ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 20 2016

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии ҶТ мегӯяд, ки нархи навои мева, хусусан меваи маҳаллӣ имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта арзонтар буда ҳар 1 хонаводаи кишвар ба анвои гуногуни мева дастрасӣ дорад. Ӯ афзуд, ки ҳоло нархи 1 кило себи маҳаллӣ дар бозорҳои мамлакат аз 4 сомонӣ шурӯъ шуда мардум бояд дар баробари талаб намудани нархи арзон дар бораи меҳнату заҳмат ва харҷи деҳқон низ фикр намоянд.

Сешанбе, Июл 19 2016

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади дастгириву ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомул додани фаъолияти худ ва ба ин васила ҷалби бештари шахсони ҷавон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани мақоми ихтиёрӣ ва инчунин мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии “Волонтёри сол-2016”-ро эълон менамояд.

Душанбе, Июл 18 2016

Даромади молиявии  филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Панҷакент, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69% кам гардидааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент зикр гардид.

Душанбе, Июл 18 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» охири ҳафтаи гузашта бо пахши 1 муроҷиатнома, аз тамоми мусофиронаш, ки тайи чанд рӯзи гузашта бо сабаби таъхири ҳавопаймоҳо дучори мушкил ва асабоният шуданд, узр хоста умед дорад, ки мусофирон низ мушкилоти имрӯзаи ширкатро дарк хоҳанд кард.

Ҷумъа, Июл 15 2016

Дар ш.Панҷакент нишастҳои матбуотӣ оғоз гардид ва аввалин нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон бо раиси шаҳр Ислом Зиёзода баргузор шуд. Мавсуф дар масъалаи набудани ҷои оббозӣ барои ҷавонон ва сокинони шаҳру деҳот изҳори назар карда афзуд:

Панҷшанбе, Июл 14 2016

Мақомоти н.Бохтар аз марги Фотима Қосимоваи 48-сола ва Сафархон Шарифови 17-сола хабар додаанд, ки онҳо баъди газидани канаи гов ба бемории лихорадка (таби хунин) мубтало шуда, дар бемористон ҷон додаанд.

саҳ 101 аз 113

Китобҳо

Flag Counter