ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 17 Март 2021 11:59

Президенти Украина Владимир Зеленский, Раиси кумитаи иҷрояи Шӯрои миллии ислоҳот Михаил Саакашвилиро аз ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳалли масъалаҳои доғи соҳаи шаҳрсозӣ хориҷ кард. Ба ҷои Саакашвилӣ, Георгий Тсхакая таъин шуд. Зеленский далели ин тасмими кадриашро шарҳ надод. Президенти Украина ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 ба президенти собиқи Гурҷистон вазифаи муовини сарвазир бобати ислоҳотро пешниҳод намуда буд. Ин пешниҳоди Зеленскийро ҳукумати Гурҷистон шадидан интиқод кард. Аммо номзадии Саакашвилӣ дар Радаи Олии Украина овози лозимаро нагирифт ва дар натиҷа ӯ танҳо сарвари кумитаи иҷрояи Шӯрои миллӣ оид ба ислоҳот таъин карда шуд.

PS: Саакашвилӣ яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ғарбист, ки корашро дар Гурҷистон то ҳадде тавонист анҷом диҳад. Аз онҷо ба Украина овардандаш, то битавонад ин кишварро низ ғарбӣ кунонад. Гӯиё Фирдавсӣ дар бораи Мишка навишта буд, ки:

Қадами номубораки Масъуд,

Гар ба дарё расад барорад дуд!!!

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 11:44

Чоршанбе, 17 Март 2021 11:37

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 09:34

 

11.03.1918. Артиши англисҳо дар Мурманск фурӯд омада, ин шаҳрро ишғол кард. Ҳукумати болшевикӣ бошад, аз Петроград ба Маскав кӯчид.

11.03.1920. Болшевикон дастаҳои партизанҳои сурхро дар Сибири шарқӣ ба ҳам муттаҳид карданд ва аз ҳисоби онҳо дар Иркутск Армияи халқӣ-инқилобӣ таъсис дода шуд. 

11.03.1931. Дар СССР вуруди ҳар навъ адабиётӣ динӣ ба кишвар мамнӯъ гардид.

11.03.1941. Кунгураи ИМА қонуни ленд-лизро, ки кумаки ҳарбиро ба иттифоқчиён, аз ҷумла СССР иҷозат медод, қабул кард.  

12.03.1917. Дар Петроград Кумитаи Муваққатии Дума ва Шӯрои шаҳрӣ созмон дода шуданд. Ин кор, маънои пирӯзии Инқилоби февралӣ дар Россияро дошт. 

12.03.19. Ифтитоҳи аввалин мактаби шӯравӣ дар Душанбе. Дар ин мактаб 2 муаллим, ки як рӯз қабл ба Душанбе омада буданд, дарс медоданд.

13.03.192. Дар Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон аввалин дастаҳои милитсияи ғайримуназам (иррегулярӣ) созмон дода шуданд. 

13.03.1968. Дар Душанбе Анҷумани I-уми ҷомеаи театрӣ баргузор гардид.

13.03.197. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе ноҳия Фрунзе ташкил дода шуд. Ин 3-умин ноҳия дар Душанбе ба шумор рафта, аз ҳисоби қисматҳои ноҳияҳои Марказӣ ва Октябр таъсис ёфта буд. 

14.03.1942. Дар Сталинобод авввалин навбати комбинати бофандагӣ (Текстили имрӯза) ба кор шурӯ кард. 

14.03.1991. Дар СССР аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ расман ба қайд гирифта шуданд. 

15.03.192. Артиши Сурх шаҳри Кӯлобро ишғол кард ва дар ин шаҳр ҳукумати шӯравӣ таъсис дода шуд.  

15.03.1925. Дар Душанбе ба муносибати Эъломияи таъсиси Тоҷикистони мухтору озод, аввалин паради нерӯҳои гарнизони шаҳр ва роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид. 

15.03.1936. Дар Сталинобод, курсҳои 3 моҳаи омӯзиши комбайнерҳо кушода шуданд. Дар ин курсҳо 60 нафар аз аҳолии маҳаллӣ таҳсил карда, касби комбайнериро ёд гирифтанд.

15.03.1945. Дар шимоли Тоҷикистон, бо қарори Раёсати ШО РСС Тоҷкистон, посёлкаи типи шаҳрии Чорух-Дайрон таъсис дода шуд. Чорух-Дайрон ба Шӯрои шаҳрии Қайроққум тобеъ буда, дар он, бештар асирони немис ва миллатҳои дигар мезистанд, ки ба истихроҷу коркарди уран машғул буданд. 

Чоршанбе, 17 Март 2021 09:26

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Файзобод мақолаи «Файзобод: раисон фарҳангқимобанд?»-ро, ки дар шумораи №1 (642) ҳафтаномаи «СССР», 7.01. 2021 нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳақиқат шаҳрванд Ҳокими Сафар ба МИҲД-и ноҳия барои ҷудо намудани қитъаи замин бо мақсади сохтмони нуқтаи хизматрасонӣ муроҷиат намудааст. Вале замини дарназардоштаи муаллифи мақола дар он маврид аллакай дар асоси муроҷиати шаҳрвандони дигар барои марказҳои хизматрасонӣ ҷудо гардида, боиси баҳс мегардид. Мақомоти иҷроия хоҳиши рӯзноманигор Ҳокими Сафарро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, мекӯшад, ки дар оянда ба ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати бунёди мағозаи китоб мусоидат намояд.

М.Каримзода, муовини якуми раиси н.Файзобод

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 09:22

 Санавбар Ғуломова, сокини ш. Душанбе тавассути телефони редаксия (2385556) ба мо занг зада гуфт:  

   - Имрӯзҳо мебинем, ки дар ҳар гӯшаи шаҳр нуқтаҳои фурӯш боз шудаанд, ки дар онҳо молҳои ниёзи мардум пешкаши харидорон мегарданд. Мегӯянд ин молҳо тавассути ярмарка фурӯхта мешаванд ва нархашон аз бозор то ҳадде поинтар аст. Масалан, дар шаҳраки 112-ум, ки ман он ҷо истиқомат дорам, чанд чунин ярмаркаи хурд фаъолият мекунад. Албатта, дақиқ маълум нест, ки нарху навои маҳсулот дар ин ярмаркаҳои хурд, аз бозор арзонтар аст ё не? Дар ҳар сурат, баргузории чунин ярмаркаҳо аз фоида холӣ нест вале агар ниҳодҳои дахлдори шаҳр, фурӯши маҳсулоти кишварзиро тавассути худи истеҳсолкунандагон, деҳқонони гирду атрофи шаҳр ба роҳ мемонданд, мардум маҳсулоти заруриро аз дасти аввал, яъне худи деҳқон арзонтар харидорӣ мекард...

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 09:12

Айёмбек Ҳамроалиев аз н.Рашт ба мо занг зада (тел: 2385556) гуфт: 

   - Ман яке аз хонандагони газетаи СССР мебошам. Кӯшиш мекунам ҳар шумораи газетаро саривақт дастрас намоям. Мутаассифона, то Рашт газета каме дертар мебиёяд ва агар дер кунӣ, наметавони онро дастрас намоӣ. Бисёр вақт хонандагон аз мутолиаи нашрияи маҳбубашон маҳрум мемонанд. Обунаро иқдоми бисёр хуби СССР медонам, ки барои мухлисон дастрасиро ба газета осонтар мегардонад. Аммо ин ҷанба низ бояд каме суръатбахштар гардад ва мардум тавонанд рӯзномаи дилхоҳашонро сари вақт дастрас намояд. 

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 09:04

 

Исмоилҷони Саиднуриддин, сокини ш.Душанбе (тел: 98 820 21 61) меҳмони редаксияи СССР шуда, гуфт:    - Дирӯз бароям рӯзи душворе буд. Аз соати 17:07 то соати 18:31 дар филиали ҶСК “Бонки Эсхата” (Н. Қарабоев, 16) дар интизори навбат будам. Дар ин бонк, танҳо 1 нафар ба муштариён хизматрасонӣ мекард. Ин корманд ҳам чунон ба назар мерасид, ки навкор ё таҷрибаомӯз аст, зеро бо ҳар муштарие, ки мехост пул гирад ё фиристад, 10-15 дақиқа гуфтугӯ мекард. Мо муштариён аз ин хунукназарии бонк, чандин бор шикоят кардем, аммо ҳамаи шикоятҳо беҷавоб монданд. Ба нигаҳбон ва консултант ҳам муроҷиат кардем, аммо онҳо бо лаҳни бисёр дурушт ва таҳқиромез посух гуфтанд. Ба фикри банда, дар муассисае чун бонк, эҳтироми мизоҷ бояд дар дараҷаи аввал бошад. Масъулини бонкро зарур аст кормандонеро, ки дар назди муштариён бо телефон сӯҳбат мекунанд, аз кор озод намояд. Муносибат дар “Бонки Эсхата” хеле дағал гардидааст!

 

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter