ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 22 2020

(Ё ҚИССАИ МАҚОЛАНАВИСИҲОИ ОМӮЗГОРОНИ БОИСТЕЪДОД)

Бас будагист охир! Ин ҳама сохтакориҳо ба кӣ лозим? Ё биёед роҳи ҳалли масалаи ба миён омадаро ёбем ё....

Ҳамин шабу рӯз, хазинаи компютерӣ дар дафтари кории нашрияҳои даврӣ, редаксияи рӯзнома, маҷалла ва ҳафтаворҳо ғарам-ғарами мақолаҳои омӯзгорони тоҷик интизори навбати чопанд. 

Барои аз “атестатсия” гузаштан ва “котегория” –и навбтӣ гирифтан, кулли омӯзгорони Тоҷикистонро зарур ва ҳатмист, то на кам аз 2 мақолаи худро дар маҷалла, рӯзнома, ҳафтаворҳои ҷумҳуриявӣ нашр намоянд. 

Ана “проблема!”

Бо сабабҳои ба мову Шумо маълум, нашрияҳо имкони дар бар гирифтани чунин “аудуторияи” калонро надоранд. Гоҳо мавзу ҷавобгӯ ба талаботи замон нест ё мақолаҳо дар сатҳи паст навишта шуда, таҳлили дарси кушодаеро дар бар мегиранд, ки дилгиркунанда ва баъзан вақт хандаовар аст.

Омӯзгорон, (албатта бархеашон) роҳи ҳалли ин масоилро низ ёфта, акнун “ҳамкории” зич бо рӯзноманигорон доранд. Бовар кунед, ҳам хандаовар аст ва ҳам гиряи кас меояд. Охир бар ивази маблағи муайян: шуру карда аз 100 то 200 сомонӣ рӯзноманигорон ба ҷои муаллимон мақола менависанд.

Барои нашр гаштани мақола, аввал он бояд ҷолиб бошад ва воқеан мавзуи рӯз буда, ҳаллу фасли монеагӣ ё пешниҳоди беҳтаринро дар бар бигирад. Дар акси ҳол ягон сармуҳаррир иҷозат ба чопи маводи хому бемантиқро намедиҳад. Ҳамин тариқ рӯзноманигори нафақахӯреро мешиносам, ки  аз номи даҳҳо омӯзгорон мақола навишта, барои пешбурди зиндагиву рӯзғори хеш шабонарӯзӣ заҳмат мекашад. Мӯйсафеди бечора сари вақт мақолаҳоро навишта, кайҳо ба редаксияҳои рӯзномаву ҳафтаворҳо супоридааст, вале аз боиси бениҳоят зиёд будани чунин маводи чопӣ, бархеашон ҳанӯз нашр нагаштаанд.

Ҳамин тариқ, Рӯзноманигор (барои озурда нагардидани хотир ва иззати нафсаш инҷо ному насабашро намегирам) дар балои азим гирифтор гашта, маҷбур аст телефони мобилии худро хомӯш карда гардад ё ҳатто симкорташро иваз кунад. Ӯ бо таассуф мегӯяд:

-Ин чӣ балое буд, ки бар сарам омад!? Бори нахуст ба чунин ҳолат гирифторам. Як муаллима рӯзе сад бор занг зада аз ман мепурсад, ки кай мақолаи ӯ чоп мешавад!? Муаллимаи дигар таҳдид мекунад, ки агар худи ҳамин ҳафта мақолаи ваъдагӣ нашр нашавад ва ман нусхаи рӯзнома, ҳафтавор ё маҷалларо дастраси ӯ нанамоям, ҳолам табоҳ хоҳад гашт. Субҳи солеҳон то нимаи шаб 7 омӯзгор маро чунон терор доранд, ки ба ҷои онҳо шарм медорам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, лекин ин ҳақиқати ҳол аст.

Ин муаллимаҳо намеандешанд, ки бо журналист сару кор доранд ва агар сиррашон фош гардад, шармандагист. Ман ку як поям ба лаби гӯр расидаву парвои чизе надорам, охир имрӯз ё пагоҳ падруди олам хоҳам гуфт, вале онҳо ҳоло ҷавонанд ва бояд андеша аз ояндаи хеш дошта бошанд.

Гап дар сари ҳамин аст: чаро омӯзгор шуда, устодони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ё умумӣ намедонанд, ки ҳама кор раванди худро дорад. Газетаҳо дар 1 ҳафта 1 бор ва моҳномаҳо моҳе 1 маротиба нашр мегардаднд. Инро ҳатто талабаи мактабхон ҳам медонад ва ҳазорон ҳазор мақолаҳои омӯзгорон дар навбат истодаанду ба сармуҳаррирон одамоне занг мезананд, ки радъ кардани хоҳишашон маҳол аст. 

Яке ҷуръат намуда супориш ҳам медиҳад, бовар кунед. Атрофи ҳамин масоил дар қабулгоҳи сармуҳаррире сӯҳбати кӯтоҳ доштем. Ӯ бо асабоният чунин нақл кард, ки :

“-Аз номи ҳамсари ман 1 ё 2 мақола навишта дар газетаатон чоп кунед. Ному насаб ва № мактабашро навишта гиред. Ҳа, гуфтагӣ борин, мабодо ягон мақолаи пучу фач не, зӯраша нависед. Талаботи Вазорати илм ва морифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин будааст, гуфтани мансабдоре ва баъд аз муддате боз занг зада, бе салому бе алайк, чунин эътироз доштани ӯ ки:

-Ҳа, ако! Ҳамон мақолаҳоро чоп кардед, аммо чаро дастрас нанамудед? Аз ҳар шумора се чор нусхаи ба мо мефиристодед, чӣ мешуд...!?

На сипос, на ягон одамгарӣ ва бар замми заҳмати рӯзноманигорон боз таънаву маломат низ мешунавем. Мо якеро ака гуфта ҳурмату эҳтиром мекунем, дигарӣ хеш ё шиноси наздик аст, сеюмин метавонад истодгар “тормуз” –и пешравии кор гардад, ва минбаъд монеъагиҳо созад, гӯён маҷбурем бетараф ва лолу ҳайрони кор монем.

Барои пайгирии ин мавзу дар охири соли 2019 -ум 5 мақолаи дархостӣ аз номи 5 омӯзгори мактаби №... қабул кардем. Ҳар кадом 100 сомонӣ ба рӯзноманигор дода, таҳкид карданд, ки мақолаҳояшон бояд ҳарчӣ зудтар нашр гардад, зеро атестатсия ва категориягирӣ дар пеш аст.

Муаллимонро касе маҷбур накардааст, баракс онҳо худашон рӯзноманигорро пайдо карда, зориву тавалло намудаанд, тоинки бар ивази 100 сомонӣ аз номашон мақолаҳои илмӣ нависад. (Дар сурати баррасии Судӣ, тафтишоти ҷиддӣ ё даъвои ноҳақ мо  метавонем ному насаб, рақами макотиб ва номи мақолаҳо, исми муаллифи асосӣ, яъне Рӯзноманигорро бо далелҳои баҳснопазир) пешкаши аҳли ҷамоат ва пурсандагон намоем. 

Хулоса: атрофи ҳамин мавзу як олам гап!

Пешниҳод барои бартараф сохтани ин камбудӣ: хуб мебуд рӯзномаи нав бо унвони “Муаллимон” ё замимае ба “Омӯзгор” иловатан нашр гардад. Бигузор аз 12 ё 18 варақ не, балки 28 варақ иборат бошад ва ба омӯзгороне, ки дар воқеъ ҳунару салиқаи бо ҳам пайваст кардани ду ҷумларо надоранд, имкон дода шавад, ки бар ивази маблағи муайян, рӯзноманигорон аз номи онҳо мақолаҳо нависанд.  Бовари комил дорам, ки яке аз бойтарин нашрия тавлид хоҳад гашт. Бе ҳазл, охир як ҳисоб карда бароед, ки дар қаламрави ҷумҳуриямон чанд омӯзгор фаъолият доранд ва онро ба 2 маротиба ҷамъ кунед. Дар ин нашрия ҳар омӯзгор дар дафтари қайди навбат ҷойи муайяни худро ишғол карда, бепарво мегардад ва рӯзи нашри газета, рафта 100 донаҳакашро бар ивази маблағи муайян харидорӣ хоҳад кард “тибқи талабот” –и прескурант ва принсипи кории редаксия.

Бе хафагӣ ва бо ҷиддияти том!

Шояд он гоҳ рӯзноманигорон бо таассуф ва дилгирӣ аз номи омӯзгорон мақола нанавишта, сафҳаҳои нашрияҳои мо ранги дигар мегиранд. Агар хондани ин мақолаҳо ба ягон кас зарур бошад, минбаъд аз нашрияи махсуси алоҳида матни пурраи онҳоро пайдо хоҳанд кард. 

