ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 28 2019


Бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии созмони хонандагон ба номи И.Сомонӣ дар майдони Парчам ҷамъомади тантанавии қабули аъзо ба сафи ин созмон зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” бо иштироки муовини раиси ш.Бохтар Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қурбонбӣ Забирзода ва хонандагону омӯзгорон баргузор шуд. Барои қабули хонандагон ба зинаи “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён”, “Сомониён” сараввал дастаҳо гузориш дода, савганд ёд карданд, ки “ойинома ва низомномаи созмонро риоя карда, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоем. Ва барои хизмати халқу ватани хеш доимо тайёрем”.
Баъди гузориши зинаҳо зери суруди тантанавии созмони хонандагон меҳмонон гарданбандҳои зинаҳоро бастанд.

СССР, Бохтар

Ҷумъа, Фев 08 2019

 

   Дар соли 2018 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 5220 нафар шаҳрвандони кишвар аз рӯи ихтисосҳои гуногун барои таҳсил ба макотиби олӣ ва илмии давлатҳои дигар фиристода шуданд, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2017-2018 227 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

   Бино ба иттилои вазир, соли гузашта аз ҷумла ба Федератсияи Россия 4019 нафар, Ҷумҳурии халқии Хитой-462 нафар, Украина-31 нафар, Белорус-112 нафар, Қазоқистон-163 нафар, Қирғизистон-176 нафар, Давлати Қувайт-6 нафар, Индонезия-24 нафар ва дигар кишварҳо 427 нафар барои таҳсил сафар карданд.

   Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар соли 2018 ба таҳсил дар мактабҳои олии ҶТ фаро гирифта шуданд, 6257 нафарро ташкил дод.

 

СССР

 

Чоршанбе, Фев 06 2019

    Дар ҷумҳурӣ  3869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла 332 муассисаи умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар хабар дод.

   Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 980 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёдтар мебошад. Дар соли 2018 дар муасссисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 229 452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуда, синфи 11-ро 118 282 нафар хатм карданд.

СССР

 

Ҷумъа, Фев 01 2019


   Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи дубора баргардонидашудани “Занги охирин” ба мактабҳои кишвар, афзуд, ки ҳеҷ гоҳ тарафдори дубора баргаштани ин гуна чорабинӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат нест ва нахоҳад буд.
  - Ман ҳамеша зидди чунин чорабиниҳо, амсоли “Иди Алифбо”, “Занги охирин” ва ё “Занги камолот” ва таҷлили соли нави мелодӣ дар мактабҳо ҳастам ва хоҳам монд. Мо таътилҳоро соли ҷорӣ барқарор кардем, вале зидди амалӣ намудани чунин чорабиниҳое, ки дар пайи худ характери коррупсионӣ доранд, ҳастем, таъкид дошт Нуриддин Саид.

СССР

Ҷумъа, Фев 01 2019


1.02.2019. Соат бо вақти Душанбе 11:35 дақиқа.
Дар Вазорати маориф ва илми ҶТ нишасти матбуотӣ барпо шуд ва дар нишаст Нуриддин Саид-вазири маориф пеш аз журналистон аллакай ҳузур дошту шахсан журналистонро пешвоз гирифт. Ва ҳамроҳ бо мухбирон чой нӯшиду чанд латифае низ қисса кард ва пайваста «муҳтарам рузноманигорон» гуфта муроҷиат мекард.

Ҷамила Ҳусейнова,
СССР

Панҷшанбе, Янв 24 2019

 Дар ҷумҳурӣ 3 869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла 332 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3 070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Дар соли 2018 шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст. Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 млн. 970 ҳазор нафарро (1млн. 21 ҳазору 280 духтар) ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда, аз ҷумла 34 224 духтар зиёд мебошад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.
    Соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 22 9452 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 6113 нафар кам аст.
    Соли таҳсили 2017-2018 синфи 9-ро 160 ҳазору 369 нафар хатм намуд. Барои идомаи таҳсил ба синфи 10, 140713 нафар (88,9%) фаро гирифта шуд. Нишондиҳандаи мазкур дар ВМКБ ба 93,4%, вилояти Хатлон – 97,5%, вилояти Суғд – 99,9%, шаҳри Душанбе – 69,6% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 70% баробар аст. Илова бар ин, 13921 нафар хатмкунандаи синфи 9 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва курсҳои кутоҳмуддат барои гирифтани касб таҳсилро идома дода истода, 3597 нафар аз таҳсил берун мондаанд.
   Синфи 11-ро 118 282 нафар хатм намуд, ки аз онҳо 3707 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, 14100 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва 46545 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд.

саҳ 9 аз 22

Китобҳо

Flag Counter