ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 06 2019


Иддае аз руҳониён, ки дар шарҳи моҳияти дини Ислом душворӣ мекашанд, нуқси худро бо роҳи туҳмату таҳқир дар ҳаққи гузаштагон рӯпӯш мекунанд ва оташпараст эълон кардани форсҳо (тоҷикони қадим) аз ҳамин фаҳмиши ғалат об мехӯрад. Агар ин тоифа таърих ва хулосабарории мантиқиро меомӯхтанд, назарашон дигар мешуд. Зеро дар асл тоҷикони тоисломӣ Худои ягонаро бо номи Аҳурамаздо мешинохтанд. Фарқ ин буд, ки онҳо ба 2 қувва бовар доштанд, ки яке некӣ (Аҳурамаздо) ва дигаре бадӣ (Аҳриман) буд.

2 қувваи тоисломии мо…
Имрӯз ҳам агарчӣ мусалмонон баду неки оламро ба Худо нисбат медиҳанд, боз дар 1 маврид, ба қувваи дигаре бо номи Шайтон (Иблис) бовар доранд. Ҳамин Шайтонро форсҳои қадим Аҳриман мегуфтанд. Яъне имрӯз ҳам дар ҷаҳонбинии динии форстаборон ҳамон фаҳмиш, лек бо ном ва зоҳири дигар ҳоким аст. Тоҷикон то ислом соҳиби дин, китоб, масҷид ва дигар расму оинҳои илоҳӣ буданд, фақат бо номҳои дигар. Онҳо воқеан дар ибодатгоҳҳои худ оташ меафрӯхтанд ва ин амали онҳо аз рӯи зарурати замон буд, яъне оташ ибодатгоҳҳоро гарм ва рӯшан мекард. Муғбачаҳо намегузоштанд, ки лахчаи оташ хомӯш шавад, зеро он вақт гӯгирд ихтироъ нашуда ва ҳаёту мамоти мардум аз оташдону лахчаҳои дайр вобаста буд. Барои мисол, тасаввур кунед, ҳамин ҳоло қувваи барқ, гӯгирд, «зажигалка» ва дигар василаҳои оташафрӯзию рӯшноиофар аз байн равад, чӣ рух медиҳад? Аввалин коре, ки анҷом меёбад, он аст, ки  гумбади масҷид сӯрох ва дар миёнаҷои он оташ афрӯхта, гирди он мусалмонон намоз мегузоранд, вагарна бомдоду хуфтани боҷамоатро чӣ тавр метавон адо кард? Оё ин ҳол ба маънии оташпарастист?

Оташи мо Худои мо набуд!!!
Зоҳиран инсон оташро аз вулқон ё сӯхтори табиӣ ба даст овардааст. Тоҷикон, ки дар тамаддунофарӣ пешгом буданд, онро Худо намеҳисобиданд, балки эҳтиром мекарданд, то хомӯш нагардад ва ба ин роҳ худро аз сармову торикӣ наҷот медоданд. Вақте оташ ба даст омад, ҳукумронии инсон дар Сайёра шуруъ шуд. Акнун инсон ба воситаи оташ на фақат ҳашароти газанда ва даррандагоне чун палангу гургро аз худ дур меронд, ки ҳатто бо шарофати он ба шикор ва пухтупаз сар кард. Ин дигаргунӣ инсонро аз мавҷуди мевахӯр ба гӯштхӯр табдил дод. Дар ин замина санъати пухтупаз ба фоидаи инсон ва зарари ҳайвонот рушд кард. Аз сӯи дигар ин инқилоб ба ромшавии ҳайвонот мусоидат карда, гову сагу баъзе ҳайвонотро дар хидмати инсон қарор дод.
Имрӯз ҳам 1 каф оташ кофист, ки шер наздат таслим шавад. Яъне ягон модда (унсур) ба ҳадди оташ дар шаклгирии тамаддуни инсонӣ саҳм нагузоштааст. Ба ин хотир инсонҳои гузашта онро эҳтиром ва ҳифз мекарданд. Мо бояд эҳтиромро аз эътиқод фарқ карда тавонем. Ё не?

Сорбон Ҳакимзода,
н.Вахш

Ҷумъа, Март 01 2019


   Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.
    Гуфта мешавад, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.
    Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд. Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад. Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.


Чоршанбе, Фев 27 2019


   Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
    Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
    Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.
    Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
    Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.
    Тибқи иттилои расмӣ, ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд. Сохти (конструксияи) гузоштани суманак ва гули наврӯзӣ дар хиёбону кӯчаҳо низ омода гардида, манзури шумо мегардад.

Душанбе, Фев 25 2019


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуд.
 Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз 2 тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор-суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз-2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Ҷумъа, Фев 22 2019


Ҳамасола мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТро дар фазои сулҳу осоишта бо тантана ҷашн мегиранд. Раиси ш.Бохтар Исмоилзода Абдуалим ба ин муносибат собиқадорони ҶБВ, ҷанговарони башардӯст ва сарбозони шуҷои ватанро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вил.Хатлон Ҳакимзода Қурбон табрик намуд. Дар охири чорабинӣ шаҳрдор ҷавонони маркази вилоятро даъват кард, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, хизмати модар-Ватанро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Зеро хизмати ҳарбӣ ин мактаби шуҷоату мардонагист.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 22 2019


Дафтари матбуоти президенти ҶТ хабар додааст, халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд. Дафтари матбуоти президент гуфтааст, ки “Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд”.

саҳ 11 аз 52

Китобҳо

Flag Counter