ХАБАРИ ДОҒ

Самолёте, ки ба Тошканд парвоз мекунад

  • Душанбе, Фев 20 2017

(Тошканд-Душанбе, 2 шаҳри наздиктарине, ки чоряк аср дур буданд)

 

Рӯзи 10.02.2017 пас аз 25 соли хомӯшӣ парвози нахустин хатсайри ҳавоӣ байни Душанбеву Тошканд аз сари нав роҳандозӣ шуд. Ифтитоҳи хатсайр, ки минбаъд аз ҷониби Тоҷикистон ширкати миллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» амалӣ мекунад, дар фурудгоҳи байналмилалии ш.Душанбе бо 1 тантана ва шукӯҳи хос баргузор шуд. Дар қатори ҳайати расмии ширкати номбурда ва масъулини фурудгоҳи пойтахт, 1 гурӯҳи журналистони Тоҷик низ дар қатори мусофирони аввалин бо ин хатсайр озими Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон гаштанд. Ба мухбири СССР низ муяссар шуд ба тими намояндагони ВАОи кишвар шомил гашта, бо гирифтани визаю чипта аз Душанбе ба Тошканд парвоз намояд ва нахустин мусофири ин парвози таърихӣ гардад.

«Душанбе-Тошканд» - эълоне, ки мардумро мот кард

10.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 8.30 дақиқа. Баландгӯяки фурудгоҳ пас аз ҳар 5 дақиқа бо 3 забон эълон менамояд:

«Мусофирони мӯҳтарам! Дар бинои терминали №1-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бақайдгирии чиптаву барасмиятдарории бағоч ба хатсайри №225 дар самти Душанбе-Тошканд сар мешавад!». 

Ман ин эълонро шунида, шиносномаву чиптаам дар даст вориди терминали №1-и фурудгоҳи пойтахт мешавам. 2 марде, ки бо ман пешу қафо мерафтанд, аз шунидани ин эълон мот шуда буданду бовар намекарданд, ҳатто то он дараҷа, ки аз дасти якеаш тамокуи мекашидааш афтид. Сӯи онҳо нигоҳ карда гуфтам: «Бале, дуруст шунидед, акнун ба Тошканд парвоз хоҳем кард!»

Ашкҳои холаи Ҷамила

Соат бо вақти Душанбе 8.45 дақиқа. Дар қатори мусофирони нахустин аз зери гулу пуфакҳои орододашудаи терминал гузашта, чиптаи худро ба қайд гирифтам, чун сафарамон 1-рӯза буд, дар дастам ба ҷуз кифтии корӣ дигар чизе надоштам. Пас аз оне, ки ҳуҷҷатҳоро ба расмият даровардам, духтарони зебо-кормандони «Сомон Эйр» бароямон 1 пораи торт доданд, ки он хос барои тантанаи парвози нахустин омода шуда буд. Бо мусофири дигар Ҷамила Назарова, табақчаи торт дар даст ба ошёнаи 2-юми терминал барои гузаштан аз дидбонгоҳҳои гумрукиву марзӣ равон шудем. Холаи Ҷамила роҳравон ашк мерехт ва пайваста мегуфт: «24 сол боз бародару хоҳаронамро надидаам, умеди дидорро ҳам канда будам. Роҳи заминӣ дур асту 12-15 соат вақтро мегирад. Саломатии ман он қадар ҳам хуб несту тоқати роҳи дурро надорам. Бо шунидани он, ки байни Душанбеву Тошканд хатсайри ҳавоӣ кушода мешавад, хеле шод шудам. Зуд барои гирифтани виза ҳуҷҷат супорида чипта харидам, акнун ба Тошканд меравам, додарамро 24 сол боз надидаам, маро мешинохта бошад!?»

 45 дақиқаи парвоз

Соат бо вақти Душанбе 9:50 дақиқа. Тамоми мусофирон дохили ҳавопаймои «Боинг 737-800»-и ширкати «Сомон Эйр» шуда, ҷойҳои худро ишғол карданд. Кормандони хадамоти фурудгоҳи пойтахт бо роҳбарияти он ба гусели парвози таърихӣ баромаданд, ки ғайричашмдошт, вале фараҳбахш буд. Расо соати 10:00 дақиқа Боинг аз хати парвоз боло шуду моро сӯи Тошканд бурд. Парвоз байни Душанбеву Тошканд ҳамагӣ 45 дақиқаро дар бар мегирифт ва мо журналистон, ки дар 1 қисмати дохили салони ҳавопаймо ҷамъ омада будем, бо сӯҳбати гарм гузаштани вақтро эҳсос накардем. Каме нагузашта меҳмондорони ҳавопаймо эълон намуданд, ки пас аз чанд лаҳза дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд хоҳем нишаст.

