ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Март 2021 09:31

Тазоҳуроти тағораҳои чаппа

Бори аввал 8 март дар ҳаводиси соли 1901 зикр гардидааст. Дар ин рӯз занони хонанишини Амрико бо дегҳо ва тағораҳои чаппакардашуда, ба кӯчаҳои шаҳри Чикаго рехтанд. Ин занон бо ин роҳ мехостанд таваҷҷӯҳи ҷомеъа ва ҳукуматро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд. Ин занон талаб доштанд, ҳуқуқҳои сиёсиашон бо мардон баробар карда шуда, ба онҳо иҷозаи кор дар истеҳсолот ва хизмат дар артиш дода шавад. Баъд аз 7 сол 28 феврали соли 1908 занони амрикоӣ талабҳои худро такрор карданд, аммо ин бор дар саросари кишвар. Дар ин рӯз бо даъвати ташкилоти сотсиал-демократии Ню-Йорк зиёда аз 15000 зан ба кӯчаҳо баромаданд. Ин бор бар талаботи қаблӣ, инчунин коҳиши рӯзи корӣ ва додани ҳуқуқи интихобот ба занон ҳамроҳ гардиданд. Соли 1909 Ҳизби сотсиалистии Амрико Рӯзи миллии занонро эълон кард. То соли 1913 ин рӯз, ҳар якшанбеи охирини моҳи феврал ҷашн гирифта мешуд. Соли 1909 ин якшанбе ба 28 феврал рост омада буд. 

Клара Цеткин

Асосгузори Рӯзи байналмиллалии занон бошад, комуннисти немис, зани ислоҳотхоҳ Клара Цеткин ба шумор меравад. Ӯ роҳбари гурӯҳи занонаи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон буд ва бори аввал пешниҳод намуд, рӯзи муайянеро барои занон ихтисос диҳанд. Моҳи августи соли 1910 дар пойтахти Дания, шаҳри Копенгаген кунгураи 8-уми Интернатсионали 2 баргузор гардид. Дар чаҳорчуби ин Кунгура, инчунин Конфронси 2-и байналмиллалии сотсиалистии занон доир гардид, ки дар он намояндагони занони сотсиалист аз ИМА ва Аврупо ширкат варзиданд. Дар ин Конфронс Клара Цеткин пешниҳод намуд, рӯзи байналмиллалии занонро таъсис диҳанд. Клара гуфт, ки дар ин рӯз занон метавонанд вохӯрию роҳпаймоӣ ташкил кунанд ва ҷомеъаро ба мушкилоти худ ҷалб намоянд. Ба андешаи ин коммунисти немис, ҷашни ҳарсола, ки дар сар то сари ҷаҳон дар 1 рӯз ҷашн гирифта хоҳад шуд, занони кишварҳои гуногунро муттаҳид мегардонад ва онҳо дар якҷоягӣ метавонанд барои ҳуқуқҳояшон мубориза баранд. Умуман ҳадафи асосии ҷашн, мубориза барои озодӣ ва баробарҳуқуқии занони коргар ба шумор мерафт.

19 март рӯзи байналмиллалии занон

Бори аввал Рӯзи байналмиллалии занонро соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Шветсария 19 март ҷашн гирифтанд. Ин санаро сотсиалисти олмонӣ Елена Гринберг ба хотири инқилоби моҳи мартии соли 1848 дар Пруссия, пешниҳод намуд. Соли 1912 Рӯзи занонро дар ҳамин кишварҳо 12 май ҷашн гирифтанд. Соли 1913 бошад, дар Фаронсаву Россия занон 2 март ҷашн доштанд ва ба гирдиҳамоӣ баромаданд. Дар Австрия, Чехия, Венгрия, Шветсария ва Ҳолланд 9 март ва дар Олмон бошад 12 март рӯзи занон ҷашн гирифта шуд. Яъне ҳоло 1 рӯзи муайян барои ҷашни занон вуҷуд надошт. Танҳо соли 1914 Рӯзи байналмиллалии занон санаи 8 март дар 8 кишвар: ИМА, Бритониё, Австрия, Дания, Олмон, Ҳолланд, Россия ва Шветсария ҷашн гирифта шуд. 8 марти соли 1957 кормандони корхонаҳои дӯзандагии Ню-Йорк барои ҳуқуқҳои худ ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд. Дар натиҷаи ин рӯйдодҳо дар ИМА аввалин иттифоқи касабаи занона таъсис дода шуд, ки дар оянда барои ҳуқуқи занон мубориза мебурд. Соли 1975 бошад СММ 8 мартро чун Рӯзи байналмиллалии занон қабул кард ва ҳамон солро, Соли байналмиллалии занон эълон намуд.

Занҳои сархӯр

Моҳи феврали 1917 марҳилаи муҳим дар таърихи иди занон гардид. 23 феврали (8 март бо солшумории григорианӣ) соли 1917 занони Петроград ба майдонҳои шаҳр рехтанд ва ин таркише гардид, ки инқилоби февралиро дар Россия оғоз бахшид ва сари давлатро хӯрд. Баъди 4 рӯз подшоҳ Николаи 2 бо қарори худ, ба занон ҳуқуқи интихобот қойил шуд.

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:26

 

4.03.1918. Дар РСФСР бо қарори ШКХ Шӯрои олии ҳарбӣ таъсис дода шуд. Ба ин Шӯро Лев Тротский сарварӣ мекард ва вазифаи асосии он идораи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷанги гражданӣ буд.

4.03.1921. РСФСР ва Ҷумҳурии Халқии Бухоро созишномаи иттиҳодӣ ва қарордоди ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд.

5.03.1921. Амири Бухоро Сайид Олимхон дар мавзеи Чубак, дарёи Панҷро убур карда, ба Афғонистон гурехт.

5.03.1946. Сарвазири Британия Уинстон Черчил хатти тақсими Аврупоро “пардаи оҳанин” унвон кард. Ин суханронии Черчилро оғози ҷанги сард медонанд.

5.03.195. Иосиф Сталин, ходими давлатӣ, сиёсӣ ва ҳарбии шӯравӣ аз олам чашм пӯшид. Сталин зиёда аз 30 сол ба СССР роҳбарӣ кард ва маҳз кӯшишҳои ӯ, давлати СССР-ро ба 1 абарқудрат табдил доданд.

5.03.1956. Раёсати КМ КПСС қарор дод тамоми коммунистон ва комсомолонро бо маърӯзаи Н.Хрушев, ки шахспарастии Сталинро ифшо мекард, ошно кунанд.

6.03.1918. Дар Маскав Анҷумани VIII-уми РСДРП (б) доир гардид, ки ҳизби болшевикиро ба РКП (б) тағйири ном дод.

6.03.1959. Дар Сталинобод, Анҷумани I-уми Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон доир гардид. 

7.03.1935. Дар СССР бо фармони махсуси ҳукуматӣ тамоми асарҳои Тротский, Зиновев ва Каменев аз китобхонаҳо гирифта шуданд.

7.03.1935. Дар ноҳияҳои гуногуни РСС Тоҷикистон аввалин мактабҳои 6 моҳаи тракторчиён созмон дода шуданд. Дар ин мактабҳо 1000 нафар ҷавон аз аҳолии маҳаллӣ таҳсил мекарданд, ки 75% онро тоҷикон ва 25% онро ӯзбекҳо ташкил медоданд. 

8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ, ки дар пойтахти Дания-шаҳри Копенгаген доир гардид, 8 март Рӯзи Байналмиллалии занон эълон карда шуд.

8.03.1963. Мао Дзедун созишномаи Айгунро, ки соли 1858 миёни Чин ва Россия баста шуда буд, бекор намуда, аз СССР талаб кард заминҳои Чинро пас бидиҳад.

9.03.193. Бо қарори КМ ҲК Тоҷикистон дар Сталинобод осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Ин осорхона баъдан ба Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод тағйири ном кард.

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:24

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар соли 2020 дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд. 

Имрӯзҳо “Амонатбонк” ба зиёда аз 22 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 750 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2900 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ  менамояд.   

Ба санаи 31 декабри соли 2020 дороиҳои Бонк маблағи 4,9 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4,5 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 19,4% ва 20,9% зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи Бонк ба андозаи 6,8% афзоиш ёфта, ба 458 млн. сомонӣ баробар шудааст. Даромади софи Бонк дар ин давра 51,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019  22%  зиёд  мебошад. 

 Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 96,3 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019 ба андозаи 15,7 млн. сомонӣ ва ё 19,5% зиёд мебошад.    

  Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, то имрӯз 300 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, ки пайвастшавии 65 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд.

Инчунин, бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 585 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019  112 адад зиёд аст. 

    Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ  мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ “Амонатбонк” шумораи 10 адад ташкилотҳои қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намуд. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилиии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд. Ба санаи 31 декабри соли 2020 филиалҳои Бонк 2,1 млрд. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2019  13,2% зиёд мебошад. 

Фаъолияти “Амонатбонк” дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди маблағҳои қарзӣ, рӯз аз рӯз васеъ гардида истода, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар “Амонатбонк” ба санаи 31 декабри соли 2020 маблағи 3,8 млрд. сомониро ташкил дод. Бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Аз он ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки 40,8%-и  ҳаҷми  умумии амонатҳоро ташкил медиҳад.

Фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда дар давраи ҳисоботӣ 78,4 млн. сомониро ташкил додааст. Ин албатта, ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд  гардидани  сатҳи некӯаҳволии онҳо  мусоидат намуда истодааст.

    Ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 69,6 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 90 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст. 

     Ҳамзамон, бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи босуботи санадҳои барномавии  давлатӣ  дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, бахусус дар давраи кунунӣ, Бонк иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Таҳсил-2020” таҳти 18 фоизи солона ҷорӣ намуд. Иқдоми мазкур,  ҷиҳати харидории сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва  пардохти маблағи шартномаи таҳсил пешбинӣ шуда, аз  санаи  1 август то 30 сентябри соли 2020 амалӣ гардид.

      Аз ҷумла, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ дар  соли 2020 ба 343 нафар соҳибкор ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.

      Сандуқи қарзии Бонк (бо дарназардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ба ҳолати 31 декабри соли 2020  966,3 млн. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 40 787 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 10,9%, кишоварзӣ 17,5%, истеъмолӣ 22,7%, сохтмон 7,9%, тиҷорат 28,7%, нақлиёт 8,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд. 

        “Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 768 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Шумораи дорандагони кортҳои  пардохтии  бонкӣ  ба 1 миллиону 534 ҳазор нафар, теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст.

Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 502 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.      

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2019 инҷониб  Бонк  иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз 192 адад ё 35,2%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 24 адади он ба соли  ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.   

Дар баробари ин, фаъолияти 20 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кӯлоб ва Хоруғ, ки  ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Аз ин шумора таъсиси 8 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд. 

Бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон аз он  бемамоният истифода бурда истодаанд. Маркази тамос низ, дар дастгоҳи марказии Бонк таъсис дода шудааст, ки муштариён метавонанд бо рақами кутоҳкардашудаи “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд. 

Дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, яке аз ҳадафҳои Бонк мебошад. Бонк ҳамасола дар арафаи ҷашну маросимҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар доираи имкониятҳо кумакҳои молиявӣ мерасонад.  

Дар ин раванд, “Амонатбонк” дар асоси Амри Президенти ҶТ аз 29 декабри соли 2017, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ  намудан, ба мактаб-интернати №1-и (ятимон) ш.Душанбе вобаста карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи  87,3 ҳазор сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ, дафтардорӣ, хӯрока ва дигар лавозимотҳои зарурӣ  дастрас карда шуданд. Дар маҷмуъ кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Бонк дар соли ҳисоботӣ маблағи 362,4 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 биноҳои ҷашнии филиалҳои “Амонатбонк” дар ноҳияҳои К.Мастчоҳ, Рӯшон ва №66-и шаҳри Хоруғ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бинои филиали Бонк дар ноҳияи Ишкошим бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҶТ ба истифода дода шуданд. Сохтмони бинои филиалҳои Амонатбонк дар ноҳияҳои Данғара ва Балҷувон босуръат идома доранд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:20

Қурбонов Ҷаббор, сокини ш Душанбе меҳмони редаксия мо шуд ва дар мавриди ҳиллаву найранги ҷӯгиҳо гуфт: Ман дар истгоҳи Насоси ноҳияи Шаҳринав шоҳиди ҳодисаи аҷибе гардидам. Чанд ҷугӣ дар даст асо доштанду ҷониби роҳи калон қадам мезаданд. Чун ба роҳи асосии мошингард расиданд, якбора ҳамаашон худро чулоқ вонамуд карда, асоҳояшонро зери бағал гирифтанд. Ин кори ҷугиҳо, бозии ҳунарпешаҳоро дар театр мемонд. Ва ин ҳолат дар нуқоти дигари кишвар низ ба чашм мерасад. Ҷӯгиҳо ҳатто берун аз кишвар низ худро тоҷик муаррифӣ карда, обрӯи моро рехтаанд. Миллатҳои дигар гумон мекунанд, ки тоҷикҳо ҳама гадову фиребгаранд. Бояд ҳукумати кишвар сари ин масъла фикре кунад, то пеши роҳи обрӯрезии миллат гирифта шавад. Мо метавонем! 

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:13

Шуъбаи маорифи МИҲД н.Зафаробод мақолаи нашргардида дар ҳафтаномаи “СССР”-ро, ки аз ҷониби Мирзо Рамазониев-омӯзгори фанни ҷуғрофияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи академик Б.Ғафуров, таҳти унвони «Омӯзгори ҷавон ояндаи миллат нест?» ба табъ расидааст, мавриди муҳокима қарор дод.   Бояд гуфт, ки даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” дар давоми моҳҳои феврал ва март дар МТМУ №20 доир гардида, шарти охирини озмун (“Муаррифии фаъолияти корӣ ба тариқи намоиши слайд бо истифода аз проэктор ё тахтаи электронӣ”) моҳи март дар МТМУ №20 гузаронда шуд, ки дар он аз фаннҳои гуногун 21 нафар омӯзгор ширкат варзида, 7 тан ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.

Аз ҷониби шуъбаи маорифи МИҲД ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои қарори ҷаласаи назоратии назди сардори раёсати маорифи вилояти Суғд аз 3.11.2020, инчунин бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва хулосаи раиси комиссияи ҳакамони озмун, Турсунов Аҳлиддин-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи миёнаи умумии №12, ки холи баландро нисбат ба дигар иштирокчиёни озмун сазовор гардидааст, барои иштирок ба даври вилоятии озмун пешниҳод карда шуд. Бояд зикр намуд, ки Турсунов Аҳлиддин дар даври вилоятии озмун фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ваҷҳи овардаи муаллиф Мирзо Рамазониев нисбати корҳои эҷодӣ, мақолаҳои илми-методӣ, ки дар давраи фаъолияташ рӯйи чоп овардааст, дар ҳақиқат дуруст буда, аз мадди назари шуъбаи маориф ва МИҲД ноҳия дур намондааст. 

Д.Ниёзқулов, мудири шуъбаи маорифи н.Зафаробод

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:10

 Рустамова Шакарбӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба мо занг зада (тел 935877784) гуфт: Ман солҳои тӯлонӣ дар почтаи ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият дорам ва газетаи шуморо ҳамеша мехонам. Медонам, ки СССР ба мушкилоти зиёди мардум расидагӣ мекунад. Ман ҳам як мушкил дорам, ки солҳост оромам намегузорад. Шавҳари ман Раҷабов Давлат дар ШКД ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) кор мекард. 7 июни соли 1992 шавҳари ман, ҳамроҳи ронандаи сардори ШКД бо сафари хидматӣ ба Кӯлоб рафта, дар ноҳияи Восеъ бо дасти афроди номаълум ба шаҳодат расид. Ман бисёр мехостам, ҷузъиёти марги шавҳарамро бифаҳмам, ки чаро ва барои чӣ ӯро куштанд? Шояд шоҳидони он ҳодиса ҳанӯз зиндаанд ва навиштаи маро дар саҳифаи газетаи шумо бубинанд. Агар нафаре пайдо шаваду бароям ҷузъиёти ин воқеъаро иттилоъ диҳад, бисёр миннатдор мебудам. 

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:07

Беҳрӯз Каримов, сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Шаҳринав ба редаксия занг зада (тел 2385556)  қиссае ҷолиб нақл кард. Ӯ гуфт: Як ҳамдеҳаам ҳамеша масҷидро таърифу тавсиф мекард, ки масҷид ҷои зӯр аст. Ҳамеша хурду хӯрок тайёр. Чи гуна хӯроке хоҳӣ дар наздат оварда мегузоранд, чои кабуд, чойи сиёҳ, умуман ҳар чизе, ки хоҳӣ. Солҳои пеш дар масҷидҳо тамоми сокинони маҳалла гаштак медоданд. Гаштаки касе, ки мешуд, ҳамон бегоҳ 1 карсони калон авқот, 15-20 дона нони тунук, кулча, 3-4 кило қанди гуногун меоварданд. Дар ин бино сокинони маҳалла ҳам шикамашонро сер мекарданду ҳам намозашонро мехонданд. Аммо аз вақте, ки масҷидҳо ба масҷиди панҷвақтаву чойхонаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ табдил ёфтанд, бархе намеравад, чунки дигар хурду хӯрок дар он ҷо нест. Боре аз ун дӯстам пурсидам, ки барои чӣ дигар ба масҷид намеоӣ? Ҷавоб дод, ки агар муллои қишлоқ оят хонаду аз таъсири ояти ӯ чойнику пиёлаҳо ба рақс дароянду хӯрду хӯрок набошад, ман дигар ба ин масҷид намеравам.

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:05

Салом СССР! Мехоҳам чанд сухан бобати мардумфиребии “Алифсармоя” бигӯям. Ҳанӯз моҳи августи соли 2020 эълонҳои ин ташкилотро дида, қарор додам тавассути ин ташкилот 1 телевизори 3000 сомона гирам. Гирфтаму аз гирифтанам пушаймон шудам. Ҳафтаи 2-юм телевизор аз кор монд. Ман онро ба устохонаи “Волна”, воқеъ дар хиёбони Профсоюз бурдам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо низ ҳамроҳам буданд, аммо “гарантийний талон”-аш набудааст. Ман ба мағозаи “Волна” рафтам. Фурӯшанда диду гуфт, ки дар компютер ҳаст, аммо аслашро шумо гум кардед. Ман гуфтам хай аз компютер 1 тои дигар бароварда диҳед. Фурӯшанда аввал розӣ шуд ва гуфт, ки шиносномаатонро копӣ карда, интизор шавед. Аммо баъд рафта бо 1 духтараке чизе гап заду омада гуфт, ки мумкин нест. “Алифсармоя” рафта, иҷозат биёр.Онҳо бароятон мактуб медиҳанд. Ман ба Алифсармоя рафтам, 1 бачча бо номи Насур гуфт, ки ба мағозаи “Волна” равед, ман занг мезанам. Хулоса аз Волна маро ба устохона фиристоданд. Онҷо 1 зани рус кор мекардааст, гуфт, ки пагоҳ биёед ман бо маъмурият сӯҳбат карда, иҷозат гирам. Пагоҳ омадам, он зани рус гуфт, ки маъмурият иҷозат надод. Бо ҳамин маҷбур шудам 200 сомонӣ дода, телевизорро таъмир кунам. Дар умум ман аз ин ташкилот 420 сомонӣ зарарӣ пулӣ дидам. Ман пурсиданиам, ки ин корхонаро оё касе назорат мекунад?

             Н. Худоиев, ш. Душанбе, тел. 931184044

 

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter