ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:27


Узви Ихвон-ал-СССР, Наҷмиддин Худоиев аз шаҳри Роғун бо телефони 93 119 02 18 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман аз кору фаъолияти ширкати мобилии Тселл комилан розӣ нестам. Санаи 16.04.2018, дар маҳаллаи Каленини пойтахт, аз банкомати 1 магазин ба ҳамин рақами телефонам 20 сомонӣ гузаронида, чанд вақт интизор низ шудам, ки кай баланси ман пур мешавад. Аммо нагузашт. Ба рақами 98 886 61 61 занг зада, эътироз намудам. Аз он тарафи гӯши нафаре гуфт, ки «ба рақами 8080 занг занед». Ба ин рақам ҳам занг задам, лек ягон натиҷа нест. Аз баҳри 20 сомонӣ гузаштам.
Рӯзи 4.05.2018 аз банкомати назди беморхонаи Қарияи Боло боз 20 сомонӣ гузаронидам, аммо боз нагузашт. Аз рӯи рақами тилфони ин банкомат (тел: 44 640 80 80) ба масъулаш занг задам, аммо гудок мераваду тилфонашро намебардорад!!! Хуллас, ширкати мобилии Тселл 40 сомонии маро бе шармона ва бераҳмона дуздид!!!

Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:24


Узви Ихвон-ал-СССР, Ғаффурзода Ғайюр аз ноҳияи Мастчоҳ бо телефони 92 844 04 08 ба СССР занг задаву гуфт, ки мехохам перомуни 1 масъала ба шумо муроҷиат намоям. Писарам дар синфи 3-и мактаби миёнаи №14-и н.Мастчоҳ мехонад. Аввали соли хониш аз мактаб ба писарам рӯзнома доданду аз ман 6 сомонӣ талаб карданд. Дар ҳоле, ки дар бозор нархи 1 рӯзнома 1-2 сомонист. Соли хониш қариб ба охир расидаасту боз ба писарчаам рӯзнома доданду 6 сомонӣ аз ман ҳаққи рӯзномаро талаб доранд. Аз масъулин хоҳиш дорам, лутфан бигӯянд, ки мактаб ҷои рӯзномафурӯшист ё даргоҳи илм? Ва ин рӯзномаҳое, ки аз тарафи мактаб дода мешаванд, ихтиёрӣ бошанд, ё маҷбурӣ? Ва оё ман ҳақ дорам, ки аз бозор дар 1 сомонӣ барои фарзандам рӯзнома хараму дар 5 сомонии бақия дафтару қаламу дигар лавозимоти хониш?…

Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:22


Ҳар пагоҳӣ ҳангоми ба кор рафтан анбуҳи одамонеро мебинам, ки барои ба кор ё таҳсил мунтазири нақлиётанд. Вале аксари нақлиёти мусофирбар реҷаи ҳаракатро риоя накарда, аз нуқтаи аввал мусофирбарро аз одам пур мекунанд, ки боиси интизории зиёди одамони қади роҳ мегардад. Аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки баъди интишори қарори нави шаҳрдорӣ дар ин самт низ 1 қатор дигаргуниҳо ба вуҷуд омадааст. Ҳоло ҳамаи ронандагон бо танга таъмин буда, бақияи мусофиронро баргардонда, дар ин самт ҳеҷ нофаҳмие нест. Дар рӯзҳои аввали ба тасвиб расидани ин қарор дар аксари нақлиёти мусофирбар аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон аз байн рафт, ҳатто дар микроавтобуси тамғаи “Мерседес”, ки ба хатсайри 13 тааллуқ дошт, дидам, ки аз ҷои нишаст зиёд одам савор намекарданд. Ҳол он ки пештар дар ин микроавтобусҳо одамони зиёд рост истода, нафасгир мешуданд. Вале ин тарзи хизматрасонӣ дер напоид ва баъди чанде аксари ронандагони микроавтобусҳо мисли пештара аз меъёр зиёд одам мегиранд. Аз ин аён мегардад, ки назорат дар самти хизматрасонӣ чун рӯзҳои аввала нест. Дар ин самт бояд назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад. Нашавад, ки вазъ мисли Қарори с.2011 гардад. Он вақт ҳам нархи роҳкиро 1 сомонию 60 дирам муайян шуд. Дар аввал роҳбарони хатсайрҳо ронандагонро ҳар пагоҳӣ бо танга таъмин мекарданд. Вале бо гузашти чанд вақт танга камчин шуду дастрас кардани он барои 1 зумра ҷавонону наврасони мактабхон ба бизнес табдил ёфта, аз ҳар ҷо тангаҳоро ҷамъ карда 1 сомонию 60 дирамӣ печонида ба ронандаҳо 2 сомонӣ мефурӯхтанд. Кор то ҷое расид, ки худи ронандаҳо хизматрасониро танзим карда, аз мусофирони то охири хатсайр мерафтагӣ 2 сомонӣ ва то нисф 1 сомонӣ мегирифтанд...

Назари Наврӯз
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе

Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:20


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи СССР! Тавре дар шумораи гузаштаи газетаи мардумии СССР хоҳари гиромии мо-Наргиси Абдураҳим перомуни ҳаёт ва фаъолияти падараш-Раҳим Карим навишт, “Хӯҷа Карим каллабур набуд!” Воқеан, Хӯҷа қотил на, балки 1 марди сахӣ, ободкор, хайрхоҳ ва шердил буд! Падари Наргис барои барқарории сохти конститутсионӣ мубориза бурду ҷонбозиҳое аз худ нишон дод. Ӯ яроқу аслиҳа не, балки сиёсат дошт. Хоҳарам Наргис 100% рост мегӯяд, ки “Хӯҷа Карим барои бархе чӣ бадӣ кардааст, ки нисбаташ сафсатта менависанд?” Хоҳиш мекунам, ки вақте дар бораи ин ё он нафар менависед, назари маро низ ҳамчун мухлису хонандаи СССР чоп кунед. Ба кӣ будани Хӯҷа Карим таърих баҳо хоҳад дод.

Бахтиёри Ҷабборзод,
н.Хуросон, деҳаи Ҳалқаҷар, тел: 911 11 94 10

Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:12


Расман дар тамоми китобҳои таърихӣ оид ба ҶБВ омадааст, ки Парчами Ғалабаро бар боми Рейхстаг 1.05.1945 Михаил Егорови рус ва Мелитон Кантарияи гурҷӣ барафроштаанд. Аммо худи Кантария дар 1 мусоҳибааш, ки бо рузномаи “Ветеран” (1991, №6(214). дошт ин андешаро такзиб карда, мегӯяд: "30 апрел назди Рейхстаг расидам, ки бинои азими ҳавлноке бо сутунҳои хокистарии чиркин ва соябоне болои бомаш менамуд. Ба Рейхстаг гурӯҳи аввали кашшофони (разведкачиён)-и мо В.Провоторов ва Г.Булатов зада даромаданд. Маҳз онҳо парчами аввалинро дар пештоқи Рейхстаг барафроштанд. Парчамро дарҳол ҷанговароне, ки зери оташи душман дар майдони назди Рейхстаг қарор доштанд, диданд". Яъне Кантария худ иқрор мекунад, ки парчами аввалинро касони дигар барафрошта буданд.

Рақси марг
Умуман ҳангоми амалиёти Берлин дар ҳар армияи ҳуҷумкунанда парчами махсусе барои барафроштан болои боми Рейхстаг омода карда буданд.

Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:06


11.05.1918. Дар РСФСР бо пешниҳоди Феликс Дзержинский раёсати КМИ қарореро қабул кард, ки тибқи он рузномаҳои масквагӣ "хабарҳои дурӯғро барои бесарусомонӣ андохтан миёни мардум нашр мекунанд ва одамонро алайҳи ҳукумати Шӯроҳо таҳрик медиҳанд" баста мешуданд. Баъди ин қарор бештари рузномаҳои Москва-пойтахти аввалин кишвари Шӯроҳо фаъолияти худро қатъ карданд.
11.05.1944. Дар СССР қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа ба тасвиб расид, ки тибқи он тоторҳо, булғориҳо ва юнониён аз ҳудуди Қрим ба дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ табъид мешуданд.

Панҷшанбе, 17 Май 2018 14:03


Шаби гузашта 16 май дар пайи борон сел дар ҷамоатҳои деҳоти «Озодагон» ва «Сайфиддин Кабут» 1 кӯдак фавтидааст. Сайфиддинзода Маҳмадюнус раиси н.Панҷ дар сӯҳбати  телефонӣ бо СССР афзӯд, ки аз боридани шадид дар 6-7 деҳаи ҷамоат роҳи автомобилгард ва хонаҳои мардум хароб шудааст. Раис афзуд, тибқи маълумоте, ки мо дорем 1 нафар кӯдаки ноболиғ зери сел мондааст. Дар ҳоли ҳозир тамоми мақомот дар ҷойҳои селшӯста қарор дошта, кӯмак расонида истодаанд. Сайдалиев Ёқуб муовини Сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вил.Хатлон ин хабари нохушро тасдиқ карда гуфт, ки шаби гузашта 3 ҷамоати калони ин ноҳия зери об мондааст…

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 17 Май 2018 13:09


Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо пахши 1 изҳорот хунрезӣ дар Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳрвандони Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, маҳкум кард.
 «Шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд»- чунин омадааст дар изҳороти мазкур.
Бояд қайд намоем, ки рӯзи 14.05.2018 беш аз 35 ҳазор фаластиниҳо ба кӯчаҳо рехта, бар зидди кӯчонидани сафорати давлати Исроил аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас эътирози сулҳомез пеш гирифтанд. Аммо ин эътирози сулҳомез аз ҷониби қувваҳои номаълум ба террори ҳақиқӣ мубаддал гашта, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо сокинони осоиштаи Ғазза гашт.



саҳ 8 аз 15

Китобҳо

Flag Counter