ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:15

Тоҷикистон 20 соли ахирро даҳсолаҳои илми дақиқ хонда бошад ҳам, ягона кишварест, ки ягон маҷалла ё газетаи техникӣ барои наврасону ҷавонон, мактаббачаҳо ва донишҷӯён надорад. Ин камбуди усулии Вазорати маориф ва илм аст, ки бояд вазири нав рафъ созад. Зеро маҷаллаҳои кӯдаконаи мо танҳо шеъру панду ҳикмат доранду бас. Гӯиё кӯдаки Тоҷик физику химику биологу атомшик шуда наметавонад.

Ҳанӯз соли 1956 журнали "Техники ҷавон"(Юний техник), ки маҷаллаи илмӣ- техникии Кумитаи марказии комсомол ва ташкилоти умумииттифоқии пионерии ба номи В.И.Ленин буд, барои мактаббачагон фаъолияти худро оғоз карда, ба аудиторияи худ, хонандагони мактаб, аз дастовардҳои илмӣ, техникаву технология ва истеҳсолоти ватаниву хориҷӣ иттилоъ медод. Дар маҷаллаи "Юний техник" мунтазам асарҳои нависандагони маъруф Кир Буличев, Роберт Силверберг, Иля Варшавский, Артур Кларк, Филипп Дик, Леонид Кудрявтсев ва дигарон нашр мешуд. Маҷаллаи мазкур, баъди пошхӯрди СССР низ то ҳол дар Россия бо ҳамин ном нашр мешавад.  

«Техники Ҷавон»-Украина

Маҷаллаи "Техники Ҷавон "-и Украина нашрияи ҳар моҳаи илмӣ-оммавие мебошад, ки бо забони украинӣ барои кӯдакон ба табъ мерасад. Он иборат аз 32 саҳифа буда, бо коғази ранга рӯйи чоп меояд. Вазорати маориф ва илми Украина ин маҷалларо барои дар корҳои таълимӣ ва тарбиявии муассисаҳои таълимӣ истифода намудан, тавсия додааст. Дар навбати аввал ингуна маҷалла ба назар чизи оддӣ намояд ҳам, вале он метавонад дар васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакон ва бедор намудани завқу шавқ ба илму техника мусоидат намояд. Дар ҳар шумораи он маълумот дар бораи ихтирооти ҷолиб дар таърихи инсоният, навовариҳои илмӣ-техникӣ, аксҳо ва диаграммаҳо ҷиҳати сохтани ҳавопаймоҳо ва моделҳои киштӣ, муаммоҳо, озмунҳо ва ғайра дида мешавад. 

«Технологияҳои асри 21» - Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон бо қарори ҳукумат маҷаллаи нави "21 аср технолари" ("Технологияҳои асри 21") таъсис дода шуд, ки мавзӯъ ва мундариҷаи он пурра барои хонандагони мактабҳо, литсейҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Сабаби зарурати эҷоди ин маҷалла ба андешаи коршиносони ӯзбек пеш аз ҳама "Бо мақсади баланд бардоштани нерӯи эҷодӣ ва зеҳнии ҷавонон тавассути шиносоӣ бо дастовардҳои навтарини илм ва техника" будааст. "21 аср технолари" аз буҷаи давлат ба тамоми мактабу китобхонаҳо ройгон дастрас мегардад. Миқдори миёнаи тиражи он 10 ҳазор нусхаро дарбар мегирад. 

"OYLA" - Қазоқистон

Маҷаллаи "OYLA"- маҷаллаи илмӣ-оммавӣ барои мактаббачагон бо забони қазоқӣ нашр мешавад. Дар мавриди таъсиси ин маҷалла мудири таҳририяи "OYLA" Асем Жапишева чунин гуфтааст: " Ҳар рӯз дар ҷаҳон кашфиётҳои аҷибе ба амал меоянд. Вақте ки мо истеъдодеро мебинем, дар борааш мешунавем ё мехонем, мехоҳем дар ин бора ба ҳама нақл кунем, то атфоли мо низ онҳоро донанд. Ин маҷалла ҳамин тавр пайдо шуд." Ҳадафи асосии маҷаллаи "OYLA" -ҳам аз ҳамин иборат аст. "OYLA"- калимаи қазоқии "фикр кунед" аст, ки аллакай мазмуну мӯҳтавои маҷалла аз номаш маншаъ мегирад. Он бо 2 забон-қазоқӣ ва русӣ чоп мешавад ва бо матбуоти бадномкунандаи тоҷикии ҳамномаш ягон бастагӣ надорад!

"Илм ва технологияҳои ҷавонон" - Туркманистон

Туркманистон низ аз ин гуна таҳаввулот дар канор нест. Маҷаллаи электронии илмӣ-оммавӣ "Илм ва технологияҳои ҷавонон" дар вебсайти Академияи илмҳои Туркманистон нашр мешавад. Дар саҳифаҳои он мақолаҳо ва дастовардҳои олимони ҷавон нашр мегарданд. Ин маҷалла бо мақсади рушд додани қобилиятҳои эҷодӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва мусоидат ба такмили ихтисос фаъолият мебарад. Маҷаллаи интернетии мазкур лоиҳаҳои илмӣ, пажуҳиш, дастовардҳои инноватсиониро чоп мекунад.

Тоҷикистон «Техники ҷавон» надорад!!!

Суоле ба миён меояд, ки чаро Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият чунин маҷалла надорад? Модоме, ки ғояи асосии ин гуна нашрияҳо рушди зеҳнии кудак, ташаккули ӯ барои эҷодиёти техникӣ бошад, будани ин навъи маҷалла ҳатмиву саривақтист. Хусусан, дар арафаи эълон гаштани "20 солаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ" дар ҷумҳурии мо бояд таъсиси ин гуна маҷалла аз аҳамият дур намонад. Зеро ин маҷаллаҳо имкон медиҳанд, кӯдакону наврасон моделсозии ибтидоии техникиро аз худ намоянд, бо асосҳои моделсозӣ шинос шаванд, дар бораи илм, инноватсия, нанотехнология, ҷуғрофияи минтақа маълумоти ҷолиб гиранд. Хуллас ин навъ маҷалла дар рушд ва густариши зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ агар чунин маҷалла дар Тоҷикистон таъсис ёбад, яке аз ормонҳои миллии мо дар амал татбиқ мешавад. Мо Метавонем!

Муҳаммадҷон Обидов, 

донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ

 

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:09

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 14:01

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 13:58

 Муҳаммадҷон Обидов ва Гулафрӯзи Абдусаттор донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ меҳмони редаксияи СССР шуда, бобати таҳсил ва фаъолияти касбиашон сӯҳбате доир намуданд: 

   - Мо чун дар факултаи журналистика таҳсил дорем, ба ВАО диққати ҷиддӣ медиҳем. Миёни рӯзномаҳои ватанӣ аз ҳама бештар СССР бароямон писанд аст. Чун дар ин рӯзнома, ба фарқ аз дигар рӯзномаҳо маводе рӯи чоп меоянд, ки дар он мушкилоти рӯзмарра ба хубӣ инъикос ёфтаанд. Чизи дигаре, ки дар СССР писанди мо омад, иртиботи танготанги рӯзнома бо хонандаҳояш аст. Мо ҳамчун рӯзноманигор, ният дорем маҳорати касбии худро дар газетаи шумо сайқал диҳем ва бо СССР ҳамкорӣ кунем. Барои журналисти хуб ва ҳирфаӣ шудан, аз мактаби СССР гузаштан бароямон кумак мекунад. 

Мо, ки аз оилаи камбизоатем, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай меҳмони шумо шудем ва инҷо моро хуб қабул карда, ғайриинтизор бо мукофоти пулӣ низ сарфароз гардониданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории худро ба сардабири СССР ва кулли кормандони рӯзнома иброз медорем. 

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 13:50

 

Анҷумани I-и РСДРП. Ин Анҷуман аз 1 то 3  марти соли 1898 дар шаҳри Минск баргузор гардида, дар он 9 вакил иштирок доштанд. Дар ин Анҷуман сотсиалистони рус якдилона қарор доданд, ки тамоми гурӯҳҳои сотсиалист дар 1 ташкилот, ки Ҳизби сотсиал-демократии Россия номгузорӣ гардид, муттаҳид гарданд. 

Анҷумани II-юми РСДРП. Ин Анҷуман аз 17 июл то 10 августи соли 1903 дар Брюсел ва Лондон бо иштироки 57 вакил баргузор гардид. Дар ин Анҷуман Барномаи ҳизб ва Низомномаи он қабул карда шуданд. Ҳангоми муҳокимаи Барнома ва Низомномаи ҳизбӣ миёни сотсиалистон баҳси тунде сурат гирифт ва онҳо ба 2 бахш-“болшевикон” ва “меншевикон” тақсим гардиданд. 

Анҷумани III-юми РСДРП. Ин Анҷуман аз 12 то 27 апрели соли 1905 бо ташаббуси Бюрои кумитаҳои аксарият (болшевикон) дар Лондон баргузор гардид. Дар он 38 вакил ширкат варзиданд. Анҷумани III-юм таҳрири ленинии банди 1-юми Низомномаро қабул кард ва КМ-ро ба ниҳоди асосии ҳизбӣ табдил дод. Инчунин дар Анҷуман рӯзномаи “Пролетарий” чун минбари матбуотии ҳизб тасдиқ карда шуд.  

Анҷумани IV-и РСДРП. Анҷумани мазкур аз 10 то 25 апрели соли 1906 дар шаҳри Стокголм баргузор гардид. Анҷумани IV-ум бо номи муттаҳидкунанда маъруф аст ва дар он 146 вакил, ҳам аз тарафи болшевикон ва ҳам аз тарафи меншевикон иштирок доштанд. Дар он, сотсиалистони Шоҳигарии Полшаю Литва ва Ҳизби сотсиал-демократӣ коргарии Латвия шомили РСДРП гардиданд. 

Анҷумани V-уми РСДРП. Ин Анҷуман аз 30 апрел то 19 май соли 1907 дар Лондон доир гардид. Дар он 343 вакил ширкат варзиданд. Дар Анҷуман масоили гуногун аз қабили муносибат бо ҳизбҳои буржуазӣ ва Думаи Давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳизбии коргарон, кор дар Артиш ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Анҷумани VI-и РСДРП(б). Ин Анҷуман аз 26 июл то 3 августи соли 1917 дар Петроград баргузор гардид ва дар он 266 вакил ширкат варзиданд. Дар Анҷумани VI-ум ба номи ҳизб барчасби “б” (болшевикӣ) изофа гардид ва болшевикон бо ин кор худро аз меншивикон комилан ҷудо карданд. Дар Анҷуман аз ҷумла масъалаи омадани Ленин ва дигар роҳбарони болшевик ба додгоҳи Ҳукумати муваққат барои муҳокима баррасӣ гардид. Ҳукумати муваққат Ленин ва дигар болшевиконро ба хиёнати миллӣ айбдор намуда буд. 

Анҷумани VII-уми РСДРП(б). Ин Анҷуман бо Анҷумани изтирорӣ (экстренний) маъруф аст ва он аз 6 то 8 марти соли 1918 дар Петроград баргузор гардид. Дар Анҷуман 106 вакил ва 18 меҳмон ширкат варзиданд. Масъалаи асосии Анҷуман- бастани созишномаи сулҳ бо Олмон ба шумор мерафт. Дар Анҷуман инчунин Барнома ва номи ҳизб бознигарӣ гардиданд. РСДРП(б) ба РКП(б) тағйири ном кард.

Анҷумани VIII-и РКП(б). Ин Анҷуман аз 18 то 23 марти соли 1919 дар Маскав баргузор гардид. Дар он 301 вакил ширкат варзиданд. Дар Анҷуман масоили гуногун аз қабили Барномаи РКП(б), таъсиси Интернатсионали коммунистӣ, сиёсати ҳарбӣ ва ғ., мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Анҷумани IX-и РКП(б). Ин Анҷуман аз 29 март то 5 апрели соли 1920 дар Маскав баргузор гардид. Дар он 554 вакил иштирок доштанд. Дар Анҷуман масоили сохтмони хоҷагидорӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.

Анҷумани Х-и РКП(б). Анҷумани Х-ум аз 8 то 16 марти соли 1921 дар Маскав баргузор гардид. Дар ин Анҷуман 694 вакил бо овози ҳалкунанда ва 296 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд.

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 13:44

31.03.1935. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон аввалин мактаби 10 солаи ӯзбекӣ ба фаъолият шурӯ кард.

31.03.1940. СССР ба НАТО бо ташаббуси пазируфтанаш ба ин ташкилот муроҷиат намуд. Мутаасифона, намояндагони НАТО, баъди баррасии пешниҳоди СССР онро рад карданд.

31.03.1955. Ҳукумати СССР қарор дод ба Олмони демократӣ (ГДР) ганҷинаҳои галереяи Дрезденро баргардонад.

31.03.1975. Заводи алюмини шаҳри Турсунзода аввалин алюминии худро истеҳсол намуд.

1.04.1923. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи “Огонек” рӯи чоп омад. Ин маҷалла, яке аз маъруфтарин нашрияҳо дар собиқ СССР ба шумор рафта, ҳоло ҳам таҳти ин унвон нашр мегардад.

1.04.1967. Дар СССР бори аввал филми “Асираи қафқоз ё Саргузашти нави Шурик” намоиш дода шуд. Ин филм яке аз маъруфтарин ва дӯстдоштатарин филмҳо дар собиқ СССР ба шумор мерафт. 

2.04.1935. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод аввалин Сирк (барои 1000 тамошобин) ба фаъолият шурӯ кард. 

3.04.1922. Иосиф Сталин ба вазифаи котиби генералии КМ РКП(б) интихоб карда шуд.   

3.04.1931. Дар Сталинобод Бойгонии (Архив) марказии РСС Тоҷикистон таъсис дода шуд. 

3.04.1991. Дар СССР Қонун “Бобати тартиби ҳалли масъалаҳои вобаста ба баромадани ҷумҳурии иттиҳодӣ аз ҳайати СССР” қабул гардид.

4.04.1917. Владимир Ленин аз муҳоҷират ба Петроград баргашт ва “Тезисҳои апрелӣ”-ро таҳия намуд. Дар ин “Тезисҳо” Ленин аз ҳаммаслаконаш даъват кард, аз давраи 1-уми инқилоб (буржуазӣ) ба давраи 2-юм (сотсиалистӣ) гузаранд.

 4.04.1936. Дар Институти педагогии Сталинобод бо қарори Бюрои КМ ҲКТ аввалин аспирантура барои донишҷӯёни тоҷик таъсис дода шуд. Ин аспирантура, дар оғоз 11 нафар донишҷӯро ба тадрис фаро гирифт. 

4.04.1977. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО вилояти Қӯрғон-Теппа таъсис дода шуд. 

5.04.1930. Таъсиси экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии Помир дар Академияи улуми СССР.  

5.04.1937. Николай Ежов сарвари НКВД-и СССР таъин карда шуд. 

5.04.1957. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик баргузор гардид. 

6.04.1921. Дар Душанбе пойтахти РАСС Тоҷикистон аввалин курсҳои 3-моҳаи омодасозии муаллимон ташкил карда шуданд. 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 12:16

Вобаста ба мақолаи Ҷӯрақул Тураев, сокини ш.Панҷакент, деҳаи Филмандар, Ҷамоати деҳоти Косатарош бо номи «Камбизоатонро фаромӯш карданд», ки дар шумораи №3 (644)) аз 21 октябри соли 2020 дар рӯзномаи СССР ба нашр расидааст, МИҲД шаҳри Панҷакент ба самъи шумо мерасонад, ки бо муаллифи мақола ва ҳайати масъулини Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар ш.Панҷакент суҳбат намуд.

Дар мақола ҳадафи гузоштаи муаллиф, яъне дар 2-3 моҳ 1 маротиба гирифтани нафақаи Ҷӯрақул Тураев ва Алиҷон Тураев баррасӣ шуда, муайян гардид, ки таъин ва бозҳисоби нафақаи онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда дуруст амалӣ карда шудааст. Аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд аз рӯи нақшаи тасдиқгардида маблағгузорӣ шуда, пардохти он аз ҷониби бонки амонатгузории «Амонатбонк» тариқи корти пластикӣ иҷро мегардад, ки шаҳрванд метавонад саривақт маблағи нафақаи худро дастрас намояд.

Ҳамчунин вобаста ба бархӯрдор набудан аз кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ оилаи Ҷ.Тураев дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 11 июли соли 2020, № 401 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятӣ» ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванд кӯмакпулии яквақтаина ба маблағи 400 сомонӣ санаи 3  декабри соли 2020 пардохт шудааст. Инчунин, ба шаҳрванд Ҷ.Тураев кӯмаки яквақтаинаи маводҳои ниёзи аввал аз қабили орд, равған ва дигар маҳсулот низ дастрас карда шудааст.

Доир ба гум шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрванд Ҷӯрақул Тураев муайян карда шуд, ки тибқи талаботи дастурамал оид ба татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвони иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои ӯ ба барномаи АСИС-и низоми иттилоотии барномаи кӯмакпулии иҷтимоии унвони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳти № 18549326 аз санаи 11 сентябри  соли 2020 ворид карда шудааст. Мувофиқи тартиб огоҳинома оид ба таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба суроғаи Ҷӯрақул Тураев ирсол гардида, пардохти кӯмакпулӣ тибқи муқаррарот амалӣ мегардад. 

М. Сафарзода, муовини якуми раиси ш.Панҷакент                   

 

Чоршанбе, 07 Апрел 2021 12:13

 Бахтиёри Ҷабборзода, яке аз мухлисони доимии ҳафтанома аз н. Хуросон ба мо занг зада (тел: 900 14 14   81) гуфт, ки мардуми ҷамоати С.Айнӣ ба зиёдаравӣ роҳ намедиҳанд.  

   - Намояндагони ҷамоати С. Айнии н.Хуросон кӯшиш мекунанд, ки дар ҳама ҳолат бо мардум бошанду аз мушкилиҳояшон бохабар. Вобаста ба ин, сармутахассис оид ба корҳои дин ва танзими ҷамоат Муҳаммадназар Табаралиев мегӯяд, ки сокинони ҷамоат низ бетарафӣ ва зиёдаравӣ накарда, ҳамаи тӯю маъракаҳояшонро дар доираи қонунгузории кишвар мегузаронанд. Аз ин ҷост, ки дар 3 моҳи соли 2021 дар ҷамоат ягон қонуншиканӣ дар ин самт ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин миён бо дастгирии аксарияти шаҳрвандон, таҳти роҳбарии раиси ҷамоат ба 50 оилаи камбизоат маводи хӯрока кӯмак расонида, 20 нафар кудакони ятимро тӯйи хатнасур намуда, ба 1 нафар ятими кулл хонаи истиқоматӣ туҳфа карда шуд.                           

 

саҳ 8 аз 10

Китобҳо

Flag Counter