ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Июл 2019 16:01

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:39

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:31

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:25

Оғози раванди сулҳ

27 июн дар кишвари мо чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ин рӯз, 22 сол қабл тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо миёнҷигарии СММ дар пойтахти Русия созишномаи сулҳро ба имзо расониданд ва ба ҷанги хонумонсӯзи 5-сола хотима доданд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои мудҳиш дар таърихи кишвари тоза ба истиқлол расидаи мост ва тибқи омори расмӣ беш аз 150.000 кушта ва ҳазорон тани дигар бе ному нишон шуданд. Аз с.1998 ин рӯз чун ҷашни давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва бо қарори Парлумони миллӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ба имзо расонидани чунин созишнома, он ҳам баъди қатлу куштори 5-сола ва ҳиҷрати зиёди мардум ба Афғонистон кори содае набуд. Бо вуҷуди ин, сарони ҳукумат ва мухолифин тавонистанд кинаҳоро канор гузоранду ба созиш бирасанд. Гуфтугӯҳои тарафайн аз апрели с.1994 оғоз шуданд. Майи с.1995 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари нерӯҳои мухолифин Сайид Абуллоҳи Нурӣ дар Кобул бо ҳам дидор намуданд ва раванди сулҳ оғоз шуд. Дар дидори аввал, тарафайн созишномаи оташбасро боз ба муҳлати 3 моҳ дароз намуданд. Дар маҷмӯъ то имзои созишнома ҳукумат ва мухолифин 9 бор бо ҳам дидор намуданд. Яке аз дидорҳои муҳим, декабри с.1996 боз ҳам дар Маскав ба вуқуъ пайваст. Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ санади воридшавии мухолифин ба ҳукуматро имзо карданд. Тибқи санад 4498 размандаи мухолифин вориди сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва 5377 тани дигар авфи мутлақ мешуданд. 

Комиссияи муштарак

Барои пиёда кардани Созишномаи сулҳ тарафҳо дар дидори 9-ум комиссияи муштараке созмон доданд, ки Комиссияи Оштии Миллӣ ном гирифта, дар раванди пиёда кардани сулҳ нақши бориз дошт. КОМ аз 26 нафар иборат ёфта буд, ки 13 тан намояндаи мухолифин ва 13 кас намояндаи ҳукумат буданд.

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:19

 

28.06.1914. Дар шаҳри Сараевои Югославия эртсгертсоги австриягӣ Франтс Фердинанд аз ҷониби гимназисти серб Гаврила Принтсип ба қатл расид. Фердинанд валиаҳди императори Австро-Венгерия ба шумор мерафт ва қатли ӯ баҳонаи сар задани ҷанги аввали ҷаҳонӣ шуд. Ҷанге, ки инсоният назирашро то ба ҳол надида буд ва боиси суқути 4 империя гардид.

28.06.1919. Дар шаҳри Париж-пойтахти Фаронса созишномаи сулҳ миёни кишварҳои Антанта ва Олмон ба имзо расид. Он дар қасри Версали Порис ба имзо расид ва созишномаи Версал номгузорӣ шуд. Созишнома ба ҷанги ҷаҳонии аввал хотима бахшид, аммо Олмонро дар вазъи баде қарор дода, заминасози ҷанги ҷаҳонии 2-ум гардид.

28.06.1948.Бюрои ахбории ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарӣ Иттиҳоди коммунистони Югославияро аз ҳайъати худ хориҷ кард. Сабаби ин кор, норизоияти роҳбари коммунистони югослав Броз Тито бо сиёсати Сталин гардид.

28.06.1988.Дар Маскав конфронси XIX-и ҲКИШ доир гардид. Ин конфронс оғозгари ислоҳоти сиёсӣ дар СССР шуд.

29.06.1957.Дар пленуми ғайринавбатии КМ ҲК ҳаммаслакони собиқи Сталин, Маленков, Молотов ва Каганович зери танқиди сахт гирифта шуданд.

30.06.1941.Дар шаҳри Воронеж, дар заводи ба номи Комминтерн, аввалин тӯпхонаи реактивии шӯравӣ БМ-13 сохта шуд. Ин тупхона, ки баъдан "Катюша" ном гирифт қудратмандтаринсилоҳи ҶБВ ба шумор мерафт ва истифодаи он душманро ба даҳшат меовард.

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:17

Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсиддин Хоркашев муаллим аз ноҳияи Нуробод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ягона дард ё мушкиле, ки имрӯз дар рӯзгори мо дида мешавад, аз китоб дур мондани мардум аст. Дар баъзе маҳалҳо нуқтаҳои фурӯши китоб ба ном вуҷуд дорад. Вақти он расидааст, ки китобхонаҳо чун пештара барқарор шаванд… Ҳар сол бо кӯмаки Ҳукумат китобҳои бадеии хонданӣ чоп мешаванд. Ягона чизе, ки мардуми мо надорад-завқ аст. Насле, ки китобхон нест, насли даврони ҷанги шаҳрвандист. Чунки ҳамин насл бо иллати нотинҷии кишвар каме аз китоб дур афтид. 

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:15

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдулрасул Маҳкамов аз деҳаи Шаватки ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки ман аз хонандагони гиромии СССР 1 чиз пурсиданиам: -Оё ҷодугарӣ аз ҷониби психологҳо ҳамчун илм таҳқиқ ёфтааст, ё на? Мехоҳам бифаҳмам, ки равоншиносон дар бораи он ки сеҳру ҷоду ба рӯҳу равони одамон таъсире дошта бошад, ё на, чӣ назар доранд? Зеро то ин вақт дар ин хусус ҳеҷ чиз чоп нашудааст. Бовар дорам, аксарияти хонандагон перомуни ин мавзӯъ донистан мехоҳанд...

 

Чоршанбе, 03 Июл 2019 15:11

Прокуратураи генералии ҶТ мақоларо бо номи «Вақте одамро сар мебурранду дар фейс ба ҷаллодон тасаллият мекунанд» (СССР, 23.05.2019, №21(558) мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ҳақиқат, 19.05.2019, соати 2130 дақиқа, дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ 1 гурӯҳ маҳкумшудагони аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) иборат аз 30-40 нафар бо мақсади ниҳоии фирор аз муассисаи ислоҳии мазкур ошӯб бардоштанд. Вобаста ба ин масъала бо фармони Прокурори генералии ҶТ муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод гурӯҳи тафтишотӣ созмон дода шудааст, ки айни ҳол тафтишот идома дошта, аз натиҷаи он қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Раҷабалиев Н.У., сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мушовири адлияи 

дараҷаи 1

 

саҳ 14 аз 15

Китобҳо

Flag Counter