
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Тафтишоти ғаразноки суд ба ноболиғ-Абӯбакр Алимардонов бо тӯҳмат айб эълон намуд: Гӯё ноболиғ Абӯбакр бобояшро зада кушта бошад, ба суди шаҳри Ҳисор барои баррасӣ фиристонид. Ғайриинтизор шоҳидон нишондодҳои дар тафтишоти пешакӣ додаи худро тасдиқ накарданд. Онҳо бо ин ростқавлиашон дар суд айбдоркунандаи давлатиро, ки кӯшиши равонаи зиндон намудани ноболиғи бегуноҳро мекард, дар ҳолати ногувор монданд. Суди ш.Ҳисор дар ҳаракатҳои ноболиг-Абӯбакр изи ҷиноятро наёфта, сафедаш кард. Бояд гуфт, ки дар 20 сол ин аввалин ҳодисаи сафедкунӣ будааст! Намояндаҳои тафтишот ба ин амали носавобашон назди қонуну Худо чӣ ҷавоб медода бошанд? Оё суд ба фоидаи Абӯбакр ҷуброни зарари маънавӣ расонидаи мақомоти тафтишотиро мерӯёнида бошад? Интизор мешавем!
Х.Холов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҳисор, тел: 901 03 96 96





