ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Апрел 2021 12:06

 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 12:03

“Сайёраи мо зебост, бениҳоят зебо! Агар ҳама одамон Замини моро аз кайҳон медиданд, ба назари ман мо ҳеҷ гоҳ ҷанге намедоштем” 

Солеҳҷон Шарипов, кайҳонаварди тоҷик

 “Ҳафтгонаи Меркурий”

Фатҳи кайҳон барои инсоният қадами ҷадиде дар тасхири табиат гардид ва баъди баромадан ба фазо, инсон аз нигоҳи илмӣ низ ба рушди бесобиқа расид. Имрӯз қариб тамоми дастовардҳои илмии бани башар, аз алоқаи мобилӣ гирифта, то интернет ба кайҳон бастагӣ доранд. Солҳои тӯлонӣ тасхири кайҳон ба масъалаи доғи сиёсӣ низ табдил гардида, асоситарин майдони рақобат миёни абарқудратҳои вақт, хусусан СССР ва ИМА ба шумор мерафт. Дар авохири солҳои 50-ум ҳарду абарқудрат ба фиристодани одам ба кайҳон омодагӣ мегирифтанд. Дар ИМА ин корро хеле ҷиддӣ гирифта, 1 октябри соли 1958 агентии NASA-ро таъсис доданд. Аввалин барномаи агентӣ "Меркурий" ном гирифта, ҳадафи асосии он парвози одам ба кайҳон буд. Амрикоиҳо барои парвози кайҳонӣ аз миёни садҳо ҳавонавард-озмоишгар танҳо 7 нафарро интихоб карданд. Ин 7 нафар кайҳонаварди оянда дар ИМА "Ҳафтгонаи Меркурий" ном гирифта, дарҳол дар сар то сари ИМА машҳур шуданд. Дар СССР бошад, кайҳонавардони ояндаро аз миёни сарнишинони қиркунандаҳо интихоб карданд. Ин қарори Сергей Королев буд, зеро ин олими шӯравӣ ақида дошт, ки ҳавонавардони тайёраҳои қиркунанда аз маҳорат ва таҷрибаи бештар бархурдоранд.

Аз “Восток” то “Восходу” “Союз”

Дар муваффақияти парвози кайҳонӣ нақши худи киштӣ бениҳоят муҳим аст. Аввалин киштии кайҳонии СССР “Восток” номгузорӣ гардида, зери роҳбарии Сергей Королев тарроҳӣ шуда буд. Ин киштӣ танҳо 1 сарнишин дошт. 

3 апрели соли 1961 дар СССР Раёсати КМ қарори парвози инсонро ба кайҳон имзо намуд ва 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷоза дода шуд ва супоришҳои кайҳонаварди оянда муаян гардиданд. Королев Юрий Гагаринро интихоб кард. Гагарин мебоист дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин давр зада, имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус дар фазои кайҳонӣ муаян мекард. 

Билохира, лейтенант Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии "Восток-1" 12 апрели соли 1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад ва 1 соату 48 дақиқа гирди Замин парвоз кард. Парвози 2-юми “Восток” 6 августи соли 1961 ба вуқӯъ пайваст. Дуввумин шуда Герман Титов бо киштии “Восток-2” ба фазо баромад ва 1 шабонарӯзу 18 дақиқа дар фазои кайҳонӣ парвоз кард. Баъд аз ӯ, Андриан Николаев, 11.08.1962 дар “Восток-3”, Павел Попов, 12.08.1962 дар “Восток-4” ва Валерий Биковский 14.06.1963 дар “Восток-5” ба фазои кайҳонӣ баромаданд. Давраи “Восток”-ҳоро “Восток-6” бо сарнишинии Валентина Терешкова хатм мекунад. 

Терешкова, аввалин зан кайҳонавард дар ҷаҳон гардид ва 16.06.1963 ба фазои кайҳонӣ баромад. Парвози Терешкова 2 шабонарӯзу 22 соату 50 дақиқа идома дошт. Соли 1964 киштии кайҳонии “Восход” сохта шуд. “Восход-1” киштии кайҳонии чандсарнишин буда, бори аввал бо 3 кайҳонавард, Владимир Комаров (фармондеҳи киштӣ), Константин Феоктистов (кайҳонавард-таҳқиқотчӣ) ва Борис Егоров (табиб) ба фазо баромад. Парвози “Восход-1” як шабонарӯзу 17 дақиқа идома ёфт. “Восход-2” 18 марти соли 1964 бо сарнишинии кайҳонавардон Павел Беляев ва Алексей Леонов парвоз кард. 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:57

8.04.1918. Дар РСФСР парчами се рангаи Россияи подшоҳиро бо парчами сурх ҷойгузин карданд.

8.04.1928. Дар СССР бо қарори КИМ калисо аз мақоми шахси ҳуқуқӣ маҳрум карда шуд.  

8.04.1966. Леонид Брежнев котиби генералии КМ КПСС интихоб гардид. Брежнев бо ҳамроҳии аъзоёни дигари КМ тавассути кудато Хрушевро аз қудрат сарнагун карданд.   

9.04.1923. Артиши Сурх дастаҳои қурбошӣ Холбуттаро дар болооби дарёи Зарафшон торумор намуд ва дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳокимияти шӯравӣ барпо карда шуд. 

9.04.1932. Дар сохтмони канали калони Вахш, ки бо “Вахшстрой” маъруф буд, аввалин куби бетон рехта шуд. 

10.04.1919. Дар ин рӯз, аввалин шумораи маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб” ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин маҷалла, ҳафтае 1 маротиба чоп шуда, нақши зиёде дар фазои фарҳангии Бухоро ва Тошканд ифо мекард. 

10.04.1930. Аввалин барномаи Радиои Тоҷикистон ба эфир баромад. 

10.04.1933. Дар шаҳри Ленинград Конфронси омӯзиши захираҳои табиии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Конфронс то 16 апрел идома дошта, дар рушди иқтисодии Тоҷикистони шӯравӣ нақши бисёр муҳим бозид.  

11.04.1929. Нерӯҳои Артиши Сурх дар Қаротегин амалиётро алайҳи дастаҳои Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат оғоз намуданд. Баъди чанд даргирӣ 3 май дастаи Фузайл Махсум ва 27 май дастаи Кӯри Шермат торумор гардида, дар Ғарм бори 3-юм ҳокимияти шӯравӣ барқарор карда шуд.   

12.04.1941. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав аввалин Даҳаи адабиёт ва ҳунари РСС Тоҷикистон доир гардид. 

12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳонӣ. Ин парвоз тавассути кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии “Восток” доир гардид. 

13.04.1925. Дар Тоҷикистони мухтори шӯравӣ муассисоти (институти) оқсақолҳо, минбошиҳо ва амлакдорон барҳам дода мешаванд. Аз ин ба баъд, мардум даъвоҳояшонро дар додгоҳи шӯравӣ анҷом медоданд. 

14.04.1951. Филиали тоҷикистонии АИ СССР ба Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон табдил дода шуд.  

14.04.1952. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО дар назди Шӯрои шаҳри Қайроққум шаҳраки Олтин-Топкан бунёд карда шуд. Ин шаҳрак дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дошта, имрӯз Зарафшон ном дорад.  

14.04.1978. Иҷлосияи VIII-уми ғайринавбатии ШО РСС Тоҷикистон, Сарқонуни нави кишварро қабул кард. Дар Тоҷикистони шӯравӣ ин 3-юмин Сарқонун ба шумор мерафт. 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:54

 

Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Хатлон мақолаи дар  шумораи  №6 (647)-и СССР, аз  санаи 11- феврали  соли 2021  бо номи «Ёвон: сиёсати ғалат дар бахши муҳити зист» нашр шудааст, дар маҷлиси васеи худ  бо иштироки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон И.Шарипов ва дигарон мавриди баррасию  таҳлили амиқ қарор дод.

Гурӯҳи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар раванди санҷиш муайян намуд, ки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон Мирзоалӣ Азизов, Сафармурод Нуралиев, Сафарбек Саидов, Миралӣ Забиров ва Гулҷаҳон Раҳмонова бо хоҳиши худ ариза навишта, аз кор озод шудаанд.  Ҳангоми пурсиш ва суҳбат бо кормандони болозикр муайян гардид, ки аз мудири бахш И.Шарипов шикоят надоранд. Онҳо иброз доштанд, ки аз онҳо иҷрои вазифаҳо дар доираи дастурамали коргузорӣ талаб карда мешуд. Дар ин хусус онҳо баёноти хаттии худро пешниҳод намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки муаллифи мақолаи  «Ёвон: сиёсати ғалат дар бахши муҳити зист» Сафаралӣ Бекмонов доир ба ин масъала бе далелҳои собиткунанда нисбат ба мақомоти ҳифзи муҳити зист эродҳо манзур намудааст, ки  ин амал метавонад ба нуфузи мақомот ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар  самти ҳифзи муҳити зист таъсири манфӣ расонад. Бояд зикр намуд, ки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон И.Шарипов дар асоси Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии  (ротатсия) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти ҶТ аз 22-июли соли 2019, №1328 тасдиқ шудааст, бо Фармоиши Раиси Кумита аз 11 октябри соли 2019, №72 бо тариқи ҷойивазкунӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ёвон таъин гардидааст. Чунин ҷойивазкуниҳо дар мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ҷайҳун, Н. Хусрав ва Кӯшониён амалӣ гардидаанд.

Ш.Мусозода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:53

Сабоҳат Вазирова, сокини ш.Душанбе ба мо занг зада (тел:2385556) гуфт: 

   - Ман 1 зани хонанишин ва соҳиби 4 фарзанд мебошам. Шавҳарам танҳо кор мекунад ва бори зиндагиамон бо музди меҳнати он кас мечархад. Ношукрӣ намекунам, аммо зиндагӣ рӯз ба рӯз мушкилтар шуда истодааст. Нарху навои бозорҳои мо аз Маскаву Вашингтон ҳам гаронтар шудаанд. Хусусан дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва боз мардум гап-гап доранд, ки нархҳо қиматттар хоҳанд шуд. Оё дар ҳукумат касе ба масъалаи нарху наво расидагӣ мекунад? Албатта, бозор озод аст, аммо ин савдогарҳои мо заррае инсофу виҷдонашон намондааст ва танҳо бо роҳи фишор мешавад ба онҳо чизеро талқин кард. Тоҷикистон шаҳри бедарвоза нест-ку?!

 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:47

 Анвар Каримов, сокини ш.Душанбе бо мо занг зада (тел: 2385556) гуфт: 

   - Ман 1 муҳоҷири кориам ва қатори садҳо ҳамватани дигар, бо машаққати зиёд барои рафтан ба Россия чиптаи ҳавопаймо харидам. Аммо парвози мо доир нагардид. Аниқтараш моро, ки шаҳрванди Тоҷикистон будем, шаби 02.04.2021 ба тайёра роҳ надоданд. Парвоз танҳо ба шаҳрвандони Россия иҷозат дода шуд. Охир ин чи муносибатест, ки шарики стратегии мо бо шаҳрвандони кишвари иттифоқчиаш раво мебинад?

Масъулини муҳтарами мо низ бояд мардумро аз ин иқдоми тарафи русӣ огоҳ карда, азоби мусофиронро камтар менамуданд. Аммо онҳо билет фурӯхтаву ҳамён варам карданд. Муҳоҷирон, ҳамоно беҳуқуқтарин шаҳрвандон боқӣ мемонанд. Касеро ба ҳоли онҳо парво нест…

 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:37

Аброр Соқиев хонандаи доимии мо аз ш. Ваҳдат меҳмони редаксия шуда, гуфт: 

- Ман мехостам аз фурсат истифода бурда, тамоми мардуми кишвар ва ба вижа кормандон ва хонандагони газетаи мардумии СССР-ро бо Наврӯзи хуҷастапай табрик намоям. Ман бо СССР ҳамкории зич дораму бисёр шодам, ки ин рӯзнома ҳамеша матлабҳои маро ба чоп мерасонад. Ба шарофати газетаи СССР ман аз гӯшаҳои гуногуни кишвар дӯстони зиёдеро пайдо кардам. Бо баъзе аз ин дӯстон баҳс низ мекунем, аммо кинаву хусумат нисбат ба ҳам надорем. 

Умуман СССР бо паҳн кардани майдони баҳс миёни хонандагонаш кори бисёр арзандае анҷом медиҳад, чаро ки маҳз дар баҳс ҳақиқат пайдо мешавад. Ман ин дӯстони танқидгарамро низ бо Наврӯзи гузашта, табрик мекунам ва ба онҳо дар корҳои эҷодиашон муваффақият хоҳонам. Мо метавонем! 

 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:22

Салом СССР-и арҷманд. Бо шарофати Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорон, ки ба истеҳсолот машғуланд, сабукӣ дар андоз пешбинӣ шудааст. Аммо бо вуҷуди ин, нархҳои маҳсулотро ба осмон бардоштаанд. Масалан равған 85-90 сомонӣ, тухми мурғ 30-35 сомонӣ ва ғ. Оё намешавад ҳамин маҳсулоти ниёзи мардум аз тарафи давлат нархгузорӣ гардад ё маҳсулотеро, ки аз давлатҳои ҳамсоя (масалан Ӯзбекистон) оварда мешавад андозашро сабуктар кунанд. Бешак чунин иқдом дар қатори назорати давлатии бозорҳо, ба поин рафтани нархҳои бозорҳои мо кӯмак мекард.

Расулов Ҳомид, ш.Хуҷанд, тел: 927293290 

 

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter