ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 09 2019


«ЮНЕСКО»-яке аз ташкилотҳои бонуфузтарини СММ (ООН) дар ҷаласаи охирини худ, рӯзи 29.11.2018 дар байни тамоми мамолики дунё «чакан»-ро моли халқи тоҷик шинохт ва ба қайд гирифт. Ин яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии Тоҷикистон аст. «ЮНЕСКО» дар баробари ин қайд кард, ки асосан «Чакан» дар вил.Хатлон ва махсус гурӯҳи навоҳии собиқ вил.Кӯлоб рушд кардааст. Аз ин рӯ, ватани асосии «Чакан» ин шаҳри Кӯлоб аст. Шинохтани «Чакан» аз тарафи «ЮНЕСКО» ин эҳтироми бузург ба дирӯзу имрӯзи тамоми бонувони тоҷик аст. Дар яке аз маъракаҳои хурсандӣ дар ш.Кӯлоб, яке аз меҳмонҳо аз ман пурсид, ки Кӯлобиҳо чӣ доранд? Гуфтам, ки Кӯлоб ҳеҷ молу мулк надорад, фақат «чакан», «фалак» ва «мушти сахт» дорад. Ба гуфти рафиқони рус, «Чакан», «Фалак» ва «Мушт» ин бренди халқи Кӯлоб аст.
 «Фалак» низ дар баробари «Чакан» аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ моли халқи Тоҷикистон ва махсус аҳолии собиқ вил.Кӯлоб шинохта шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. «Мушт»-и кӯлобӣ бошад дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худро нишон дод. Дар пуштибонӣ аз давлати конститутсионӣ, ки аввалин шуда халқи Кӯлоб хест, ягон намуди яроқ надоштанд. Фақат бо мушту зӯрию тифоқ мубориза бурданд. Ин халқ ҳамчун 1 «мушт» бо ифротиён ҷангиданд. Дар аввалин саршавии ҷанги шаҳрвандӣ, дар 1 барномаи телевизионӣ дида будам, ки 1 хабарнигори амрикоӣ дар хабари худ гуфт, ки «Кӯлобиҳо бе яроқ ба воситаи мушт ва овози баланд меҷанганд». Ин исботи он аст, ки «Мушти сахт»-и кӯлобиро ҳама ҳис кардааст. Маҳз бо ҳамин «Мушти» Кӯлобӣ «дуздакони» Кӯлобӣ (самакбачаҳои айёр) Ҳукумати конститутсиониро пуштибонӣ карданд.

Ватани Наврӯз куҷост?
 Дар н.Шурообод (ҳоло Ш.Шоҳин), собиқ вил.Кӯлоб мавзеъе ҳаст бо номи «Дашти Ҷум», ки хело худманзараҳои зебо ва ҷои сайру гашт ва шикор аст. Ин дашт бо номи ҳамон Шоҳ Ҷамшед аст, ки «Наврӯз» аз давраи шоҳигарии ӯ қайд карда мешавад. Пас, мо бо пуррагӣ гуфта метавонем, ки ватани «Наврӯз» ин н.Шамсиддини Шоҳин аст. Ҳоло «Чакан», «Фалак» ва «Наврӯз» бренди халқи Тоҷикистон шудааст. Маҳз бо ин брендҳо тамоми ҷаҳониён, Тоҷикистонро шинохт.
 Вале ба ман 1 чиз номаълум аст, ки чаро собиқ вил.Кӯлоб бо чунин «брендҳои» умумиҷаҳонӣ вилоят нест??? Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки собиқ вил.Кӯлобро барқарор карда, ба номи Пешвои Миллат «Раҳмонобод» гузоранд. Ин ҳурмату эҳтиром ба Ҷаноби Олӣ ва халқ аст. Ин хело туҳфаи арзанда ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ аст.

Тағоймурод Ҷумъаев,
собиқадори меҳнат, ш.Кӯлоб

Чоршанбе, Дек 26 2018


Тавре мушоҳидаи дурӯзаи ман нишон дод, дар ТВ «Тоҷикистон» 1.12.2018, рӯзи шанбе аз соати 18:23 баъди анҷоми барномаи «Ахбор» пахши чунин рекламаҳо: «Сифат фарма» дорухонаи беҳтарин, интернети тарофаи «Даркор», шарбати «Хондроксид», Маркази табобати чинӣ, «Юлайзер», «Им-Палс» маз барои бемориҳои «Гемаррой», «Аҷам мебел», беҳтарин мағоза барои мебел, шарбати «Бонита», «Коровка», мази «Цинепар актив-гел» барои дарди буғум, мушакҳо…, рекламаи мебели «Малика», «Акнел-гел» барои донача, «Калципин», рекламаи «Авранг» бо тахфиф, «Табобати чинӣ бо духтурони Чин», рекламаи «Амонат онлайн» пардохти қулай», оғоз шуд. Билохира, соати 18:35, 1 дақиқа ҳам бошад, навори тарғиботии либосҳои миллӣ.
Баъд, аз соати 18:36 то соати 18:44 наворе дар бораи занони коргари «Ориёнбонк». Соати 18:45 боз реклама: «Интернет, тарофаи «Даркор», чойи «Кволити», шифохонаи «Табобати чинӣ», «Аҷам-мебел», таблеткаи «Уралка», рекламаи «Коровка», шарбати «Фемтоник» барои занон, «Торговый дом Авранг», табобати чинӣ, «Амонат онлайн»». Соати 18:57 тарғиби либосҳои миллӣ ва соати 19:00 «Панорама», яъне барномаи хабарӣ бо воқеоти муҳими ҳафта, ки то соати 19:21 идома дошт, баъди он боз ҳам реклама то соати 19:35, пас аз он соати 19:36 барномаи «Мадани Сино».

Хабар чӣ даркор? Реклама бинед!
Агар гӯем, ки тақрибан 1 соату 30 дақиқа фақат реклама дидам, хато намешавад, зеро дар ин шабака вақт барои пахши барномаҳо 20 дақиқа ва барои реклама тақрибан 30 дақиқа ҷудо карда шудааст. Тавре ба назар мерасад, ин шабака ба «Беморхона» табдил ёфтааст, зеро тамоми бемориву даъвоҳои онҳоро 1х1 номбар мекунанду барои тамошобин дигар беморхона рафтан ҳоҷат нест. Рекламаҳо дар вақте пахш мешаванд, ки аъзои оила дар 1 ҷо нишаста, хӯроки шомро тановул мекунанд ва шабакаи телевизионӣ бошад, бо тарғиби рекламаи «Табобати чинӣ» кулли аъзои баданро номбар карда, инчунин, аксҳоеро нишон медиҳад, ки табъи бинанда хира мешавад!!!

ТВ-шоп ё ТВ-аптека???
ТВ «Сафина» низ рӯзи 3.12.2018 баъди барномаи «Ахбор» соати 18:16 ба пахши реклама сар карда, то соати 18:28 давом кард, 12 дақиқа реклама барои бинанда хеле дароз аст. Мутаассифона, ин шабака низ ба «Беморхона» табдил шудааст. Таассуфовараш ин ки дар ин ҷо низ рекламаи «Табобати чинӣ» пахш мегардад. Соати 18:28 барномаи «Вожаҳои маъонӣ» то соати 18:59. Баъд боз реклама, соати 19:06 то 19:26 барномаи «Шоми Душанбе», сипас боз то соати 19:36 реклама. Хулоса, ҳарду ТВи машҳури кишвар дар соати муҳими рӯз, яъне ҷамъ шудани тамоми аъзои оила, дар 1 вақту соат аудиторияро бо рекламаҳо аз худ дур мекунанд. Рекламаҳои пайиҳам ҳар бинандаро аз тамошои ТВ мегурезонад, ҳатто дӯстдорони ашаддии ТВро низ. Рекламаро вақте пахш кардан лозим аст, ки тамошобин барои давоми барнома ё филми ҷолиб интизор бошад. Шояд ҳоло ТВҳои Тоҷикро мисли шабакаҳои алоҳидаи тиҷоратӣ ТВ-аптека ё ТВ-шоп ном монем!? Шумо дар ин бора чӣ мегӯед, дӯстони азиз?

Руқия Қурбонзода, коромӯзи СССР

Панҷшанбе, Дек 20 2018


Салом ва дуруди бепоён ба аҳли қалами рӯзномаи мардумии СССР. Ростӣ, кайҳо дар ин мавзӯъ андешаҳои худро гуфтанӣ будам, вале бо сабабҳои гуногун ногуфта монд. Вақте дар СССР (№48, 29.11.2018) дар саҳ.3 матлаби «Редаксия супориш дод: ТВ томошо кун»-ро хондам, ҳис кардам, ки муаллиф дарди дили маро низ гуфтааст.
Соли 1974 баъди хатми УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ва адои хизмати 2-солаи ҳарбӣ ба ҳайси афсар дар Округи ҳарбии Шарқи Дур қадамҳои аввалини худро ба касби пурмасъулият ва боифтихор-омӯзгорӣ гузоштам. 100% бовар дорам, афроде, ки синну солашон аз 50 болост, навиштаҳои маро тасдиқ мекунанд. Ҳар пагоҳӣ ҳангоми чойнушӣ медидам, ки дар кушода мешуду хаткашони маҳаллаи мо-зани рус, 1 даста рӯзномаю маҷаллаҳоро (нашриётҳое, ки ихтиёран ба он обуна мешудам!!!) дар гӯшае мегузошту мерафт. Лаҳзаҳое, ки мо бо он зан рӯ ба рӯ мешудем, баъди салому алейк бо лаҳҷаи бисёр ҳам хушу гуворо «Вашы газеты» гӯён нашрияву мактубҳоро ба дастам месупорид. То кор рафтан аз «Пионери Тоҷикистон» сар карда, то «Советский спорт» ҳамаи газетаҳоро як-як нигоҳ карда, бегоҳ бафурсат мехондам. Дар «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана»… барномаҳои онрӯзаи ТВ нашр мешуд ва банда зери намоишҳое, ки тамошои онро ҳатмӣ меҳисобидам, бо қалами сурх хат мекашидам.
 
«Говорит Душанбе» ку?
Ҳатто дар кинотеатрҳои ш.Душанбе кадом филм дар кадом соат намоиш дода мешуд, чоп мекарданд, ки ин табъи дили мухлисони синамо буд. Ба ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» («Говорит Душанбе»), ки бо 2 забон нашр мешуд, обуна будам. Дар он барномаҳои ҳафтаномаи ТВ ва гуфторҳои радиоро нашр мекарданд, ки намоишҳои мақбули дилро дар соати муайян бемалол медидем. Ё худ ҳар пагоҳ пеш аз оғоз ва пас аз анҷоми барномаҳо ровиён пахши барномаҳои ТВро барои рӯзи оянда эълон мекарданд. Чӣ шуд, ки ҳоло рӯзнома бисёр шудаасту дар ягонтои он рӯз ва соати ин ё он барнома тариқи ягон шабакаи ТВТ нашр намешавад?
 Аксар вақт мо аз намоишҳое, ки бояд ҳатман онро тамошо кунем, хоҳ варзишӣ бошаду хоҳ илмию фарҳангӣ, бехабарем, зеро намедонем, он кай ва кадом соат, дар кадом шабака пахш мешавад. Чанд моҳ пеш, агар хато накунам тариқи муассисаи давлатии ТВ «Сафина» дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сардабири рӯзномаи СССР-Сайёфи Мизроб (нисбати ин шахс эҳтироми зиёд дорам) намоиши бисёр ҳам хубе мерафт, вале афсус, вақте барномаро дидам, ки он дар арафаи анҷомёбӣ буд. Телефонро гирифтаму ба Шаҳрзоди Амин занг зада фаҳмиданӣ будам, ки аз намоиш огаҳ ҳаст, ё не? Вале аз чӣ сабаб бошад, ки он соат бо Ш.Амин алоқа нашуд. Чандин рӯзи дигар ба хотири дидани ин барнома пайиҳам он каналро меҷустам, вале беҳуда. Хуллас, он намоишномаро тамошо карда натавонистам…

Бо камоли эҳтиром Худодод Каримов,
омӯзгори собиқадор, ш.Ваҳдат

Душанбе, Дек 17 2018


   Шоми 15.12.2018 Исо Абдурашидов, Хунарпешаи шинохтаи Тоҷик бар асари беморӣ дар синни 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯро ба хотири иҷрои нақши Сталин ва шабоҳат доштани чеҳрааш ба қаҳрамонаш «Сталин» ном мегирифтанду эшон бо ин тахаллус машҳур шуда буд.
   Исо Абдурашидов зодаи н.Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, соли 1947 таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ Исо Абдурашидов дар даҳҳо намоишномаҳои театрӣ ва филмҳои Тоҷикӣ нақш бастааст. То соли 2008 дар вазифаи директори театри академӣ-драммавии ба номи А.Лоҳутӣ низ кор кардааст.
  

Душанбе, Дек 17 2018


 14.12.2018 ҳаҷвнигори маъруфи ӯзбек, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Обид Асомов дар синни 56-солагӣ дар яке аз бемористони ш.Тошканд аз олам даргузашт. Ӯ 11 декабр бо бемории сактаи қалб бистарӣ шуда буд.
   Чуноне ки хабаргузориҳои ӯзбекӣ менависанд, Обид Асомов соли 1963 дар Тошканд ба дунё омада, соли 1982 Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Бенковро хатм карда, соли 1983 ба Донишкадаи театрии ш.Тошканд дохил шудааст, вале ин мактабро то поён набурдааст.
   Обид Асомов  ба тамошобинони рус ва тамоми кишварҳои ИДМ дар охири соли 2000 пас аз нақш бозидан дар барномаи «Кривое зеркало»-и Евгений Петросян дар шабакаи «Россия-1» муаррифӣ шуд. Моҳи майи соли 2018 Обид Асомовро ба Тошканд даъват намуда, ӯро директори Студияи филмҳои мултипликатсионии назди киностудияи «Ӯзбекфилм» таъйин карда буданд.

Чоршанбе, Дек 12 2018

   
   Қарор аст шоми 17.12.2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертӣ бо номи «Базми Зебо» бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР ва Ҳунарпешаи халқии ҶТ Зебо Аминзода баргузор гардад.
    Гуфта мешавад, ки дар ин барномаи консертии ҷашнӣ ҳунарпешаҳои гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» соли 1979 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфта, гурӯҳи нахустини он аз 25 духтарон иборат буд.



саҳ 7 аз 45

Китобҳо

Flag Counter