ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 21 2018


Солаш ба гумони аниқ ба соли 1966 рост меомад, ки мани студент ҳамчун эҷодкори умедбахш бо даъвати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Анҷумани ин Иттифоқ ширкат доштам ва устодро дар ҳалқаи навқаламону ёру дӯстон дар чойхонаи паси бинои Иттифоқи нависандагони он вақта дар забонҳо "Чойхонаи Иттифоқ" дидам ва ман бо чӣ роҳ ҳамроҳ шуданамро ба ин сӯҳбат намедонистам. Дар ин вақт гӯё Худо дар дили устод Убайд Раҷаб паёме фиристод, ки он кас сӯи ман нигоҳ кунаду бо ишораи дастмаро ба ин сӯҳбати пурзавқ даъват намояд. Мани ташнаи дидору сӯҳбати устод Боқӣ Раҳимзода зуд ба ин нишаст худамро ҳозир кардам.
-Устод - ба устод Боқӣ Раҳимзода муроҷиат карда, акаи Убайд маро ба устод Боқӣ муаррифӣ намуд:
-Ин кас Ҳақназар Ғоиб, шоири ҷавон ва болаёқати мо ва албатта шогирди Шумо. Барои ҳамин ба Анҷуман даъваташ кардем.
-Акнун фаҳмидам, ки Ҳақназар туӣ, Ҳақназар, ки бошӣ, ҳарфи Ҳақ дар забони туст ва шеърҳоят умедбахшанд, акнун, ки дар съезд иштирок мекунӣ, миёнро боз мустаҳкамтар банд - гуфтанд устод Боқӣ ва илова карданд: - дар чопи китоби аввалинат ёрӣ медиҳам. Ва воқеан устод дар чопи китоби аввалинам, ки сарсуханашро он кас навишта буданд, ёрӣ доданд.
Чор сол боз китоби аввалинам "Тӯшаи роҳ" дар нашриёти "Ирфон" мехобид ва рӯи чопро намедид. Хушбахтона рӯзе дар Иттифоқи нависандагони Точикистон устод Боқӣ аз рӯ ба рӯям баромад ва аҳвол пурсида, аз вазъи чопи китоб сухан кушод. Вазъиятро шармгинона ба ӯ шарҳ додам.
-Ҳамту бигӯ... Ба назди устод Турсунзода медароем, он кас ҳоло дар ҳамин ҷо. Аз қафои ман биё, - гуфта роҳи дафтари кории Турсунзодаро пеш гирифтанд.
Аз рост ҳаяҷони сахт вуҷудамро фаро гирифт. Ҳеҷ гоҳ ба назди устод Турсунзода даромаданро хаёл надоштам, ҳамагӣ бо ӯ 1-2 бор саломалек карда, аҳволпурсии самимонаашро шунида будаму бас. Устод Боқӣ дари воридгоҳи дафтари кории устод Турсунзодаро боз карда, маро бо ӯ шиносониданд ва аз боби чопи китобам сухан кушоданд. Устод хеле ҷиддӣ ба ман назар карда, пурсиданд:
- Китобатро кай супорида будӣ?
-Қариб 4 сол шуд - худро ба ҳолати ноҳинҷор ҳис карда ҷавоб додам ман. Устод Турсунзода абрувонашонро ба таври аҷиб ба ҳам гирд оварда, гӯшаки телефонро гирифтанд ва бо ким-кие сӯҳбат карданд ва гӯшакро ба ҷо монда, ба устод Боқӣ рӯ оварданд:
-Китобашон аввалҳои соли дигар ба чоп мерасидааст. Устод Турсунзода андак андеша карда боз гуфтанд, ки:
-Мо ҳам дар ҷавонӣ орзу мекардем, ки чун Боқӣ касе ғамхорамон бошад...
Порае аз хотироти устод Ҳақназар Ғоиб "Он рӯзҳо хеле дур монданд" (Хотирае чанд аз устоди бузургвор Боқӣ Раҳимзода)
Ганҷина Мирзоева,
донишҷӯ, н.Ховалинг

Панҷшанбе, Июн 14 2018

Дар Хуросон хилофати уммавиҳо дастхуши ҳарҷу марҷ, арсаи таассубу низоъ гашт. Даргириҳои дарунӣ ва ихтилофи назарҳо мояи заъфи давлати бани Умайя шуд. Хосса, дар Хуросон-Марв - маркази даъвати Аббосиён низ бар асари ин эътироз бани Умайя маҷоли саркӯбии мухолифони хешро намеёфтанд. Хуросон, ки гаҳвораи афсонаҳои паҳлавонӣ буду аз маркази ҳукумати арабӣ дуртар, беш аз ҳар ҷо барои қиёми хуросониён муносиб менамуд. Вақте қудрати бани Умайя рӯ ба шикаст мерафт, даъвати Аббосиён дар он ҷо тарафдорони бисёр ёфт… Марвони Ҳимор-халифаи Маккатуллоҳ бо кӯмаки Қутайба ибни Муслим бар сари мардуми Хуросон ҷабри беҳадду ҳудуде намуд. Халқ ба шӯр омад ва ин шӯришро Абӯмуслим (Абӯмуслим Абдурраҳмон ибни Муслими Хуросонӣ, фарзанди мисгар) роҳбарӣ кард. Модари ӯ ҳам аз ҷониби арабҳои ғосибу бадавию хунхор кӯр карда шуда буд…
Ин ҷо бобе аз «Достони Абӯмуслими Соҳибқирон»-и шоир Сайдулло Амин (муаллифи «Достони Спитамон»)-ро зери таҳрири устод Зиё Абдулло пешкаши ҳаводорони шеъру адаб менамоем.

Ҷумъа, Май 18 2018


Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ (с.1977) ва ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ (с.1980) ва бидуни тардид шинохтататарин шоири муосири тоҷик Мӯъмин Қаноат рӯзи 18 май дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав вафот кардааст. Устод беш аз як моҳ боз бемори бистарӣ буд. Писараш Далер, ки дар Канада зиндагӣ мекунад, чанде пеш ба аёдати ӯ омада буд. Ҳоло дар паҳлуи Устод 2 фарзанди дигараш-Ширин ва Парвин қарор доштаанд.

Панҷшанбе, Май 17 2018


Ибтидои солҳои 1970 дар мақомоти Ҳизби Коммунисти вилояти азнавбарқароршудаи Ленинобод (ҳоло Суғд) фаъолият доштам. Рӯзе баъди соати корӣ ба тамошои филми ҳунарии ҳиндии «Кусок хлеба» (Буридаи нон) ҷониби кинотеатри «Тоҷикистон» (ҳоло Қасри ҷавонон) мерафтам, ки бо корманди кумитаи комсомолии вилоят Тағоймурод вохӯрдам. Бо ӯ шиносоӣ доштам. Ин ҷавони хушқаду қомату бофарҳанг дилдодаи шеъру тарона буд. Ӯ ҳам нияти тамошои филмро доштааст. Ҷавҳари сӯҳбатамон шеъру шоирӣ шуд. Ман, ки он рӯз аз маҷаллаи «Шарқи сурх» шеъри М.Турсунзода «Ошёни баланд»-ро хонда, мафтун шуда, ҳатто 2 байти аввалашро аз ёд карда будам, бо шавқ ба ӯ хондам:
Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
-Ака, - гуфт ӯ, Шумо бо шеърҳои шоири ҷавон Лоиқ Шералӣ шиносед?
-Не, - гуфтам, ягон китоб ё шеърашро нахондаам.
-Афсӯс, - гуфт ва таъкид кард: Шоири ҷавон бошад ҳам, хеле болаёқат, шеърҳояш басо тару тоза.
-Таърифӣ бошад, - ҳазломезона гуфтам, Шумо ягон китобашро бо худ доред?
-Албатта, дирӯз китоби нави Лоиқ-«Нӯшбод» аз чоп баромад. Шоир лутфан бо соядаст бароям тақдим кард. Бо ӯ шиносам.
-Агар, ин тавр бошад, аз «Нӯшбод» намунае қироат мекардед, - гуфтам.
-Майлаш, - гуфту «Замин» ном шеърро хонд. Эҳсос кардам, ки шеър маҳсули эҷодии шахси истеъдодаш худодод буда, на аз рӯи ишқу ҳавас эҷод шудааст. Илтимос кардам, онро бори дуюм хонд. Хусусан, ин мисраъҳо ҳаётиву бо табъи баланд гуфта шудаанд:
…Замин дар зери по аз мо баланд аст,
Ба рӯяш нақши ҳар 1 пой панд аст.
Макӯбаш бо қадамҳои халалгор,
Замин чун фалсафӣ дар фикр банд аст.
-Ин китоб дар фурӯш ҳаст? - пурсидам.
-Не, -гуфт Тағоймурод, ҳамагӣ 5000 нусха чоп шуда буд. Китобдӯстон онро аз мағозаҳо якбардор карданд.
-Он китобе, ки аз шоир тақдим шудааст, бо Шумост? - пурсидам.
-Албатта, - гуфт ӯ.
-Барои якчанд рӯз хондан дода метавонед?
-Аммо бармегардонед, он бо соядасти муаллиф тақдим шудааст, - гуфт.
-Албатта, бармегардонам, - ҷавоб додам.
Пагоҳӣ ӯ китобро овард. «Нӯшбод»-ро ба даст гирифтам. Аҷаб китобчаи хурд, вале пур аз эҳсосоти ҳақиқати ҳастӣ. Гаштаю баргашта хондам. Лек дар мавриди баргардонидани китоб аз ҷониби ман ваъдахилофӣ шуд. Ба пурсиши Тағоймурод 2-3 бор китобро оварда медиҳам, хавотир нашавед, - гӯён ваъда додам. Аммо ҳангоме, ки аз сафари хизматӣ, аз ш.Панҷакент баргаштам, ӯро ба кор ба кадом 1 ноҳияи ҷануби кишвар таъин кардаанд. Бо ҳамин «Нӯшбод» ба соҳибаш насупорида монду то ҳол дар қатори китобҳои дигари Лоиқ-«Соҳилҳо», «Хоки Ватан», «Сапедадам», «Марди роҳ», «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Варақи санг», «Девони замон»… китобхонаи маро дар 1 саф бо кутуби шоирони классики тоҷик зеб медиҳанд. Ашъори Лоиқ аз ватандӯстиву ифтихори миллӣ, аз ишқи пок саршор буда, бо содагию равонии худ ба дили хонандагон маъво мегирад. Бешубҳа, 1 худи «Модарнома»-и шоир шаҳодати хуби ҳунару истеъдоди нотакрори ӯст. Камина шеърдӯстам, аммо на шоир. Бо вуҷуди ин, дар васфи устод Лоиқ шеъргунае навистам:
Зодаи мазҳари кӯҳҳои пурасрор, Лоиқ,
Раҳнаварди шоҳроҳи пур аз бор, Лоиқ.
Аз каломаш фузуд шукӯҳи шеъри Аҷам,
Қуллаи назми ҷаҳонӣ ёдгор, Лоиқ.
Ҳаминро ҳар бор замзама карда мегардам. Арвоҳат ҳамеша шод бод, Лоиқ!

Абдушукур Расулови 84 сола,
собиқадори меҳнат, ш.Хуҷанд

Ҷумъа, Май 11 2018

  Дар назар аст, ки ҷасади шоири шинохтаи Тоҷик Бозор Собирро субҳи рӯзи 14.05.2018 ба Ватан биёранд. Тобути шоир соати 3-исубҳ ба фурудгоҳи Душанбе хоҳад расид, вале ҳоло маълум нест, ки он аз Сиэтл ба Душанбе тавассути ширкати «Туркиш Эйрлайн» тавассути Истамбул ва ё «ФлайДубай» тариқи Дубай оварда мешавад.
   Тибқи дастури президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷасади Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб дафн хоҳад шуд. Айни замон аз ҷониби масъулини ин оромгоҳ барои ин амал корҳои омодагӣ рафта истодааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки пойдеворҳои қабри шоир алакай омода карда шудаанд ва корҳои боқимондаи меъморӣ бо гузоштани санг пас аз ба хок супоридани шодравон анҷом меёбад.


саҳ 8 аз 39

Китобҳо

Flag Counter