ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 23 2018



Илҳом Камолзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорати маориф ва илми мамлакат ҷорӣ шудани қоидаҳои навро барои донишҷӯён ва кормадони соҳаи маориф ва илми кишвар дар робита ба сафарҳои хориҷӣ барои журналистон маънидод намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳадафи асосии ин амал назорат ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар аст.
 -То ба имрӯз аз тарафи вазорати маориф ва илми мамлакат ба ягон донишҷӯ ва ё устоди донишгоҳ барои ширкат кардан дар конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ ва ё сафар кардан ба хориҷи кишвар бо сабабҳои шахсӣ монеа эҷод нашудааст. Сафари донишҷӯён, аспирантову магистратон, номзадҳои илму докторҳо, устодони макотиби олӣ ба кишварҳои хориҷӣ бояд бо вазорати маориф ва илми ҶТ мувофиқа карда шавад ва ин 1 тартиби муқаррарӣ аст. Касе дар ин ҷо ҳуқуқи инсонро поймон ва нақз намекунад, баръакс мо муваззафем, ки ҳуқуқҳои шаҳрванди Чумҳурии Тоҷикистонро берун аз кишвар низ ҳимоя намоем, - таъкид дошт Илҳом Камолзода.

СССР

Чоршанбе, Июл 25 2018


Барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи кишвар имсол аз рӯи маълумоти вазорати маориф ва илми мамлакат 1246 квотаи президентӣ ҷудо карда шудааст. Аз ин теъдод 608 квота барои писарон ҷудо шуда, барои ноҳияҳои дурдасти мамлакат, аз он ҷумла барои н.Мурғоб 100 адад квота ва барои минтақаи Язғулом 40 адад квота пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигорон муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев итиллоъ дод.
Чуноне ки Раҳматулло Мирбобоев зикр намуд, ҳамчунин 100 квотаи президентӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва 50 квота барои диаспораҳои Тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Россия ҷудо гардидааст.

Шанбе, Июл 21 2018


Вазорати маориф ва илми ҶТ ба ҳукумати кишвар тавассути ирсоли 1 дархост пешниҳод кардааст, ки масъалаи баргардонидани таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳориро дар соли хониш барои мактаббачагон баррасӣ намояд. Чуноне ки Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми мамлакат имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ иброз намуд, барои баргардонидани таътилҳои мавсимии мактабӣ тибқи низоми қаблии таҳсил бояд ба баъзе аз ҳуҷҷатҳо, амсоли низомнома оид ба ҷорӣ кардани таътилҳо тағийрот ворид карда шавад ва агар вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расида, барои ин кор иҷозат диҳанд, мумкин аст аз соли нави таҳсил таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ баргардонида шаванд. Бояд қайд намуд, ки Газетаи мардумии СССР аз оғози фаъолият то ба имрӯз тарафдори баргардонидани таътилҳои мавсимӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар буда, борҳо дар ин бора матлабу мақолаҳои танқидӣ низ нашр кардааст. Аз ҷумла, муаллифони матлабҳои рӯзнома бар зидди таътили 1-моҳаи мактаббачагон дар моҳи январ буда, аз он тарафдорӣ менамуданд, ки соли хониш бояд тибқи низоми гузашта 25 май ба итмом бирасад.

СССР

Шанбе, Июл 21 2018


Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 муассисаи таълимӣ - 1 мактаби миёна ва 1 боғчаи кӯдакона сохта ба истифода бидиҳад. Дар ин бора имрӯз ба намояндагони ВАО Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, ҳамзамон 1 мактаб дар н.Спитамен ва 1 маркази тиббӣ дар н.Қубодиёни вил.Хатлон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта ба истифода дода мешаванд. Бояд зикр намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 77 муассисаи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар 426 муассисаи таълимӣ таҳсил ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130.000 талаба бо забони ӯзбекӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

