ХАБАРИ ДОҒ

Мухторов зиндониёнро газетхон кард

  • Сешанбе, Июн 14 2016

Салом, СССР! Тағоям, ки дар маҳбаси ш.Қӯрғонтеппа адои ҷазо мекунад. Сардори маҳбас-Ҷамолиддин Мухторов иқдоми нек дар асоси қонун роҳандозӣ карда, маҳкумшудаҳоро газетахон кардааст.

Ӯ таъкид доштааст, ки газета хонед, патриот бошед ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои ифротӣ нашавед. Ҳоло дилхоҳ пайвандони маҳкумшудаҳо метавонанд дар суратҳисоби маҳкумшуда маблағ гузаронанд. Дар навбати худ маҳкумшуда ҳафтае 1 бор газетаи дилхоҳашро бо нархи 3,50 дирам дастрас мекунад. Ин иқдом аз 2 ҷиҳат манфиат дорам: Ҳам ғизои маънавист ва ҳам бе саргардонии волидон чизҳои лозимаро меёбанд. Мутасаддӣ оид ба таъмини газета майор Идибой Раҳимов шахси фарҳангист. Воқеан, Мухторов худ шахси ватандӯст аст. Ҳатто аз дарахтони худ мева чида ба маҳбусон медиҳад. Раҳмат ба Иззатулло Шарифов, ки чун Мухторов кадр тарбия кардааст!

Насимҷон,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Кӯлоб, тел: 98 805 20 68

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter