ХАБАРИ ДОҒ

Салом СССР! Дилшод Назаровро бо қаҳрамони олимпӣ шуданаш дар олимпиадаи Рио-2016 табрик намуда, ба ӯ муваффақият дар зиндагии шахсӣ ва карераи варзишияш орзумандам. Воқеан ин ғалабаи таърихист. Аммо бо ин ғалаба набояд Кумитаи олимпӣ ва Кумитаи варзиш пинҳон шуда, олимпиадаро барои Тоҷикистон муваффақ ҳисоб кунанд. Чунки ба ғайр аз медали Дилшод дигар медалеро соҳиб нашудем. Яке аз мушкилоти мо дар ин соҳа он аст, ки баъд аз нобарориҳо таҳлилу муҳокимаронӣ намекунем ва аз барои рафъи мушкилӣ кореро анҷом намедиҳем. Ин ҳолатро дар 2 олимпиадаи қаблӣ дида будем. Ғалабаи Дилшод нишон дод, ки мо дар ҳамаи намудҳои варзиши сабук соҳиби медал шуда метавонем, агар барои варзишгарон шароити мусоидро тайёр кунем. Пеш аз ҳама бояд ба он анвоъи варзишии олимпие таваҷҷӯҳ кунем, ки варзишгарони мо тавоноӣ ва имкониятҳои бештаре доранд.

Манучеҳри Камол,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Қӯрғонтеппа

Аз СССР: Газетаи мардумӣ бар ин ақидааст, ки Кумитаи олимпии кишвар ин Олимпиадаро бохт! Дуруст аст, ки паси медали Дилшод набояд масъулин хатои худро пинҳон кунанд! Зимнан, бояд аксарияти масъулин ба истеъфо рафтаву ҷойро ба мардуме монанд, ки воқеан дар варзиш чизеро мефаҳманд! Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter