ХАБАРИ ДОҒ

Бо «тағобозӣ» ба хизмат рафтам

  • Ҷумъа, Июл 08 2016

Салом СССР! Он шарру шӯри ҷавонии даврони СССР, маъракаи пурталотуми хизматравие, ки дар даврони Шӯравӣ доштем, имрӯз нест.

Соли 1983 мактаби олиро дар ш.Киев хатм карда, ба Душанбе омадаму ягон ҳамсинфамро наёфтам. Ҳама ба хизмати Ватан рафтаанд, ғайр аз ман. Сахт алам кард. Дар 1 рӯз тайёр шуда, ба комиссариати ҳарбии н.Сино рафтам. Дар комиссариат гуфтанд, ки нақшаи қабул пур, соли оянда меравӣ. Бо илтимосу илтиҷо назди 1 коркуни Ҳукумати ноҳия рафтам, то бо «тағобозӣ» маро ба хизмат фиристанд. Бо черези ҳамон одами қадрдону меҳрубон 1 нафарро «отсрочка» дода, маро хизмати ҳарбӣ бурданд. Он ҷавон гиря мекард, ки «чаро маро намебаред?». Ин ҷо гап сари ватандӯстӣ меравад. Он замон агар дар Армия хизмат намекардӣ, оиладор шудан ниҳоят мушкил буд. Ҷавони хизматнокардаро ҳамчун «негодный» мешинохтанд. Ана ҳамин калима виҷдони ҳар ҷавонро азоб медод, то мардонавор рафта, хизмат кунад. 2 пешниҳод дорам: Минбаъд демобилизатсияи сартосарӣ эълон карда, ҷавонон новобаста аз хондану оиладору кӯдакдор шудан, ҳатман хизмат кунанд ва бачаҳоро аз 20-солагӣ ба хизмат бигиранд.

Исҳоқ Садриддинов,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter