ХАБАРИ ДОҒ

 

Шуҳрат Исматуллоев кушта шудааст!!!

Кофтукоби ҷасад идома дорад...

Мутаассифона, тибқи иттилои сараи ба даст расида, муовини аввали раиси Ориёнбонкро дақиқан куштаанд. Дар қатли ин ҷавонмарди ватансоз, ки яке аз қанотҳои бузурги соҳаи Бонкдории ҶТ маҳсуб мерафт, 4 нафар дасти тамом доранд (ниг. ба акс). 

Тибқи иттилои Рустам Ашуров, ки қабл аз фавт, ба модараш гуфтааст, Дилшоди СБ ё худ Дилшод Саидмуродов бар асари лату кӯби барзиёд, ба нияти кашида гирифтани коду рамзҳои Биткоин ё худ пулҳои электронӣ, ин нафарро куштааст.  Рустам, тибқи гуфти худаш, ҷасадро гирифта, бурда ба дарё фигандааст...

 

Ҷасади қотилро наоред!!!

Худи Рустам Ашуровро бошад, баъди ин суҳбат, чун саги девона дар фурудгоҳи Кишинёв парронданд. Вале муаммо ин аст, ки ҳамакнун хешовандонаш мехоҳанд ҷасади ин қотилро аз Молдова оварда, чун қаҳрамон дар Душанбеи азиз гӯронанд!!!

 Суоле посух мехоҳад, ки агар ин кори нангин сурат бигирад, мо чигуна ба чашмони зану фарзанду модару хешовандони Шуҳрат Исматуллоеви ватансоз менигарем? Чигуна мешавад, дар ин сарзамини покон ҷасади 1 ҳаромиро оварду гӯронид? Магар ин командаи ФАС намешавад, ки ҷасади мурдорони дигареро аз Аврупо низ бояд оварду дар сарзамини покон гӯр кард? Ва муҳимтар аз ҳама, чигуна Дипломатияи Тоҷик минбаъд ба чашми дипломатияи Молдова хоҳад нигарист? Магар пурсида намешавад, ки чаро қотили афсарони Молдоваро Тоҷикистон оварду дар заминаш гӯронид?

Оре, маҳз Тоҷикистон! Зеро барои 1 молдованӣ ин амали нангин кори дасти кишвардории мо маҳсуб меравад.

Зимнан, СССР шадидан зидди интиқоли ҷасади ин қотил ба Тоҷикистон аст! Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

Қазияи одамрабоӣ:  Дилшод «красавчик» - роҳбари Гуруҳи муташшакили ҷиноӣ ва ҳамроҳонаш дар дуздӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев даст доранд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян карда шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба уҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд. 

Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид.

23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии ш.Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зуран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай - Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рабудаанд.

Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.

Айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.

Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад.

 

Шӯҳрат Исматуллоевро кушта ба Варзоб партофтаанд?!

Мутаассифона, ин ҳақиқати талхест, ки бояд гуфт. Зеро дар наворе, ки ахиран ба дасти СССР расид, яке аз қотилони бонкири маъруф, Рустам Ашӯров, ки дар таърихи 30 июни соли равон, бар асари тиркушоӣ, дар аэропорти Кишинёви Молдова кушта шуда буд, ба модараш мегӯяд, ки: 

- Дилшоди эС Бэ (Дилшод Саидмуродов) Шӯҳрат Исматуллоевро бар асари лату кӯб куштааст ва Рустам мурдаи бонкирро гирифта ба дарёи Варзоб партофтааст. 

Таваҷҷӯҳ кунед, ба садогардонии ин навори ахир, ки аз фурудгоҳи Кишинёв, баъди парронда куштани 2 нафар низомии фурудгоҳ, Рустам Ашуров бо модараш чӣ мегӯяд:

 

Барои 100-200 млн доллар куштемаш...

Рустам: Дилшод гуфта буд, чи қадар пештар, ки 1 нафар 100-200 млн биткоин дорад, мебарем, биткоинашро мегирем, сараш медиҳем... Рафтем ҳамун ҷо задак-задакша, ки мурд ун одам (Шуҳрат Исматуллоев дар назар аст)

Модараш - Дилшоди кадом, Дилшоди кадом?

Рустам - Дилшоди СБ

- Вай Худо занадаш, ту вая чи кор кардӣ бачам, ту чӣ, ту?

- Ман ҳамроҳашон будам!

- Ту қатишон будӣ, ту ягон кор кардӣ бачам?

- Не, ман фақат гирифтаму бурда дарёда партофтамаш (ҷасади беҷонро!)

- Вай, бачам, вай, (нола) кадом дарёба, бачам?

- Ҳамин дарёи Варзоб...

- Ай бачам, хонам сухт, Рустам (гиря)...Вой бачам, Рустамҷон, барои чӣ куштӣ?

- Барои пул, барои чӣ боз?...

 

5 ҷинояткор дастгир шуд!!!

Дар ин навор, ки садояш ҳуруфчинӣ шудаву пешкаши хонанда гашт, Рустам Ашӯров ҷузъиёти ҷинояташонро шарҳ медод. Тавре СССР навишта буд, воқеан ҳам версияи БитКоин ё худ миллионҳои элеткронии бонкири маъруф сабабгори қатли ӯ шудаанд... 

Тибқи шаҳодати ин навор ҷасади бонкирро, ки дар дарёи Зарафшон меҷустанд, бояд акнун дар Варзоб низ ҷӯянд...

Хотиррас мешавем, ки 5 нафар дар бастагӣ ба ин ҷинояти гӯшношунид, дастгир шудаанд. Кофтукови 2 тани дигари ба Россия гурехта (минҷумла фармоишгар-иҷрочии ин қатл-Дилшоди СБ бо зану фарзандаш) ва 1 тани дигар дар Туркия давом дорад. 

Дар охир таъкид карданием, ки мақомоти қудратӣ, ВКД ҶТ, бо шумули Раёсати Ҷустуҷуи Ҷиноӣ ё худ УУР хеле кори назаррас кардаву ин ҷиноятро, ки қариб изи пае надошт, ошкор ва дастандаркоронашро фош намуданд. Фикр дорем ва бар боварем, ки ҷинояткоронро ҳатман дастгир ва ба муҷозо мекашанд.

Мавзуъро пайгирем. Мо Метавонем! 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter