ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 24 Март 2021 11:56

Чоршанбе, 24 Март 2021 11:52

17.03.1917. Ҳукумати муваққати Россия дар Бухоро иқоматгоҳи доимӣ (Резидентсия) бунён кард. Дар Хуҷанду Ӯропеппа бошад, кумитаҳои иҷрояи Ҳукумати муваққатӣ таъсис дода шуданд. 

17.03.1935. Адолф Гитлер, фюрери Олмон дар Берлин паради бошукӯҳи ҳарбӣ баргузор кард. Дар ин парад нерӯҳи Вермахти навтаъсис аз пойтахт убур карда, 500 000 немис ба дидани он омада буд.

18.03.1918. Кишварҳои эътилофи Антанта (Фаронса, Англия ва ИМА) эълон карданд, ки натиҷаҳои Созишномаи Брестро миёни Россия ва Олмон ба расмият намешиносанд.

18.03.1920. КМИ РСФСР Декретеро ба тасвиб расонид, ки тибқи он ВЧК ҳақ дошт афроди машкукро, ки ҷурмашон тавассути тафтишот собит нагардида буд, ба мӯҳлати 5 сол дар лагери меҳнатӣ маҳбус намояд.    

18.03.1925. Дар Тоҷикистони шӯравӣ аввалин рӯзномаи давлатӣ бо номи “Иди тоҷик” рӯи чоп омад. Соли 1925 рӯзнома “Бедории тоҷик” номида шуд ва соли 1928 “Тоҷикистони сурх” ном гирифт. Сипас соли 1955 “Тоҷикистони Советӣ”, соли 1990 “Тоҷикистони шӯравӣ” ва соли 1991 “Ҷумҳурият” номида шуд. Ва то ба ҳол бо ҳамин ном дар кишвар нашр мегардад.

19.03.1917. Дар Украина роҳпаймоии азими мардумӣ бо шиорҳои “Украинаи озод дар Россияи озод” ва “Зинда бод Украинаи озод бо сарварии Гетман” баргузор гардид. Дар ин роҳпаймоӣ зиёда аз 100 000 нафар украинӣ ширкат варзиданд. 

19.03.1931. Дар дарёи Панҷ пароходи (киштии буғӣ) бо номи “Тоҷик” ба фаъолият шуру кард. Ин киштии буғӣ дар масири Тирмиз-Сарой-Қамар ҳаракат карда, аҳолӣ ва бор мекашонид. 

19.03.1950. Дар СССР мошинҳои сабукравӣ “Победа” ва “Москвич” ба фурӯши озод бароварда шуданд. Акнун шаҳрвандони шӯравӣ ҳуқуқ пайдо карданд, барои худашон мошини сабукрав бихаранд. 

20.03.1953. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав стантсияи радиошунавоии ба номи Коминтерн, маркази радиошунавонӣ дар ҷаҳон ба фаъолият шурӯ кард, ки он шабу рӯз бузургтарин маркази радиошунавонӣ дар олам маҳсуб меёфт. 

20.03.1953. Раёсати ШО РСС Тоҷикистон бо қарори худ низомномаи Парчами давлатиии РСС Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.

Чоршанбе, 24 Март 2021 11:49

16.03.2021. Соат ба вақти СССР 14:50 дақиқа. Ҳамин ҳоло, чун зодрӯз-табрикоти кормандон ва хабарнигорони мардумии СССР-ро пешам барчиданд, мот шудам:

- Мо воқеан ҳам Миллати Наврӯзем, аз Наврӯзем, барои Наврӯзем!!!

Аксарият дар Наврӯз, арафаи Наврӯз, баъди Наврӯз, бо 1 ҳарф пешу пасу зеру болои Наврӯз таваллуд ёфтаем. Наврӯз аз мост! Ҳамин таваллудҳо кофист, ки миллати ориёии Тоҷик бигӯяд, мо дар тӯли 6000 сол то тақвими расмии аврупоиву аъроб, на танҳо маданияти бузург, илм, нуҷумшиносӣ, астрономия, физика, риёзиёт, химия доштем, ки Тақвими Ягонаеро соҳиб будем ва онгуна пешрафта, ки модарони ин миллат бо роҳу усулу услубҳои мухталиф маҳз дар Наврӯз таваллуд мекардаанд. Таваллуди имрӯзаи мо дар Баҳор натоиҷи ана ҳамон обутоби генофонди миллати Наврӯзии мост, ки тӯли 60 аср то ба имрӯз нумуъ кардаву омадааст.

 Намегӯям, дар дигар моҳҳо кам таваллуд мекунем. Вале имрӯз, ҳамин соат мутмаин шудам, ки ориёиён маҳз дар Баҳор таваллуд мекардаанд. Ҳукми мири Наврӯзӣ 7 рӯз аст? Номаъқул кардааст, Ҳофиз. Ин 7 рӯз танҳову танҳо маросими тантанавии Наврӯз аст. Баҳор худ Наврӯз аст ва аксарияти мо, дар марту апрел таваллуд шудаем ва ё ҳадди ниҳоӣ дар ҳамин мавсим…обастан гаштаем.

16.03.2021. Соат ба вақти СССР 14:57 дақиқа. Ҳамин соат ман дарк кардам, ки чаро арабҳо 1400 сол бо Наврӯз ҳарб карда, пирӯз наомаданд. Зеро мо обастани Наврӯзем. Обастан ҳатман мезояд ва миллати Наврӯзӣ!

Илми муосир собит кардааст, ки дар олам миллатҳои хуршедӣ, маҳтобӣ, замистонӣ, тобистонӣ вуҷуд доранд. Ба ранги пӯсти намояндаи ину он қора назар кун хонанда. Албатта, тавассути интернету ТВ. Ранги пӯстҳо худ гувоҳи ба кадом қавм дахл доштани инсонҳост. Вале чун миллати Тоҷик аз Наврӯз аст, чашмонаш бас зебост, зебопараст, зебодӯст аст ва дар айни ҳол миллати ҷангҷӯ, ҷангхоҳ, ҷанговар.

 Нест бод идеологияе, ки миллати моро адабпарвардаи тарсу метарошад. Дар рингҳои ҷанги танбатан-«бойи бесправил» бинед, ки чӣ қадар Тоҷикон дар Русия, Қафқоз, Амрико, Аврупо меразманд. Тоҷикбаччаҳо ҳатто чечену доғистониҳои воқеан нотарсу далерро дар Грозний ва Махачқалъа мезананд. Ин дар ринг аст. Лозим шуд, дар майдони ҳарб низ баҳри Наврӯз, барои Ватан ҷон медиҳем. Медиҳем? Меситонем! Мо Метавонем!

16.03.2021. Соат ба вақти СССР 15:07 дақиқа. Ман ҳамин ҳоло дарк кардам, ки чаро евро-муллоҳои сакалтуи мо зидди Наврӯз, зидди миллати Наврӯзӣ, зидди Тоҷик ҷанг эълон кардаанд. Онҳо решаҳои моро бурриданӣ нестанд. Медонанд, ки зӯрашон намерасад. Онҳо дар миёни Миллати Наврӯзӣ онҳоеро меҷӯянд, ки аз ақвоми ширишутурхӯр сусморгаззаку таппакхонаватани степнишинанд. Зеро Тоҷики асил, Миллати Наврӯзӣ ҳаргиз аз Наврӯз рӯ наметобад ва бо ин арабпарастон намесозад. Вале «тоҷикшудагони таппактабор» ҳатман сӯи муллое майл мекунанд, ки зидди Наврӯз ҳарф мезанад.

Муллое дар маъракае мегуфт, ки бигӯед то араб чӣ доштем? Ҳама чиз! Илло шеър! Шеър надоштем ва сафсаттагӯе чун ту муллои пургӯй. Зеро миллати прагматик будем. Илм доштем, амал доштем, кайҳоншинос будем, ситора мешумурдем, тақвими нахустини аҳди башарро тартиб додем, ки номаш Наврӯз аст!!! Гирифтанду шеърпараст карданд. Шеъргӯ сохтанд. Худам низ чунинам, мутаассуф, шеъпарастам, вале бигӯед, ку шеъри то араби мо??? Дилхоҳ нафар ҳамон сутури «детскийи» самарқандиҳои ба гурдони кӯлобии арабкушро мисол меоранд:

Аз Хуталон омадия, 

Ба рӯ табоҳ омадия,

Овор боз омадия,

Ҳашан низор омадия…

 Ва мадрак меоранд, гӯиё арабҳо ашъори моро нест карданд, ки то имрӯз нарасад. О, мазаммати сангинтарини араб, дар ҳамин 4 мисраъ, то замони мо омада расид-ку?! Пас, мо воқеан ҳам миллати шеър нестем. Миллати илмем. Миллати Наврӯзем!

16.03.2021. Соат ба вақти СССР 15:21 дақиқа. Ҳамин ҳоло, нафаре шояд эрод гиранд, ки Авасто шеър аст. Нахондаанд. Касе хонда бошад, Абдуқодири Абдуқаҳҳор аст ва нек медонад, ки ин фикр ғалат аст. Авасто таҷаммуъи қонуни зиндагонӣ, кодекси ҳаёти ориён аст. Хонед. Шеър намеёбед…

Мо Миллати Наврӯзем! Ва Наврӯз аз мост. Туро намедонам, хонанда, вале чун дигар ақвом Наврӯзро таҷлил мекунанду туву дигарон хурсанд, ман чун Тоҷики асил, чун Наврӯззода зиқ мешавам. Зеро чигуна шодӣ мекунӣ, агар модаратро дигар шавҳар диҳанд? Наврӯз Модари мост ва танҳову танҳо аз мо бояд буда бошад, эй Наврӯззодагон!!!

Арабҳо, муғулҳо, туркҳо, русҳо дасти тасаллут бар Наврӯз набурданд. Медонӣ чаро? Зеро онро моли худу дигарон накарданд. Ва имрӯз, ки Наврӯз байнулмилалӣ шуд, бузургтарин иштибоҳи мост.

Румиҳо садсолаҳо Юнонро ишғол карданд, вале забт карда натавонистанд ва ахири кор сенати Рум сабаби ин шикастнопазирии Юнонро ёфт: ОЛИМПИАДА… 

Олимпиадае, ки дар он танҳо юнонӣ, агар ҳатто ғулом ҳам мебуд, ҳуқуқи ширкат дошту бас. Олимпиадаро гирифтанду байнулмилалӣ карданд ва сар аз ҳамон тасмим, Юнон шукӯҳу шаҳомати чандҳазорсолаашро дигар наёфт, ки наёфт…

16.03.2021. Соат ба вақти СССР 15:36 дақиқа. Наврӯз, новроз ҳам несту новрӯӯӯз низ. Навака раокаҳ-navaka-raocah, Наврӯз, Рӯзи Нави сирф Тоҷикисит. Наврӯзи маро ба ман баргардонед! Наврӯзи МАН муборакат бод, хонанда, миллати Наврӯзӣ…

Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 19 Март 2021 17:08

ДӮСТОНИ АЗИЗ, ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ!

Он гунае, ки шумо огоҳӣ доред, ман дар тӯли 1,5 соли охир барои барқарор кардани шарафи номи худ мубориза бурдам. Мутаассифона, тамоми кӯшишҳои маънавию ҷисмонӣ ва молиявии ман бенатиҷа буданд, зеро ҳамаи далелҳои барои исботи бегуноҳиям, ки аз ҷониби адвокати аврупоии кирояшудаи ман пешниҳод гардиданд, пешакӣ аз ҷониби айбдоркунандагон ба тӯҳмат эътимоднок карда шуданд. Ман дар майдони муборизаи ҳалоли варзишӣ барои онҳо як рақиби пурқуввату тавоное будам, ки ба таври дуруст ва аз рӯи меъёрҳои варзишӣ бо ман рақобат кардан барояшон мушкил буд ва онҳо аз роҳи ҳалоли рақобат даст кашида, тасмим гирифтанд, ки маро ба майдони ҷангашон кашанд. Бо онҳо дар майдони худашон мубориза бурдан бошад, ба мисли бо “осиёи бодӣ” ҷанг кардан аст, ки анҷомаш нокомӣ мебошад. 

Ман намефаҳмидам, ки чаро вақте ки ман ва тими ман ҳар вақте ки ба пирӯзӣ наздик мешудем, санаи муҳокимаҳо мавқуф гузошта мешуд ва баъдан гаштаю баргашта ин саҳна такорор меёфт. Ҳеҷ намефаҳмидем, ки барои чи ба номаҳои мо моҳҳо посухе намерасад?

Ахиран ман қарор кардам, ки ба ин бозиҳо хотима гузорам, аммо баъд аз 2 рӯз бароям номае расид, ки ман то 24 сентябри соли 2021 аз ҳуқуқи иштирок намудан дар мусобиқаҳо барканор шудам.

Баъдан, муҳлатро ҳисоб карда, фаҳмидам, ки ки ҳузури ман дар Олимпиадаи Токио барояшон мувофиқ нест. Бино бар ин, то 24-уми сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд. Онҳо ин ҳақро аз ман гирифтанд, аммо ман мисли пешина қаҳрамони Бозиҳои олмипии соли 2016 дар Рио ҳастам ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст."

Ман ба Пешвои муаззами миллат, Президенти мӯҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тими ӯ барои дастгирӣ ва кӯмакҳои расонидашудаашон, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давраи тӯлонӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ карданд, миннатдории самимонаи худро баён менамоям.

Бо эҳтиром,

Қаҳрамони олимпӣ

Дилшод Назаров.

 

 

Панҷшанбе, 18 Март 2021 15:03

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 12:21

 Ман мухлиси газетаи СССР мебошам ва чун газетаи мардумист ва мардум метавонанд дар саҳифаҳои он дарди дил кунанд, чанд пешниҳод дорам. Имрӯз каналҳои радиёии Тоҷикистон бисёр зиёданд ва мардум ҳам ба ин радиоҳо гӯш мекунанд. Яке аз минбари пахши ин радиоҳо, нақлиёти мусофирбар мебошад. Дар Душанбе, маъмулан “таксиҳо” радиои ватанӣ гӯш мекунанд, аммо дар хатсайри автобусу тролейбусҳо ин кор камтар ба чашм мехӯрад. Бояд пахши барномаҳои радиоҳои ватаниро, ҳар чи сареътар дар автобусу тролейбусҳо ҳам ба роҳ монем. Хушбахтона имрӯз, радиоҳое чун “Ватан”, “Тоҷикистон”, “Имрӯз” ва ғ. мухлисони зиёде доранд. Барои мисол барномаи “Мошинатон вайрон шуд”-и “Радиои Ватан” яке аз сермухлистарин баномаҳост.

Санам Пирназарова, сокини шаҳри Душанбе 

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 12:14

Чаро ҳукумат биноҳо ва иншооти бузурги нотамомро, ки аз даврони СССР мерос монда, моли давлат ба шумор мераванд,  аз соҳибмулкони бепарво бозпас намегирад?

   Воқеан биноҳои хуруду бузурги бекорхобида аз даврони СССР нотамом монда дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ зиёданд. Замони ҷангӣ шаҳрвандӣ командиру рекетҳое, ки дар даст яроқ доштанд, биноҳои давлатӣ-корхонаҳои калони фарҳангӣ ва саноативу истеҳсолиро ба мисли клубҳо, фермаҳо, хирманҳо, заводу фабрика, гаражҳоро шахсӣ карда буданд. Вале аксарияти онҳо аз фаолият монд.

Яке аз чунин иншоотҳо дар ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант ҷойгир аст. Масоҳати он тақрибан 2 га- ро дар бар мегирад. Абдусамад, сокини ин ҷамоат дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт,  “сохтмони ин бино, солҳои 1985 аз ҷониби колхози «Карл Маркс» оғоз гардида, то ҷангӣ шаҳрвандӣ деворҳояшро бардоштанд. Аммо ҷанг сар шуд ва сохтмон мутавақиф гардид. Баъди ҷанг, яке аз сокинони ҳамин деҳа, бо номи Илҳом Ҳотамов, ки бо тахаллуси “командири Ботурободӣ” маъруф буд, ин биноро аз худ кард. 

Бинои боғчаи кӯдакон, ки сохтмонашро солҳои 80-уми асри гузашта, оғоз намуда буданд, низ имрӯз дар ҳолати ногувор қарор дорад. Бинои мазкур ҳам, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хусусӣ гардонида шуда буд. 

Клуби ҳамин деҳаро ҳам “қумондони Ботурободӣ” шахсӣ кардаву ба иҷора додааст. Он ҳам дар ҳолати ҳузнангез қарор дорад...

Имрӯз вақте Ҳукумату давлати кишвар дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ қарор дошта, барои таҷлили сазовори он даст ба ободкориву амалҳои созанда задааст, чунин соҳибмулкон, ки лофи патриотизму саховатмандӣ мезананд, барои дубора эҳё намудани молу мулки худ коре анҷом намедиҳанд. Агар шумо воқеан ин Ватану ин Миллатро дӯст медоред, пас обод кунед! Иншоотҳои худро обод кунед бас аст! Ё обод кунед ё дубора онро ба давлат супоред, то давлат ободаш кунад!

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

 

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 12:08

03.03.2021. Ба хонаам аз Нозироти андози н.Фирдавсии ш.Душанбе Огоҳинома-Даъватнома омад, ки дар он гуфта шудааст, ки ман, ҳамчун соҳибмулк барои азнавбақайдгирӣ, муайян намудани ӯҳдадориҳои андозӣ ва пардохти андозҳо ба нозироти андози ноҳия, шӯъбаи ташкили андозбандӣ аз шахсони воқеӣ ҳозир шавам. Андоз бақои миллат аст ва пардохти он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар 1 шаҳрванди мамлакат. Андозро бояд супурд ва ман аз пардохти он ҳеҷ гоҳ саркашӣ нахоҳам кард, аммо шеваи корбарии намояндагони Нозироти андози н.Фирдавсии пойтахт ва Огоҳинома-Даъватномаи бо имзои сардор А.Изатуллозода фиристодаи онҳо, ки аз он бӯи таҳдид меояд, хеле нигароникунанда буд.

Додувой чаро?

Кормандони Нозироти андози н.Фирдавсӣ ба бинои истиқоматии мо, ки навсохт аст, 2-3 ҳафта пеш омада, ба қавле хуб ба сокинон дӯғу пӯписа карда рафтанд.  Шояд ин корашон баъзан дуруст бошад, зеро ҳастанд сокиноне, ки солҳои зиёд аз пардохти андоз гурехта, худро ба қавле ба девонагӣ мезананд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мардум имрӯз он мардуми 15-20 сол пеш несту маърифати пулсупориро хуб ёд гирифтааст, бо мардум, ки пеш аз ҳама маоши шумо ва нақшаи иҷрои коратон маҳз аз онҳо вобаста аст, бархӯрд ва муомилаи хуб кунед, на додувой дар подъезд! 

Шартномаи иҷора чаро???

Дигар ин, ки дар Огоҳинома-Даъватномаи Нозироти андози н.Фирдавсӣ аз ман ҳамчун соҳибмулк талаб карда шудааст, ки ҳангоми ба нозирот рафтан бо худ Шиносномаи техникии хонаи истиқоматӣ, РМА (ИНН) рақами мушаххаси андозсупоранда ва Шартномаи иҷораро бо худ барам?

Ман 1 чизро намефаҳмам: вақте бинои истиқоматии мо ҳанӯз аз Комиссияи давлатӣ нагузаштааст (!) ва ман ҳоло дар даст ҳуҷҷати техникии хона-Техпаспортро надорам, чи гуна бояд Шиносномаи техникии хонаро ба Шумо бубарам? Лутфан дар бораи бинои истиқоматӣ камбуд накобед-МИҲД ш.Душанбе ба хотири мардуми зиёди иҷоранишин ва камбизоат, ки аксарият мисли ман аҳли ҳунару фарҳанганд, иҷозати зистро пеш аз мӯҳлат додааст! 

Масъалаи дигаре, ки маро нигарон сохт ин талаби шартномаи иҷораи хона аст. Вақте ман хонаро аз ширкати давлатии биносозӣ харидааму дар ин бора шартнома дорам ва ширкат дар навбати худ андозсупоранда аст, ман чӣ гуна бояд боз шартномаи иҷораро ба Нозироти андоз пешниҳод кунам? 

Ман иҷоранишин нестам, ман дар хонаи худам зиндагӣ мекунам ва шартномаи хариду фурӯшамро низ ҳуқуқшиносони Газетаи мардумии СССР ӯушикофона омӯхтаанд! Пас, чаро шартномаи иҷораро бояд ба шумо пешниҳод кунам, вақте ҳам агар хонаро ба тариқи иҷора гирифтаам, шартномаи ону маблағаш бояд сирри байни ману соҳиби хона бошад!? Ё не мӣ???

Аз Давлатзода ёд бигиред!

Дур намеравем. Чанд ҳафта пеш устод Сайёфи Мизроб дар бораи шеваи таҳдидомези мактубу огоҳномаҳои идораҳои давлативу ширкатҳои хусусӣ, ки вақтҳои ахир ба маротиб афзудаанд, матлаби хубе навиштанд. Воқеан ҳам чаро имрӯз вазорату кумитаҳо, ширкатҳо ва хосса ниҳодҳои барои таъмини буҷаи давлатӣ муваззаф, ба чунин муомилаи дурушту таҳдидомез бо мардум гузаштаанд? Шояд махсус ба хотири коста гардонидани эътимоди мардум нисбат ба давлату ҳукумат? Ё ба хотири 100 сомонӣ-шояд пули андози хонаи хурди ман барои 2 сол аз ин маблағ зиёд нашавад?

Пас аз чунин бархӯрд бо мизоҷ, ба ёдам Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ меояд, ки қаблан бо эшон чандин мулоқоту суҳбатҳо доштам. Мавсуф он қадар бо мулоиматӣ ва мӯшикофона масъалаи пардохти андозҳоро мефаҳмонад, ки пас аз он ба қавле, мегӯӣ, ки тамоми андозҳояро барои 10 соли оянда рафта биспорам. 

Эй масъулин! Чаро шумо, кормандони мӯҳтарами Нозироти андози н.Фирдавсӣ аз раиси Кумита кор кардан бо мардумро ёд намегиред!? Ёд гиред! На ин, ки мардумро бо моддаи 600-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва моддаи 73 Кодекси андози ҶТ тарсонед! Мо наметарсем, вале ҳурмат мекунем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

саҳ 3 аз 9

Китобҳо

Flag Counter