ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 15 2018

13.10.2018 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт ҷашни Меҳргон ботантанаи хос таҷлил карда шуд.


Гузориши аксии хабарнигори СССР-ро аз ин ҷашн бубинед.


Ҷумъа, Окт 12 2018


   Пагоҳ, 13.10.2018 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсии пойтахт ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашн даъват менамояд.
   Гуфта мешавад, ки ин ҷашн соати 9:00 шурӯъ шуда, инчунин баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайругашти оммавӣ дар назар аст.

Панҷшанбе, Сен 27 2018


Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин боғ дар кӯчаи Беҳзоди ш.Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст. Боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» дар майдони 2,23 гектар доман густурда, он пурра ба талаботи замони кунунӣ мувофиқ карда шудааст. Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра шинонида шуда, ҳамчунин дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад. Ба сарони давлаҳо иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии дарахтони навшинонидашуда дар ин боғ 600 бехро ташкил дода, маҷмуан майдони 14 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур дар асоси Амри Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҷассамаи мутаффакирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудааст. Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯйи муҷассама парда бардошта, ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба гузаштаи хеш ва гиромидошти хотираи неки ин ду абармарди таърихӣ дар пояи муҷассама гулчамбар гузоштанд.

Панҷшанбе, Сен 27 2018


Соли наҳси 1977 ба ёд меояд, ки мо-донишҷӯён бо 100 дарду алам аз қафои тобути аллома Бобоҷон Ғаффуров то боғи Айнӣ, аз паси тобути  устод М.Турсунзода то оромгоҳи Лучоб ва аз паси тобути гулгункафани Маҳмуди Воҳид то қабристони Сари Осиё рафта будем… Акнун… ку Бозор Собир? Канӣ Мӯъмин Қаноат? 2 шаҳсутуни устувори адабиёт, яке паси дигар ин ҷаҳони фониро тарк карданду рафтанд, ба абадият пайвастанд. 2 боли тавонои адабиёти тоҷик шикаст, 2 ситора аз само канда шуд. 2 шахсияти шинохта, шӯҳратёр, адибони ҳақиқии халқӣ аз байн рафтанд. Гӯё пас аз Турсунзода, Лоиқ, Бозор, Қаноат адабиёти мо холӣ монд, фазои адабӣ холӣ монд, дар ҷомеа адиби маҳбуби хосу ом намонд…
Бозору Қаноат маҳбуби халқ буданд. Онҳоро дар Суғду Бадахшону Хатлон ва дар тамоми гӯшаю канори меҳан чу фарзанди хеш мешинохтанд, аз адибон чунин шарафро устод Ашӯр Сафар соҳиб шуда буду бас… Дунё гӯё ба коми одамони беномус аст ва афроди сарсупурдаи ин миллати сахтҷонро басо сахтиҳо, ноҳаққиҳо ба сар меояд, вагарна устод Мӯъминро аз садри ИНТ барканору зиндаёд Бозорро зиндонӣ намекарданд… Гӯё аз азал қисмати бузургони миллат сарпечида ва пур аз фарозу нишеб будааст. Таърих гувоҳ аст, ки ягон чеҳраи ақлонии мо орому осуда ва бо хотири ҷамъ кору пайкор накардааст. Иллати он дар чист, ҳаволаи равоншиносон бояд кард. Аммо тӯли умр, санҷиши атрофиён, нишасту хез бо пиру барно ва одамони касбу кори гуногун маро 1 чӣ мутмаин сохт: Мо бахилу ҳасудем!
Касе Гандӣ, Камол Отатурк, Мао Цзе Дунро паст намезанад, аммо мо аз Исмоили Сомонӣ сар карда то Қаҳҳор Маҳкамов садҳо камбудӣ меёбем. Чӣ монад Турсунзодаву Лоиқу Бозору Мӯъминшоҳро… Мо бахилем! Инро дар зиндагии ҳамарӯза собит кардем. Садсолаҳо даркор, то адибе зода шавад, ки вайро халқ эътироф кунад. Устод Мирзо ва шогирдони эшон-Бозору Муъминшоҳро халқ мешинохт, дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Чандин нафар унвондоронро медонам, ки шеърашонро касе намехонад, байни халқ маҳбубият надоранд, чунки халқ гавҳаршинос аст. Сензураро барои офаридани асари хонданӣ баҳона мекарданд, аммо баъди Истиқлол ку румоне, ки даст ба дасти хонанда гардад?

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент

саҳ 10 аз 45

Китобҳо

Flag Counter