ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 17 Март 2021 09:00

 

 Салом СССР-и азиз! Сарвари кишвар дар Паёми декабрии соли 2019 супориш доданд, ки аз моҳи сентябри соли 2020 нафақаи маъюбони модарзоди то 18 сола, инчунин дигар маъюбони гурӯҳи 1-ум, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, 50% зиёд карда шавад. Албатта, ин супориши Пешвои миллат, ҷомаи амал пӯшид ва ба беҳтар шудани шароити бештар аз 30 ҳазор маъюбон мусоидат кард. Ин бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ғамхориро дар ҳаққи табақаи осебпазири ҷомеа дар маркази диққати хеш қарор додааст. Ҳамин буд, ки дар фикри хубтару беҳтар кардани сатҳи зиндагии табақаи осебпазири ҷомеа мебошад. Дар баробари ин ҳаминро ҳам қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеъаи мо боз маъюбони гурӯҳи 1-уме ҳастанд, ки ба таври ғайритабиӣ бо сабабҳои гуногун, мисли садама, ҷарроҳии номуваффақ ва ғ.маъюб гардидаанд. Инҳо низ бе парастор амалеро наметавонанд анҷом диҳанд. Мутаассифона, андозаи нафақаи ин гурӯҳи маъюбон танҳо 15% зиёд гардидааст, ки ба назари банда бисёр кам аст. Бисёр хуб мебуд, агар нафақаи ин гурӯҳ лоақал 25% зиёд карда мешуд. 

Ҷумъабой Яҳёев, маъюби гурӯҳи 1 ум, н.Деваштич, тел: 927826445

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 08:54

Яке аз олимони давр, ин Шайх Ҳикматулло ибни Фатҳуллоҳи Тоҷикободӣ, машҳур ба Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ мебошад. Имсол ин марди Худо, олим ва донишманди бузурги фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, Ҳазрати Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳулло  ба сини мубораки 80-солагӣ қадам мегузорад. 

Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Раштӣ (Қаротегинӣ) вақте, ки дар Тоҷикистони азиз ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт бо ҳамроҳии бародари донишмандаш Домулло Неъматулло (раҳмати Худо бар ӯ бод) бар зидди хуруҷи бидъатпарастон, муқобили қиёму гирдиҳамомҳои бемаънии наҳзатиён бархоста, аз арзишҳои миллӣ, динӣ, мазҳабии халқи тоҷик самимона аз таҳти дили покашон дифоъ мекарданд. Ин аст, шуҷоат, қаҳрамонӣ ва диловарии мардони Худо дар раҳи ваҳдату якдилии мардум. Онҳо борҳо хостанд пеши роҳи хунрезӣ ва ҷанги бемаънии бародаркуширо бигиранд, вале 100 афсӯс чашми бино кӯр буд, ба қавле қотилу ҷоҳиле суханеро намехостанд шунаванд. 

Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ба гирдоби мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бархурдҳои тамаддунҳо ва вабои терроризму экстремизм, сепаратизм гирифтор гардидааст, мо метавонем аз суханони пурарзишу гуворои Мавлавии Ҳикматулло истифода барем. Маҳз чунин домуллоҳои муҳтарам ва гиромии халқ метавонанд, дар ин ҷаҳонишавӣ миллати тоҷикро ба худогоҳиву худшиносӣ, дифоъ аз арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва диниву мазҳабиямон водор сохта, ҳамчун ҳомиву пуштибони ин арзишҳо бошанд. Маҳз чунин рӯҳониёни пешқадами мо чун Мавлавӣ Ҳикматулло метавонанд дар гул-гулшукуфоии Ватан, миллат ва давлатамон саҳми бориз ва мондагор гузоранд. 

Муҳаммадҷон Сафаров, омӯзгор

 

Чоршанбе, 17 Март 2021 08:52

Усулан намехоҳам ин матлабро нависам. Вале маҷбурам. Виждон маҷбур месозад, ки навис. Воқеан ҳам вақте ману ҳамтоҳоямро мепурсанд, ки фалону бисмадон мақолаи танқидиро бо супориши КИМ навиштӣ, посухи ман яктост:

-Бо супориши Виждон…

Мо Метавонем!

Имрӯз матбуот дар вазъи критик қарор дорад. Наздик ба варшикастагӣ. Масъулин намехоҳанд ё намебинанд ва ё дидан намехоҳанду ШОЯД ҳадафмандона мехоҳанд вазъ ислоҳ нашавад:

- Журналистикаи мо ғайри професионалитар мегардад!!!

 Ва ин боиси таассуф аст. Медонам, чанд шогирд аз ман меранҷанд, чун баҳсро сари профессионализм мекашам, вале охир чунин аст, ки мегӯяму хоҳам гуфт:

-Журналистика БОЯД профессионал бошад.

Дар сурати акс, мо варшикастаем. Зеро дигар дар ҷабҳаву фронтҳои иттилоотӣ бо милтиқ не, дар паси комп, бо килк, клавиатура, мушак-мышка меҷанганд. Далел мехоҳед? Марҳамат. Бубинед, 1 сакалтуе, ки аз журналистика миллиард километр дур аст, ҳамаро ба дод овардааст. Медонед, киро дар назар дорам? Ну, конечно, медонед! 

Ва акнун тасаввур кунед, агар ин «нимамард» профессионал мебуд, ҳоли 1 кишвар чӣ мешуд?

Суол риторикист, албатта…

Суоли дигар ин аст, ки чигуна шудаву мешавад, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти 1 кишвар, ки аз ҳисоби буҷҷаи ҶТ ва Президенти ин кишвар маблағгузорӣ мешаваду пулу пайса мегирад, «вожаварзӣ»-и 1 нафареро, ки на мазҳабаш бо мосту на динаш ва на рафтораш «ба эътибор гирифта», аз Парлумон талаб мекунад, ки унвону рутбаҳоро эрунӣ кунад??? Генералҳо гунду мунд ва вазирон шояд пагоҳ ОХУНД шаванд?!

Журналистикаи мо думболаи авом меравад. Ҳомии мо авомуннос гардидааст. Пайғамбарамон Цуккерберг. 

Журналистони ХЕЛЕ шӯҳратёру боқувват ахиран ба доми таҳқиру дашном фурӯ рафтанд, ки банда низ истисно нестам. Яъне чӣ? Яъне бомбаи гузоштаи акаи Цуккерберг ба кор даромад. Ва ин бомба чӣ қадар давлатҳои мусалмониро кафонду мекафонаду хоҳад кафонид, медонем ва ҳоло боз мебинем: 

-Навбати мо-собиқ республикаҳои СССР дар пеш аст. Осиёб бо навбат…

Акбари Саттор...

Ин номро бояд журналистикаи Тоҷик фаромӯш насозад. Медонам, ки ҳоло гоҳ-гаҳе вирд аст. Аммо баъдаҳу фаромӯш гардид. Имрӯз Ӯро кам касоне мешносанд, ки боиси дастбарсарзаданиҳост!!! Ман имрӯз бисёр меандешам, ки чаро дар ошёни 14-уми ГЖК, рӯзи марги Акбар, моро, чанде аз грантхӯрони сафоратхонаҳои хориҷӣ,  даъват кардаву нахостанд, марги ӯро расонаӣ кунем. Журналистон ёд доранд, ки сӯҳбат сари чист! Душманонаш ҳатто пас аз марг низ бо ӯ ҳарб карданду мо бехабар. Оре, Ӯ суитсид кард. Худкушӣ кард. Вале хидматаш БОЯД қадр гардад.  

 -Акбар ЯГОНА нафаре буд, ки мобайни тилоиро ёфт. Ва агар дигарон фаромӯш кардаанд, ман ёд дорам, ки маҳз бо ибтикори Акбар дар тӯлу вусъати болову поини журналистика, ки Акбар раиси ин Итифоқаш будӣ, нофаҳмиҳо рафъ шуданд. 

-Маҳз Акбар будӣ, ки ҷанги гражданӣ ба ҷанги иттилоотӣ табдил наёфт, мисли имрӯз. 

-Маҳз Акбари Сатттор будӣ, ки ҳар дугунаву сегунаву чанд …гунаҳо сари дастгоҳи таблиғу ташвиқ роҳ набурдандӣ.

-Маҳз Акбар будӣ, ки журналистикаи профессионал ҳузур доштӣ.

-Маҳз Акбар будӣ, ки журналистика мақари ҳомо… ва моно…-сексуалҳо нагардид.

-ва маҳз Акбар будӣ, ки журналистикаи Тоҷик ваҳид ва ЯГОНА будӣ!!!

Хидмате, ки Акбар кардааст, БОЯД ҳатман бо унвони қаҳрамонӣ барои ин миллат баробар дониста шавад. Ва агар ба таҳқиқ бингарем, Мирзо Турсунзода агар хуб хидмате кардааст, барои шӯравӣ кардааст ва баробар ба нисфи хидмати Акбари Саттор барои истиқлолиятхоҳии Тоҷик кардааст ва Акбари Саттор БОЯД қаҳрамони ин миллат буда бошад. Суитсидашро канор мегузорем. Сухан сари сарсупурдагиаш меравад. Мо Метавонем!

Профессионализм

Вожае, ки дар журналистика фаромӯш шудааст… Касбе, ки тақрибан дигар нест! Имрӯз, агар мӯзадӯзеро кироя мекунем, деворзанеро кироя мекунем, найзазану корчазан ва ҳатто сварщик- кафшергареро кироя мекунем, чӯбкореро кироя мекунем…ҳатман маҳсули дастранҷашро мебинем, месанҷем, талаб мекунем, ки дастовардашро ба маъраз гузорад ва сипас бо ӯ шартномае мебандем. Илло журналистика, ки фикр дорем, ҳар актёр, ҳунарманд, сухангӯ, конфронсйе, артист, муаллим, базлагӯ, шоир, адиб, сафсаттагӯй… журналист аст.

 Ва ин аст, ки муаллимину мударрисин, номзади илму доктору профессорҳоро маҷбур мекунем, мақола нависад, манофеи миллиро ҳифз кунад. Барои 1 нимамарде, ки аслану усулан ҷои холие нест, посух гӯяд..

Профессионалҳоро сари кор оред. Ин аввали кор аст. Ҳоло Аврупову Амрико барои мову шумо бомбаҳои иттилоотие гузоштаанд, ки солҳо ба баъд мекафанд, ҳатман мекафанд. Иқболбиҳо оғози коранд. Ман медонам, ки чӣ мегӯям. Мо Метавонем!

Рӯзи касбӣ муборак, бар онҳое, ки дар баробари 1 нимамард азияти лоуболӣ мекашанд…

 

 

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 10:12

Салом аҳли қалами СССР!  Имрӯз илми башарӣ ба авҷи аълои худ расидааст. Инсонҳо ба сайёраҳои дигар мушаку моҳвора мефиристанд, аммо ҷомеъаи мо ва хусусан ҷавонон дар фикри чи гуна риш мондан андармонанд. Мо бояд ба илмҳои дақиқ назари бештар диҳем ва ҷавононамонро соҳиби донишҳои ҳозиразамон гардонем. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки роҳбарияти олии кишвар низ инро ба хубӣ дарк мекунанд ва баргузории озмуни фанҳои дақиқ дар кишвар гувоҳи беҳтаринӣ ин ҳарфҳост. Умедворем, ки ин озмун ситораҳои навро миёни ҷавонони тоҷик ошкор кунад ва мо дар омӯзиши илмҳои дақиқ низ ба қуллаҳои баланд бирасем!                                 

Сайдулло Амонзода, узви ихвон ал СССР.

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 10:08

Президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ҷашни саги зоти алабайро (овчаркаи осиёимиёнагӣ) таъсис дод. Ҷашни саги алабай дар Туркманистон ҳар якшанбеи охири моҳи апрел дар якҷоягӣ бо ҷашни миллии аспи зоти ахалтекинӣ таҷлил мегардад. Бердимуҳаммадов ҳанӯз моҳи ноябр дар Ашхобод ҳайкали тиллоии алабайро ифтитоҳ бахшида, моҳи маи соли 2019 бошад, чунин сагро ба Дмитрий Медведев, сарвазири собиқи Россия ҳадя дода буд.

PS: Таҷлили ҷашни сагу асп албатта кори баде нест, вале кам-кам фикри одамҳоро ҳам бояд кард. Бо вуҷуди ин, Туркманистон чизҳои арзандаи дигар ҳам дорад, ки метавон барои онҳо ҳам ҷашне таъин кард.

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 10:00

 

Ситсилиябону Бакалейшик соли 1911 дар шаҳри Любечи вилояти Чернигови Украина ба дунё омадааст. Ин бонуи ҳушманди яҳудитабор Донишгоҳи Киевро бо ихтисоси эроншиносӣ хатм карда, миёни мардуми эронитабори Маскав ҳамчун Силсилабону маъруф гардид. Силсилабону дар синни 18 солагӣ ба Самарқанд меояд ва дар инҷо бо Абулқосим Лоҳутӣ ошно мегардад. Лоҳутӣ он шабу рӯз мухбири рӯзномаҳои “Правда” ва “Известия” дар Ӯзбекистон буд. Лоҳутӣ ва Силсилабону соли 1930 издивоҷ карда, баъди чанде соҳиби духтарча мешаванду ба ӯ Лайлӣ ном мегузоранд. Лайлӣ низ мисли модараш эроншинос мешавад. Лоҳутӣ ва Силсилабону инчунин соҳиби 1 писар бо номи Гев буданд, ки касби рӯзноманигориро ихтиёр мекунад. Лоҳутӣ ва Силсилабону дар Маскав дар 1  хонаи 1 ҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд ва танҳо соли 1937 бо дахолати бевоситаи И.Сталин, ки бо Лоҳутии инқилобчии интернатсионалист дӯстии бесовита дошт,  соҳиби хонаи бузурге шуданд.

Зиндагии фақирона

   Силсилабону ба тарҷумаи ашъори классикони форсу-тоҷик машғул буд ва “Шоҳнома”-ро аз форсӣ ба русӣ тарҷума менамуд. Лоҳутӣ дар тарҷумаи ҷилди аввали ин шоҳасар ба Силсилабону кӯмак мекард. Барои эҷоди фазои беҳтари корӣ, ин зану шавҳар ба деҳаи Ивановкаи назди Маскав мекӯчанд. Бону ва Лоҳутӣ зиндагии фақиронае доштанд, аммо зани шоир ҳеҷ гоҳ аз вазъи иқтисодиаш шикоят намекард. Рӯзи кории Силсилабону соати 4-5 и субҳ оғоз мегардид ва танҳо шаб поён меёфт. 

Зани Хрушев ва “Шоҳнома”

 Тарҷумаи “Шоҳнома” чандин сол тӯл кашид ва барои чопаш низ дар оғоз иҷозат намедоданд. Аз ҷумла Институти шарқшиносии Академияи улуми Маскав зидди чопи “Шоҳнома”-и Бону буд. Лоҳутӣ ҳатто бо директори ин Институт ҷанҷол ҳам кард. Вале бе натиҷа!

Соли 1955 роҳбари Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неру бо сафари корӣ ба СССР омада, бисёр таассуф хурд, ки ҳатто 1 тарҷумаи русии “Шоҳнома” вуҷуд надорад. Ин суханони Неру сабаб гардиданд, ки ҳукумати советӣ ба чопи “Шоҳнома” иҷозат дод. Ҷилди аввали ин китоб соли 1957 ба чоп расид ва Лоҳутӣ ҳам дар ҳамон сол аз дунё рафт. Ҷилди 2-юми ин шоҳасар бошад, танҳо бо дахолати зани Хрушёв, Нина Петровна рӯи чоп омад.    

Хизмати барҷаста ба адабиёти тоҷику рус

Баъди сари Лоҳутӣ низ ҳамсари бовафояш то охир барои шоир хизмат кард. Силсилабону тамоми асарҳои Лоҳутиро ба русӣ тарҷума карда, мардуми советӣ дар 15 республика бо каломи ин шоири ширинсухан ошно гардид. Дар баробари ин, Силсилабону инчунин ашъори шоирони классикии адабиёти форсу-тоҷик Хайём, Рудакӣ, Румӣ, Саъдӣ ва Ҳофизро аз форсӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Хусусан 38 рубоии Хайёмро хеле зебо тарҷума намуд. Ин китоб дар Тоҷикистон ба нашр расид, вале бисёр камчин буд. Тарҷумаи “Найнома”-и Маснавӣ низ яке аз корҳои шоистаи Силсилабону ба шумор меравад. 

  Умуман хизматҳои ин бонуи гиромӣ дар рушди адабиёти мо бисёр беназиранд. Маҳз ин хизматҳояшро ба инобат гирифта, дар Тоҷикистон ба ӯ унвони Ходими шоистаи фарҳанги РСС Тоҷикистон дода шуд. 

Силсилабону моҳи январи соли 1998 дар Маскав даргузашт ва ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. 

 

Зокирҷон Бобоев, махсус барои СССР

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:39

 

Чоршанбе, 10 Март 2021 09:34

саҳ 5 аз 9

Китобҳо

Flag Counter