ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Апрел 2021 09:10

Аз 1 то 30 апрели соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии “Global Money Week-2021” моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.

Шарикони ин маъракаи таълимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказҳои таълимии “Илмхона”, “Сириус”, “Арт-Дошан-Студия” Фонди хазинавии ҳамкории байналмилалии Олмон, ширкатҳои “Сиёма”, “Алладин”, “Абдулло-медиа”, “Рахш-Такси” ва Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шарики рақамӣ ва медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс” шарики иттилоотӣ мебошанд.

Маъракаи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.

“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” - шиори расмии Global Money Week-2021 аст. Ин шиор ҳадафҳои асосии маъракаи Global Money Week-2021-ро инъикос намуда, кӯдакон ва ҷавононро на танҳо барои тақсимоти оқилонаи буҷаи худ водор мекунад, балки дар интиқол додани дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёни худ ба онҳо кумак мекунад. Илова бар ин, шиори “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд.

Дар доираи баргузории маъракаи Global Money Week-2021 давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур боздид аз осорхонаи БМТ ва иншоотҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми як моҳ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва радиои «Азия-Плюс» барномаи «Даромади дастрас»-ро роҳандозӣ мекунанд, ки он дар як рӯз 4 маротиба, соатҳои 07:23, 10:23, 14:23 ва 17:23 пахш мешавад.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон мактаббачагону донишҷӯёни ҳавасмандро барои иштирок дар озмунҳои зерин даъват мекунад:

1. Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;

2. Озмуни видеои беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;

3. Озмуни беҳтарин флеш-моб (челленҷ) дар мавзӯи саводнокии молиявӣ.

Маълумоти бештарро аз суроғаи зерин метавонед дастрас намоед: http://nbt.tj/tj/Protection/konkursy.php

Ба рақами +992000002020 дар Viber, Telegram, Whatsapp нависед ё занг занед;

Маводҳо барои озмун бояд тариқи Viber, Telegram, Whatsapp бо рақами +992000002020 ё ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол карда шаванд.

Оид ба ҳамаи чорабиниҳое, ки дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, аз саҳифаҳои иҷтимоии мазкур маълумоти бештар метавонед дастрас намоед:

www.fb.com/fingramtj, www.t.me/fingramtj, www.ok.ru/fingramtj,

www.instagram.com/fingramtj

 

Мутобиқ намудани ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ

2 апрели соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии “Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” баргузор гардид. Муаррифии мазкур бо ташаббуси Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавии кишвар доир гардида, дар он ба иштироккунандагон тарзи пешниҳоди ҳисобот тибқи талаботи тартиби мазкур омӯзонида шуд.

Тартиб бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2020, №135 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020, №1042 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуҷҷати мазкур дар низоми суғурта аввалин бор таҳия шуда, минбаъд раванди ҳаракати сармояи худии ташкилотҳои суғуртавиро дар бозори суғурта тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим медарорад.

Санади мазкур бо мақсади таъмини сатҳи ҷоизи пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия гардида, минбаъд он ба ҷобаҷогузории дурусти дороиҳо, пешгирӣ намудани хароҷотҳои беасос ва шустушӯи пул тавассути ташкилотҳои суғуртавӣ, зиёд гардидани сармоягузориҳои низоми суғурта дар бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ ва дар ин замина зиёд намудани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.

Семинари омӯзишии мазкур дар фазои озоди баёни ақидаву пешниҳодҳо барпо гардида, масъалаҳои муҳими ҷойдошта байни намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ ва мутахассисони Идораи назорати суғуртавӣ муҳокима карда шуданд.

 

Ташрифи намояндагии ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” ба Бонки миллии Тоҷикистон

Дар мулоқоти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad”-и Малайзия таҳти роҳбарии муассис ва мудири иҷроияи ин ширкат ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло, ки 12 апрели соли 2021 баргузор гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди он мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд. 

Дар ибтидо Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ ва бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ шинос намуда, ҳавасмандии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти роҳандозии ҳамкории судманд бо сармоягузорон ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба низоми бонкии кишвар иброз намуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.

Ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии бонки рақамӣ (digital banking) ва таъсиси платформаи содирот ва воридоти байни кишварҳои ACEAN ва Осиёи Марказӣ иброз намуд.

Ҳамзамон номбурда таъкид бар он дошт, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” дар баробари таҳкими рушди тиҷорат, инчунин омода аст, ҳамкории густурдаро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда, ба ин васила барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкии кишвар, инчунин рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар вохӯрии мазкур инчунин, намояндаи ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Моҳд Файзал бин Юсуф, мушовири ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Абдумаҷид Тиллоев, мутахассисони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Ахмедова, Лоиқ Саидзода ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” яке аз ширкатҳои рушдёфта ва бонуфузи Малайзия маҳсуб ёфта, дорои зиёда аз 30 ширкате мебошад, ки дар 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, ИМА ва ғайра дар самтҳои муҳандисӣ, технологияҳои компютерӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва ғайра фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Инчунин, таъсиси корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маблағи он беш аз 200 млн. дол. ИМА-ро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намуда, дар лоиҳаи “TAPI”-и Ҷумҳурии Туркманистон яке аз паймонкорони асосӣ ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:47

 

Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии зебоманзари Ҳисор ҷойгир гардида, таърихи чандинасра дорад. Аввалин зикри катбии комилан тасдиқ шуда бобати Душанбе ба  асри XVII таалуқ дошта, дар китоби олими балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ “Баҳр-ул-хавофӣ фи маноқибил айёр” оварда шудааст. Инчунин соли 1676 хони Балх бо номи Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи рус Федор Михайлович мактубе навишта, дар он Душанберо ҷузъи қаламрави худ унвон мекунад. Аммо бозёфтҳои бостоншиносон дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Душанбе собит карданд, ки таърихи ин мавзеъ ба қарнҳои IV-V-и милодӣ мерасад. 

Водии Ҳисор аз замони Кушониён то истилои муғул дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи “Шумон” ёд шуда, Душанбе ҷузъи ин минтақа ба шумор мерафт. Аз асри XIV ба баъд “Шумон” ба Ҳисор тағйири ном карду онро водии Ҳисори Шодмон меномидагӣ шуданд. Душанбе аз охири асри XIV шомили бекигарии Ҳисор мегардад. Мутаасифона бо сабаби ҷангҳои дохилӣ Душанбе дар асри XIX 2 маротиба хароб карда шуд. Бори аввал дар соли 1840 аз тарафи беки дарвоз Исмоилхон ва бори дуввум аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кӯлоб Мизробшо. Бо ҳамин Душанбе шукӯҳи қаблиашро аз даст дод, аммо чун маркази муҳими интиқолӣ боқӣ монд. 

 Пойтахти мо-Дюшанбе!

Қабл аз омадани русҳо дар ҳудуди Душанбеи имрӯза чанд минтақаи маскунӣ вуҷуд дошт. Дар соҳили чапи дарёи Душанбе деҳаҳои Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Миршикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поин, Қарамишкор, Чармгарон ва Заргар вуҷуд доштанд. Деҳаи Душанбе миёни онҳо аз ҳама бузург буда, 500 хоҷагӣ дошта, аҳолии он аз 6 то 8 000 нафарро ташкил медод. 

Душанбе бори аввал дар соли 1907 пойтахти ғайрирасмии бекигарии Ҳисор гардид. Дар он сол, дар Қаратоғ заминларзаи сахт ба вуқӯъ пайваста, беки Ҳисор барои таъмини амнияташ бо аҳлу аёлаш ба Душанбе кӯчид. Моҳи феврали соли 1920 бошад Душанбе барои чанд моҳ пойтахти аморати Бухоро гашта, амир Олимхон бо дарбори фирориаш онҷо маскан гузошта буданд. 

Соли 1921 нерӯҳои Артиши Сурх амирро аз Душанбе меронанд ва ин деҳаи хурд ба яке аз марказҳои ҷанги гражданӣ дар Бухорои Шарқӣ табдил меёбад. Моҳи феврали соли 1922 қурбошиҳои Бухорои Шарқӣ Душанберо ишғол карданд ва он 2 бора ба пойтахти Қурбошиобод мубаддал гардид. Аммо 14 июли соли 1922 Артиши Сурх бори дигар Душанберо ишғол намуд ва қурбошиҳо фирор карданд. 

1 сентябри соли 1922 ба ин деҳаи водии Ҳисори Шодмон Комиссия Фавқулоддаи Диктаторӣ ташриф оварда, Душанберо ба ҳайси маркази маъмурии худ интихоб намуд. Аъзоёни русзабони ин Комиссия, Душанберо-Дюшанбе талаффуз мекарданду ҳамингуна менавиштанд. Бо ин тартиб, Душанбе аз соли 1924 то соли 1929 расман Дюшанбе номида мешуд. Аммо мардуми маҳаллӣ онро ҳамонгуна Душанбе меномиданд.

 Аз Дюшанбе то Сталинобод

Нақши Душанбе баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон боз ҳам баландтар гардид. 5 феврали соли 1925 аввалин ҳокимияти расмии кишвари навтаъсис-Кумитаи инқилобии ҶМШТ вориди Душанбе шуд. Душанбеи он шабу рӯз вазъи бисёр ногувор дошт.

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:40

 

15.04.1919. Туфони инқилоби болшевикӣ дар Россия ба соҳили Ирландия ҳам расид ва графигарии Ламерики ин ҷазира Ҷумҳурии шӯравии Ламерик эълон карда шуд.

15.04.1952. Бо қарори Раёсати ШО РСС Тоҷикистон деҳаи Ҷиҷикруди ноҳияи Айнӣ ба поселкаи типи шаҳрии Зарафшон тағйири ном кард. Бештари аҳолии ин деҳаро коргарони кони Сарвода ташкил медоданд. 

16.04.1917. Сарвари ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин аз муҳоҷират бозгашт ва дар вокзали Финии Петроград аз тарафи мардум васеъ истиқбол гардид.  

16.04.1922. СССР ва Олмон дар рафти Конфронси Генуэз дар шаҳри Рапаллои Италия созишномаи дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо расонида, муносибати дипломатиро байни ҳамдигар барқарор карданд. 

16.04.1926. Дар Душанбе, Анҷумани I-уми Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон доир гардид.

16.04.1938. КИМ ва ШКХ-и РСС Тоҷикистон Қарор “Бобати ҷорӣ кардани таълими ҳатмии забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ”-ро ба тасвиб расонд.

17.04.1937. Дар Намоишгоҳи умумуҷаҳонии Париж, ки дар пойтахти Фаронса баргузор мешуд, консерваҳои зардолуи истеҳсоли Хуҷанд соҳиби мукофоти аввал гардиданд. Маҳсулоти абрешимии Комбинати абрешимии шаҳр ва маҳсулоти кандакорӣ дар чӯб бошанд, соҳиби Дипломи дараҷаи аввал ва Медали калони тиллоӣ шуданд.    

17.04.1941. Артиши Югославия санади таслими комили худро дар рафти Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба имзо расонид. Амалиёти Югославия барои 6 моҳ “Барбаросса”-ро ба таъхир андохт ва “блитскриги” немисҳо дар СССР ба ҳадаф нарасид. 

17.04.1967. Дар Душанбе-пойтахти РСС Тоҷикистон аввалин пойгаи  дучархасавории (велосипед) бисёррӯза доир гардид. Масофаи ин пойга 780 км-ро ташкил медод ва иштирокчиёни ин пойга ин масофаро дар чанд рӯз тай мекарданд.

18.04.1922. Дар Маскав дастаи футболи МКС таъсис дода шуд. Ин даста баъдан чандин бор тағйири ном кард ва имрӯз бо номи “Спартак” (дастаи футбол, Маскав) дар чемпионатҳои футболи Россия баромад мекунад..

 18.04.1939. Дар Сталинобод корҳои сохтмонии хатти фозилоб (канализатсия) оғоз гардиданд.

19.04.1948. Дар Маскав Анҷумани I-уми оҳангсозони СССР доир гардид. 

19.04.1970. Дар СССР аввалин автомобили “ВАЗ-2102» сохта ва пешкашӣ рӯзноманигорон гардид. Аз ин рӯз “ҳаммосаи Жигулӣ” дар СССР оғоз ёфт.

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:37

 Мирзошо Искандар, сокини ш.Душанбе, бо телефони 2385556 ба мо занг зада, аз мушкилоти бекорӣ ва фарҷоми бади ин падида шикоят кард. 

   - Ман 34 сола буда, то ба ҳол дар ҷое ба таври ҳамешагӣ кор накардаам. Солҳои қабл ба муҳоҷират мерафтам, аммо бо сабаби ин бемории ҳамагир зиёда аз 1 сол комилан бекор мондаам. Падидаи бекорӣ бисёр падидае бад аст ва дар ин касе шубҳа надорад, аммо ба ғайр аз зарари иқтисодӣ ба буҷаи хонадон, ин падида ба руҳу равони инсон ҳам таъсир мегузорад. Одам аз бекорӣ тамбал мегардад. Дигар хуши кор кардан ҳам дар инсон гум мешавад. Шояд ман иштибоҳ кунам, аммо худам айнан ба чунин ҳолат гирифтор шудаам. Агар дар кишвари мо илми равоншиносӣ ин падидаро таҳқиқ намояд, шояд зарарҳои дигари он низ ба рӯҳу равони инсон ошкор гарданд. Ба ҳар ҳол, ба ҳамаи ҳамдиёрон орзуи кор ёфтанро мекунам ва умедворам, ки ин падидаи шум аз канори шумо дур гардад. 

 

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:33

 Шарифмоҳ Собирова, сокини н.Рудакӣ ба мо занг зада (тел: 935757528) гуфт: 

   - Чанд шумора аст, ки дар саҳифаи раисони газета, бобати ин ё он иншоотро сохтани раисони муҳтарам, маълумот чоп мешавад. Росташ, маълумоти пешкашкардаи газета дар зеҳни ман ва зеҳни чанд дӯстонам саволеро ба миён овардааст, ки ин раисону генералҳо иншоотҳои худро аз кадом ҳисоб месозанд? Оё аз ҳисоби моҳонаашон ё аз даромади соҳибкориашон? Гарчӣ ба шунидаи ман, кормандони давлатӣ ҳаққи фаъолияти соҳибкориро надоранд. Бинобар ин, аз кормандони газета хоҳиш доштем ба ин масъала рӯшанӣ андозанд.

Аз СССР: Хонандаи гиромӣ! Аз таки нохун чирк наҷӯед. Раису вазиру масъуле, ки месозад, барои кӯдакони ману шумо месозад ва бигзор созад! Чӣ шумо мехоҳед, ки онҳо насозанд? Гуфти бобои Ғулом «и тари бадам не-да!».

 

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:28

Салом ба аҳли қалами СССР! Ман санаи 31.03.2021, тақрибан соати 20 тавассути бонкомати бонки «Эсхата» 10 сомонӣ пул гузаронидам. Аммо ҳамон лаҳза барқ дар бонк хомӯш шуду пули ман ногузашта монд. Ман санаи 1.04.2021 ба рақамҳои 808 ва 44600060 занг задам, аммо ин рақамҳо кор намекарданд. Ҳол он, ки ин рақами телефони бонки «Эсхата» мебошанд. Ҳамон рӯз падарам ба бонки «Эсхата» рафтанду сабаби нагузаштани маблағро пурсиданд. Корманди бонк, ки номаш Масрур будааст, гуфт, то соати 17:00-и 01.04.2021 мегузарад, вале маблағи мо нагузашт. Ман то имрӯз чанд бор шоҳиди муомилаи дағали кормандони бонки «Эсхата» будам. Оё роҳбарияти ин бонк дар мавриди бадмуомилагии кормандонаш андеша надорад?

Маликов Зариф, д. Ғусори ш.Панҷакент, тел: 927909354

 

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:26

- Салом ба СССР-и азиз! Нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар 2 рӯз пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон то ба 65-70 сомонӣ баромад. Рӯзи якшанбе, 11.04.2021  килои гӯшти гов дар бозори «Меҳргон» 62-65 сомонӣ нарх дошт. Ман намедонам ин Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ба куҷо нигоҳ мекунад? Ин Хадамот кайҳо собит кардааст, ки аз ӯҳдаи танзими нарх дар кишвар намебарояд, оё фаъолияти минбаъдааш ба мо лозим аст?

Дигар ин, ки биёед, дӯстон ҳамакаса аз харидани гӯшт даст кашем. То мо нахарем, савдогар кай мефурӯшад? Мо, ки нахаридем, нархи гӯшт ҳатман коҳиш меёбад, зеро хусусияти зуд вайрон шуданро дорад. Ба ҷойи гӯшти гову гӯсфанд гӯшти мурғ бамаротиб муфидтар аст, зеро сабук буда, тез ҳазм мешавад. Инчунин, ба ҷойи гӯшти гов аз маҳсулоти донагӣ-нахӯду лӯбиё бештар истифода кунем, чунки аз рӯи ғизонокӣ донагиҳо аз гӯшт дида, зиёдтар колория доранд.

Замира Додова, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 21 Апрел 2021 08:18

Фарзанди касон намекунад фарзандӣ,

Гар тавқи тило ба гарданаш барбандӣ!!!

Қаҳрамони имрӯзаи мо дар амал собит намуд, ки муаллифи ин шоҳбайт 100% номаъқул кардааст. Вале биёед аз оғоз гирем…

Дар оғоз гуфтаниям, ки қаҳрамони матлаб ҳатман аз ман хафа мешавад, малӯл мегардад. Зеро Тоҷики асил асло намехоҳад, вежагияш фош гардад. Ин аст, ки гӯйи сабқатро дар ин маврид ба…араб додаем! Арабҳо модарро ингуна иззат мегузоштанду падарро унгуна ҳурмат ва ғ. ва ҳ. Чун сухан сари ҳурмати модар рафт, қиссаи пафосе аз Султон Увайси Қаранӣ меорем (коротко):

-Модари Султон Увайс об гуфту писар об овард, ки модарро хоб бурдааст. Ташти об дар даст ӯ то саҳар рӯи болини модар истод. Модар саҳар бархоста дид, ки аз сардӣ об ях кардаву писар 1 қадам аз ӯ дур нарафтааст…Садоқати Султон Увайс бар модар…

Ва намозгузорон сари ин…сафсатта гиряву фиғон мекашанд. Чаро сафсатта гуфтем?

1.Агар об ях кунад, пас модари ин бузургвор бояд ким-кайҳо аз хунукӣ мефавтид;

2.Об, ки ях кард, худи Султон Увайс низ ақаллан касал мешуд;

3.Ва аз ҳама охир-дар қораи араб Об Ях намекунад. Зеро ин мавзеъ ба Африқо дохил мешавад. Ҳоҷиён ин моҷароро нек медонанд.

Барои исботи ин гуфтаҳо аз ГУГЛ далел орам? Марҳамат (бо русӣ, ки фикр накунед, мисли муллоҳо худам онро бофтаам):

-Климат средней и южной частей полуострова-тропический пассатный. Температура января от 14 °C (Эр-Рияд) до 24,8 °C (Аден), июля до 33,4 °C (Эр-Рияд), максимальная температура до 55 °C. Климат Аравийского полуострова является одним из самых жарких на планете.

А, об дар кадом дараҷа ях мекунад, оё муллоҳои дурӯғмавъиза медонанд? Агар не, пас ба ин факт таваҷҷӯҳ куне(ан)д:

-Считается, что при нормальном давлении и наличии небольшого количества примесей вода начинает переходить в состояние льда при 0 градусов.

Яъне агар температураи хонаи Султон Увайс дар Қаран ба ҳадди ниҳоии пасттарини сардӣ ҳам мефаромад (+14) оби дар дасташ буда, ҳаргиз ях намебаст!!!

Умуман, шахсан ман вақте мавъизаҳои уламои рӯҳониро мешунавам, мегӯям, Худоё, наход дар тӯли 1400 сол бидуни ҳамун 6-7 нафар саҳобаву 4 тан аз хулафои рошиддин, дар ин дин дигар 1 нафаре зуҳур накарда бошад, ки муллоҳои мо роҷеъ ба ӯ қиссае кунанду дили муслиминро ба дини ислом гарм?

Фарзи мисол, қаҳрамони матлаби ман, Ғиёсиддин Достиев, ки дар ш. Кӯлоб бо тахаллуси Бобоҷон маъруф аст (абераи эшони Ғиёсиддини Эшон-бала), беҳтарин намунаи фарзанд аст ва на танҳо дар ин водӣ, ки дар тамомии Тоҷикистони азиз, ки метавон иззату эҳтироми волидайнро аз ӯ омӯхту Ӯро дар масҷиду мадорис бо мавъизаҳои пучу бепояи а ля арабӣ не, ки сирф Тоҷикӣ ва бо далелҳои муосир таблиғ намуд. Хуб Ғиёсиддин чӣ кардааст?

Вазифаи фарзандиро комилан иҷро мекунад ва ҷое лаб ба шиква намекушояд.

Дар мавзеъе, ки ӯ ба сар мебарад, 1 сирри Ғиёсиддин (он же Бобоҷон)-ро ҳама медонанд. Вале намегӯянд. Ман мегӯям. Мо Метавонем!

Бобоҷон (он же Ғиёсиддин) фарзанди биологии ин хонадон нест. Яккаписарест, ки гирифта тарбияташ кардаанд. Вале ӯ ба падару модар онгуна содиқона хидмат мегузорад, ки ягон писари хунӣ бо шумули ҳамон Увайси Қаранӣ низ накардааст!

Сухан сари он меравад, ки падари Ғиёсиддин маризи бистарист. Солҳост, ки хоб аст. Инсулт ва паралич. Ва аммо нозу нуз (чунин касалмандон сахт инҷиқ  мешаванд), фармоишу дархости падарро Ғиёсиддин бо ҷону дил иҷро мекунад. Ва агар меҳмони ин хонадон шавед, мебинед, ки мӯйи сару риши падар ҳамеша тарошидаву ороишзадаанд. Либоси шинам, ҷойхоби пари қӯ, дастурхони тамиз, хӯрду хӯроки шоҳона муҳайёст. Ва фикр накунед, Ғиёсиддин ягон вазифаи баланди давлатӣ дорад. Ӯ таксӣ мезад. Чаро мезад? Зеро мошинашро ҳам фурӯхт, то…Модарашро, ки низ чанде пеш сахт мариз шудаву аз пой уфтод, ҷарроҳӣ кунад.

Шумо чанд фарзанди биологиро во хӯрдаед, ки барои волидайн охирин дороӣ-мошинро фурӯхтаву харҷи беморӣ ва темори волидайн созад? Ман надидаам. Бидуни Бобоҷон фарзанди содиқе то ҳол вар нахӯрдаам ва (бигзор писаронам аз ман наранҷанд, вале) борҳо орзу кардаам, ки кош фарзандони ману мо низ мисли Ғиёсиддин падариззатгузори модардӯстдор бошанд…

Воқеан ҳам Ғиёсиддин Достиев чанд сол қабл вазифачае ҳам дошт. Раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳр буд (ҳамин аст, ки ӯро ҳама ҷавонони кӯлобӣ нек мешносанд). Чун ҷавонмард ва яфоқа буд, маъракаи даъват ба Армия дар ин минтақа 100% ва бидуни «облава» хатм мешуд. 3 сол аст, ки ӯ кор намекунад ва  ва 6 даъват аст, ки Кӯлоб нақшаи сафарбариро ё иҷро намекунад ва ё танҳо тавассути «облава», ки ҷои мулоҳиза низ ҳаст: сари кор бояд ҷавонони лидер оянд! Вале чаро аз кор рафт? Боре дар сӯҳбат бо раиси Кумита гапаш гурехт, наёрист таҳқирро таҳаммул кунад, аз толор, ҷавонмардона баромада, истеъфо доду рафт. Шояд пушаймон бошад, ки чунин рафтор намуд. Вале дар умқи дил медонад, ки ҷавонмарде чун Ӯ дигар хел рафтор карда ҳам наметавонист, ки инро дар Душанбе кам касоне дарк мекунанд. Барои дарки ин рафтор БОЯД Ғиёсиддин буд!

Чаро ин қиссаро ин ҷо коридам? Аслан на барои он, ки Ғиёсиддин ҳамноми бобои олирутбаам асту худаш ҷиянам. Балки барои он навиштам, ки чанде пеш меҳмони ӯ шудаву бо чашми сар дидам, ки бо 1 даст падарро хӯрок медоду нозу нузашро мевардошт ва бо дасти дигар сари модарашро сила менамуд; Сари модареро, ки баъди ҷарроҳӣ, зери таъсири наркоз ҳазён мегуфт ва 4 духтарчаи хурдсолаш гирдаш чун 4 ҳурри биҳишт дар парвоз буданд… 

  Мақсади матлабро нафаҳмидӣ хонанда? Ғиёсиддин писар надорад. Биёед дар ин даҳаи Раҳмати Рамазони Шариф ҳамагӣ даст ба дуо вардорем, то Бузургтарин Фарзанде, ки шахсан ман дидаам, яъне Эшони Ғиёсиддин (он же Бобоҷон) соҳиби писар гардад, то мисли бобокалони Бузургаш (Эшони Бала) ва падари Бузургвортараш (Бобоҷон) номбардори авлод ва ангуштнамои ҷамъият буда бошад. Омин ё раббулоламин!

Рамазон муборак!!!

 

 

саҳ 4 аз 10

Китобҳо

Flag Counter