Матлаб ба дараҷаи олӣ буд ва ҷонибдори андешаҳои муаллифам. Аммо ин ҷо ман бо 1 суол ба СССР муроҷиат карданиям ва посухи онро аз раҳбарияти СССР шуниданиям: Кушодани рӯза 5 дақиқа пеш аз намоз дуруст аст?
Неъмат, Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Ваҳдат
Аз СССР: 100% дуруст аст! Муллоҳои таоруфӣ ҳатто 10 дақиқа пеш ифтор мекунанд. Шахсан мо ҳамин хел мекунем. Зеро Рӯза ба намози шом бастагӣ надорад. Рӯзадорӣ аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аст, на то намози шом. Зимнан 5-10 дақиқа пеш кушодан гиред. Бар ҷонатон ситам накунед, ки Рамазон ситамкор нест! Мо Метавонем!
Вале посухи ин суолро муфтии мӯҳтарами мо хубтар бояд донанду баён кунанд. Нависед, муфтии мӯҳтарам ва мо нашр мекунем. Мо Метавонем!






