ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 29 Март 2019 11:23


   Масъулини Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон иттиллоъ медиҳанд, ки дар 2 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 529 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 ҳолат зиёд мебошад. Аксарияти ҳолатҳои бекор карда ақди никоҳ бо тариқи додгоҳ шудааст.    Бояд қайд намуд, ки баъди пош хурдани оилаҳо 471 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум шудаанд.
   Бештар ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Кӯлоб, Ҷалолидини Балхӣ, Кушониён ва Фархор ба қайд гирифта шудааст.
Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 29 Март 2019 11:18


 Сардори шӯъбаи ичтимои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, Бабаев Муҳамадалӣ дар сӯҳбат бо мухбири СССР хабар дод, ки дар 2 моҳи аввали соли 2019 дар манотиқи вилоят 16,389 тифл ба дунё омадааст, ки нисбат 2 моҳи соли 2018, 1307 нафар зиёд аст.
   Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат 124 кӯдакони навзод фавтиданд, ки нисбати соли гузаштаи ҳамин давра 15 нафар кам мебошад. Таваллуд бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Кушониён, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Фархор ва Мир Сайид Али Ҳамадонӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 29 Март 2019 11:16


 Пагоҳ, 30.03.2019, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и ш.Душанбе мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2019» баргузор мегардад.
   Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бахшида ба ин мусобиқа ба Сарраёсати молияи ш.Душанбе дастур додааст, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ворид гардидаанд, барои гузаронидани пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2019» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 34 500 сомонӣ ҷудо намояд.

Ҷумъа, 29 Март 2019 11:08


 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар рӯзҳои сербориш хеле эҳтиёткор бошанд ва бесабаб ба сӯи роҳҳои кӯҳӣ ва саҳро роҳ пеш нагиранд, зеро боришоти пайваста дар гӯшаву канори кишвар метавонад сабабгори рух задани ҳодисаҳои нохӯш шавад. Аввали баҳор рӯзҳои сербориши соланд ва шаҳрвандонро лозим аст дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
   Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар то охири ҳафта ҳавои номусоиду сербориш боқӣ мемонад. Дар манотиқи кӯҳии кишвар борон шиддат мегирад, омади сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо истисно нест. Дар роҳҳои куҳӣ лағзиши тарма низ эҳтимол дорад. Шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд, ғайр аз ин боронҳои пайдарпай боранда метавонанд якбора сатҳи об дар рӯдхонаҳои манотиқи баланкуҳ ва тезҷараёнро боло баранд. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзорҳо ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст.

Панҷшанбе, 28 Март 2019 10:15


Додгоҳи шаҳри Вилнюс-пойтахти Литва, собиқ РСС Литва, ки ҳоло узви Иттиҳоди Аврупо ва душмани №1 барои Маскав аст, Дмитрий Язов-собиқ Вазири мудофиаи СССР-ро 10 сол суд кард! Дар изҳороти додгоҳ омадааст, ки дар таърихи 13.01.1991, ки он вақт Язов сари қудрат буд, маҳз бо амри ӯ 14 литвонӣ кушта ва 700 тани дигар захмӣ шудаанд. Хотиррас мешавем, ки дар ин рӯз мардуми Литва барои комилан соҳибистиқлол шудан, ба бинои ТВ Вилнюс ҳуҷум карда буданд ва низомиёни Армияи Советӣ (АС) сӯи онҳо тир кушоданд.
Дмитрий Язови 94-сола ҳоло маскуни Маскав асту давлати пирӣ меронад.
Дмитрий Тимофеевич Язов-сиёсатмадори аршади шӯравӣ, сарлашкар, Маршали Иттифоқи Советӣ, Вазири мудофиаи СССР, узви Политбюрои СССР, узви Шӯрои амнияти шӯравӣ буда, дар охирин амалкарди ҳифзи ин абарқудрат, ГКЧП дасти тамом дошт. Вале баъди шикасти ГКЧП аз сари қудрат ва сиёсат рафт.
Воқеан ҳам, РСС Литва аз нахустин кишварҳои собиқ шӯравӣ буд, ки дар моҳи марти соли 1990 худро соҳибистиқлол хонда, деклоратсияи озодияшро имзо кард. Ин дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон низ метавонист нахустин шуда, соҳибистиқлол гардад. Аммо депутатҳои собиқ парлумони РСС Тоҷикистон, ки имрӯз аз истиқлол меболанд, бар зидди Тоҳири Абдуҷаббор шӯридаву деклоратсияи соҳибистиқлолии ӯро дарондаву худашро дашном доданд. Минҷумла, депутат Валентина Абдусамадова Тоҳирро бо русӣ чунин ҳақорат дода буд:
-Ты, что лев (ишора ба рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар он Шер сабт буд). Да ты мокрая курица…
Ва толор қарсак зад…
Замона дигар шудаасту ҳоло онҳо барои дигар чӣ қарса мезананд.
Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 28 Март 2019 09:45

Панҷшанбе, 28 Март 2019 09:28


   Дирӯз дар асоси дастури Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ гурӯҳи кории МИҲД ш.Душанбе дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон бо вазъи санитарӣ-экологӣ ва фаъолияти муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт аз наздик шинос шуд. 
    Бино ба иттилои дар сомонаи www.dushanbe.tj нашр шуда, зимни боздид аз МД “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт гурӯҳи кории МИҲД бо шароити нигоҳдошти ҳайвонот, ҳолати санитариву тозагии ҳуҷраҳо барои нигоҳдошт, панҷараҳо, ҳавзҳои парадагон ва роҳравҳо барои сайру гашти сокинон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
    Муайян карда шуд, дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ баъзе аз камбудиҳо ҷой доранд. Аъзои гурӯҳи корӣ тамоми ҳуҷраҳо, панҷараҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдории ҳайвонотро аз назар гузаронида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шароити хуби санитариву экологии боғ, аз ҷумла нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таъмини шароит нигоҳдошт бо риояи меъёрҳои марбута, таъмини масоҳати зарурӣ бо инобати ҳар як ҳайвони мавҷуда, пайваста тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои ҳайвонот, бартараф намудани бӯйи ғализ дар баъзе аз мавзеъҳои боғ, таъмини пурраи низоми корезӣ, нигоҳубин ва ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтон ва майсазору гулзорҳо дар доираи имкониятҳои Муассиса дастур дода шуд.
   Гурӯҳи кории МИҲД ш.Душанбе бо инобати он, ки имрӯз Боғи ҳайвоноти шаҳр ба яке аз ҷойҳои дидании сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил гардидааст, роҳбарият ва кормандони Муассисаро муваззаф сохт, ки дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити санитариву экологӣ баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии муосирр чораандешӣ намоянд.
   Дар ин робита, ба масъулини Муассиса тавсия дода шуд, ки баҳри ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонону тамошобинон ба таври ғайринақдӣ-тавассути кортҳои электронӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.   
Роҳбарияти МД  “Боғи Ҳайвонот”- и шаҳр вазифадор гардид, ки тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо назорати доимиро ба роҳ монад.

Аз идора:
   Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и ш.Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд. Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардиданд.
Давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудааст.

Панҷшанбе, 28 Март 2019 09:13


   Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони н.Вахш бо гумони куштор дастгир карда шуд.
   Номбурда, рӯзи 24.03.2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, бо ҳамсари 23-солааш ҷангу ҷанҷол ва баъдан лату кӯб карда, бо чойники (термоси) 2 литра, 2 маротиба ба сараш мезанад. Баъдан, номбурда ҳамсарашро бо рӯймоли дар сараш буда буғӣ карда, бо корд 3-маротиба ба қисмати тарафи чашми рост ва 1-маротиба ба қисмати тарафи миёнаш зада ба ҳалокат мерасонад.
    Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, сипас номбурда, бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят дар дохили ҳуҷраи хонаи истиқоматиашон чоҳ канда, ҷасади ҳамсарашро дар он ҷо мегуронад. Ҳангоми гузаронидани ташхис маълум гардид, ки зани ҷабрдида дар батнаш тифли тахминан 3-4 моҳа доштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 12

Китобҳо

Flag Counter