ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Май 18 2017


Мутобиқи созишномаи қарзие, ки дирӯз дар ш. Ҷиддаи Арабистони Саудӣ байни Ҳукумати ҶТ ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба табиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» ба имзо расид, Сандуқи рушди Саудӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии $ 35 миллион мактаб бунёд хоҳад кард.
Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 1 қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.



СССР
 


Ҷумъа, Апр 28 2017

Имрӯз, 28.04.2017 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги аввал ба бунёди мактаби байналмилаллии Тоҷикистону Британия оғоз бахшид. Мактаби мазкур дар к. Тӯрақул Зеҳнии н. Шоҳмансури пойтаъхт ҷойгир шуда дорои 420 ҷойи нишаст мебошад.
Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомониро дар бар гирифта, 300 нафар коргарон дар бунёди ин иншоот саҳм хоҳанд гузошт. Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5 ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Масоҳати зери сохтмон бошад 1 ҳазору 700 метри мураббаро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониёро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ вашаҳрсозӣ» таҳия карда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маркази таълимии Ганҷина» мебошад.
Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.
Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони Бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.

СССР

Чоршанбе, Апр 26 2017


Ба 1 манбаъи муътамад, 2 моҳ мешавад, ки омӯзгорони мактаби №3-и ноҳия ҳаққулзаҳмати худро нагирифтаанд. Ин мушкил, ба гуфти ҳамсуҳбати СССР, фақат дар ҳамин мактаби ноҳия будааст. Муаллимон бошанд, аз бепулӣ сарсону саргардонанд ва намедонанд, ки аз куҷо қарз пайдо кунанд…

Душанбе, Апр 03 2017


Салом, СССР! Дар н.Истаравшан бо вуҷуди пешравӣ камбудиҳо низ дар соҳаи мактабу маориф ҷой доранд, ки он мушкилии асосию хавфноктарин буда, бинобар бемасъулиятиву хунукназарии шахсони масъули Раёсати маориф, ҷамоати деҳот ва дигар бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Истаравшан ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд боиси ташвиши хонандагону омӯзгорон ва сокинони деҳоти Обҷувоз, Болғалӣ ва шаҳраки «Дилшод»-и ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и ш.Истаравшан шудааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо бинои МТМУ №50 ба номи Шариф Каримови деҳаи Обҷувоз аст. Ин бино ҳанӯз с.1959 ба таври ҳашари умумихалқӣ бунёд шуда, айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бояд гуфт, ки 1 қисми бинои ин мактаб бинобар корношоям шуданаш дар соли таҳсили 2008-09 бо ташаббуси сарвари мактаб ва бо иҷозати шахсони масъули шаҳр вайрон карда шуда, боз бо кӯмаку дастгирии сокинони деҳаҳои мазкур дар 1 гӯшаи саҳни мактаб бо хишти хому масолеҳи пастсифати сохтмонӣ тариқи ҳашари оммавӣ 10 синфхонаи иловагӣ сохта шуд. Мутаассифона, таҳкурсии бино с.1970 гузошта шуда, роҳравҳои бино хеле танг буда, бинобар дар дохили синфхонаҳо боз шудани дари синфхонаҳо ва ба талаботи зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ набуданаш таҳсили хонандагонро дар ин бино ашхоси масъули ҚМҲ- 10-уми хадамоти давлатии оташфишони Истаравшан (Камолов Ф.) қатъиян манъ карданд. Вале раиси маорифи шаҳр (Фозилов Р.) дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни Истаравшан бинои мазкурро бинобар сабаби ба синфхонаҳои таълимӣ эҳтиёҷот доштани хонандагон мавриди истифода қарор дода, аз тақдири насли наврас, ки ояндаи миллату давлатанд, андеша накарданд.
Ногуфта намонад, ки дар мактаби мазкур 692 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки баҳри таълиму тарбияи онҳо 42 омӯзгори дорои маълумоти олӣ ва таҷрибаи бойи корӣ, пайваста заҳмат мекашанд. Дар мактаб бошад барои ҷалби хонандагон ба соҳаи варзиш ва гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои мактабӣ тӯли чанд сол паст, ки толору майдончаи варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, инчунин барои инкишофи зеҳнию равонии муҳассилин толори хониш ва китобхонае ба талабот ҷавобгӯ нест! Ҳарчанд, мо сокинон муддати чанд соли Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудӣ ва сохтмони наву замонавии мактаби мазкур ба унвонии мақомоти дахлдори шаҳру вил.Суғд муроҷиат намуда бошем ҳам, вале афсӯс, ки ба муроҷиати чандинкаратаи мо бо вуҷуди аз ин ҳолати ногувор бохабар будани шасхони масъули мақомотҳо ягон чораю тадбирҳои зарурӣ андешида нашуд. Ҳол он ки дар асоси ҷавобҳои бешумори аз тарафи масъулини мақомоти дахлдор ба мо дастрасшуда, бояд сохтмони мактаби нав аз буҷети вилоят дар рӯйхати иншооти сохтмони асосии вилоят дар солҳои 2014-15 ворид карда шуда, ба маблағи 1800000 сомонӣ бунёд карда мешуд, вале то имрӯз бо иваз шудани ҳар 1 роҳбар мушкилии мо ташвишовар боқӣ монда, ҷавобҳо рӯи коғаз мондааст! Ваъдабозиҳои ҳокимон то кай давом мекарда бошад?!


Хуршеди Азиз, Холов Мурод ва дигар сокинони
деҳаи Обҷувоз, ш.Истаравшан, тел: 92 608 28 28

Сешанбе, Март 14 2017


12.03.2017, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт бо 3 нафар ҷавони синну солашон аз 23 то 30-сола, савдогарони бозори “Шоҳмансур”, сокинони ш. Душанбе ва н. Восеъ вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ҳамдигарро лату кӯб кардаанд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар сокинони ш. Душанбе, ҷавонони аз 18 то 21-сола, 2 нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, бо гумони ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

СССР

Ҷумъа, Фев 17 2017

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид медорад, ки соҳаи маориф дар ш. Душанбе ба навсозӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳукумат ба рушди илму маориф ва ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани низоми таълиму тарбия таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аммо аз рӯи таҳлилҳо маълум мешавад, ки дар шаҳри Душанбе дар ин ҷода камбудиҳои ҳалталаб ниҳоят зиёд мебошанд.

 - Бо вуҷуди он ки дар замони истиқлолият дар шаҳри Душанбе 29 бинои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд, ҳоло ҳам дар шаҳр муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ намерасанд ва илова бар ин, сатҳу сифати дониши хонандагон ва одобу ахлоқи онҳо коста гардидааст. Вазъи фарогирии хонандагон ба мактабҳо нигаронкунанда буда, бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳо намерасанд ва бо истифода аз ин ҳолат баъзе талабагон ба беҳудагардӣ машғул мешаванд. Ба замми ин, зиёда аз 4500 нафар хонандагони шаҳру ноҳияҳои атроф ва дигар манотиқи кишвар дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд ва табиист, ки чунин вазъ боиси паст шудани сифати таълиму тарбия дар бештари мактабҳои пойтахт гардидааст. Бо сабаби зиёд будани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва ташкили дарсҳо дар 2 ва дар баъзе мактабҳо ҳатто дар 3 баст назорату идоракунӣ дар ин муассисаҳо хеле заиф гардида, сабаби коҳиш ёфтани сифати таълиму тарбия шудааст, - иброз дошт дар суханронии хеш бо фаъолони пойтахт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон сарвари давлат таъкид кард, ки сатҳи корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ коҳиш ёфта, омилҳои зикршуда сабабгори зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳри Душанбе гардидаанд. Дар шаҳр марказҳои беруназмактабӣ, маҳфилҳои ихтироъкорӣ ва дигар машғулиятҳое, ки баъди дарс хонандагонро ҷалб намоянд, кам буда, ин масъала беҳбудӣ мехоҳад. Дар мактабҳо фаъолияти маҳфилҳои эҷодиву илмӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, омӯзгорон бо корҳои иловагӣ кам машғул мешаванд.

    СССР

 

саҳ 7 аз 13

Китобҳо

Flag Counter