
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Чаро дар тамоми ҷаҳон, ҳатто ғайримусулмонон аз Қурони Маҷид истифода бурда, соҳиби кашфиётҳои нодир ҳам мешаванд, мақсаду таркиби Қуронро фаҳмида, ба Ислом рӯ меоранд, аммо мо Қуронро дар мактабҳо намеомӯзем? Кӣ ба ин посух мегӯяд? Барои чӣ ва аз чӣ сабаб? Агар хоҳем, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар амал татбиқ гардад, бояд дар мактабҳои миёна оид ба Қурон соати дарсӣ ҷудо шавад.
Акбар Юнусов,
деҳаи Харангон, н.Варзоб





