Бозорбой Пӯлодов, муаллиф ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз н.Данғара бо идора тамос гирифта, гуфт, ки моҳи апрели соли ҷорӣ бо шуъбаи КАТС – Кумаки аввалияи тиббиву санитарии беморхонаи ноҳиявии Данғара ҳамроҳи писарам Пулодов Муҳиддин ва келиншавандаам барои гузаштани ташхиси тиббии никоҳӣ рафтем.
- Барои гузаштан аз муоина аз арӯсу домоди оянда 230 сомонӣ талаб карданд. Ҳарчанд мудири КАТС шиноси ман буд, вале гапаш ба ходими зертобеъаш нарасид ва ин маблағи ғайриқонуниро аз мо ситонданд. Аз рӯи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси пеш аз никоҳӣ, барои хатнакунии кӯдакон ва барои хонандагони синфи 1, ки аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, ройгон аст. Вале бо баҳонаи зиёд духтурон аз мардум пул талаб мекунанд.
Шоёни таҳсин аст, ки ин амал дар ш.Душанбе дида намешавад ва имсол хонандагони синф 1-ро ройгон ташхис ва ба муассисаҳои таълимӣ қабул намуданд.