Ё Холиқов кисту домодаш ба «тирзани молдованӣ» чӣ алоқамандие дорад???
Шуҳрат Исматуллоев то ҳол ёфт нашудааст...
18.07.2023. Соат ба вақти Душанбе 13:45 дақиқа. То ҳамин лаҳзае, ки ин гузориш омода мешавад, бадани Шуҳрат Исматуллоев ёфт нашудааст. Ҳарчанд корҳои ҷустуҷӯи ҷасад бо кӯшишу талоши сахти мақомот давом доранд!
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ориёнбонк низ ба ҳамкорони хориҷиву ватании худ навишт, ки муовини аввали раиси Ориёнбон рабуда шудааст ва то ҳанӯз пайдо нест. Радиои Озодӣ, 1 ниҳоди амрикоии муқими Душанбе дар ин бора гуфт:
«Онҳо (Ориёнбонк-ред) дар эъломияе рӯзи 10-уми июл ба шарикону муштариёни худ гуфтаанд, ки муовини аввали раиси бонк "аз ҷониби гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ рабуда шуд".
Хотиррас мешавем, санаи 23.06.2023 Шуҳрат Исматуллоев-муовини аввали раиси Ориёнбонк аз ҷониби шахсони ниқобпӯш, дар назди ҳавлияш ба гарав гирифта шуд. Вале бо гузашти 24 рӯз аз ин ҷинояти одамрабоии гӯшношунид дар таърихи навини Тоҷикистон, на мошини ҷинояткорон ва на худи Исматуллоев аз қаъри дарёи Зарафшон (ҷое, ки меҷуянд) ёфт нашудааст. Мақомот мегӯяд, ин одам дигар зинда нест...
Кушташавии Исматуллоев, муваффақтарин бонкдори муосирро, Рустам Ашуров, яке аз ҷинояткорони дар одамрабоӣ муттаҳам ва яке аз қотилони ӯ дар 1 занги видеоӣ ба модари худ қисса карда буд. Дар ин бора мо дар шумораи гузашта гуфтаем.
Илова менамоем, ки баъди ин гуфтумон Рустамро, ки дар Аврупо номи «тирандози молдованӣ» касб карда буд, бо зарби 10 тир захмӣ намуданд. Ӯ дар яке аз беморхонаҳои Кишинёв ба ҳуш наомада фавтид.
Ҷустуҷӯ ва қапоқап давом дорад...
Бояд тан дод, ки мақомоти қудратӣ, ба вежа ВКД ҶТ сахт кор карданд ва изи ҷиноятеро, ки аввалу охирашро ҷинояткорони профессионал ба об партофтаанд (концы в воду!) пайдо намуданд. Маҳз бо талоши мақомот сафи ҷинояткорон фош гардид. 4 тан ба ҷустуҷӯи Интерпол афтоданд. Яке дар Молдова кушта шуд. 3 тани дигар тибқи овозаҳо ба ЧВК Вагнер пайваст; хабаре, ки таъйиду такзибаш ҳоло номумкин аст. Вале вақт нишон медиҳад, ки онҳо ун ҷо ҳастанд ва ё на?
Хотиррас мешавем, ин 3 нафар Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (Дилшоди СБ ё Красавчик), сарвари одамрабоён, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович ва Ахмедов Акбар Акрамович (ниг.ба акс) будаанд, ки ба Россия ва Туркия фирор карданд. Гумонбари 4-ум Рустам Ашуров дар фурудгоҳи Кишинёв кушта шуд ва ҷасадашро наздиконаш овардаву дар Тоҷикистон гӯронданд (ниг.ба акс)...
Қамар Азизов кист ва Холиқов куҷост?
Дар ин додуситад, гуфта мешавад, ҳудуди 5 гумонбари дигар боздошт шудаанд. Аз ин байн номи Қамар Азизов расонаӣ шуд (ниг.ба акс), ки аз ӯ чун гумонбари хабарёру хабарбар ё худ «наводчик» ҳадс мезананд. Гуфта мешавад, ин нафар бо Исматуллоев бизнеси ҳамҷояи бинокорӣ ё худ «домсозӣ» доштааст. Дар баробари ин, Билол Азизов, писари Қамар Азизов, ки то ин дам ба ҳайси намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» фаъолият мекард, аз кор озод шудааст. Мақомот то кадом андоза даст доштани Билолро дар ҷинояти одамрабоӣ месанҷанд. Ҳамзамон овозаҳо дар бораи Малика ном бонуе низ ҳадсу тахмин мезананд, ки гӯиё ҳоло ё дар Туркия ва ё дар Дубай будаву чӣ олоише ба ин корҳо доштааст. Мо то кадом дараҷа ба ҳақиқат наздик будани ин иттиҳомро намедонем. Зеро мақомот ҳанӯз ҳам дар баробари ин ҷинояти аср хомӯшанд. Ҳол он ки бояд кайҳо брифингу пресс-конфронси вежа баргузор мекарданд. Дар ҳар сурат, олами журналистӣ нишасти матбуотии ВКД, Генпрокуратураро сахтттт интизоранд...
Дар ин миёна номи нафари дигаре бо ҷинояти дигаре расонаӣ шуд. Холиқов Рустам Исуфович. Собиқ директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ширкати ватании ҳавонавардии Тоҷикэйр. Гуфта мешавад, ҳини дар ин 2 мансаби калидӣ кор карданаш, номбурда ба баъзе афёраҳо даст задааст. Ба вежа, дар фурудгоҳи байнулмилалӣ, ки тибқи лоиҳа сохта нашуда, тағйир кардааст. Овозаҳост, ки маблағи ҳангуфте аз коҳиши ин сохтмон рост ба кисаи ахирӣ рафтааст.
Ҳарчӣ ҳам бошад, Холиқовро бо иттиҳоми даст доштан дар 1 «афёраи байнидавлатӣ», ки гуфта мешавад ширкати литвонии «Скайроуд Лизинг»-ро фиреб кардаву ширкати ватаниро ба дом афтондаву 20 млн доллари амрикоӣ қарздор намудааст, боздошт карданд.
Радиои Озодӣ, дар 1 пажӯҳиши худ, дар соли 2021 навишт, ки Холиқов кам не-ғам не, 40 млн доллар ва 150 млн сомонӣ фурудгоҳи байнулмилалӣ ва Тоҷикэйрро қарздор кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки то ҳанӯз саҳмаш дар хатсайрҳои байнидавлатии ҳавонавардӣ, ба вежа ширкатҳои россиявӣ, хеле назаррас аст!
1 сарчашмаи муътамади дигар гуфт, Холиқов дар шустушӯйи пул дар Германия низ даст доштааст. Гуфта мешавад, ин нафар паспорти Россия ҳам дорад, яъне душаҳрвандӣ. Маҳз ҳамин паспорти русияш сабаб он шуд, ки дар Германия маблағҳои машкукашро ҳабс ва фош кунанд. Зеро дар Аврупо «шикори соҳибкорону миллиондорони рус» шуруъ шудааст. Вале чун тафтишот мебинад, ки Холиқов паспорти тоҷикистонӣ низ дорад, ба мақомот хабар мерасонанд. Хулласи калом, тибқи овозаҳо, ӯ баъди фош шуданаш, бо хатсайри Германия-Тоҷикистон ба Душанбе интиқол ва дар ин ҷо ҳабс мешавад (бархе овозаҳо аз хатсайри Маскав-Душанбе мегӯянд).
Хотиррас мешавем, ин бори аввал нест, ки Холиқовро боздошт мекунанд. 4 августи соли 2019 Холиқовро аз ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истамбул поин кардаву бозпурсӣ карданд. Ин занги мушавваш (тревожный звонок) ба ӯ буд. Ва аммо баъди чанде парвандааш хоб ва худаш озод гардид. Ва инак дар таърихи 30.05.2023 боз ҳабс шуд. Вале ин бор дербоз дар СИЗО нишастааст....
Ҳама роҳҳо ба Рум мебаранд?
Холиқов Рустам, собиқ директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» буда, 1 тан аз пулдорони тоҷикистонӣ маҳсуб меравад, вале қариб ягон информатсияе дар борааш дар интернет нест. Мо кӯшиш кардем, баъзе ахбор атрофаш ҷамъ кунем. Ҳайрати моро анҷом набуд, чун дидем, бархе аз наздикони ин нафар дар ҷинояти ахирии одамрабоии Шуҳрат Исматуллоев олудагии хешутаборие ҳам доштаанд...
Маълумотнома
Холиқов Рустам Исуфович соли 2008 ба сифати директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин гардида, баъдан дар соли 2014, дар як вақт ба ӯ иҷрои вазифаҳои директори генералии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» вогузир карда шуд. То моҳи январи соли 2016 дар ин вазифаҳо Холиқов Р.И. иҷрои вазифа кардааст. Дар соли 2016 кор ва фаъолияти ин шахс дар самти авиатсия аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери танқид қарор гирифта, ӯ аз вазифа сабукдӯш гардид.
Дар давраи фаъолияти ин шахс авиатсияи тоҷик мавқеи хосаи худро дар бозори мусофиркашонӣ аз даст дод. Аз ҷумла, ягона ширкати миллӣ дар Тоҷикистон - ҶСК «Тоҷик Эйр» ба муфлисшавӣ дучор гардида, дар самти молиёти ин Ҷамъият қарзҳои калони молиявӣ пайдо шуданд. Сабабҳои асосии ба муфлисшавӣ расидани ин ширкати миллӣ инҳо буданд:
- ба муаммоҳои ҷойдошта вобаста ба иҷора гирифтани 2 ҳавопаймо аз ширкати «SkyroadLeasing»-и Ҷумҳурии Литва ва пайдо шудани қарзи 23 миллион доллараи амрикоӣ аз ин ширкат;
- барнагардонидани маблағҳои калони пулӣ дар ҳаҷми зиёда аз 17 миллион сомонӣ аз ҷониби ҶДММ «Мутриба» (ширкати оилавӣ);
- ба иҷора гирифтани ҳавопаймо аз ширкати «WWTAIAIROPCO2 BERMUDALtd» (Ҷазираҳои Бермуд), бе самар истифода намудани ин ҳавопаймо ва пайдо шудани қарзи нав ба андозаи якчанд миллион доллари амрикоӣ;
- бо дастгирии Холиқов Р.И. иҷрои шумораи зиёди парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва ғайра...
Дар натиҷа кор ва фаъолияти бесамари Холиқов Р.И. ба соҳаи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари калони молиявӣ расонида, авиатсияи граждании ватанӣ аз рушд бозмонд ва мавқеи ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ бисёр паст шуд.
Дар СИЗО
Дар айни замон Холиқов Рустам Исуфович дар таваққуфгоҳи муваққатии нигоҳдории шахсони дастгиршуда, дар байни мардум бисёртар номӣ бо «СИЗО», қарор дорад.
Ахири моҳи май, Холиқов Р.И. аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуда, нисбати ӯ барои содир намудани ҷиноятҳои бо моддаҳои 245 (банди «б» қисми 4, «Азхудкунӣ ё исрофкорӣ») ва 316 (банди «в» қисми 3, «Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ») пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Тасодуф ё воқеият?
Дар урфият мегӯянд, «Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ!». Дар ҳақиқат шахсони ба мисли Холиқов (Халиков) ва шахсони ба ӯ наздик дар дастҷамъӣ барои давлату ҷамъият хатари калон ба вуҷуд меоранд. Чунончи дар рабудани муовини якуми Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шӯҳрат Абдуғаффорович, иштироки ҷинояткор - Ашуров Рустам Каримович, ки баъдан дар Молдова 2 танро куштаву худ кушта гардид, исбот гаштааст.
Аҷиб ин аст, ки Рустам Ашуров бародари Ашуров Неъмат Каримович асту ахирӣ домоди Холиқов Рустам, яъне шавҳари Тахмина Холиқова - духтари калонии Рустам Исуфович мебошад.
Ин ҳам 1 ҷониби масъала, мушкили дигар ин аст, ки гуфта мешавад, шахси дигари гумонбар дар содир кардани ҷинояти рабудани Исматуллоев Шӯҳрат ин Саидмуродов Дилшод (машҳур бо лақабҳои «Дилшоди СБ» ё «Дилшоди красавчик») мебошад, ки чун гумонбари асосӣ ва тарроҳу фармоишгари ин ҷиноят дар кофтукоби Интерпол қарор дорад.
Дилшоди «красавчик», дар навбати худ, дӯсти оилаи Холиқовҳо, дӯсти хеле ва хеле наздики Холиқов Сӯҳроб (писари Холиқов Р.И.) мебошад. Ҳоло ин шахс низ бо сабабҳои тамоман ба мо номаълум ба хориҷи кишвар фирор кардааст.
Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!
Айюби Салим,
махсус барои СССР