Рӯзноманигорони – омӯзгор пирони барнодил ва нафақахӯрони боистэъдод дар ҷумҳурӣ кам нестанд ва редаксияи рӯзнома ё ҳафтавор бе коргар нахоҳад монд. Ҷавонони чаққоне ҳам ҳаст, ки барояшон фарқ надорад, ки дар кадом мавзу менависанд, мӯҳимаш моҳона гиранд. Ана марҳамат: ҷойҳои кории нав ва бар замми ин 1 проблема кам...

 

Гули Зард – Зардова Гули Давлаталиевна

Махсус барои ҳафтавори “СССР”

 

Ҷумъа, Янв 17 2020

 

     Хонандагони тоҷик аз Олипиадаи байналмилалии Жаутиков бо 2 медали нуқра ва 10 биринҷӣ баргаштанд. 

    Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ иттиллоъ медиҳад, аз 9-ум то 13-уми январи соли 2020 дар ш.Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технология иттилоотӣ доир гашт. Дар Олимпиадаи мазкур 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуда, кишвари моро 3 даста аз литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе, литсейи муштараки тоҷикӣ-руссии «Ҳотам ва ПВ» ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат аз 21 нафар намояндагӣ карданд. Дар умум хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. 

 

Чоршанбе, Янв 08 2020

 

Салом “СССР”-и азиз! Маорифчиёни ноҳия бо роҳбарии мудири шуъбаи маориф М. Орифзода ва сарпарастии соҳибкорони маҳаллӣ тавонистанд, ки барои ободонию созандагии муассисаҳо саҳми муносиб гузоранд. Ин иқдоми наҷиб шоистаи таҳсин мебошад. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии  ҶТ дар н.Восеъ сохтумону таҷдиди 27- муассисаи таълимӣ ва 6 боғчаи томактабӣ бо маром идома дорад. 

Даврони Айниддин, омӯзгор н.Восеъ, тел: 931230939 

 

Панҷшанбе, Янв 02 2020

Дар н.Шаҳритузи вил.Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бунёди 365 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта, то ба санаи 1.12.2019 тибқи нақша 151 адад иншоот дар соҳаҳои инфрасохтор, маориф, фарҳанг ва рушди деҳот сохта, ба истифода дода шудааст.

Тавре ба мухбири минтақавии СССР дар вил.Хатлон Ҷаббори Ғаффор, раиси тозатаини ноҳияи мазкур хабар дод, то моҳи декабри соли ҷорӣ дар ноҳия 6 адад муассисаи томактабӣ, 9 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 3 китобхона, 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 беморхона, 5 бунгоҳи тиббӣ, 1 таваллудхона, 7 нуқтаи хатнакунӣ, 4 дорухона ва 1 толори муосири варзишӣ бунёд карда шудааст. Инчунин, дар радифи корҳои ободонӣ ва созандагӣ 12 майдончаи нави варзишӣ, 1 майдончаи бозии кӯдакона, 1 сартарошхона, 1 ҳаммоми замонавӣ, 4 кошонаи ҳусн дар деҳаҳои дурдаст низ бунёд шуда, таъмири 30 км. роҳу 1 пул низ ба сомон расидааст.

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Панҷшанбе, Дек 26 2019

    Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имрӯзаи хеш бо таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф ва илм иброз доштанд, ки  соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

    Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

    Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

   - Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям, -афзуд Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём.

 

Чоршанбе, Дек 25 2019

 

Раҳмон Абдуллоев, сокини н. Варзоб (тел: 917 60 05 20) занг зада гуфт, ки дар деҳаи мо 1 дарра аст ва дар тарафи дигари он мактаб ҷойгир буда, хонандагони деҳа ба он ҷо мераванд. Дар фасли баҳору зимистон бо сабаби омадани селу об хонандагон ҳафтаҳо, баъзан моҳҳо ба дарс рафта наметавонанд. Аз ҳамин лиҳоз, аз раиси ноҳия хоҳиш мекунем, ки дар инҷо купруке созанд, то ин ки  барои мардуми деҳа ва мактаббачагон рафту омад осон гардад. Зеро ин мушкил чанд соли охир мешавад, ки моро ташвиш медиҳад, аммо касе ба додамон намерасад.    

 

саҳ 3 аз 22

Китобҳо

Flag Counter