ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Март 2021 19:12

   

Президенти Украина Владимир Зеленский хотираи иштирокчиёни Евромайданро, ки дар задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ ҳалок шудаанд, гиромӣ дошт. Зеленский дар Майдон гулчанбар гузошта, гуфт: “Мо ҳақ надорем номи кушташудагонро фаромӯш кунем. Мо ҳақ надорем он кишвареро, ки онҳо барои он ҷони худро қурбон кардаанд, насозем. Ёд ва хотираи ҳамаи онҳое, ки барои ояндаи Украина ҷон бохтаанд, бояд абадӣ бимонад!”. Президенти Украина инчунин даъват кард, ки масъулини ин куштор низ фаромӯш нашаванд ва мардум ному насаби онҳоро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарад.

PS: Евромайдони украинӣ сари Януковичро хӯрд ва ин кишварро ба гирдоби ҷанг тела дод. Зеленский инро бояд бидонад, аммо сиёсат тақозо мекунад, ки ӯ низ зери ин мусиқӣ бирақсад. Дар сурати акс, боз 1 Майдони дигар сари Зеленскийро мехӯрад.

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 19:08

 

 Маҳмадулло Сироҷов, сокини ш. Душанбе меҳмони редаксияи мо шуд ва гуфт:  

   - Маро сухани Ангела Меркел, сарвазири Олмон мутаассир кард. Пештар низ дар рӯзномаи СССР суханони ӯро хонда будам, ҳатто азёд кардам. Ангела Меркел рост мегӯяд, дигар ҷои шарҳу эзоҳ надорад. Ман дар ин маврид 2 гуфтанӣ дорам. 1. Мусалмон гуфта, марову ман баринҳоро дар назар дорад. Замин кафаду дарояму ин суханонро нахонаму нашунавам. 2. Пешниҳод дорам, ки ҳамин матни хурд бо ҳарфҳои калон навишта шуда, ба сифати овеза пешорӯи масҷидҳо насб гардад, то мутаассибон, раҳгумзадаҳои ҷонибдори ДОИШ, ҲНИ ва дигару дигар онро бихонанду овезаи гӯшашон кунанд. Чаро ин корро бояд кард? Бовар кунед, мушти обдорест ба ҷоҳилону мутаассибон, зеро на ҳама рӯзномахонанд. 

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 19:02

Гвардияи сурх

   Баъди гирифтани қудрат, болшевикон кӯшиш мекарданд ҳамаи нишонаҳои давлати собиқи подшоҳиро аз миён бардоранд. Артиши кӯҳна низ ба андешаи онҳо бояд нест карда мешуд. Ба андешаи пайравони Маркс дар рафти инқилоби сотсиалистӣ, пролетариат бояд артиши кӯҳнаро бо мардуми мусаллаҳ ҷойгузин мекард. Оммаи мардуми мусаллаҳ мебоист худаш аз дастовардҳои инқилобиаш муҳофизат мекард. Болшевикон созмон додани ин гуна дастаҳои мусаллаҳро ҳанӯз пеш аз пирӯзии инқилоб оғоз карда буданд. Ин дастаҳои лашкариёни инқилобӣ Гвардияи сурх ном гирифт. Аммо бархурдҳои аввали ҷангӣ бо немисҳо собит намуд, ки ин дастаҳои  мардуми мусаллаҳ, наметавонанд бо артиши доимии таълимдида муқовимат кунанд ва болшевикон қарор доданд, артиши доимии худро созмон диҳанд.

Артиши комиссарон

   Бори аввал дар бобати Артиши сурхи коргару деҳқонӣ дар “Декларатсияи ҳуқуқи мардуми мазлуми заҳматкаш”, ки аз ҷониби болшевикон моҳи январи соли 1918 қабул гардид, гуфта мешуд. Артиши нави болшевикон, пеш аз ҳама чун ташкилоти синфии коргарон ва деҳқонон созмон дода шуда, интернатсионализм низ яке аз арзишҳои умдаи ин артиш ба шумор мерафт.Тибқи ин арзиш ба Артиши сурхи коргару деҳқонӣ на танҳо шаҳрвандони РСФСР, балки меҳнаткашони хориҷӣ низ  шомил мегардиданд. Интихобӣ будани ҳайати фармондеҳӣ низ яке аз хусусиёти дигари артиши нав ба шумор мерафт. Дар чанд моҳи аввали мавҷудияти ин артиши нав, қумандонҳо интихобӣ буданд, аммо моҳи апрели соли 1918 болшевикон интихоби қумандонҳоро лағв карданд ва дигар қумандонҳоро ниҳоди давлатии дахлдор таъин менамуд.       

 Вежагии дигари Артиши сурх, вуҷуди дуҳокимиятӣ дар он ба шумор мерафт. Дар ҳар қисми низомӣ дар қатори қумандон, комиссаре низ ҳузур дошт. Болшевикон баъди шикастҳои аввал дар ҷанги гражданӣ ба натиҷа расиданд, ки бе ҷалби қумандонҳои ҳирфаӣ наметавонанд артиши хубу ҷангандае дошта бошанд. Аммо афсарони артиши собиқ қариб ҳама ашрофзода буда, ба синфи коргару деҳқон ҳеҷ рабте надоштанд. Ин 2 табақаи ҷомеа бо ҳам дар тазоди ошкор қарор дошта, душмани синфии ҳамдигар ба шумор мерафтанд. Бо вуҷуди ин, болшевикон вуруди афсарони собиқро ба артиши навтаъсиси худ иҷоза доданд ва барои назорати онҳо тобистони соли 1918 Бюрои умумирусиягии комиссарони ҳарбиро таъсис намуданд. Ин ташкилот соли 1919 Раёсати сиёсӣ РВСР ном гирифт ва як ҷузъи мустақили КМ РКП(б) ба шумор мерафт. Комиссарон дар артиши нав бевосита аз ҳизби болшевикӣ (РКП(б)) намояндагӣ мекарданд ва миёни ҷанговарону ҳайати фармондеҳӣ кори сиёсӣ-тарғиботӣ мебурданд. Билохира болшевикон дар ин кор муваффақ шуданд ва аллакай тирамоҳи соли 1918 Артиши сурхи коргару деҳқонӣ ба 1 артиши оммавӣ табдил дода шуда, шумораи сарбозони он то охири ҷанги гражданӣ, 1,5 млн ҷанговарро ташкил медод.  

Рутбаҳои ҳарбӣ

   Дар оғоз болшевикон, дар Артиши коргару деҳқонӣ рутбаҳои ҳарбӣ ва пагонҳоро чун мероси низоми собиқ барҳам доданд. Аскарон ба қумандонҳо танҳо тибқи мансаби ишғолкардаашон муроҷиат мекарданд. Масалан, қумандони дивизияро комдив, корпусро комкор меномиданд. Аммо баъди чанде болшевикон ин тафовутро низ аз миён бардоштанд ва 22 сентябри соли 1935 Сталин аз нав дар Артиш рутбаҳои ҳарбиро ҷорӣ кард.   

Чоршанбе, 03 Март 2021 18:58

24.02.1919. Ҳизби Коммунисти Венгрия аз мардуми венгр даъват кард, то ҳукумати буржуазии ин кишварро сарнагун кунанд.

24.02.1931. Қабули аввалин Сарқонуни РСС Тоҷикистон.

25.02.1921. Дар Гурҷистон ҳокимияти советӣ барқарор гардида, РСС Гурҷистон таъсис дода шуд.  

25.02.1932.  Дар Сталинобод аввалин Анҷумани Иттифоқҳои касабаи РСС Тоҷикистон доир гардид. 

25.02.1935.  Дар Сталинобод Анҷумани I-уми колхозчиёни Тоҷикистон ба кори худ шурӯ кард.

25.02.1946.  Дар СССР Артиши Сурх ба Артиши Советӣ тағйири ном намуд.

26.02.1917. Подшоҳи рус Николайи 2-юм фармони пароканда кардани Думаи давлатӣ ва қатъи бесарусомониҳо дар пойтахтро содир кард. Соати 12-и рӯз гирдиҳамоиҳои нав оғоз гардида, бо истифодаи Артиш пароканда карда шуданд. Баъди ин, корпартоии умумӣ дар Петроград шурӯ шуда, нерӯҳои низомӣ ба тарафи шӯришгарон гузаштанд. Оғози инқилоби февралӣ дар Россия.

27.02.1917. Дар Петроград шӯришгарон Арсенал ва Қасри Зимистониро тассаруф намуданд. Ҳукумати подшоҳӣ сарнагун карда шуда, Кумитаи муваққатии Думаи давлатӣ ба фаъолият шурӯ кард. Дар баробари ин, нерӯҳои инқилобӣ Кумитаи Иҷроияи вакилони коргарон ва аскарони Петроградро таъсис доданд.

27.02.1936. Дар Донишкадаи театрии Маскав аввалин студияи тоҷикӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин студия 32 донишҷӯи тоҷик таҳсил карда, касби актёрӣ меомӯхтанд.

27.02.1972. Дар пойтахи РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин конкурси эстрадии “Торҳои офтобӣ-72” баргузор гардид.

28.02.1917. Оғози инқилоби февралӣ дар Маскав.

1.03.1937. Дар Сталинобод Анҷумани IV-и Шӯроҳои РСС Тоҷикистон, Сарқонуни 2-юми Тоҷикистонро қабул кард.

1.03.1953. Роҳбари СССР Иосиф Сталин дучори сактаи мағзӣ (инсулт) гардид, аммо Берия ва Маленков даъвати табибонро ба назди ӯ манъ карданд.

1.03.1981. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бори аввал Рӯзҳои ҷавонони мактабхони Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Чоршанбе, 03 Март 2021 18:51

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Темурмалик мақолаи «Темурмалик об нест»-ро, ки дар нашрияи «СССР» №46, аз 26.11.2020 нашр шудааст, бо иштироки васеъи фаъолони ноҳия ва масъулони соҳаҳои мухталиф, мавриди муҳокима ва тадбирҷӯӣ қарор дод. Ба самъи шумо мерасонем, ки вазъияти обтаъминкунии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия то имрӯз ҳалли худро ёфта истодааст. Бо сабаби аз кор баромадани пойгоҳи обкашии асосӣ, 1 вақти муайян интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда шуда, барои бартараф намудани ин мушкилӣ ва таъмири пойгоҳи обкашӣ, мутахассисони соҳа сафарбар гаштаанд. Сабаби асосии кашол ёфтани ин масъала дарёфт нагардидани қисмҳои эҳтиётии ин насосҳо мебошад. Баъди аз таъмир баровардани насосоҳои обкаш, таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ тибқи реҷаи муқарарӣ ба роҳ монда шудааст.

МИҲД ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани обтаъминкунии аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия, иҷрои саривақтии лоиҳаҳоро бо истифодаи маблағҳо аз ҳисоби бахшҳои сармоягузорӣ ба роҳ монда аст. Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2018, №373 «Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта, баҳри рушди устувори ҷамоатҳои маҳал барои солҳои 2018-2022», дар ноҳия лоиҳаҳои барқарор намудани насосҳои обкашӣ деҳаи Ҷайралӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ, дар деҳоти ба номи С.Раҳимов ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 

Дар доираи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2022» дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, барқарорсозии шабакаҳои обкашӣ ва системаи обу корез (канализатсия)-и шаҳраки Совет ба маблағи 1100 ҳазор доллари ИМА ва сохтмони системаи обтаъминкунии Ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳия ба маблағи 691 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст. 

Фотеҳ Аминзода, раиси н.Темурмалик

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 18:50

 

Нуралӣ Латипов, хонандаи доимии ҳафтанома аз н. Мастчоҳ ба мо занг зада (тел: 400 00 62 31) гуфт, ки нозири андоз ӯро таҳдид намудааст:

  - Нозири нозироти андози ноҳияаамон нисбати ман дағалрафторӣ намуд ва ман рафта назди сардори нозироти андоз даромадаму аз рафтори кормандаш шикоят намудам. Лекин мутаассифона роҳбар ҷониби кормандашро гирифту боз ба ман таҳдид карда гуфт, ки агар нисбати мо ба ягон мақомот шикоят кунӣ, мо ҳуҷатҳои солҳои қаблии туро бардошта, аз андоз қарздорат мебарорем. Ана ҳамин хел ҳодиса шуду ман аз нозирот баромадам. Дар охир гуфтаниам, ки ман то соли 2021 аз ягон навъи андоз қарздор намондаам. Умедворам, ки мақомоти болоии Кумитаи андоз рафтори чунин кормандонро беҷавоб намегузорад!

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 18:47

 

Мавлуда Шерматова, яке аз хонандагони доимии ҳафтаномаи СССР аз н.Конибодом занг зада (тел: 918 80 34 46) гуфт, ки “Агроинвестбонк” кай 400 000 рубли русии маро медиҳад?

- Зиёда аз 400 000 рубли русӣ дар хонаам захира доштам ва барои эмин нигоҳ доштани ин маблағҳо рӯ овардам ба бонки “Агроинвестбонк”, то ин ки аз чашми дуздон дур бошаду ман низ дигар хавотир нашавам. Аз куҷо донам, ки бо дасти худ пуламро ба дуздон медиҳам! Дигар натавонистам, ки дар вақти лозима маблағи худамро аз бонк бигирам. Яъне, бароям танҳо ваъдаи рузи дигарро медоданду корамро ба сомон намерасониданд. Ман ва чанд нафари дигар пулҳомонро пас гирифта натавонистем. Ба мақомот ҳам шикоят кардем, лекин ҳеҷ натиҷа нашуд. Шояд бонкирҳои муҳтарам ба навиштаи газетаи шумо таваҷҷӯҳ кунанду пулҳои бо арақи ҷабин кор кардаамонро битавонем пас бигирем?

 

Чоршанбе, 03 Март 2021 18:40

Салом аҳли қалами СССР! 

Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ то 35 % устодону омӯзгорон нафақагир мебошанд. 1 факт-тибқи Кодекси меҳнат, омӯзгори ҷавони 25 сола ва муаллими собиқадори нафақахӯри 75 сола ба рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранду тобистон 56 рӯзи тақвимӣ дам мегиранд. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ хубтар мешуд, агар дар мо низ синни нафақа 2 сол зиёд, яъне барои мардон аз 65 солагӣ ва барои занон аз 60 солагӣ муқаррар гардад. Омӯзгореро медонам, ки соли 1996 ба нафақа баромада, боз 22 соли дигар то соли 2018 кор кард! Яъне ӯ давоми 22 сол аз буҷаи давлат моҳе 2 бор маблағи пулӣ гирифт- 1) Музди меҳнат, 2) Маблағи нафақа, ки ҳалолашон бод! 

Маннон Масмумов, ш. Истаравшан, тел: 988097194

 

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter