ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Май 2018 16:36


Хонанда, дӯст ва муаллифу мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, фарҳангшинос Таваралӣ Авсақолов аз ноҳияи Фархор дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дар асрҳои қаблӣ кулли корҳои вазнин бо қувваи даст анҷом дода мешуд. Мардуми қаторӣ, ки нимбараҳнаю нимгурусна дар хонаҳои нимторику нимравшан умр ба сар мебурданд, боз ба китобу китобхонӣ низ таваҷҷуҳи махсус медоданду завқи баланди хониш доштанд. Ҳол он ки китобу китобхонаҳо он замон хеле кам буд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ашъори шоиру нависандагони форсу тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, то ба замони мо омада расидаанд ва қурбу мӯҳтавои худро то ҳол ҳифз намудаанд. Дар замони муосир бошад, шоиру нависандагонамон хеле зиёданд. Ҳазорҳо китобхонаҳои хурду бузурги барҳавою боҳашамат кору фаъолият доранд, ки дар онҳо миллионҳо китобу китобчаҳои зиёди бадеӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, аммо касе онҳоро ақаллан варақ намегардонад. Чаро? Шукр, ки имрӯз ҳама шоиру нависанда шудааст. Марҳамат, барои ҳар шоир, агар маблағ бошад, чоп кардани китобҳои «хасакӣ» 2х2 аст. Лекин мо ҷонибдори он ки чунин китобҳо бигзор кам бошанду хуб бошад. Чӣ гуфтед?

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:34


Хонандагони синфи 9-и мактаби №1-и н.Мастчоҳ даст ба дуздии синфхонаи компютерӣ заданд. Хонандагон дар рӯзи истироҳат (якшанбе) аз тиреза вориди бинои мактаб шуда, мехостанд аз он ҷо компютер дуздида баранд. Аммо ҳангоми даршиканӣ аз тарафи посбони мактаб онҳо дастгир ва ба милитсия супорида шуданд. Умедворем, ШВКД нисбати ин мактабиёни ҷинояткор ва волидайнашон чораҳои қонунӣ меандешад. Мавриди қайд аст, ки сабабу омилҳои асосии даст задан ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои ношоиста ин бепарвоию бемасъулиятӣ, бетаваҷҷӯҳии устодону омӯзгорони мактаб ба хонандагони душвортарбия аст. Мактабиёни ҷинояткор дар вақти пурсиши кормандони милитсия ба ҳамаи амали худ иқрор шудаанд…

Бо эҳтироми беандоза, Хусрав Ҳусейнов,
н.Мастчоҳ, тел: 92 934 94 94

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:29


Ҳар 1 мамлакат барои зафар ёфтан ба мушкилоти бузург аввалан бояд аз ӯҳдаи проблемаҳои хурд барояд. Аммо дар кишвари мо 1 мушкили хурде ҳаст, ки ҳеҷ роҳи ҳалли худро наёфта истодааст. Ин проблемаи нақлиётист, махсусан, автобусҳо. Мушкилиҳо инҳоянд: 1.Қисмати зиёде аз автобусҳо баъзе мусофиронро аз ғайри истгоҳ мегиранд ва вақти қимати дигаронро талаф медиҳанд. 2.Аз ҳадд зиёд ва бераҳмона бор намудани мусофирон, ки гоҳе боиси сар задани баъзе фоҷиаҳои ногувор мегардад. Яке аз фоҷиае, ки бо чашми сар дидам, аз ҳуш рафтани ҷавондухтаре буд, ки раҳми касро меовард… 3.Наистодани баъзе автобусҳо дар истгоҳ. 4.Бадахлоқии баъзе аз ронандагон ва кондукторон нисбати мусофир. 5.Кам риоя гардидани тозагии дохили автобусҳо ва ғайра… Пас чора ва роҳи ҳал чист? Чораи зарурӣ ва фавриро бояд муназзимон-ба танзим дарорандагони нақлиётҳо ҳал намоянд. Ба ронандагон қоидаи ҳамлу нақли мусофиркашониро гӯшзад кунанд. Ба ононе, ки қонуни ватаниро тайи по мекунанд, ҷазои сахт дода шавад. Боварӣ ҳаст, ки ин навиштаҷот нашр шуда, ба ҷои худ-мухотаб рафта мерасад ва дар амал тадбиқ мегардад. Мо Метавонем!!!

Абдураҳмон Холиқов,
ш.Душанбе, тел: 904 07 98 98

Сешанбе, 22 Май 2018 13:34

Ҷумъа, 18 Май 2018 16:11


Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ (с.1977) ва ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ (с.1980) ва бидуни тардид шинохтататарин шоири муосири тоҷик Мӯъмин Қаноат рӯзи 18 май дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав вафот кардааст. Устод беш аз як моҳ боз бемори бистарӣ буд. Писараш Далер, ки дар Канада зиндагӣ мекунад, чанде пеш ба аёдати ӯ омада буд. Ҳоло дар паҳлуи Устод 2 фарзанди дигараш-Ширин ва Парвин қарор доштаанд.

Ҷумъа, 18 Май 2018 12:38


Кормандони комиссариати ҳарбии н.Вахш муаллим Султонов Шамсиддинро ҳангоми дарс дар муассисаи № 58 омада, «облава» карда ба хизмат бурданд.
Ҳоҷаева Гулнора, директори муассиса ва ҳамзамон модари муаллиме, ки «облава» карданд, дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР аз ин амал изҳорӣ нигаронӣ карда гуфт, ки зид нест, вақте писараш хизмати Ватан-Модарро адо кунад. Аммо бо чунин рафтору кирдоре, ки кормандони комисариати ҳарбӣ нисбат ба писараш ҳангоми дарс ва дар назди хонандагон карданд, алалхусус латукӯб намуда, бо мошин шинонида бурданд, розӣ нест. Муаллимон ва хонандагони мактаби номбурда, ин корро дида, то ба ҳол  дар ҳолати шокӣ қарор доранд.
Шоҳидони воқеа мегӯянд, ки мо фикр кардем, ки муаллими ҷавон ҷиноятеро содир кардааст, ки мисли гунаҳкор ӯро боздошт карда бурдаанд. Директори муасисса афзуд, ки ин бори аввал нест, ки кормандони ҳарбӣ бо чунин кирдорашон мактабро ғасб намуда, ба ҳуҷум медароянд. Ҷамоати деҳотӣ «Лолазор-2» (собиқ Оқмазор) аз маркази н.Вахш дар 60 км ҷойгир аст ва ба муаллимон эҳтиёҷ дорад. Директор мегӯяд, ки чандин маротиба ба маорифи ноҳия муроҷиати хаттӣ пешниҳод кардааст, то ки муаллимони ҷавонро фиристанд.    Аммо касе розӣ намешавад ба ин деҳаи дурдаст омада кору фаъолият кунад. - Писари ман ва ҳамзамон муаллими ин муассиса дар колеҷи омӯзгори ғоибона таҳсил мекунанд. Айни ҳол дар 1 қисми ҳарбии пойтахт қарор дорад. Ҳатто дар Ҷангӣ бузурги ватанӣ муаллимро ба ҷанг ҷалб намекарданд, ки бигзор ба хонандагон таълим диҳад, ки бесавод намонад. Бигзор хизмати Ватан-Модарро иҷро кунад. Модари муаллими «облавашуда» ба додситони ноҳия вобаста ба ин ҳолат аризаи шикоятӣ низ навишта ирсол кардааст
Муовини раиси н. Вахш Файзуллоев Абдуқаҳор, ки ҳамзамон узви ҳайати комиссия қабули даъватшудагон дар ноҳия аст, дар сӯҳбат бо мухбири СССР норозоӣ аз падару модарон карда гуфт, ки хизмати Ватан-Модар вазифаи ҳар 1 ҷавонмард аст. Мавсуф қайд намуд, ки аз ҷониби комисариати ҳарбӣ ба ҷавонони синни даъват ба артиш даъватнома мефиристанд, баъдан ба назди падару модари онҳо 2 бора мераванд, аммо ҷавонон саркашӣ мекунанд. Агар модари аскарбача Хоҷаева Гулнора шикоят кардааст, ки аз ҷониби кормандони ҳарбӣ писарашро лату кӯб кардаанд, бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
 
 
 


Ҷумъа, 18 Май 2018 12:29

Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ворид кардашуда, минбаъд нисбати шахсоне, ки пойгаҳои ғайрирасмиро ташкил мекунанд, ё дар ин пойгаҳо воситаҳои нақлиётро идора мекунанд ва ё воситаҳои нақлиёташонро ба дигар шаҳсон барои иштирок дар пойгаи ғайрирасмӣ медиҳанд, ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12 500 то 15 000 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамзамон ин шахс аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 2 сол маҳрум карда мешавад. Агар шахс ин кирдорро такроран содир намояд андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
   Бояд қайд намуд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракунии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим карда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамзамон, ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.
Мувофиқи тағйироти дигари ба ин Кодекс воридкардашуда барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.



Панҷшанбе, 17 Май 2018 15:17


Маҷид Сафарови 82-сола, аз деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик (тел: 904 10 55 58) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 5 сол боз 1 буққаи нари 3-солаи аз дастдодаамро гирифта наметавонам. Ҳодиса ин тавр рӯй дод: Саидов Саидумар ном марде аз деҳаи Солмолдашти н.Балҷувон с.2013 говашро гум мекунад. Ӯ моҳи январи с.2014 бо писараш-Азиз ба н.Данғара раҳсипор мешаваду дар деҳаи мо, пеши мазоре говҳои чаронро дида, сӯи писараш мегӯяд, ки «ҳамин буққаи гумкардаи мост!». Вақте бурданӣ мешавад, инро духтарам дида мегӯяд, ки буққаи моро куҷо мебаред? Хуллас, Саидов бо аризабозиҳои тӯлонӣ буққаи маро аз худ карду хело дар ғаму ташвишам гузошт. Болои ин ба ҳама ҷо эълон кард, ки гӯё ман гови ӯро дуздида бошам. Ҳол он ки нишонаҳои буққаи гумкардаи ӯ тибқи нишондодаш комилан дигар аст. Барои ҳақро ба ҳақдор расонидан борҳо ба ШКД, Суд ва Прокуратураи навоҳии Балҷувону Данғараву Темурмалик арз кардам, аммо ягон натиҷа нест! Борҳо нисбати Саидов дело кушода, боз пӯшониданд. Дар 4 соли даводав аз пушти 1 буққаи аздастрафтаам чандин ҳазор сомониро аз даст додам! Аммо барои ман муҳим ин аст, ки номи некамро барқарор кунам. Аз масъулини н.Темурмалик хоҳиш дорам, ки буққаи маро баргардонанд, зеро ман дузд нестам! Саидумар низ бояд зарари расонидаи 4-солаашро ҷуброн кунад!

саҳ 6 аз 15

Китобҳо

Flag Counter