ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Авг 31 2018


Прокуратураи генералии Қазоқистон бо нашри 1 изҳорот Мухтор Аблязов-рақиби Нурсултон Назарбоев-президенти Қазоқистонро дар куштори мудири "Бонки Туран Алем" (БТА)-и ин кишвар Ержан Татишев дар с.2004 айбдор карда гуфт, ӯ дар созмон додани қатли барқасдонаи Ержан гумонбар аст. Ин ҷиноят ба гуфтаи прокуратура аз сӯи 1 гуруҳ бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст. Аблязовро барои бозпурсӣ даъват ва ӯро огаҳ карда буданд, ки иштирокаш дар тафтишот ҳатмист, вале дар вақти муайяншуда ҳозир нашуд ва сабаби наомадани худро низ шарҳ надод. Ёдовар мешавем, ки Татишев декабри с.2004 дар вилояти Ҷамбул кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор тасодуфан ҷон бохтааст.

Чоршанбе, Авг 22 2018


Владимир Путин-президенти Русия-санксияҳои зиддикремлии Амрикоро комилан ғайриқонунӣ хонд ва маҳкум кард. ВАОи Русия бо такя ба Дмитрий Песков-сухангӯи Кремл, навиштаанд, ки Путин дар нишасти Шӯрои амнияти Русия тасмимҳои душманонаи Вашингтонро мавриди баҳс қарор дод. Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳафтаи гузашта гуфт, дар робита ба заҳролудшавии Сергей Скрипал-ҷосуси собиқ ва духтари ӯ дар Англия зидди Русия фишорҳои нави молиявӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Чоршанбе, Авг 22 2018


Собиқ президенти Украина Виктор Ющенко дар мусоҳибаи худ бо нашрияи “Украинская правда” пешниҳод кардааст, ки Киев бар Кремл пирӯз мешавад, агар мисли ангушт бо рақибони дигари худ якҷо шаваду ба мушт табдил ёбад. Аҷиб ин аст, ки дар Кремл низ низ инро хуб дарк мекунанд, лиҳозо кӯшиш доранд, ки зиддиятҳои Киев бо дигар ҳамсояҳояш шиддат гирад ва ин хоҳ-нохоҳ бар суди Кремл аст. Аммо ин муҳим нест: Агар шумо ҷуръат, ғайрат ва рӯҳияи қавӣ доред, аллакай ғолибед! Агар рӯҳияи бузург надоред, дигар доштани “БУК” (1 навъи ракета) ҳам ба ғолибияти шумо суде намебахшад!”

Ҷумъа, Авг 17 2018


Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, ки рӯзҳои 17-18 августи соли ҷорӣ баргузор мегардад,  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Чоршанбе, Авг 08 2018


Раисҷумҳури Ҳиндустон Рам Натх Ковинд аз Тоҷикистон дидан мекунад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар дод. Бино бар иттилои манбаъ, сафари раисҷумҳури Ҳиндустон авохири моҳи август дар назар буда, намоишгоҳе, ки тоза дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст ба сафари раисҷумҳур бахшида мешавад. "Намоиши молу маҳсулоти Ҳиндустонро Палатаи савдо ва санотати Тоҷикистон ва ширкати PSP Traders & Services Pvt.ltd ташкил намудаанд. Он бахшида ба сафари раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Қарор аст, раисҷумҳури Ҳиндустон дар охири моҳи август аз Тоҷикистон боздид намояд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Панҷшанбе, Авг 02 2018


Президенти Украина-Петро Порошенко ба сокинони Донеск ва Луганск бо дили пур ваъда дод, ки парчами Украинаро ба онҳо бармегардонад. Ӯ ҳангоми сӯҳбати рӯ ба рӯ бо бошандагони Донески шимолӣ, Лисичанск ва Рубежно қавл дод, ки ҳамаи шаҳрҳои аздастрафтаи Украинаро аз «наемникҳои русӣ» пок хоҳад кард

саҳ 9 аз 60

Китобҳо

Flag Counter