Ҳавои сарду оғӯшҳои гарми Тошканд

Соат бо вақти Тошканд 10:50 дақиқа. Ҳавопаймо пас аз фуруд омадан дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд, ки ба наздикӣ номи марҳум Ислом Каримовро гирифт, ба истгоҳ наздик шуда, дар 1 ҷой қарор гирифт. Масъулини ширкати ҳавоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» нахуст ҳайатҳои меҳмонон ва намояндагони ВАОро даъват карда бо роҳи дигар ба шаҳр бурданд. Ин имкон надод, ки ман вохӯрии холаи Ҷамиларо бо додару хоҳаронаш бубинам… Хонум Фирӯза, сардори маркази матбуоти «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» моро хеле гарм истиқбол намуда, ба толори тиҷоратӣ, яъне бизнес-класси фурудгоҳ даъват кард. Чанд лаҳза дар интизори қайди шиносномаҳоямон фурсат пайдо намудем, бо фурудгоҳ ошно шавем. Фурудгоҳи ш.Тошканд калонтарин фурудгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, айни замон метавонад дар 1 вақт ба 110 ҳавопаймои гуногун хизмат расонад. Аз ин шумора аён аст, ки теъдоди мусофирон низ хеле зиёд аст: Аз Тошканд ба шаҳрҳои тамоми ҷаҳон парвоз кардан мумкин.

Акси Темур Зулфиқоров дар «Корвон»

Соат бо вақти Тошканд 11:30 дақиқа. Фирӯзахон моро ба автобусҳо даъват мекунад. Ҳама нишаста сӯи тарабхонаи «Караван», яъне «Корвон» роҳ пеш мегирем. Шабакаи тарабхонаҳои миллии «Корвон» дар ш.Тошканд хеле маъмул асту ин ҷо асосан оши палаву самбӯсаи машҳури ӯзбекиро омода мекунанд. Дохили тарабхона бо 1 салиқаи хос оро дода шудаву мо лаҳзае худро дар асри 17-18-и Бухорои қадим эҳсос кардем. Назди даромадгоҳи тарабхона дар девор аксҳои таърихии меҳмонон-шахсиятҳои шинохтаи фарҳангӣ насб шуда буд. Дар қатори аксҳои Алла Пугачеваю Андрей Малахов ва даҳҳо ҳунармандону актёрони русу аврупоӣ, акси нависандаи мумтози Тоҷик Темур Зулфиқоровро дидам! На танҳо ман, балки тамоми дӯстон аз дидани акси ин ҳамватан шод шудем ва фахр ҳам кардем.

 Тошканди кӯҳану муосир

Соат бо вақти Тошканд 14:00 дақиқа. Пас аз хӯрдани оши палаву сабӯсаи танӯрии хушмазза, дубора ба автобусҳо нишаста, ба самти меҳмонхонаи «Ӯзбекистон» роҳ гирифтем. Назди ин меҳмонхонаи аз замони шӯравӣ машҳур, ки рамзи Тошканд ҳам ҳаст, моро автобусҳои дигари сайёҳии 2-табақа интизор буданд. Автобусҳои 2-табақа, ки 1 қисмати болоияш боз буд, барои операторони шабакаҳои ТВ «Тоҷикистон» ва ТВ «Сафина» айни муддао шуд, онҳо тамоми вақти экскурсияро барои наворгирии хиёбону кӯчаҳои Тошканд сарф карданд. Экскурсияи мо аз майдони муҷассамаи Амир Темур оғоз шуда, нахуст сӯи Тошканди кӯҳан раҳсипор шудем. Тошканди муосир ба ш.Душанбеи мо хеле монанд аст, биноҳои истиқоматии дар давраи шӯравӣ бунёд шуда, биноҳои нави замонавии маъмурии на он қадар баланд, сарзабзии дарахтон ва аз ҳад тоза будани кӯчаҳояш. Биноҳои қадимӣ, хоса, он биноҳоеро, ки русҳо дар асрҳои 18, 19 ва 20 дар ин шаҳр сохта буданд, ҳанӯз ҳам побарҷост ва касе онҳоро барканор ё хароб накардааст…

 Инфо барои масъулини пойтахт: 

-Фардо мо ба меҳмонон бе баландошёнаҳои бетуниву плостикӣ чӣ нишон медиҳем? Ақаллан аз ҳамсояҳо маданияти ҳифзи шаҳрдориро бояд омӯхту Душанбеи кӯҳнаро бояд ба ҳолаш гузошт. Мо Метавонем!

Дар фурсати 2 соат тавонистем мақбараи Ҳастӣ Имом, бозори машҳури «Чорсӯ», меҳмонхонаҳои «Истиқлол» ва «Чорсӯ», Цирк, нахустин хати роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ, хиёбони ба қавле «Бродвей»-и Тошкандро аз наздик бинем. Дигар фурсат надоштем, бояд ба фурудгоҳ бармегаштем, барои парвоз ба Душанбе.

 Тадбирҳои шадиди амниятӣ

Соат бо вақти Тошканд 16:00 дақиқа. Ҳамагӣ дубора ба фурудгоҳи байналмилалии Тошканд баргаштем. Дар фурудгоҳ тадбирҳои шадиди амниятӣ роҳандозӣ шудаанд. Фосилаи байни бинои фурудгоҳ ва баромад ба шаҳр 50 метр аст ва танҳо онҳое, ки дар даст чипта доранд, метавонанд вориди ҳудуд ва бинои терминали парвозҳо шаванд. Гуселкунандагон ва пешвозгирандагон иҷозаи вуруд ба бинои терминал надоранд ва меҳмонони хешро дар паси панҷараҳо интизор мешаванд. Мо аз гузаргоҳи хос гузашта, тавассути толори тиҷоратӣ барои ба расмиятдарории чипта раҳсипор гаштем. Пас аз гузаштан аз марзу задани мӯҳри сарҳад, ба ошёнаи 2-юми ин толор баромада, сари 1 пиёла чой дар интизори парвоз ба Душанбе нишастем. 

Шунидани садои эълони парвоз аз Тошканд ба Душанбе дар ин фурудгоҳ низ фараҳбахш буд. Мо медидем, ки мусофирон ба ҳайрат ба карнайи радио гӯш андохтаву бо табассуми фараҳбор аз ҳамдигар мепурсиданд, ки «воқеан ҳам парвоз ба самти Душанбе гуфт диктор, ё гӯшҳояшон ғалат шунидааст?»... Ҳамааш дуруст, уртоқ ӯзбекон! Марзи ҳавоии мо боз шуд!! Ва мо шуморо интизорем!!! Мо Метавонем!

Ман ба Душанбе мепарам!

Соат бо вақти Тошканд 17:30 дақиқа. Мусофиронро барои парвоз даъват карданду мо боз аз чанд нуқтаи тафтиш гузашта, озими ҳавопаймо шудем. Пеш аз парвоз бо Фирӯзахон арзи сипосу ҳайрухуш намуда, таъкид кардем, ки эшонро дар Душанбе интизорем. 

Соат бо вақти Тошканд расо 18:00 дақиқа. Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз замин баланд шуда, дубора моро сӯи Душанбе мебарад.

Табрику саломи Асадуллозода ба ҳар 1 мусофир

Соат дар дохили ҳавопаймо 18:20 дақиқа. Чанд лаҳза аз парвоз нагузашта, пардаи салони 1-уми ҳавопаймо кушода мешаваду аз паси он Ҳасан Асадуллозода, яке аз шахсиятҳои шинохтаи кишвар, бонкдори соҳибкасб ва дар гузашта тоҷири муваффақ пайдо мешавад. Чуноне ки баъдан фаҳмидем, ӯ низ мисли мо мусофири нахустин парвози Душанбе-Тошканд-Душанбе буда, аз конфронси байналмилалие бармегаштааст. Асадуллозода дар якҷоягӣ бо Исматулло Абдуллозода-директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки дар ин сафар ҳайати масъули фурудгоҳи пойтахтро сарварӣ мекард, ба салон дохил мешаванд. Асадуллозода, ки дар бораи хоксориву фурӯтанияш хонандагони газетаи СССР борҳо гуфтаанду боз ҳам таъкид медоранд, бори дигар исбот намуд, ки 1 инсони заминист. Ӯ назди ҳар 1 мусофири дохили ҳавопаймо рафта, салому аҳволпурсӣ намуду бо ифтитоҳи ин хатсайр мусофиронро табрик кард. Аз чунин бархӯрд мусофирон, хоса, журналистон хеле шод шуданду ба ӯ аҳсант гуфтанд.

Салом, Душанбе!

Соат бо вақти Душанбе 18:45 дақиқа. Ҳавопаймои мо дар фурудгоҳи ш.Душанбе мешинад. Хаставу лакот, лек бо табъи хуш аз ҳавопаймо берун мешавем. Сафари 1-рӯза, новобаста аз ташвишҳояш хеле хуб гузашт. Аз ҳама муҳим дар таърихи муносибатҳои 2 кишвар саҳфаи наверо боз кард ва ҳаряки мо худро бахше аз таърих ҳис мекард. Зеро аз нахустин мусофироне будем, ки дар 2 асри ахир-20 ва 21 аввалин шуда, ба Тошканд ва бозпас ба Душанбе парвоз кардаем.

СССР дар Тошканд! Ура, рафиқон!!!

Муҳимтар аз ҳама, баъди 9 соле, ки шоҳидон мегуфтанд, газетаи СССР дар ин кишвар мамнуъ эълон шудааст, хабарнигори газетаи мардумӣ СССР-и шуморо роҳат ва бидуни мамониат дар ш.Тошканд ба мардум тақсим карду бо он, яъне СССР дар пойтахти ҳамсоякишвар акс ҳам гирифт. Воқеан ҳам газетаи мо мақбули аксарият уфтод, ки инро дида, гуфтам: Мо Метавонем!

Дар охир, барои ин парвоз ба ширкати миллии ҳавоии «Сомон Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» арзи сипос менамоем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, 

Душанбе-Тошканд-Душанбе, 

махсус барои СССР, 10.02.2017

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter