ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Март 2021 08:28

 

 Яке аз мушкилоти асосӣ-ин рӯз ба рӯз баланд шудани нархи озуқаворӣ ва молҳои рӯзгор мебошад. Нафақаи пиронсолиро ба ҷойи 15% ҳамагӣ 5-8 фоиз зиёд намуданд, лекин савдогарон нархи молҳои талаботи мардумро мувофиқи хоҳиши худ то 30-40% баланд бардоштанд. Касе ёфт нашуд, ки пишаки онҳоро «пишт» гӯяд. Ба кӣ арзатро гӯӣ, намедонӣ. Шаҳр бе дарвоза шудааст!!!

  Вақте ки таълимоти коммунистӣ ба вуҷуд омаду ба ақидаҳои капиталистӣ зарба зад, бештари мардуми ҷаҳон тарафдори ақидаҳои коммунистӣ гаштанд. Капитализми байналхалқӣ ба таҳлука афтода, таълимоти «демократӣ»-ро ҷорӣ намуд. Ин таълимот одамонро озод мегузошт. Аз ин таълимот пеш аз ҳама савдогарону хурофотпарастон манфиат бардошта, ба таълимоти коммунистӣ зарбаи сахте заданд. Одамизод, ки дар аввали пайдоиш ҳайвон буд, аз «озодӣ» истифода карда, ба ҳайвони донишманд табдил ёфт. Савдогарон низ аз демократия истифода карда, инсофу одамгариро барҳам заданд.

Ҳаким Ғуломов, 

н.Дӯстӣ

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 08:24

02.03.2021. Соат ба вақти СССР 08:47 дақиқа. Маро ба навишти ин матлаб, марги Фотима Ғуломова-ҳунарманди саршиноси театру синамо таҳрик дод…

 …Ман ошиқи ӯ будам! Ошиқи симо, ошиқи садо, ошиқи чеҳраи нуронӣ ва ошиқи қадду қомату ҳаракатҳои базебаш. Ишқу меҳри ман,  муҳаббати 1 кӯдак бар модараш буд. Зеро Ӯ ба ман 1 умр Модарамро ба хотир меовард. Зеро ба таҳқиқ Ӯ  Модари насли мо буд. Модари 1 насле, ки маҳз театр, кино, телетеатр, радиотеатр парваридааст. Сафари ахиратат бехатар бод, Модарҷони ҳамаи мо, Шаҳсутуни театри Тоҷик, Ягонаи офоқ ва Фарҳангитарин фарҳангпарвардаи миллат...

 Мутаассуф, нобиғаҳо ҳамакнун якояк мераванду бидуни Саодат Азизоваи гиромӣ, нафаре нест, дар ин маҳдудаи 143,1 километри мураббаъ, ки лоақал дар бораашон филме гирад, сӯҳбат орояд, дилашонро бардорад, бар ояндагон пайке боқӣ гузорад. Дареғу афсӯси Бузургтарин Насли театру Синамои Тоҷик...

…01.03.2021. Соат ба вақти СССР 13:27 дақиқа. Маэстрои саҳнаи театру синамо, устод Убайдулло Раҷабовро тасодуфан дар вестибюли ГЖК дидам. Самбӯсаи алафин дошт. Хӯрдем. Чӣ хел намехӯрӣ? Дар рӯзи аввали Баҳор ва боз дасти КӢ?! Дар дафтари кори Умари Шерхон хӯрдем, энсиклопедисти Тоҷик ва ягона нафаре, ки зиндагиномаи бузургони миллатро китобат мекунад. Сабаби ташрифи Ганҷ ба Вайрона нашри китобест, ки роҷеъ ба кору фаолияти беш аз 60-солаи Убайдулло Раҷабови 80-сола (20.03.1941) бояд қисса кунад. 

STOP! Оё аҷиб нест, ки Шахсияте чун Убайдуллои Раҷаб худ  сари ин китоб «даводав» кунад? О, Ӯ Убайдуллост!  Раҷабов! Гений! Нобиға!! Колосс!!! Гигант!!!! Титан!!!!! Маэстро!!!!!!! 

Аврупову Амрико, ки дар назари мо қитъаҳои дур аз фарҳанганд, дар бораи чунин нобиғаҳошон филм меофаранд, китоб менависанд, асарҳо меангоранд, гуфтумону паёмҳо бар наслҳои ояндаи хеш боқӣ мегузоранд. А, дар мо, агар Маэстро худ даводав накунад, ГАРАВ баста, дастамро мебуррам, чу нафаре дар болову поинҳо умуман ёдашон кунад. Куҷо равонаем? 

Вазирони фарҳангу маорифу РТВ ва масъулини идеологияи миллат бо чӣ кору пайкоре банданд, ки Ситораҳои тобонтарини фарҳанги миллатро нодида мегиранд?

…19.01.2021. Соат ба вақти СССР 09:36 дақиқа. Ҳабибулло Абдураззоқов, шавҳари собиқи Фотима Ғуломова, ки низ оламро тарк гуфта буд, КӢ, КТО, КИМ ӯро ба ёд овард? Ҳич кас! Ва низ бо гузашти 2 моҳ касе расман аз ин бузургвори театру синам ёде намекунад. Расман...

…08.12.2019. Соат ба вақти СССР 19:00 дақиқа. Охирон бор устод Абдураззоқовро дар «ҷашнвора»-и 70 солагии Мирзоватан Миров дидам. Чаро вожаи ҷашнвораро дар қавсайн овардам? Зеро ин санаи таърихӣ, ки дар зиндагиномаи дигар ақвом бо ҳуруфи заррин сабт мегардад, пинҳонӣ гузашт. Аз тарси ТАНЗИМ. Мисле, ки ҷосусон ҷамъ меоянду пичир-пичир карда мегурезанд, амсоли «сходка»-и олами ҷиноӣ…

Абдураззоқов нӯшбоде таърихӣ гуфт он рӯз:

-Мо набояд чеҳраҳои фарҳангии худро чунин хору залил кунем! Ин нишастҳо БОЯД ошкоро бошанду тариқи Радиову Телевизион пахш шаванд. О, мо даъвои фарҳангпарвардагӣ ва дунявият дорем. Пас то куҷо мерасем, агар 70-солагии артисти халқии РСС Тоҷикистон, Мирзоватан Миров пинҳонӣ ва зери биму тарс гузарад???

…Акнун Ӯ дигар нест; хушбахтона нест, то мехонду медонист, ки ҳатто ҷанозаи артисти халқии РСС Тоҷикистон, режиссер, актёр, драматург-Ҳабибулло Абдураззоқов пинҳонӣ, бидуни маъракаи расмии хайрубод, орому сокит гузашт ва олами фарҳангии Тоҷик, аз тарсу бими танзим, Бузургтарин Фарҳангии хешро ба дасти муллое дод ва Худоро шукр, ки ақаллан ун мулло чанд сухане сари тобут кард, албатта, на аз фарҳангу на аз адаб, ки аз маргу мир ва воҷибияту суннату фарзи мурдадорӣ. Вале чизе гуфт охир!

…22.11.2020. Соат ба вақти СССР 13:00 дақиқа. Вақте бузургтарин шоири муосир, Сафармуҳаммад Айюбзодаро ҷаноза мекарданд, домуллои гиромӣ, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, аз раиси ИНТ, Низом Қосим ва аъзои раёсат даъват кард, ки ҳарфе чанд дар бораи ҳамтояшон бигӯянд…Касе чизе нагуфт! Танзим?! Ҳамин аст асолати дунявият ва фарҳангпарвардагии мо???

Имрӯз, ки ин мардум, дар ин давлати воқеан ҳам демокративу дунявӣ, аз тарси «мабодо», ба даҳон об гирифтаанд, фардо, Худое накардаву балое сари ин давлату ин миллат ояд, чӣ мекарда бош(ем)анд? Суоли риторикист, албатта…

02.03.2021. Соат ба вақти СССР 09:57 дақиқа. Фотима Ғуломова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Носир Ҳасанов, Савриннисо Сабзаалиева, Гулназар, Айюбзода ва садҳо тан алоқамандони театру кино ва драматургияи Тоҷик моро тарк гуфтанд. Бе хатту хабар. Касе ҳатто тариқи расонаҳои электронии расмӣ, ба МИЛЛАТ  ҳамдардӣ баён накард. 

Онҳо ба мо лозиманд, эй мардум, на баръакс, ҳарчанд дигар ниёз бар мо надоранд. Намехоҳед наслҳомон манқурт шаванд, миллатро бо нобиғаҳо ошно созед, сари тобути нобиғаҳо митинги фарҳангӣ кунед, пеши гӯри Лоиқу Турсунзода, Айниву Бозор шеъру ғазалхонӣ намоед, зеро ёдбуди ишон бар нафъи кор аст. Нагузоред, фарҳангиёнро, ҳамонгунае, ки мурдаи Муъмин Қаноатро 1 муллое таки даст кардаву намегузошт, нафаре ЛОМ гӯяд, зери қаноти таассуб кашад. Нагузоред, то нобиғаҳо дар зиндагонӣ худашон дар бораи худ китоб нависанд…

Танҳо дар ин сурат мо бар ҷаҳлу такаббури асримиёнагӣ пирӯз меоем.  Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 05 Март 2021 16:37

 

Ҷумъа, 05 Март 2021 16:33

  5.03.2021. Соат бо вақти ш.Бохтар 10:00 дақиқа. Дар арафаи Рӯзи Модарон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи ниёзманд Ҳалима Дурманова, ки то имрӯз бо 2 фарзанд ва 2 набераи маъюбаш дар хонаи иҷора мезист, калиди манзили нави истиқоматиро дар ш.Бохтар тақдим намуд.

   Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба мухбири СССР хабар доданд, хонаи нав аз 2 ҳуҷра иборат буда, бо шароити муносиби зист таъмин аст. Ҳалима Дурманова ягона таъминкунандаи аҳли оила буда, шуғлаш тамизкорӣ мебошад.

   Қурбон Ҳакимзода аз номи Президенти ҶТ ин модарро ба муносибати Рӯзи Модарон ва соҳиби манзили зист шуданаш шодбош гуфта, барои аҳли оилаи ӯ тансиҳативу шодмонӣ таманно кард. Инчунин, ба эшон аз номи МИҲД вилояти Хатлон ва МИҲД ш.Бохтар кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.

 

 

Панҷшанбе, 04 Март 2021 17:04

 

Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021, «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад”

Дар мақолаи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021 зери унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” гуфта мешавад, ки “БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятҳоро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад”.

Ин гуфтаҳо ба ҳақиқат рост намеоянд ва метавонанд аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро, ки истифодабарандагони асосии хизматрасониҳои молиявианд, ба иштибоҳ андозанд.

Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии интиқоли маблағҳо, ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии протссессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ (ММП) дар назди БМТ ин созмон додани як платформаи муназзами дар таҷрибаи ҷаҳонии бонкҳои марказӣ бесобиқа мебошад, ки баъзе навгониҳои институтсионалӣ ва барномавию техникиро (фановариро) дар бар гирифта, барои ҳисоббаробарии зуду бехатар ва муттасили интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ равона шудааст(https://nbt.tj/ru/news/491761/?sphrase_id=66155).

ММП ба сифати низоми мусоиду беназир барои рушди бозори интиқоли маблағҳо имкониятҳои навро дар ихтиёри мо қарор дода, ба боло рафтани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, диверсификатсияи хизматрасониҳои молиявӣ ва инчунин аз байн бурдани монополияи яке аз низомҳои пардохт мусоидат менамояд ва бояд гуфт, ки он бахусус хароҷоти транзаксияҳои муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид месозад, ки ММП бо фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ (Google, Facebook ва ғайра) ҳеч алоқамандие надорад, аз ин рӯ чунин андеша, ки гӯё ММП ба маълумот дар бораи фаъолияти шахсони хориҷӣ- таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ дастрасӣ дорад, нодуруст ба ҳисоб меравад.

Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки навгониҳои ислоҳоти ММП хароҷоти маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатиро на зиёд, балки коҳиш дода, ба дастрасии мунтазами табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории суботи молиявии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Бо дарназардошти ҳассос будани ин масъала ва аҳамияти иҷтимоии он ҷорӣ кардани ягон навъи андоз ба ин гуна амалиётҳо, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, нораво мебошад ва он зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бахусус бояд қайд намуд, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки берун аз қаламрави кишвар фароҳам меоянд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи мамлакат андозбандӣ намешаванд.

 Дар робита ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маълумоти дар мақола интишоршуда нодуруст ва дур аз ҳақиқат аст. Шарҳу маънидоди нодурусти масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба фазои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида, минбаъд ҷараёни вуруди ғайрирасмии маблағҳои интиқолшавандаро зиёд месозад, ки ин боиси боло рафтани саҳми иқтисодиёти ғайрирасмӣ гардида, ба муҳити сармоягузорӣ таъсири ногувор дорад ва шиддати иҷтимоиро ба миён меорад.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳар гуна таҳрифи маълумот ва шарҳи дурусти чунин интишорот, аз намояндагони ВАО бо қатъият хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус қаблан бо танзимгар-Бонки миллӣ машварат намоянд.

Шуъбаи матбуот

 

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 19:36

 

Салом СССР-и азиз! Имрӯзҳо масъалаи барқ яке аз мушкилоти доғи кишвар мебошад. Барои сарфаҷӯии бештари нерӯи барқ, истифода аз нерӯдиҳандаҳои алтернативӣ айни муддаъо мебуд. Яке аз чунин нерӯдиҳандаҳо гази табиӣ мебошад. 

Солҳои қабл ҷумҳурии мо ин нерӯро аз ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон дарёфт мекард, аммо намедонам бо кадом сабаб интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба кишварамон қатъ гардид. Албатта ин масъала ба сиёсат сахт омехта, мардуми мо қурбонии бозиҳои сиёсии президенти қаблии ин кишвар гардиданд. Аммо бо омадани роҳбарияти нав дар Ӯзбекистон фазо боз ба ҳамон минволи собиқ баргашт ва мо дубора бо ҳам дӯсту бародар шудем. Фикр мекунам, ҳоло фурсати он расидааст, ки ниҳодҳои зидахли кишварамон бо ҳамсоякишвар гуфтугӯ карда, интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора ба роҳ монда шавад. Ин кор боиси сарфаи нерӯи барқ мегардад, ки ҳам ба манфиати ҳукумат ва ҳам ба манфиати халқ аст.

Содиқ Буриев, ш. Душанбе, 

тел: 908987521

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 19:28

Чоршанбе, 03 Март 2021 19:15

  

саҳ 7 аз 9

Китобҳо

Flag Counter