
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Аз 26.09.1999 то 22.05.2016, тӯли 17 сол моддаи 28-уми Сарқонун (Конститутсия)-и ҶТ чун заминаи ҳуқуқӣ фаъолияти расмии 2 идеология-дину атеизмро иҷозат медод! Соли 1999 референдум ташкил карда, ҳама гумон доштанд, ки алайҳи ақидаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «яроқи тавоно» - атеизми илмии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мавҷуд аст! Коммунистон намегузоранд, ки ҷомеа муаассибу хурофотӣ шавад! Аммо 17 сол эксперименти сиёсӣ исбот кард, ки ҲКТ меросдори содиқи КПСС нест! Аксари коммунистон ҳоҷию тақводор шуда, акнун дар гуфторашон фақат калимаю ибораҳои «Худо, дину мазҳаб, арвоҳ мезанад!!!»-ро мешунавед. Дар асоси таълимоти «безаволи» Марксу Энгелс ва Ленину Сталин ҳамаи дину диёнати башар, аз ҷумла, 1 рукни ислом-рӯзадорӣ афюн нест магар, мӯҳтарам коммунистони сурхи сабзшуда??? Зеро 17 сол ба умеди ҲКТ шуда, қариб Давлати Исломӣ мешудем. ҲНИТ моддаи 28-ро дастак карда, фаъолияташро 100% пурзӯр мекарду ҲКТ ақаллан 1% аз таълимоту ғояи атеизм, ки моли ҳалоли қиблагоҳашон-болшевикон аст, истифода накарданд?! Ё хато гуфтам???
Сиёвуши Далер,
барномасоз, ш.Истаравшан