СССР

Панҷшанбе, Июл 19 2018


Санаи 17.07.2018 дар бинои асосии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ректори ДМТ, муҳтарам Маҳмадюсуф Имомзода дар оғози нишаст аз дастовардҳои ин Донишгоҳи воқеан ҳам бонуфузи кишвар ёд оварда гуфт, ки «Дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ 3256 адад компютер ва дар синфхонаҳои таълимӣ 145 адад тахтаи электронӣ, 180 адад видеопроектор, 523 адад принтери бисёрфунксионалии лазерӣ ва 13 адад сканер насб шудааст, ки барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд…».
Имомзода дар идома перомуни фаъолияти таълимӣ дар ДМТ афзуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо сарпарастии молии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати пайвасти ноқилҳои хатти интернетии Wi-Fi дар «Шаҳраки донишҷӯён» $396.000 ҷудо карда шуда, корҳои васлкуниро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуавей» ба роҳ монд. Хатти интернет дар 11 нуқтаи беруна ва 15 нуқтаи дохила пайваст гардид, ки қисми зиёди биноҳои таълимии Шаҳракро фаро гирифт.
Мавсуф дар бахши корҳои илмию таҳқиқотӣ ва диссертатсия гуфт, ки «дар 10 Шӯрои миллии диссертатсионии назди ДМТ 38 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд. Аз ин шумора, 24 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ навишта шудааст. Дар 7 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия 29 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд…».
Дар ҳамин маврид Маҳмадюсуф Имомзода оид ба фошкориҳои ахири сайти интернетии Диссернети Русия ва вокуниш нишон надодани ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки «амали диссернет ҳадафмандона аст. Аз сӯи дигар интернет майдонест, ки он ҷо сиёҳ ҳам ҳаст, сафед ҳам, таҳқир ҳам ҳаст, таъриф ҳаст, сухани қабеҳу дашном низ. Ҳар кас ҳар чӣ хоҳад гуфтан мегирад. Аммо ҳар кас бояд ҳарфи худашро гӯяд ва ба ин мутахассисон бояд вокуниш нишон бидиҳанд. Дар ДМТ, дар бахши илм ва инноватсия беҳтарин мутахассисон фаъолият доранд ва метавонанд, ба ин масъала рӯшанӣ андозанд. Ин мавзӯи сӯҳбати илмӣ ва баҳси илмӣ ҳам нест…».

Хабарнигори мо

Чоршанбе, Июн 13 2018


Вазорати маориф ва илми мамлакат мегӯяд, ки шояд аз соли нави таҳсил таътили қаблӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ ва низоми пештараи кории мактабҳо аз сари нав ҷорӣ гашта, айни замон комиссияи махсуси вазорати номбурда барои омӯзиши ин масъала таъсис ва кори хешро оғоз кардааст.
Бино ба итиллои Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии вазорати маориф ва илми ҶТ, тағийрот дар низоми таҳсил ҳатман сурат мегиранд ва шояд аз соли нави таҳсил таътилҳои қаблӣ дубора ҷорӣ карда мешаванд. Ин масъала пас аз омӯзиши комиссия дар коллегияи вазорати мазкур баррасӣ хоҳад шуд.
Бояд қайд намоем, ки ҳафтаи гузашта 1 гурӯҳ фаъолони шабакаи ичтимоиӣ Фейсбук ба номи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ нома навишта, аз эшон хостаанд, ки ба масъалаи баргардонида шудани таътилҳои мактабӣ ва низоми қаблии хониш дар мактабҳои кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Чуноне ки дар нома навишта мешавад аз байн бурдани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ, тамдиди соли хониш ва 1 моҳи истироҳат дар фасли зимистон ба вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии хонандагон, алалхусус толибилмони синфҳои ибтидоӣ таъсири манфӣ расонида, ба аз байн рафтани шавқу рағбат нисбат ба хониш оварда мерасонад.



саҳ 5 аз 16

Китобҳо

Flag Counter