳамин қадар хоҳиш дорам, ки дар сурати хонаро холӣ кардан, моро бо манзили истиқоматӣ таъмин кунанд. Тамом!

саҳ 10 аз 15

Китобҳо

Flag Counter