ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:18

1 шахс аз ноҳияи Рашт мегӯяд, Россия рафтан чӣ даркор, агар нағз кор кунӣ дар ҳамин Ватан ҳам ризқатро меёбӣ. 6 писар дорам, ягон тоаш ягон сол ба Россия нарафтааст, ҳамаашон меҳнат мекунанд, бо зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ машғуланд. Куҷо Россия рафта роҳрӯбию халоҷорӯбӣ мекунӣ, гушнаю ташна дар ғарибиҳо? 

Мардум, тамбалиро партофта кор кардан даркор, аз сидқи дил меҳнат кардан даркор, ақалан ҳамон ҳотачаи назди ҳавлиятонро бекор намонед, обу майдонча кунед, дарахт шинонед, чорво кунед, паранда кунед, то ин ки сер гардед.

Агар дар хона шинӣ аз куҷо рӯзат мегузарад? Одам бояд доим дар ҳаракат бошад, меҳнат кунад, ҳеҷ вақт хор намешавад. Росташро гӯям баъзе мардум тамбаланд, 1 га. замин доранд, ӯҳда карда наметавонанд, ҳатто ҳамон ягон порча замини назди ҳавлияшро кишт карда, ягон чиз намекорад. Баҳору тобистон дар сояҳои ғафс роҳат карда мехобанду зимистон, ки шуд, ба шикваву зуқ-зуқ мегузаранд...

Хол Воҳидов, 

Деҳаи Сафобахш, н. Данғара    

 

Чоршанбе, 14 Апрел 2021 11:18

Сешанбе, 13 Апрел 2021 14:33

Рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз шуд, аммо сокинон мегӯянд, дар ин моҳи барои мусулмонон муқаддас нархи маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, дар бозорҳои кишвар якбора боло рафт.

Онҳо шикоят доранд, ки чунин вазъ ҳар сол мушоҳида мешавад ва зоҳиран ба одат табдил ёфтааст. Савдогарон мегӯянд, ҷилави пасту болоравии қиматҳо дар дасти онҳо нест.

 

Қиёси нархи маҳсулот бо пули ҷайби Мавлуда

 Ҳоло нархи як кило гӯшт дар бозорҳои кишвар то 65 сомонӣ расида, қимати як халта орди навъи аъло 250 сомонӣ аст. Мавлуда, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ҳамагӣ сад сомонӣ нафақа мегирад ва нархи маҳсулот бо пули ҷайби ӯ қобили муқоиса нест.

"Ҳама чиз гарон шудаст. Равған, гӯшт... Ҳамааш. Чӣ кор кунем. Як қуттии тухми мурғро ба 35 сомонӣ харидем. Пештар аз 24 то 26 сомонӣ буд. Дар моҳи Рамазон бояд нархҳоро каме арзон кунанд, вале баръакс гарон мекунанд", -- гуфт ӯ рӯзи 12-уми апрел.

Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар рӯзҳои дигар барои худ иҷозаи истеъмоли маҳсулоти гӯштиро намедиҳанд, кӯшиш мекунанд, дар ин моҳ ҳатман аз хӯрокҳои муқаввӣ ва гӯштӣ истифода кунанд.

 

Чора чист?

Аммо танҳо болоравии нархи гӯшту орду равған нест, ки сокинонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин шабу рӯз талабот ба сабзавот, аз ҷумла бодирингу помидор ҳам бештар ва ба афзоиши қимати онҳо сабаб шудааст.

Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, сабзавот асосан аз хориҷ оварда мешавад ва эҳтимол ба ин сабаб нархаш гарон аст. Наргиза Охунова, фурӯшандаи бозори “Меҳргон” дар Душанбе, гуфт, баъди ба бозор ворид шудани помидору бодиринги кишорварзони тоҷик, мумкин аст, қимати он поин биояд.

Як кило нархи помидор аз 20 то 25 сомонӣ, бодиринг аз 13 то 15 сомонӣ аст.

Дар гузашта мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо иддаеро боздошту ҷарима ва гуруҳеро ба инсоф даъват карда буданд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон “ин иқдом муассир набуд".

 

Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон

Имсол маъмурияти бозори “Меҳргон” бо роҳандозии ярмаркаҳо мехоҳанд, нархро дар як сатҳ нигоҳ доранд. Аз ҷумла, барои танзими нархи гӯшт, дар моҳи Рамазон, онҳо дар дӯконҳои алоҳида ба харидорон маҳсулоти арзон пешниҳод кардаанд. Нархи гӯшт дар он ҷо 52 сомонӣ муқаррар шудааст, вале баъзе аз харидорон аз сифат ва устухону чарбуи зиёдаш розӣ нестанд.

Фахриддин Холов, як масъули бозори “Меҳргон”, гуфт: “Маъмурияти бозор тасмим гирифт, дар моҳи Рамазон нархи гӯшт, орд, равған, шакар ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал боло наравад. Аз ҳисоби захираҳое, ки аз тарафи шаҳрдорӣ ва ҳукумати кишвар ба бозорҳо бароварда шуд, кӯшиш мекунем, монеи афзоиши нарх шавем”.

 

"Кӣ мехоҳад, дуои баду дашном шунавад?"

Иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши нархҳо бо ҳар баҳона дар остонаи моҳи Рамазон беш аз даҳ сол боз миёни соҳибкорони тоҷик ба "анъана" табдил шудааст. Ҳадафи асосӣ, ба гуфтаи онҳо, “бо истифода аз фурсат, дарёфти даромади бештар аст”.

Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, пасту болоравии қимати маҳсулот дар бозорҳо дар ихтиёри онҳо нест, чун маҳсулотро аз дигарон бо нархи баланд мегиранду бо каме фоида мефурӯшанд.

 

Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон

Яке аз тоҷирон бе зикри ном гуфт: "Мушкилро дар дигар ҷой ҷуст. Кӣ мехоҳад, дар ин моҳ дуои баду дашном шунавад? Шояд мақомот дар ин моҳ соҳибкоронро аз андозу иҷораи бозор озод кунанд ва он вақт нарх дар як сатҳ нигоҳ дошта шавад. Аз мо намепурсанд, ки чӣ гуна ва бо кадом пул кор мекунед, фақат мегӯянд, арзон кунед. Аз мо вобаста нест."

Як рӯз пеш аз оғози Рамазон, раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз тоҷирон хост, "молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд".

Даъвате, ки ҳар сол садо медиҳад, аммо ба қавли баъзе аз тоҷирон "сабабҳои гарон шудани маҳсулот амиқ решаёбӣ ва барои ҳалли он расидагӣ намешавад".

 

апрел 13, 2021

•Сарвинози Руҳуллоҳ

•Шаҳлои Абдуллоҳ

•Радиои Озодӣ

 

Панҷшанбе, 08 Апрел 2021 13:18

   7.04.2021 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови н.Б.Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 мавриди истифода қарор дода шуд. 

   Лозим ба зикр аст, ки бинои наву замонавии МТМУ №23-и н.Б.Ғафуров бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур аз 2 ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат иборат буда, барои 960 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

   Инчунин, дар ин рӯз бо ширкати Сарвари давлат дар деҳоти Унҷии н.Б.Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”, маркази савдо бо тарабхонаи миллии “Файзулло” ва майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ гардиданд. 

 

Панҷшанбе, 08 Апрел 2021 13:15

 Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз меёбад. 

 Гуфта мешавад, ки қарор дар бораи рӯзи дақиқи оғози моҳи Рамазон пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шӯрои уламо гирифта шудааст. Дар баробари ин, Шӯрои уламои кишвар аз диндорон даъват мекунад, ки дар моҳи Рамазон аз лавозимоти беҳдоштӣ истифода намоянд. 

 

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:27

(Мулоҳизаҳо  оиди   мақолаи   Кумитаи  дин  « Таҳдиди  бе  таҳрир»  ( СССР  11 марти   соли  2021).  

Вақте  ки  Кумитаи  дин   таъсис   дода   шуд,   гумон   доштем,  ки   ин  кумита   моҳияти   пайдоиши   динро   ба  одамон   мефаҳмонаду   фаҳмидагиҳо   ба  илм  рӯ  меоранду   нафаҳмидагиҳо  ҳамон   хел   нофаҳм  мондан  мегиранд.  Лекин   чоп  шудани   мақолаи   « Таҳдиди   бе  таҳрир»-и   Кумитаи   дин   умедҳои   моро   барбод   дод.  Онҳо   ба   ҷойи   он   ки   пайдоиши    динҳо,  «манфиат»-и   ҳаҷ,   « савоб»-и   рӯзаву   намозро   илмӣ   ба   мардум   фаҳмонанд,   ба   таҳдиди   шахсони   миллатдӯсту   Ватандӯст   гузаштаанд. Агар   онҳо   дар   байни    мардум   дуруст    ташвиқот    мебурданд,   то  ин   дараҷа   мардум    ба   хурофот    гирифтор   намешуд.   Мебинӣ,   ки  рӯз   ба   рӯз   ҷавонону    наврасони   мо    чунон   ба   хурофот    «ғӯтидаанд»,   ки   аз   ин   «ботлоқ»  берун   баровардани   онҳо   ниҳоят    душвор   аст. Ҳамаи    нақшаҳои    кашидаи    ҳизбҳои   террористӣ   бе   ҷангу    ҷидол   оҳиста-оҳиста   ҷомаи  амал   пӯшида   истодааст.  Он   рӯз   дур     нест,  ки   ба   муборизаи    рӯйирост   бархезанд.   Тарси   мо   ҳам   ҳамин   аст,  ки   бегонапараст   шуда   истодаем.  Дар   ин   сурат   худӣ  беқадр   мешавад.  Ба   худӣ   гӯш   намедиҳем,   худиро   бӯғӣ   мекунем,   худиро   мекушем.                                             

Эй   ҳоҷиён,  агар   мақсади   шумоён   Худоҷӯйи    бошад,    Худоро    дар   дили  худ,   дар   хонаи   худ,  дар   деҳаи    худ,  дар   Ватани   худ   ҷӯед.  Маълум   мегардад,   ки   ҳамаи   он   ситоишҳоеро,   ки   ба    Пешвои   миллатамон   мекунем,  « забонӣ»    будаасту   ситоиши   «ҷонӣ»-ро   ба    бегонагон   мебахшем.  Фаҳмида    монед,  ки   ҳеҷ   вақт   баракат    намеёбем!!!                                      

Дар  охир,   ба  ҳамаи   ҳамватанонам,   ба   хусус  Кумитаи   дин,  Кумитаи   амният,  зиёиён, муаллимон,  Дастгоҳи   идеологӣ    муроҷиат   карда   мегӯям,   ки   биёед    «пумбаи     васвос»-и    ба    гӯшамон   гузоштаи   бегонагонро    аз   гӯшҳоямон    гирифта   дур   андозем. Бо  ақлу   заковати    Худододи   худӣ    кору    фаъолият   кунем.   Боварии    комил   дорам,   ки    дар  муддати   кӯтоҳи   таърихӣ    ба   яке   аз    мамлакатҳои   пешқадами   ҷаҳон    табдил   меёбем.  Дар   акси   ҳол    аҳволи    мамлакати   Афғонистон    ба   сари   мо    хоҳад   омад.  Мо    метавонем !                         

Ҳаким   Ғуломов,  н.Дӯстӣ.  тел: 93 529 52 66.     

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:25

Президенти Украина Владимир Зеленский ба роҳбарони “чоргонаи нормандӣ” муроҷиат карда, аз онҳо хост, барои ҳифзи режими оташбаси комил дар Донбасс, талоши худро анҷом диҳанд. Зеленский гуфт: “Ҳазинаи ин ҷанг-ҷони мардуми мост. Мардуми шуҷоъ ва силаҳшӯр. Мутаассифона мо имрӯз боз 4 мудофеи Украинаро аз даст додем. Ман ба аҳли оила ва наздикони ин шаҳидон ҳамдардии самимии худро баён медорам”.  

PS: Зеленский ҳанӯз дарк накардааст, ки роҳбарони ин чоргонаи нормандӣ худ оташбиёрӣ ин маъракаанд ва аз ҷанг дар Донбасс манфиат мебаранд. 

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:19

 Рустам Бобоев, сокини ш.Душанбе бо телефони редаксия 2385556 ба мо занг зада гуфт: 

- Имрӯз ҳама ҳаҷвнигор шудаанд. Сабаб бекорӣ ё беақлӣ бошад? Бо саҳнаҳои бемаъниву беақлиашон, маданияту фарҳанги моро паст зада истодаанд. Касе намепурсад, ки куҷоро тамом кардӣ ин чи гуна ҳаҷв аст? Касе, чи хеле хоҳад, ҳамон хел ҳаҷв нишон медиҳад. Насли наврас аз ин хел ҳаҷвҳои бемаъниву бемазмун чизе гирифта наметавонад ва ин ҳаҷв ба онҳо таъсири бисёр бад хоҳад дошт. Насли навраси имрӯза, тариқи телефонҳои мобилӣ аз ҳама сомонаҳо бохабаранд ва алалхусус бо ҳаҷвҳои пучу холии ин бефарҳангон, ки фарҳанги волои тоҷикро паст зада истодаанд. Агар ҳаҷвнигорӣ карда наметавонед, худро аз ин жанр дур созед ва фарҳанги моро паст назанед. Вазорати фарҳанг куҷоро нигоҳ мекунад? 

 

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter