ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Апрел 2021 12:10

 Алии Беҳудуд, хабарнигори мардумии СССР, аз шаҳри Кулоб ба мо занг зада (тел: 981019106) гуфт: 

   - Чанд рӯз аст дар бозори Кулоб нархи гӯшт ҳамвора боло меравад. Тақрибан рӯзе аз 1 то 2 сомонӣ ба нархи он зам мегардад. Барои мисол имрӯз нархи гӯшти гов дар бозори Кулоб ба 60 сомонӣ ва нархи гӯшти гӯсфанд қариб ба 70 сомонӣ расидааст. Албатта, ин мушкилот тоза нест ва шояд дар дигар нуқоти кишвар ҳам ҷой дошта бошад. Бо вуҷуди ин, масъулини кишвар бояд роҳи ҳалле барои он пайдо кунанд. Ба пиндори ман, мо бояд колхозу совхозҳои собиқро барқарор кунем ва парвариши чорворо онҷо ба роҳ монем. Танҳо дар сурати давлатӣ кардани парвариши чорво, метавон нархи онро назорат кард ва поин овард. Зеро он фермаву подаву рамае, ки ҳамвора тариқи ТВ реклама мекунанд, моли шахсиянд ва феодалҳои Тоҷик ҳич гоҳ нархро поин намекунанд. Агар чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ (колхозу совхоз) парвариш ёбад, бо амри ҳукумат нархи гӯштро метавон поин бурд.

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 12:08

 Салом СССР-и арҷманд! Рӯзҳои охир баланд шудани нархи маҳсулоти нафтӣ, бензину солярка то 8-9 сомонӣ мо деҳқононро ба ташвиш овардааст. Зеро бе ин ҳам нархи нуриҳои минералӣ боло рафта буд. Маълум аст, ки деҳқонон барои шудгору кишт аз техника истифода мебаранд ва ҳар қадар, ки солярка қимат шавад, қобилияти афзоиш додани кишт паст мешавад. Деҳқон пул намеёбад, ки сӯзишворӣ харад. Дар маҷмӯъ, ин ба таъмини бехатарии озуқавории мамлакат бе таъсир намемонад. 

Агар имконият даст диҳад шояд ҳукумати мо ба ҷуз Россияву Қазоқистон маҳсулоти нафту гозиро арзонтар, аз кишварҳои ба мо дусту ҳамсоя Ӯзбекистон ва Эрон харидорӣ намояд. Ба ҳар ҳол мо бовари комил дорем, ки Ҳукумат нархҳоро ба танзим медарораду деҳқонон ҳосили фаровон мерӯёнанд.

Ҷумъабой Яҳёев, н. Деваштич, тел: 927826445

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 12:06

Салом СССР-и дардошно ва ҳамабину ҳамадон! Имрӯз дар ҷомеа деҳқон, ки аз азал соҳиби обу замину осмон буду ҳаст, сериву пурии мулк, маводи ғизоии мардум, баракати бозору мағозаву супермаркетҳо аз ҳиммати баланди ӯст, мисли «Оби дари хона» қадр надорад. Ӯ на дар бозору на дар мағозаву супермаркетҳо роҳ намеёбад (намедиҳанд). Ҷои деҳқони бечора саҳро ҳаст, буд ва мемонад. Имрӯз деҳқон на рӯшноӣ дорад, на об, на ҳезуму на оташ. Вале дар васфи ин зоти пок ниёгони мо мадҳу санои зиёде гуфта ӯро ситоиш намудаанд:

«Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст».

….Ҳама шоҳу гадоро ӯ хӯронад.

Вале худ дастнигоҳи дигарон аст,

Шарифҷон Раҳимзодаи шоиртабъ,

н. А. Ҷомӣ 

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 11:57

Дар ҳафтанома «СССР», таҳти № 6 (647) аз санаи 11 феврали соли 2021 мақолаи Шералӣ Давлатов таҳти унвони «Ширкатҳои мобилӣ танҳо рекламаи холӣ?» чоп шуд. Дар мақола вобаста ба фаъолияти ширкати мо ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки якумин, оид ба муроҷиат ба чати онлайнии ширкат ва посух нагирифтан ба саволи гузошташуда ва дуюмин, оид ба пешниҳоди реклама ҳангоми занг задан ба Маркази зангҳо (Call-Сenter).

Омӯзиш нишон дод, ки муаллифи мақола 9 декабри соли 2020 ба чати онлайнӣ ва инчунин ба Call-Сenter дар вақти гуногун муроҷиат кардааст. Бо сабаби он ки масъалаи дархостнамудаи муштарӣ хусусияти инфиродӣ дошт, аз муштарӣ хоҳиш карда шудааст, ки барои ҷавоб гирифтан ба саволи гузошташуда ба операторон тариқи рақами 918 61 61 61 ҳамсуҳбат шавад.

Дар мавриди 2 бояд гуфт, ки муштариён пайваста барои дарёфти посух ба саволҳои гузоштаи худ ба Call-Сenter муроҷиат менамоянд ва муҳлати интизорӣ то 2 -3 дақиқаро ташкил медиҳад. Бо ин назардошт, дар ҳолатҳои зангҳои сершумори муштариён, ширкат ҷиҳати пешниҳоди маълумоти дахлдор ба муштариёни худ оид ба хизматрасониҳои худ, маълумоти рекламавиро пешниҳод менамояд, ки ин хилофи қонун нест. Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҶСП «Вавилон-Мобайл» фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти пешниҳоди хизматҳои баландсифат ба муштариёни худ, сари вақт ва пурра баррасӣ намудани тамоми муроҷиатҳои муштариён ва дигар муроҷиаткунандагон аз технологияи муосир истифода менамояд.

Бо эҳтиром У. Асоев, 

директори ҶСП «Вавилон-Мобайл»

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 11:56

 

Бигуфтем дар боби эҳсон басе,

Валекин на шарт аст бо ҳар касе!!!

Даъвои расмии ҷониби Қирғизистон сари Ворух асос дорад:

-Мо ба қирғиз асос додем, ки чунин даъво кунад!!! 

Ва инро бояд мардона иқрор шуд. Дар шабу рӯзҳое, ки метавонистем ба ин моҷаро нуқтаи таммат гузорем, мо-тоҷикон боз ҳам сӯи дипломатия ва фарҳанг рӯ овардем. Гӯиё намедонистем, ки ақвоми степнишин усулан дипломатия надоранд. Фарҳанг тем более!!! Ва агар дипломатия доранд, тӯли ҳазорсолаҳо он дипломатияи зӯр буд, қуввату қудрат будӣ! Таърихро варақ занед, охир?!

Соате, ки мо метавонистем сарзамини хешро, ки Ҷаббор Расулов дар замонаш ба қирғизҳо «тақдим» карда буд, баргардонем, танҳо ин иддаои 1 шоирамон, ки бо зану кӯдакони президенти ҳоло фирории Қирғизистон дугона будааст, садди роҳамон шуд.

 Пас аз сулҳи Тоҷикон (1997) протсеси ваҳдати миллӣ тавре густарда ҷараён дошт, ки муҷоҳиду боевикҳои Фронти халқӣ метавонистанд бо 1 марш-бросок мавзеъи муталлиқ ба Тоҷикистонро бозпас гиранду, мо Дипломатия кардем.

 Қирғиз аз Тоҷик 1 умр ҳарос дошт. Вале чу дид, ки мо даъвои сарзамини хеш надорем, ҷасорат пайдо кард, оҳиста-оҳиста ба марз наздик шуд, инро гирифту онро гирифту имрӯз даъвои кӯҳантарин гӯшаи диёр дорад.

Воқеан ҳам, имрӯз соати саъде фаро расидааст, ки архивҳоро кушоем ва он нафаронеро, ки Ворухи нозанинро ба анклав табдил кардаанд, ба суди ифтихорӣ диҳем. Бигзор миллат онҳоро, рӯҳу арвоҳи онҳоро, суд кунад. Ба дигарон дарси ибрат мегардад, ки ватанро набояд фурӯхт!!!

Рӯиҳамрафта, вақте шербаччаҳои марзбони мо чанд сол пеш баъди ҳам-ҳамаву дам-дамаи сарҳадбонони қирғиз, зада чанд дидбонгоҳи онҳоро гирифтанд, ҷои ишонро қаҳрамон унвон додан, гӯшмолашон кардем. «Нельзяяяя!». Фаромӯш кардем, ки 1 афсари марзбонӣ, чанд сол пештар аз он ба мо ГЭС Фарҳодро дар вилояти Суғд бо ЗӮР баргадонида буд.

Зӯронро маҳкум намекунанд (победителей не судят)! Мо маҳкум кардем. Ҳамагӣ соли пор 1 Тоҷикбача боз ҳам дидбонгоҳи қирғизро, ки ба ҳамватанони мо, дар дохили хоки Тоҷикистон, ситам мекард, тани танҳо зад. То ҷое ман иттилоъ дорам, ин нафар писари Сангак Сафарови номист. Ӯро ҳам гӯшмол додем, ки хап шинад. Ҳол он ки ӯ қаҳрамонӣ кард; аз нангу номуси мардум дифоъ намуд.

Ва акнун ёд оред, ки чанд бор қирғизҳо марзбонони моро халъи силоҳ кардаву сипас ба зонуву шикам хобонида, мазҳака карданд? Инро ҳуҷум мегӯянд; псих-атака! Агар ҳамон соат мо ба марзбонони қирғиз посухи асимметрӣ медодем, кор то ин ҷо намекашид!

Мо қаҳрамонҳоро маҳкум мекардему Бишкеки расмӣ, дар сурати президенти амалкунандааш-Ҷеенбек Сооронбеков ба Мама-Роза Усароваи тоҷиккуш ОРДЕН дод! Фарқиятро эҳсос кардӣ, хонанда? 

Ман метарсам, ки ҳамин ҳоло дар Тоҷикистони азиз маро ба таҳрики ҷангандозӣ муттаҳам накунанду Бишкек парвандаи ҷиноӣ дар қиболам боз насозад. Вале ман ватанпараст ва патриотам ва ин суханро агар ман нагӯям, дигаре нахоҳад гуфт. Ё мегӯяду пинҳонӣ. Дар маҷлисҳои тарсолудаи хеш, миёни 3-4 тарсуи дигар. Ман фош мегӯям ва барои ҳар суханам ҷавоб мегӯям. Мо Метавонем!

Стоп! Чаро худи мардуми ин мавзеъ бо силоҳ аз марзу буми номусу нангашон ҳифз намекунанд? Дар Россия-ку алайҳи ҳукумати худ ҳай шери наре(д)м! Дар Чоркӯҳ-ку муҷоҳиду ҷангӣ дорем, ки рафта бар зидди Тоҷикон меҷангиданд. О, ана, соату вусъати ҷиҳод. Ҳифзи ватан аз гӯшаи эмон аст ва инро ман нагуфтаам. Сарвари коинот (с.) гуфтааст. 

Ва муҳимтар аз ҳама, чаро маҳз мо-Тоҷикон БОЯД аз ҷанг тарсем? Чаро қирғиз натарсад? Метарсад! Ещё как метарсад!!! Вале моро тап-тап кардан доранд. Гуфтаам ва боз мегӯям, миллате, ки ҷанг намекунад, фано мешавад! Мо миллати ҷангием. Мо сари касе (ҳоло) лашкар накашидаем, вале зарур шавад, мекашем. Қирғизу дигар ҳамсояҳои мо, чӣ дӯсту чӣ душман бояд донанд, ки мо ба масале чеченҳои Осиёи Марказием ва аз ҷанг намеҳаросем! Таҷрубаи хуби ҷангӣ ҳам дорему афсару аскарони ҷангдида низ, ки омодаанд, ҳар ваҷаби хоки ватанро бо хун гилолуда карда, дифоъ созанд. Мо Метавонем!

…Медонед даъвои Ворух кай шуруъ шуд? Хеле муқаддамтар аз ин гуфтугузорҳо. Онҳо, қирғизҳо, барои «дух»-и Тоҷиконро шикастан, чанд ворухибаччаро дар Русия доштаву ҳабс карданд ва Вазорати хориҷии мо хомӯш буд. Дастгоҳи идеологӣ ҳарфе нагуфт. Парлумон Нотаи расмии эътирозие ба Кремл нафиристод. Фикр кард(ем)анд, ин ҳам мегузарад. Неъ! Нагузашт. Аввал шербаччаҳои гурдадорро ҳабс кардаву мардуми таҳҷоиро тарсониданд, ки «у Бишкека руки длинные» ва сипас даъвои сарзамини кӯҳантарини мо карданд.

Имрӯз вақте матолиби олимони Тоҷикро мехонам, ки «бар асоси маъхазҳои хориҷӣ» сарзамини Тоҷикон ва вилояти Тоҷикистон будани Ворухро «исбот» мекунанд, ҳам хандаам меояду ҳам гиря. Ҳой олимон, ҳуй Тоҷикон!!! Ворух моли Тоҷик буд, ҳаст ва мемонад. Ин аксиома аст. Аксиома ниёз ба «далелу санаду исбот» надорад. Ворухро мо бо зӯри бозу, қувва, хуни бадан ҳифз мекунем ва ҳар қирғизаку пирғизак БОЯД инро донад!!!

Зи шири сутур хӯрдану сусмор,

Арабро ба ҷое расидаст кор,

Ки тахти каёнӣ кунад орзу?

Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу!!!

Тоҷик ҷангхоҳ, ҷангара, ҷангандоз нест, бо касе ҷанг ҳам намекунад. Вале Тоҷик тарсу низ нест ва аз ҷанг намеҳаросад. Ва инро бояд ҳамсояҳои дуру наздики мо нек дарк кунанд. Мо Метавонем!

PS: Вақте ки матлаб омода мешуд, хабар расид, ки шермардони Мастчоҳи мардхез бо раиси ноҳия ба Ворух ташриф овардаанд. Ин ташриф рамзист! Кӯлобиву ғармиву помирӣ низ, агар лозим шавад, ҳатман ба Ворух хоҳанд омад. Вале Худо душмани Ворухро аз он рӯзе эман дорад, ки собиқ размандагони ҷанги граждании Тоҷик ба ин мавзеъ ташриф наоранд!

Мо Метавонем!

 

Сешанбе, 06 Апрел 2021 18:00

 

Панҷшанбе, 01 Апрел 2021 17:17

Панҷшанбе, 01 Апрел 2021 16:34

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter