ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Дек 23 2016

Ҷониби Тоҷикистон дар ҷавоб ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки аз соати 00:00-и 23.12.2016 аз тарафи Русия ба 1 қатор минтақаҳои ин кишвар манъ гардид, парвозҳои ширкати русии «Уральские авиалинии»-иро аз соати 12:00-и рӯзи 23.12.2016 манъ кард.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ иттиллоъ доданд, ҳайати кории коршиносон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи кишвар тайи 2 рӯзи охир дар Маскав қарор дошта вобаста ба қазияи пешомада бо ҳамтоёнашон гуфтугӯ доранд, аммо ҳанӯз ба ифоқа нарасиданд. Қатъу манъи парвозҳо характери муваққатӣ дошта пас аз ҳалли қазияи мазкур тақдири ин парвозҳо маълум хоҳад шуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки ба ҷуз парвозҳои самти Маскаву Санкт-Петербург, парвозҳои Оренбургу Қазон ва Новосибирскаш аз имрӯз қатъ гашт, дар ин бора баёнияи расмӣ омода дорад ва қарор аст онро соатҳои наздик паҳн намояд.

 

СССР

 

Ҷумъа, Дек 23 2016

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат, соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Ин нуқта дирӯз дар Паёми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар 3 соли охир мунтазам афзоиш ёфта, 2 баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

 

СССР

 

Панҷшанбе, Дек 22 2016

Душанбе, Дек 19 2016

Тибқи иттиллои Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» айни замон дар ш. Душанбе ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 21 ҷамъияти хусусӣ дар 93 хатҳои сайр ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 197 адад автобус, 60 адад троллейбус, 50 адад микроавтобус ва беш аз 2200 адад воситаи нақлиёти мусофирбари сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд. Дар 11 моҳи соли равон бо ҳама намуди нақлиётҳои мусофиркашонӣ, бо инобати мушоҳидаҳои фаъолияти нақлиёти мусофирбар  235,9 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин ба 100,9 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Чуноне ки дар ҳисоботи раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни пойтахт дар 11 моҳи соли 2016 омадааст, бо инобати таҷрибаи муваффақонаи истифодаи ройгони шабакаи  Интернет (Wi-Fi) дар хатсайрҳои автобуси №8 дар соли гузашта, баҳри вусъати шароити хизматрасонӣ ба мусофирон, қабл аз ҳама ҷавонону донишҷӯён дар  давраи  ҳисоботӣ  иловатан боз дар 10 автобус ва 10 троллейбус аз ҷониби ҶДММ “Таком” (Beeline)  ин намуди  хизматрасонии ройгон ташкил карда шуд.  

Баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш маълумот дар бораи ном ва рақами хатсайр, истгоҳҳои он, ному насаби ронанда, рақами телефони он, тарифҳои ҳамлу нақли мусофир, нақша ва ҷадвали ҳаракати хатсайр, рақами телефонҳои боварӣ дар  соҳаи нақлиёт, навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва номи субъекти хизматрасон зикр  карда шуданд ва мусофиронро зарур мебошад, ки барои аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намудан, нисбати чораандешии саривақтӣ оид ба хилофкорони меъёрҳои амалкунандаи ҳамлу нақли мусофир дар шаҳр тавассути телефонҳои марбута муроҷиат намоянд.

 

СССР

 

Ҷумъа, Дек 16 2016

 Ба таваҷҷӯҳи Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Аз СССР: Матлаби фавқ на танҳо ба вилояти Хатлон дахл дорад. Он беҳтарин шарҳи ҳоли журналистика дар тамомии вилоёту шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Бадахшони Тоҷикистон низ ҳаст. Зимнан агар имрӯз ба он таваҷҷӯҳ нашавад, фардо Давлати мо пеши бӯҳрони фикрӣ қарор хоҳад гирифт. Мо Метавонем!

Ҷумъа, Дек 16 2016

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ш. Душанбе 164 дӯкон ва 1144 танӯрҳои ба таври ғайриқонунӣ бунёд ёфта бартараф карда шуданд. Инчунин, дар ин муддат 67 ошхона, 134 контейнер, 3273 мошинсарой барканор шуда 559279 м кв. заминҳои истифодаи умум, ки ғасб шуда буданд, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Дар ин бора раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баромади хеш дар иҷлосияи шаҳрӣ, ки 15.12.2016 баргузор гашт, хабар додааст.

Аз рӯи ҳисоботи М. Убайдуллоев, дар 11 моҳи соли 2016 дар  ҳудуди пойтахт корҳои ободонии зерин ба сомон расонида шуданд: тоза намудани атрофи биноҳо - 137133м2, рангубор намудани намои зоҳирии бино ва иншоотҳо - 179414 м2, тоза намудани ҷуйбору каналҳои назди биноҳо - 365681 м2, шинонидани гулҳои мавсимӣ - 36709 адад, шинонидани гулҳои ороишӣ ва майсазор дар масоҳати 21343,3 м2, -шинонидани дарахтони ороишӣ - 6116 бех, мумфарш намудани роҳҳо - 149501,61 м2, коштани майсазор (газон) - 66636 м2, азнавсозии пиёдароҳҳо бо тахтасангҳои ороишӣ - 15969 м2, бартарафкунии симтӯру панҷараҳо - 194719 м2 ва бартарафкунии деворҳои хиштӣ – 971 м2.

 

СССР

 

 

саҳ 99 аз 123

Китобҳо

Flag Counter