ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Март 06 2020

    Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6.03.2020 Ватанзода Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Маҳмудзода Насрулло, ки то имрӯз дар вазифаи Прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

   Тавре сомонаи www.prezident.tj хабар медиҳад, инчунин бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон раиси н.Мурғоби ВМКБ Чошбаев Мурзабай бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Раҷабзода Ҳусния раиси н.Мурғоб таъин карда шуд. 

   Дар идома гуфта мешавад, ки Саидзода Шоҳин директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти ҶТ, Идизода Файзалӣ-сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин гашта, бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Абдураҳмонзода Абдураҳмон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Бобозода Хисрав-муовини вазири мудофиа, Хоҷазода Тоҳир, ректори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Азиззода Ҳафиз-сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Абдуллозода Умеда муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

 

 

Ҷумъа, Фев 21 2020

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз вазъи роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ва танбашавии воситаҳои нақлиёт дар марказҳо изҳори нигаронӣ кард. 

Дар роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон 945 пул мавҷуд буда, то ҳол 31 адад пул, аз ҷумла дар шаҳру навоҳиҳои Кӯлоб-2 адад, Восеъ-100, Данғара 3 адад, Бохтар ваКӯшониён 2 ададӣ, Вахш, Хӯросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, А. Ҷомӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Ш.Шоҳин, Фархор, Ховалинг 1 ададӣ пулҳои таъмирталаб вуҷуд доранд. 

   - Бояд иқрор шуд, ки дар фаъолияти раёсатҳои хадамоти давлатии назорат ва танзими минтақаи Бохтар ва Кӯлоб ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой дошта, баъзе аз соҳибкорони ба мусофиркашонӣ машғулбуда бе рохҳат, бе муоинаи ҳолати техникӣ ва тиббӣ фаъолият менамоянд. Нисбати бетартибиҳо ва тамбашавӣ

дар атрофии бозорҳои марказии ш. Бохтар, ба мисли «Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф» инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш ва  А.Ҷомиӣ ҳануз ҳам нигароникунанда аст, афзуд Қурбон Ҳакимзода.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Фев 14 2020

   Бо Фармонҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 14.02.2020 Гулмаҳмадшозода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло муовинони Сарвазири мамлакат таъин гардиданд. 

   Гуфта мешавад, ки Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод шуданд.

 

Ҷумъа, Фев 14 2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба масоили вобаста ба делимитатсия ва демаркатсия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Исфара ва Боткент  ибрози назар карда, таъкид намуд,  ки ҳоло аз ҷониби комиссияи байнидавлатӣ масъали додугирифти замин байни 2 кишвар идома дорад:

 “Гуфтушунид рафта истодааст. Ман боварии комил дорам, ки масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳал карда мешавад. Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем. Ворух анклав нест”,- гуфт раиси вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон. Вале раиси вилоят, дар мавриди он ки Тоҷикистон кадоме аз минтақаҳои худро ба ҷониби Қирғизистон барои иваз пешниҳод кардааст, чизе нагуфт.         

Қаблан итилоъ дода шуда буд, ки  Қирғизистон 2 қитъаи наздисарҳадӣ – Ариқ-Аста дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ва Самарқандак дар деҳаи Самарқандакро барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст. 

 Гуфта мешавад, комиссия бо дарназардошти харитаҳои солҳои пешин масъалаи делимитатсия ва демаркатсия дар марзро баррасӣ дорад ва қарор аст, ки ҷонибҳо ба наздикӣ ба тафоҳум оянд. Ба иттилои сарчашмаҳо аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст.

 Ҷоиз ба зикр  аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Азбаски 472 километри дигар то ҳол  номуайян аст, сари ҳар вақт бо сабабҳои мухталиф муноқишаҳо дар минтақаҳои марзии ин 2 кишвар сар мезанад. Ба маълумоти сарчашмаҳо аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо ҳудуди 10 низои марзӣ ба амал омадааст, ки бо марги чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон анҷомид. 

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

Чоршанбе, Фев 12 2020

 

(Оё мардум вакили худро мешиносад? Хулоса дар шахсияти 1 тан...)

5 сол муқаддам, аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21, собиқ раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназар вакили парлумон таъин гардид. Барномаи пешазинтихобии ӯ беш аз 30 бандро ташкил медод, ки барои ба ёди худи вакилу интихобкунандагони ҳавза овардан онро инҷо кӯтоҳ карда меорем: 

1.Андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини ғановати буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ тавассути ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон;

2.Воридоти технологияи муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ташкили  корхонаҳои нави хурду миёна...

3.Мусоидат дар эҳё ва рушди ҳунарҳои суннатии кашидадӯзиву қолинбофӣ ва пазандагӣ...

4.Мусоидат дар таъмини иштироки фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ дар ғановати бозори дохилӣ...густариши шарикии бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ;

5.Ширкат дар таҳияи Барномаҳои миллии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нерӯи барқ ва гармӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд ва истифодаи сӯзишвориҳои алтернативӣ;

6.Чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти мӯътадили корхонаҳои саноатии муваққатан азкорбозмонда ва тозабунёд, дар самти истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва воридотивазкунанда;

7.Ба анҷом расонидани таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент;

8.- Ба истифода додани коргоҳи дуюми ҶДММ КМ «Зарафшон»;

9.- Сохтмони хати баландшиддати 220 кВ «Айнӣ – зеристгоҳи Рӯдакӣ»;

10.- Сохтмони зеристгоҳҳои барқии 110 кВ «Қавола» ва «Хамиртеппа»;

11.- Сохтмони хонаи саломатӣ дар мавзеи навбунёди Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа  Ҳасан;

12.- Сохтмони бинои шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаи марказии шаҳр; 

13.- Таъмир ва тармими шабакаҳои гармидиҳии  беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент.

14.- Аз таъмири асосӣ баровардани кӯдакистони №7;…

   Ба фиркам кофист…!

Коршиносони шаҳри Панҷакент мегӯянд, қариб нисфи пунктҳои барноми Хисрав Абдуназар иҷроношуда боқӣ мондааст. Он корҳое, ки дар ин муддат амалӣ гардиданд, на бо мусоидати депутаташон амалӣ шудаанд.  Балки кори ҳамарӯза иҷро мешудаи идораву корхонаҳо буд. Мактабҳо боз чун ҳамешагӣ аз ҳисоби хонандагон таъмир гардиданд, роҳу ҷодаҳоро шахсони сахӣ ва ё тариқи ҳашар поккорӣ намуданд ва ғ. ва ҳ. 

Вале ин нуктро мӯҳтарам вакили халқ аз Панҷакенти бостонӣ радд карда наметавонад, ки дар муддати 5 сол депутатии ӯ, чанд корхонаи саноатӣ аз қабили корхонаи “Тамоку”, Заводи биринҷ  ва “Шарбат” пурра аз байн рафтанд. 

Хуршед Фозилов, Панҷакент, СССР

PS: Он бандҳое, ки зерашон хат кашида шудааст, тамоман иҷроношуда боқӣ мондаанд.

 

Панҷшанбе, Фев 06 2020

 

Агар вакилони ояндаи парлумони Тоҷикистон низ аз ҳамдиёри худ - депутати Думаи давлатии Россия Раҳим Азизов ибрат гирифтаву ба ӯ пайравӣ мекарданд, нур бар болои нур мешуд...

Азизов Раҳим Азизбоевич – ходими намоёни сиёсиву давлатии Россия, депутати Думаи давлатӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии вилояти Киров, дар шабакаи ҷаҳонии интернет сомона ва дар шабакаи Фейсбук саҳифаи расмии худро (https://www.facebook.com/azimov2016/) дорад.  Ӯ аз фаъолияти вакилии хеш мунтазам ахборот пахш мекунад, дорои қабулгоҳи электронии худ буда, бо интихобкунандагони хеш ҳамеша дар тамос аст.

Хотиррас мешавем, ки Раҳим Азизов ҳамдиёри мо, зодаи шаҳри Исфара, нахустин тоҷик дар парлумони Россия аст.

Мавсуф тавассути сомонаи расмӣ ва саҳифаи фейсбукиаш фаъолияти депутатӣ, раванди амалигашти Барномаи пешазинтихоботӣ ва иҷрои дархостҳои интихобкунандагони худро ошкору шаффоф инъикос мекунад.

Чун айни замон дар арафаи чорабинии муҳими сиёсӣ - Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тавсия мегардад, ки вакилони нави парлумони мо низ аз чунин иқдоми ҳамкасбони руси худ- депутатҳои Думаи давлатии Россия бояд амалан пайравӣ бикунанд.

Икбол Тешаев

Журналист

 

Аз редаксия: Воқеан ҳам кадоме аз депутатҳои мо, ки ҳамакнун мӯҳлати ваколаташон поин мерасад, сайти интернетӣ, саҳифаи фейсбукӣ, твиттер, блог доранд? Медонем, ки аксарият бо номҳои мустаор ба Фейсбуку шабакаҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд, вале аз ифшои номи аслии хеш метарсанд. Суоле матраҳ аст, вакиле, ки бо номи худ дар олами виртуолӣ 1 ҳарф гуфта натавонад, магар манофеи миллату давлатро ҳифз карда метавонад? Посух аз туст, хонанда.

Рӯиҳамрафта, вакили мардумӣ аз ҳамин ноҳияи бостонӣ-Мавзуна Шамсиддинзода, ки вакили мардумӣ дар парлумони касбӣ буду ӯро боз ҳам барои навбати 2-ум ба номзадӣ пешбарӣ кардаанд ва 100% гарант ҳаст, ки боз депутат мешавад, боре ҳам назари худро дар мавриди хушунат дар марз бо Қирғизистон нагуфтаву расман аз манофеи мрзии Тоҷикистон, ҳуқуқи даҳҳо ҳазор сокини Воруху Чоркӯҳ, ки пайваста поймол мешаванд, ҳифозат накардааст. Ӯ на саҳифаи Фейсбукии фаол дораду на твиттеру на блог ва на сайти вежаи интернетӣ. Пас, меарзад, ки чунин нафарро дубора депутат интихоб куне(м)д? Шояд нафаре аз Исфара ба парлумон равад, ки ақаллан манофеи марзии ватани моро дар сатҳи баландтарин ҳаллу фасл кардаву дар набардҳои иттилоотии интернетӣ чизе гуфта тавонад??? 

 

 

саҳ 5 аз 81

Китобҳо

Flag Counter